Среда, Ноябрь 20Вместе создадим светлое будущее!


Вазифа, шакл ва намудҳои қарз

Моҳияти қарз дар иҷрои вазифаҳои муайян зоҳир мешавад. Бинобар ин, омӯзиши вазифаҳои қарз ба мақсад мувофиқ аст. Қарз ҳамчун категорияи иқтисодӣ вазифаҳои зеринро иҷро мекунадВазифаҳои қарз
Моҳияти қарз дар иҷрои вазифаҳои муайян зоҳир мешавад. Бинобар ин, омӯзиши вазифаҳои қарз ба мақсад мувофиқ аст. Қарз ҳамчун категорияи иқтисодӣ вазифаҳои зеринро иҷро мекунад:

азнавтақсимкунии воситаҳои пулӣ.
Даромади корхонаю ташкилотҳо ва соҳибкорони алоҳида баробари воридшавӣ ба суратҳисобашон байни онҳо, давлат ва ташкилотҳои дигар тақсим мешавад.
Қисме аз ин маблағҳои тақсимшуда бо сабабҳои гуногун (баъдан харидани мол, мавсимӣ будани истеҳсолот, дар охири сол тақсим кардани фоида, ташкили фондҳои амортизатсионӣ ва ғ айра) муваққатан озод мемонанд.

истифодаи амалиёти қарзӣ ба ҷойи пулҳои нақдӣ
Арзиши баланди ташкили муомилоти пулӣ дар асрҳои миёна (доштани захираҳои зарурии тиллою нуқра, сикказании тангаҳо, нигаҳдошту ҳимояи захираҳои пулӣ, зарурати пайваста иваз кардани тангаҳои арзишашон камшуда ва ғ айра) ҳукуматҳоро маҷбур месохт, ки доимо дар ҷустуҷӯи шаклҳои муфидтари ташкили он бошанд. Ин аст, ки амалиёти қарзӣ (ҳисоббаробаркунӣ бо истифодаи векселҳо, бонкнотаҳо, чекҳо ва ғ айра) аз аввали пайдоишашон доираи истифодаи пулҳои аслӣ (тиллоию нуқрагӣ)-ро танг карда, баъдан пурра ҷойи онҳоро гирифтанд.
Ҳамин тариқ, агар иҷрои вазифаи авали қарз (воситаи азнавтақсимкунии маблағ ҳои пули муваққатан озод) имкон диҳад, ки маблағ ҳои муваққатан озоди хоҷагии халқу аҳолӣ барои пешрафти иқтисодиёт истифода шаванд, иҷрои вазифаи дуюми он боиси пайваста кам кардани хароҷот барои ташкили муомилоти пулӣ мегардад.

Шакл ва намудҳои қарз
Таърихи рушди муносибатҳои қарзи шаҳодат медиҳад, ки вобаста ба сатҳи пешрафти ҷамъият ва муносибатҳои молию пули аз ҷамъияти ибтидои то ба имрӯз дар иқтисодиёт шаклҳои гуногуни қарз истифода мешаванд. Қарзҳо вобаста ба омилҳои зерин шаклбанди шудаанд: а) тарзи додани қарз -моли, пули, омехта; б) мақсади истифодаю ҷонибҳои муносибатҳои қарзӣ – тиҷоратӣ, бонкӣ, давлатӣ, байналхалқӣ, истеъмолӣ. Дар навбати худ, ҳар як шакли қарз вобаста ба мақсаду мӯҳлати додани он ва омилҳои дигар намудҳои худро дорад.
Шаклҳои ибтидоии қарз
Муносибатҳои қарзӣ аз шакли молии он оғ оз ёфтаанд. Қарзи молӣ дар давраи ҷамъияти ибти­доӣ пайдо шуда, сараввал дар доираи як авлод ё қа­била истифода шудааст. Он аз додани моли муайян ба каси дигар ва баргардонидани ҳамин мол ва ё моли дигари баробарарзиш иборат буд. Дар баробари рушд ёфтани ин шакли қарздиҳӣ қисме аз ҳукуматҳо ҷаҳд кардаанд, онро ба тартиб дароранд. Масалан, дар Рими қадим қонуне мавҷуд буд, ки мувофиқи он шахсони алоҳида метавонистанд молашонро дар асоси шартнома ба қарз диҳанд ва адои қарзро талаб кунанд. Барои сари вақт иҷро накардани шартномаи қарзӣ ҷазо пешбинӣ шуда буд. Мутобиқ ба ин қонун қарз ба ду намуд ҷудо мешуд: mutuum (қарзи аниқ) ва comodatum (қарзи озод). Дар намуди аввал mutuum қарздор бояд мо­ли ба қарз гирифтаашро дар мӯҳлати муайяншуда бармегардонд. Дар намуди дуюм – comodatum қарздор ҳуқуқ дошт ба ҷойи моли ба қарз гирифтааш моли дигари баробарарзишеро баргардонад.
Пайдоиши пулу муомилоти пулӣ доираи истифодаи қарзи молиро танг кард, зеро бо пул додани қарз муфидтар буд. Ҳамин тариқ, шакли нави қарз – қарзи пулӣ пайдо шуд. Пеш аз ҳама пул молест, ки ба осонӣ метавон онро ба ҳама молҳои дигар иваз кард ва дуюм бо худ баргардонидану истифодаи пул осонтар буд. Ин аст, ки одамон ин шакли қарзро ба хубӣ пазируфтанд.Қарзи пулӣ доираи истифодаи қарзи молиро танг карда бошад ҳам, онро пурра аз байн набурд. Рушди муносибатҳои иқтисодӣ ва зарурати мутобиқ гардонидани қарздиҳӣ ба талаботи замон шакли нави қарз – қарзи омехтаро ба миён овард, ки ба шаклҳои болоӣ (қарзҳои молию пулӣ) асос ёфта буд.
Қарзи омехта – қарзест, ки қарздор метавонад онро дар шакли молӣ ва ё пулӣ баргардонад, яъне каси қарзи молӣ гирифта метавонад ба ҷойи мол арзишашро баргардонад ва баръакс каси қарзи пулӣ гирифта метавонад ба ҷояш мол бидиҳад. Албатта, чунин тартиби қарзадокунӣ дар асоси розигии қарздода истифода мешавад.
Пешрафти муносибатҳои қарзӣ боиси дар асоси қарзи омехта пайдо шудани қарзи тиҷоратӣ гардид.
Қарзи тиҷоратӣ
Вобаста ба он ки қарзҳо аз ҷониби кӣ дода шудаанд ва ё онҳоро ки истифода мекунад, ба шаклҳои зерин ҷудо мешаванд: тиҷоратӣ, бонки, давлати, байналхалқи ва истеъмоли.
Қарзи тиҷоратӣ аслан байни худи корхонаҳои истеҳсолӣ (ба қарз додани ашёи хом, иҷроиши кор, хизматрасонӣ) ва байни онҳою муассисаҳои савдо истифода мешавад. Фурӯшанда – корхонаи истеҳсоли моли худро бо шарти баъди фурӯш баргардонидани пули он ба харидор медиҳад ва ё баръакс, харидор (масалан, корхонаҳои савдо) бо мақсади хариди молҳои серталаб пули онро пешакӣ ба корхонаҳои истеҳсолӣ медиҳад. Ин шакли қарз бештар байни фурӯшандаю харидори боэътимод ва ё ҳангоми ба савдо баровардани молҳои нави ба мардум ношинос, молҳои пештар ба савдо нарафта ва ҳолатҳои ба ҳамин монанд, инчунин ҳангоми боварии фурӯшанда ба баъдан савдо шудани молҳои навбаромаду серталаб истифода мешавад.
Қарзи тиҷоратӣ дар ҷамъи умумии савдо имрӯзҳо дар кишварҳои аврупоӣ ҷойи намоёнро ишғ ол мекунад. Ҳамаи ширкатҳо (аз он ҷумла ширкатҳои мошинбарорӣ) тайёранд моли худро ба қарз диҳанд. Пешниҳодҳои зиёде ҳаррӯза аз ҷониби ширкатҳои истеҳсолкунандаи атриёт, либос ва ғ айра дар шакли брошюраю китобҳои рекламавӣ ба суроғ аи одамон фиристода мешавад. Роҳи дигари чунин намуди пешниҳод сайтҳои интернет аст, ки дар онҳо молу хосиятҳои онҳо, нарху гарави хизматрасонӣ ва шартҳои ба қарз доданашон қайд шудааст.
Асоси пешрафти ин шакли қарз муносибатҳои зичи фурӯшандагону харидорон аст. Дар шароити рақобати сахти бозори фурӯшандагон доимо дар ҷустуҷӯйи роҳҳои муфидтари ҷалби харидоронанд. Муносибатҳои дуру дароз байни корхонаҳои истеҳсолию корхонаҳои савдо боиси пайдоиши боварии байниҳамдигарӣ ва истифодаи чунин шакли муносибат гардидааст. Он дар навбати худ яке аз асосҳои пешрафти истеҳсолоту муомилот аст.
Қарзи тиҷоратиро вобаста ба мӯҳлату тартиби баргардонидани он ба намудҳои зерин ҷудо намудан мумкин аст:

қарзи тиҷоратии дар мӯҳлати муайян (аниқ) баргардонидашаванда;
қарзи баъди фурӯши мол баргардонидашаванда (консигнатсия);
-қарзи кисм ба кисм дар асоси талабномаи фурӯшанда баргардонидашаванда.
Ҳангоми истифодаи намуди аввал харидор баъди қабули мол ба фурӯшанда вексел медиҳад, ки дар он мӯҳлати аниқи додани пул қайд шудааст ва ё мувофиқи шартномаи тарафайн фурӯшанда баъди додани мол ба суроғ аи харидор ҳуҷҷатҳои ба мол дахлдор ва талабномаи пулгириро мефиристад. Харидор баъди қабули ҳуҷҷатҳо талабномаи пулги­риро бо розигии худ оид ба додани пули мол дар мӯҳлати муайяншуда ба бонки хизматрасонаш пешниҳод мекунад. Бонк дар мӯҳлати муайяншуда маблағ и дар вексел ва ё талабномаи пулгирӣ нишон-додашударо аз суратҳисоби харидор ба суратҳисоби фурӯшанда мегузаронад.
Солҳои охир мафҳуми консигнатсия вирди забони тоҷирони Тоҷикистони гардидааст, ки маънояш аз истеҳсолкунандагон пешакӣ гирифтани молу баъди фурӯши он додани пулаш аст. Агар мол ба фурӯшанда наравад, харидор метавонад онро ба соҳибаш баргардонад. Ин намуди қарзи тиҷоратӣ низ дар пешрафти истеҳсолоту муомилот саҳми худро дорад. Хусусан, солҳои дар вазъи бӯҳрон қарор доштани иқтисодиёти Тоҷикистон тоҷирони хориҷӣ ба соҳибкорони Тоҷикистони молашонро ба консигнатсия медоданд, ки то як дараҷа боиси пур кардани бозору қонеъ гардонидани талаботи мардум гардида буд. То ба имрӯз, ин намуди қарздиҳӣ байни тоҷирони хориҷию дохилии боэътимод боқӣ мондааст. Намуди сеюми қарзи тиҷоратӣ аслан байни фурӯшандагону харидороне истифода мешавад, ки додугирифти зич доранд. Масалан, комбинати шир ҳаррӯза ба мағ озаҳои зиёди корхонаҳои савдо маҳсулоти ширӣ мефиристад. Барои корхонаи савдо пулгузаронии ҳаррӯза ба суратҳисоби комбинати шир муфид нест, бинобар ин, дар шартномаи байнашон басташуда тартиби ҳисоббаробаркуние нишон дода мешавад, ки мувофиқи он дар чанд рӯз як бор ба суратҳисоби фурӯшанда пул гузаронида мешавад. Масалан, комбинати шир ҳар саҳар мах-сулоти шириашро ба нуқтаҳои савдо мерасонад, вале ҳар ҳафта як бор ба корхонаи савдо талабномаи пулгирӣ мефиристад, ки дар он маблағ и қарзӣ якҳафтаинаи корхонаи савдо нишон дода шудааст. Корхонаи савдо дар ҳолати розӣ буданаш қарзи комбинати ширро пардохт мекунад. Байни корхонаҳои истеҳсолӣ низ ин намуди қарз метавонад истифода шавад. Масалан, корхонаи алюми­ний метавонад маҳсулоташро ба корхонаи дегистехсолкунӣ дода, талаб кунад, ки пули он вобаста ба истифодаи алюминий дар раванди истеҳсолӣ қисм-қисм пардохта шавад.
Истифодаи ин ва ё он намуди қарзи тиҷоратӣ аз шароити бозору сиёсати дохилии корхонаҳои истеҳсолию савдо ва соҳибкорони алоҳида вобаста аст. Корхонаҳое, ки моли серталаб доранд, метавонанд шартҳои сахттарро пешниҳод кунанд. Масалан, талаби баланди бозори чаҳониро ба пахтаю алюминийи тоҷик ба инобат гирифта, Ҳукумати Тоҷикистон соли 1995 карор кабул кард, ки хари-
дорони ин молҳо бояд пулашро пешакӣ диҳанд ва то хол (соли 2008) ширкатҳои хориҷӣ ин талабро риоя мекунанд.
Қарзи бонкӣ
Қарзи бонкӣ яке аз шаклҳои аз ҳама маъмули муносибатҳои қарзист, ки дар ҳамаи кишварҳо васеъ истифода мешавад. Он танҳо аз ҷониби бонкҳою муассисаҳои молиявии ғ айрибонкие дода мешавад, ки барои чунин намуди фаъолият ичозатномаи бонкӣ марказиро доранд. Истифодакунандагони қарзи бонкӣ ширкату корхонаҳо, соҳибкорон, сохторҳои давлатӣ ва аҳолӣ мебошанд. Тартиби додану баргардонидани қарз, фоиз ва масъалаҳои дигари ба он дахлдорро шартномаи қарзие, ки байни қарздиҳандаю қарзгиранда баста шудааст, муайян мекунад.
Қарзи бонкӣ аз қарзи тиҷоратӣ бо хусусиятҳои зеринаш фарқ дорад: а) агар қарзи тиҷоратӣ аз ҷониби корхонаю ташкилотҳо дода шавад, қарзи бонкӣ танҳо аз ҷониби муассисаҳои қарзӣ (бонкҳо ва муассисаҳои молиявии ғ айрибонкӣ) дода мешавад; б) қарзи тиҷорати бефоиз аст ва ё фоизи каме дорад, ки ба нархи мол ҳамроҳ шудааст. Фоиз доштани қарзи бонкӣ бошад, ҳатмист; в) дар аксари мавридҳо мӯҳлати қарзи бонкӣ нисбат ба мӯҳлати қарзи тиҷоратӣ дарозтар аст; г) қарзи бонкӣ дар асоси шартномаи махсуси қарзӣ дода мешавад, қарзи тиҷоратӣ ба шартномаи ҳамкорӣ, ки мақсади асосиаш хариду фурӯши мол аст, такя мекунад.
Қарзи бонкӣ вобаста ба омилҳои зерин ба намудҳои алоҳида ҷудо мешавад:
– вобаста ба тарзи додани он: а) қарзҳои нақдӣ (бо роҳи додани пули нақд) ва ғ айринақдӣ (бо роҳи аз суратҳисоби бонк ба суратҳисоби қарзгиранда гузаронидани маблағ и қарз); б) бозмаблағ диҳӣ (refinancing) – хариди векселҳо бо нархи арзонтар,* аз бозори байнибонкӣ харидани захираҳои қарзӣ, қарзгирӣ бо роҳи баровардани ӯҳдадориномаҳои бонкӣ (долговқе объязателҳства);** в) қарзҳои векселӣ.***
*Векселҳо шаҳодатномаи қарзиеанд, ки аз ҷониби касе ба манфиати шахси дуюм имзо шудаанд. Шахси аввал тасдиқ кардааст, ки ӯ аз шахси дуюм – соҳиби векселҳо қарздор аст. Шахси дуюм метавонад ин векселҳоро бо нархи арзонтар ба бонк фурӯшад. Дар натиҷа, бонк соҳиби векселҳою қарзи ба ивази онҳо додашуда мешавад. Баробари расидани мӯҳлати дар векселҳо нишондодашуда бонк онҳоро ба бонки векселбароварда барои пардохт пешниҳод мекунад.
**Бонкҳо дар ҳолатҳои алоҳида метавонанд ӯҳдадориномаҳои бонкӣ бароварда, ба аҳолию корхонаҳо пешниҳод кунанд. +ҳдадориномаҳо низ шаҳодатномаи қарзиеанд, ки баъди мӯҳлати муайян аз ҷониби бонк харидорӣ мешаванд. Манфиати шахсоне, ки ӯҳдадориномаҳоро харидорӣ кардаанд бо роҳи додани фоизи муайян ҳимоя мешавад.
***Қарзест, ки дар асоси ба гарав гузоштани векселҳо дода мешавад. Зарур аст, ки маблағ и қарз аз арзиши умумии векселҳои ба гарав гузошташуда камтар бошад.
– вобаста ба асъори қарз: бо пули миллӣ, асъори қарздиҳанда,* асъори кишвари сеюм.**
*Ширкатҳои тоҷикистоние, ки бо ширкатҳои хориҷӣ ҳамкорӣ мекунанд, метавонанд аз бонкҳои дохилӣ ва ё хориҷӣ қарзро бо асъори ҳамон кишвар гиранд. Фарз кардем, Комбинати шири Душанбе аз ширкати руминиягӣ таҷҳизот мехарад. Он метавонад аз бонки руминиягӣ қарзро бо асъори ҳамин кишвар гирад.
**Чӣ хеле ки маълум аст, ҳисоббаробаркунӣ байни корхонаҳои кишварҳои гуногун аксар бо доллари ИМА ё евро анҷом дода мешавад. Масалан, харидорони молҳои эронӣ пули онҳоро бо доллари ИМА ё евро медиҳанд ва агар ба қарз эхтиёҷ дошта бошанд, маҷбуранд қарзро бо хамин асъорхо гиранд.
– вобаста ба гарави карз: таъминбуда ва таъминнабуда. Қарзҳое, ки дар асоси ба гарав гирифтани моликияти қарзгиранда дода мешаванд, қарз­ҳои таъминбуда мебошанд. Қарзҳои бегарав ба на­муди дуюм дохил мешаванд. Масалан, қарзҳое, ки бонкҳо ба кормандони худ медиҳанд, дар аксари ҳолатҳо гарави моликияти надоранд.
– вобаста ба миқдори иштироккунандагон: дуҷониба (бонку қарзгиранда) ва бисёрҷониба (консорсиуми бонкҳо ва қарзгиранда ё қарзгирандаҳо).*

*Масалан, солҳои 1997 – 2007 қисми зиёди қарзҳои ба хоҷагиҳои пахтакории Тоҷикистон додашуда аз ҷониби консорсиуми бонкҳои швейтсарӣ дода шуда буданд. Ин консорсиум аз 5 бонк бо сарварии Credit Suisse Fist Boston иборат буд.
– вобаста ба муддати истифодаи қарз: кӯтоҳмуддат, миёнамуддат ва дарозмуддат.
Қарзҳои кӯтоҳмуддат асосан барои хариди ашёи хому пӯшонидани харочотҳои истеҳсолӣ ва ташкили захираҳои молӣ дар соҳаи савдо истифода мешаванд. Мӯхлати истифодаи ин қарзҳо то як сол аст.* Қарзҳои мӯҳлати истифодаашон аз як то се сол ба қарзҳои миёнамуддат дохил мешаванд. Ин намуди карзҳо бештар барои азнавкунии истеҳсолот, пӯшонидани хароҷотҳои корхонаҳои кишоварзӣ истифода мешавад. Қарзҳои дарозмуддат онҳоеанд, ки муддати истифодаашон аз се сол зиёд буда, барои хариди таҷҳизот, сохтмони иншоотҳо, васеъкунии истеҳсолот бо рохи вориди технологияи нав ва мақсадҳои дигари инвеститсионӣ дода мешаванд. *Ба ин гурӯҳ қарзҳое низ дохил мешаванд, ки мӯҳлати истифодаашон аниқ нест. Масалан, қарзи онколӣ (Loan money on call) карзест, ки бо гарави коғ азҳои қимматнок дода шуда, мӯҳлати аниқ надорад ва бонк метавонад дар вақти дилхох баргардонидани онро талаб кунад. Албатта, бонкро зарур аст, ки вобаста ба шарти шартнома қарздорро чанд рӯз пеш дар ин бора хабардор намояд. Ин намуд бо сабаби нороҳат буданаш кам истифода мешавад.
– вобаста ба максади истифодаи карз: а) барои зиёд кардани сармояи асосӣ (хариди таҷҳизоти ҳозирзамон, сохтмони биноҳои нав, васеъ кардани истеҳсолот); б) барои муваққатан пурра кардани воситаҳои гардон (сармояи гардон); в) барои қонеъ гардонидани талаботи алоҳида (қарзҳои ипотекӣ).*

*Қарзҳои ипотекӣ дар асоси ба гарав қабул кардани замин ва ё хонаи мавҷуда ё сохташаванда дода мешаванд.

– вобаста ба ҳудуди қарз: а) қарзе, ки тамоми маблағ аш дар як бор дода мешавад; б) қарзи ху­дуддошта (овердрафт, қарзи маҳдуд).
Овердрафт (Overdraft) муносибати қарзиест, ки мувофики он бонк ба карзгирандаи боэътимод дар ҳолати зарурӣ (бе пешниҳоди талабнома) то маблағ и муайян (10-15 фоизи хаҷми умумии маблағ ҳои дар як моҳ ба суратҳисоби қарзгиранда воридшаванда) қарз медиҳад. Ин намуди қарздиҳӣ дар кишварҳои аврупоӣ хеле маъмул аст. Рақобати сахти байнибонкӣ барои ҷалби мизоҷон бонкҳоро маҷбур кардааст, ки шаклҳои нав ба нави хизматрасониро пешниҳод кунанд. Овердрафт низ яке аз шаклҳои хизматрасонӣ аст. Агар барои истифодаи дигар шаклу намудҳои қарз мизоҷ ба бонк муроҷиат кунад, ин намуди қарз ба таври автоматӣ дода мешавад. Байни мизоҷу бонк оид ба истифодаи ин намуди қарз шартнома баста мешавад ва дар ин асос талабномаҳои пулгирии ба номи мизоҷ омада, новобаста аз набудани пул дар суратҳисоби он пардохта мешаванд. Қарзй овердрафтӣ баробари ба суратҳисоби мизоҷ ворид шудани пул баргардонида мешавад.
Қарзи ҳудуддошта (Credit line) намудест, ки ҳудуду шартҳои муайян дорад. Мувофиқи шартномаи қарзӣ мизоҷ метавонад то ҳудуди муайяншуда (масалан, 1 миллион сомонӣ) қарз гирад. Дар ҳолати зарурати гирифтани қарзи нав мизоҷ бояд қисме аз қарзҳои пешинаро баргардонад, зеро маблағ и умумии қарзҳояш набояд аз 1 миллион сомонӣ зиёд бошад.

– вобаста ба тартиби баргардонидани қарз: а) қарзе, ки дар охири мӯҳлаташ баргардонида мешавад; б) қарзе, ки қисм-қисм дар давоми мӯҳлаташ баргардонида мешавад.
Имрӯзҳо дар охири мӯҳлат баргардонидани қарз бештар дар байни соҳибкорони миёнаҳол раем шудааст. Қарздор қарзро тамоми мӯҳлат истифода карда, дар охир пурра бармегардонад. Тартиби дигари қарзадокунӣ кисм ба кисм баргардонидани он то охири мӯҳлат аст. Ин намуди қарзгирӣ вобаста ба муфид будани он аз ҷониби корхонаҳои истеҳсолӣ васеъ истифода мешавад.

– вобаста ба фоизи қарз: а) қарзҳои фоизашон аниқ муайяншуда; б) қарзҳои фоизи тағ йирёбанда дошта. Дар намуди аввал бонку қарзгир фоизи қарзро аниқ муайян карда, дар шартнома нишон медиҳанд ва қарзгирифта новобаста аз дигар шудани фоизи бозорӣ қарзашро бо фоизи шартномавӣ
бармегардонад. Дар шароити бӯҳрони иқтисодӣ, ноустувор будани нархҳо (фоиз нархи карз аст) ва тағ йир ёфтани сатҳи таваррум бонкҳо бештар намуди дуюми фоизбандиро истифода мекунанд. Ин маънои онро дорад, ки ҳангоми дигар шудани фо­изи бозорӣ фоизи карзи карздор низ мутобиқан дигар мешавад.
Қарзи давлатӣ
Қарзи давлатӣ қарзи дохилиест, ки ё аз ҷониби давлат ба аҳолию корхонаҳо ва ё аз ҷониби онҳо ба давлат дода шудааст. Қарзидавлатӣ аз буҷети кишвар ва бо фоизи кам дода мешавад. Сарчашмаи он буҷети ҷумҳуриявист, ки ҳукумат дар ҳолатҳои зарурӣ аз ҳисоби он ба буҷетҳои вилоятӣ, ноҳиявию маҳаллӣ қарз медиҳад. Ҳукумат метавонад маблағ ҳои аз талаботи буҷеташ зиёдатиро ба корхонаҳои давлатӣ низ ба қарз диҳад.
Ҳолати дигаре, ки зарурати истифодаи ин қарзро ба миён меорад, аз ҷониби бонкҳои тиҷора­тӣ надодани қарз ба корхонаҳои давлатӣ ва ғ айридавлатӣ ҳаст. Ҳукумат дар ҳолатҳои алоҳида* бо роҳи додани қарзҳои имтиёзнок корхонаҳои ғ айридавлатиро низ дастгирӣ мекунад.
*Соли 2004 ширкати автомобилбарории Fiat (Италия) зараровар будани фаъолияташро ба инобат гирифта, эълон кард, ки истеҳсолоташро баста, 5000 кормандонро ҷавоб медиҳад. Бекор мондани ин миқдор кормандони пуртаҷриба вазъи сиёсии кишварро халалдор менамуд. Аз ин рӯ, ҳукумати Берлускони – сарвазири Италия маҷбур шуд ба ширкати Fiat барои ҳалли проблемаҳояш 2 миллиард евро қарзи дарозмуддат диҳад.
Намуди дигари қарзи давлатӣ дароз кардани мӯҳлати андозҳои пардохтнашуда аст. Дар Тоҷикистон солҳои 1993-2003 чандин маротиба ҳукумат мӯҳлати пардохти андози корхонаҳоро дароз кард, ки дар асл ин қарз ба он корхонаҳо буд. Ин намуди қарз дар адабиёти иқтисодӣ қарзи андозӣ (налоговқй кредит) ном дорад. Дар аксари кишварҳо (масалан, Русия) тартибу шартҳои додани чунин қарз дар Кодекси андоз муайян шудааст.
Замонатномаҳои (гарантийнқе писҳма) ҳукумат ба корхонаю ташкилотҳои дохилӣ низ қарзи давлатӣ ҳисоб мешаванд. Қисме аз бонкҳои тиҷоратӣ ба корхонаҳои давлатӣ, ки зарароваранд, танҳо дар асоси замонатномаи ҳукумат қарз медиҳанд. Дар асл, ҳукумат дар асоси замонатномаи додааш баргардонидани чунин қарзро ба ӯҳдаи худ мегирад.
Намуди дигари қарзи давлатӣ вомҳоеанд, ки аҳолию корхонаҳо бо роҳи харидани вомбаргҳо ба ҳукумат медиҳанд. Ҳукумати ҳар кишвар бо мақсади ҷалби пулҳои муваққатан озоди аҳолию корхонаҳо вомбарг (займ) бароварда мефурӯшад. Вазорати молияи ҷумҳурии Тоҷикистон низ аз соли 1995 инчониб вомбаргҳои худро дорад, ки аслан ба аҳолӣ фурӯхта мешаванд. Ба таври дигар, ин як намуди қарздиҳии аҳолӣ ба давлат аст.
Вазорати молия инчунин аз номи ҳукумат коғ азҳои қиматнок бароварда, дар бозори аввалиндараҷа мефурӯшад. Солхҳои 1997-2002 бо ин роҳ ҳукумат аз корхонаҳою бонкҳо қарз гирифта, норасогии (deficit) буҷетро пур мекард. Баъдан, бо сабаби аз меъёр зиёд иҷро шудани буҷет (proficit) зарурати ин намуди қарзгирӣ аз миён рафт.
13.5. Қарзи байналхалқӣ
Қарзи байналхалқӣ қарзест, ки аз ҷониби бонк, ширкат ё ҳукумати як кишвар ба бонк, ширкат ё ҳукумати кишвари дигар дода мешавад.
Мавҷудияти бозорҳои чаҳонии пул имкон медиҳад, ки бонкҳо аз ҳамдигар маблағ и заруриро ба қарз гиранд. Пешрафти интернету ба воситаи он савдо шудани воситаҳои пулии озод муносибатҳои байнибонкиро зичтару суръати иҷрои амалиётҳоро тезтар гардонид. Акнун новобаста аз фарқияти вақт байни кишварҳои гуногун бозори интернетӣ доимо фаъол асту бонкҳо аз ҳам қарз мегиранд. Мӯҳлати истифодаи қарзҳои байнибонкӣ гуногунанд: аз якшаба (overnight) то чандсола. Мақсади ҷалби онҳо қонеъ гардонидани талаботи қарзии мизоҷони бонкҳо ва худи онҳост. Бонкҳо барои қонеъ кардани талаботи худ ва таъмини иҷрои нишондиҳандаҳои бонки марказӣ (масалан, нишондиҳандаи пардохтпазирӣ) аз бонкҳои дигар қарз мегиранд.
Ширкатхою сохторҳои дигари тоҷикистонӣ, ки бо ширкатҳои хориҷӣ ҳамкорӣ доранд, метавонанд аз бонкҳои кишварҳои онҳо қарз гиранд. Масалан, ҳукумати шаҳри Душанбе соли 1999 барои хариди автобусхои «Икарус»-и дар мамлакати Венгрия истеҳсолшаванда аз Эксимбонки ҳамин кишвар қарзи сесола гирифта, онро дар мӯҳлати муайяншуда баргардонд. Ин таҷриба аз ҷониби дигар ширкатҳои тоҷикистонӣ низ васеъ истифода мешавад. Хусусан, онҳо аз бонкҳои тиҷоратии Русияю Қазоқистон, ки ҳамкорони наздики Тоҷикистонанд, қарзи зиёд мегиранд.
Намуди дигари қарзи байналхалқӣ қарзӣ байниҳукуматӣ мебошад. Мақсади ҷалби ин карзҳо аксаран ҳалли проблемаҳои зерин аст:
– пӯшонидани касри буҷет. Қисми зиёди қарзҳои солхҳои 1993-2003 гирифташуда бевосита барои пӯшонидани касри буҷет истифода шудаанд.
– ҳалли проблемаҳои озуқаворӣ. Масалан, соли 1993 Иттиҳоди Аврупо ба Ҳукумати Тоҷи­кистон барои хариди ғ алла аз бозори ҷаҳонӣ 70 млн. доллари амрикоӣ қарзи имтиёзнок дод, ки он солҳои 2000-2007 баргардонида шуд.

хизматрасонӣ ё баргардонидани қарзҳои хориҷӣ. Соли 2000 Иттиҳоди Аврупо талаб кард, ки Тоҷикистон қарзи соли 1993 гирифтаашро баргардонад. Азбаски вазъи молиявии кишвар хуб набуд, ҳукумат хоҳиш кард, то мӯҳлати қарз дароз карда шавад. Иттиҳоди Аврупо ба ин розӣ нашуда, роҳи дигари ҳалли проблемаро пешниҳод кард. Дар натиҷа, Иттиҳоди Аврупо дар асоси шартномаи нав ба Тоҷикистон 35 млн. доллари амрикоӣ қарзи бебозгашт дод. Тоҷикистон бад-ин восита ҳар соле 15 млн. доллари дода, қарзи Иттиҳоди Аврупоро пурра баргардонд.
ташкили захирахои асъории кишвар. Масалан, ташкили захирахои асъории Точикистонй тозаистиклол бо гирифтани карз аз сохторхои молия­вии байналхалкй шуруъ шуд.
Мухлати баргардонидани ин карз вобаста ба вазъи молиявии карздор то 40-50 сол давом мекунад. Дар баъзе аз мамлакатхои араб (масалан, Арабистони Саудй) баробари хонадор-шавй ба чавонон чунин карзхои имтиёзнок* медиханд. ҷевону дигар лавозимоти хонаро низ аз хисоби карз харидан мумкин аст. Барои ин мухим аст, ки карзгиранда чойи кор, мохонаи доимй ва рафтори шоиста** дошта бошад.

*Аз ин намуди карз танхо шахрвандони кишвар истифода карда метавонанд. Дар Арабистони Саудй зиёда аз 7 млн. одамоне зиндагй мекунанд, ки ин хукукро надоранд, зеро онхо мардуми аз дигар кишвархо омада ва ё аз онхо таваллудшуда хастанд. Масалан, фарзандони точиконе, ки баъди солхои 1930-юм ба ин кишвар рафтаанд, дар он чой таваллуд шудаву ба воя расида бошанд хам, хукуки шахрвандй надоранд.
**Масалан, дар сохторхои хукумати махаллии ИМА барои хар як шахрванд таърихнома кушода шудааст, ки дар он тарчумаи холи шахрванд, моликияти доштаи он, раф-торхои ношоистааш (агар карда бошад) ва дигар маълумоти зарурй чамъ оварда мешавад. Бонкхо пеш аз додани карз ба таърихномаи шахе шинос мешаванд.
Намуди дигари он карз барои гирифтани маълумоти олй аст. Донишчуёни ба мактабхои олй дохилшуда дар кисме аз мамлакатхр (масалан, Шохигарии Белгия, Люксембур, Британияи Кабир) метавонанд пули хонданро аз хисоби карз дода, баъдан дар давоми чанд сол онро баргардонанд.
Карзй истеъмолии моли аслан аз чониби корхонахои сохтмони хангоми сохтан ё таъмир кар дани хона ва гирифтани пули кор баъди чанд вакт, корхонахои савдо хангоми додани молу баъдан гирифтани пули он дода мешавад.
Яке аз роххои додани карзи истеъмоли рох додан ба овердрафт (overdraft) хангоми хариди молу ичрои кор ё хизматрасонй мебошад. Дар кишвархои пешрафта хисоббаробаркунй ба воситаи корт-хри бонкй анчом дода мешавад ва хангоми басанда набудани бакияи суратхисоби мизоч бонк ба таври автоматй ба у карз медихад. Маблаги карз аз мохонаи мизоч вобаста аст ва баробари ба суратхисоб ворид шудани мохона баргардонида мешавад.*
*Дар аксари холатхо мизочи аврупой намедонад, ки он аллакай карз гирифтааст, зеро карз хангоми хариди мол ба таври автоматй дода мешавад. Масалан, ман холо (соли 2006) мизочи Fortisbank хастам ва хангоми хариди молу хурокворй дар магозахо аз корти хамин бонк истифода ме-кунам. Баъзан маблаги харид аз маблаги дар суратхисобам буда зиёд аст. Бонк пули молро пурра медихад ва фарки нархи молу маблаги дар суратхисоби ман буда карз хисоб меёбад. Баробари ворид шудани мохона ва ё пули дигар ба суратхисоби ман бонк карзашро мегирад.

Дидан карданд: 1206

Мавзӯъҳои нав:

Банакшагири
Хусусиятҳои инкишоф додани туризм дар асоси ҷамъиятҳои маҳаллии ташкилёфта (ТОС-ТҶМ) дар Тоҷикистон
Имкониятҳо барои инкишоф додани туризми иҷтимоӣ дар шароити ҳозира
Ба намудҳои шиновари дохил мешавад
Намудҳои туризми экологӣ
Коментари дохил карданд:

Каментарй дохил кард: Хонум Nora
Санаи дохилгардида: 2016-06-21

Оё ба шумо лозим қарзи бетаъхириро нигоҳ дорад? шумо дар қарзи? Оё ба шумо лозим аст қарз таъхирнопазир ба маблағгузории кори шумо ?, шумо аз ҷониби бонк шумо инкор карда, хавотир на бештар, хизматрасонии Мо зуд аст, Осон & қарзҳои бехатар акнун дар ҳар вазъият. Қарз то $ 2000 – $ 1,000.000 Имрӯз! Иртибот бо мо бо маълумоти қарз дар ин почтаи: noramildred.loan@hotmail.com Қайд: Шумо ҷавоби пешакӣ ва маблаѓгузорї дар давоми 24 соат интизор мешаванд, Мавриди. Хонум Nora


Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *


Уважаемые читатели! Просим вас, оставляя комментарии, уважать друг друга и не злоупотреблять свободой слова.
Администрация сайта будет удалять:
1. Комментарии с грубой и ненормативной лексикой.
2. Оскорбления, угрозы и непристойные высказывания.
3. Высказывания, разжигающие национальную, религиозную и прочую рознь и вражду.
4. Комментарии, содержащие другие нарушения законодательства и прав граждан.
5. Комментарии, рекламирующие и продвигающие другие веб-ресурсы, товары и услуги, а также комментарии, не имеющие отношения к дискуссии.

Пользователи, которые нарушают эти правила грубо или систематически, будут заблокированы.