Четверг, Ноябрь 21Вместе создадим светлое будущее!


Қонуни муомилоти пулӣ ва назорати гардиши он

Дар давраҳои аввали истифодаи тиллою нуқра ҳамчун пул зарурати назорати гардишу танзими миқдори он ба миён наомада буд, зеро истеҳсоли тиллою нуқра дар дунё маҳдуд буда, баНақша:
1. Миқдори пул ва нишондиҳандаҳои ба он алоқаманд.
2. Қонуни муомилоти пулӣ ва назорати гардиши пул.
3. Ҳаҷми пул ва зарурати назорати он.

Рӯйхати адабиётҳо:
1. Г.Н. Оймаҳмадов «Молия» Нодир, Душанбе 2005.-304с.
2. Ш. Раҳимзода «Муомилоти пулӣ ва қарз» ЭР-граф, Душанбе 2008.- 450с.
3. Ғ.Д. Ашуров. Ш.Ҳ Азизмуродов. Баҳисобгирии амалиёт дар бонкҳои тиҷоратӣ. Душанбе: «Комбинати полиграфии ш. Душанбе», 2009. – 305с.
4. Хонҷонов Абдулҳамид. Фаъолияти бонкӣ. Душанбе: 2010. 392с.
5.Игровой практикум по финансам/И.Т. Балабанов, Н.А. Камордҷанова, В.Н. Степанов, Е.В. Эйбшиӣ. – М: Финансқ и статистика, 1997. – 192с.
6. Финансқ, денеҷное обрағение и кредит. Учебник./Под редакӣией В.К. Сенчагова, А. И. Архипова. – М.: «Проспект», 1999. – 496 с.
7. Финансқ, денеҷное обрағение и кредит: Учебник / М.В. Романовский и др.; Под ред. М.В. Романовского, О.В. Врублевской.— М.: Юрайт-Издат, 2006. – 543 с.

1. Миқдори пул ва нишондиҳандаҳои ба он алоқаманд
Дар давраҳои аввали истифодаи тиллою нуқра ҳамчун пул зарурати назорати гардишу танзими миқдори он ба миён наомада буд, зеро истеҳсоли тиллою нуқра дар дунё маҳдуд буда, ба қурби онҳо таъсири манфӣ намерасонд. Вале баробари кушода шудани қитъаҳои нав ва зиёд шудани истеҳсоли тиллою нуқра хатари таъсири манфии он ба қурби пул ба миён омад.
Масалан, дар асри XVI аз Амрикои Ҷанубӣ ба Испания овардани миқдори зиёди тиллою нуқра боиси зиёд шудани миқдори пул дар муомилот, болоравии нархҳо ва касодшавии ширкатҳою соҳибкорони алоҳида гардид. Ин ҳодиса ҳукуматдоронро маҷбур сохт, ки ба масъалаҳои ташкили муомилоти пулӣ диққати махсус диҳанд.
Маълум шуд, ки дар миёни миқдори пул ва молҳои дар муомилот буда, баробарӣ ва ё таносуби муайян ҳукмфармост. Таъмин нагардидани ин баробарӣ ва ё таносуб ба нархҳо бетаъсир намемонад. Барои сарфаҳм рафтан ба ин муаммо моро зарур аст, ки мафҳумҳои зеринро аз худ намоем: миқдори пул, суръати гардиши пул, сатҳи умумии нархҳо, миқдори молҳо.
М и қ д о р и п у л
Аз фанни «Иқтисоди сиёсӣ» талаби қонуни талаботу пешниҳод ва зарурати риояи он ба ҳама маълум аст ки пул, худ мол аст, каму зиёд шудани миқдораш дар муомилот ба қурб ва ё нархи он таъсир мерасонад. Барои мисол: дар давлате 1 млн. воҳиди пулӣ ва 1 млн. дона моли муайян мавҷуд буда, нархи як дона мол ба як воҳиди пулӣ баробар аст. Агар бо сабабе ҳукумат ба муомилот боз 1 млн. воҳиди пулии дигар барорад, одамон баъди чанде шоҳиди он мегарданд, ки сарф кардани миқдори пулҳои иловагӣ ғайриимкон аст, зеро дар бозор миқдори молҳо зиёд нашудааст. Аз ин рӯ, рақобати байни одамон барои ҳарчӣ зудтару зиёдтар харидани молҳои мавҷуда сар шуда, хоҳу нохоҳ боиси болоравии нархҳо мегардад. Ин рақобат то баробар шудани нархи як дона мол ба ду воҳиди пулӣ давом мекунад.
Ҳамин тавр, барои устувор нигоҳ доштани қурби пулу нархи молҳо зарур аст, ки таносуби байни миқдори пул ва арзиши молҳои мавҷуда таъмин карда шавад.
Барои баъдан дар формула истифода кардани «миқдори пул» мо онро бо «Мп» ишора мекунем.
С у р ъ а т и г а р д и ш и п у л Пулҳои дар муомилотбуда доимо дар гардишанд., Агар донишҷӯй баъди гирифтани стипендия бо хурсандии зиёд аз ошхона хӯроки гӯштдоре харад, ин маънои онро надорад, ки бо ҳамин пулҳои ба ивази хӯрок додаи ӯ нест мешаванд. Соҳиби ошхона рӯзи дигар ё дертар бо ин пул аз бозор гӯшт мехарад, гӯштфурӯш дар навбати худ мол мехарад, молфурӯш маҳсулоти дигар ва ғайра. Ин раванди беохир аст, ки дар он пул воситаи додугирифт буда, доимо дар гардиш аст. Албатта, суръати гардиши қисме аз пулҳо тезтар буда (масалан, пулҳое, ки барои додани стипендия истифода мешаванд), суръати гардиши қисми дигар сусттар аст (масалан, мукофотпулии одамони дорою бодавлат барои пасандоз истифода мешавад ва ё ба кунҷи сандуқ меафтад). *
Фарз мекунем, ки соли гузашта миқдори пули дар муомилот истифодашуда 1 млн. сомонӣ буд, вале далелу рақамҳои оморӣ шаҳодат медиҳанд, ки дар ҳамин давра арзиши молҳои фурӯхташуда ба 10 млн. сомонӣ баробар аст. Ин нишонаи он аст, ки ҳар як сомонӣ ба ҳисоби миёна дар ин давра 10 маротиба гардиш кардааст, яъне суръати гардиши пул ба 10 баробар аст. *
Ҳангоми таҳлили иқтисодӣ суръати гардиши пул бо роҳи тақсими Маҷмӯи маҳсулоти миллӣ ба ҳаҷми пул (агрегатҳои пулии М1 ё М2) муайян карда мешавад. Тавре ки мебинем, ин ба гуфтаҳои боло ҳаммазмун аст.
Барои баъдан истифода кардани ин мафҳум дар формула мо онро бо «Сгп» – суръати гардиши пул ишора менамоем.
Азбаски омилҳои гуногун* метавонанд ба гардиши пул таъсир расонида, суръати онро тағйир диҳанд, моро зарур аст, ки таъсири манфии дигар шудани суръати гардиши пулро ба қурби пул ва нархҳо муайян намоем.
Дигар шудани суръати гардиши пул ба ҳаҷми пул ва қобилияти харидории мардум* таъсир мерасонад. Фарз мекунем, ки суръати гардиши пул 10 маротиба нею 12 маротиба аст. Дар ҳолати тағйир наёфтани миқдори пули дар муомилотбуда (1 млн. сомонӣ) қобилияти харидории мардум ба 12 млн. сомонӣ баробар мешавад. Агар дар ин давра миқдори молҳои дар бозор буда (10 млн.сомонӣ) зиёд нашавад, хоҳнохоҳ баъди чанде нархи молҳо 20 фоиз боло рафта, қурби пули сомонӣ паст мешавад.
Ба суръати гардиши пул пасандоз кардани мардум низ таъсир мерасонад. Агар қисме аз мардум пулҳояшонро барои пӯшонидани хароҷотҳои калони оянда, ба монанди сохтмони хона, хариди мошин, тӯй ва ғайра захира кунанд, қисми дигар барои хариди саҳмияҳою гирифтани фоида захира мекунанд. Албатта, зиёд шудани пасандозҳо нишонаи дорошавии мардум аст, вале агар аз ҷониби ҳукумат тартиби таъмини истифодаи дурусти ин пулҳо дар оянда ба ҳисоб гирифта нашавад, дар ҳолати бо ягон сабаб яку якбора ба муомилот баромадани онҳо миқдори пул зиёд шуда, суръати гардиши он суст мешавад.
Ҳамин тариқ, миқдори пул ва суръати гардиши он ба ҳам алоқаманд буда, дар маҷмуъ «Мп х Сгп» ҳаҷми умумии пулҳои барои хариди молҳо истифодашавандаро ташкил медиҳанд. Тағйир ёфтани яке аз онҳо боиси дигар шудани ҳаҷми умумии пулҳо гардида, ба қурби пулу нархи молҳо таъсир мерасонад.
С а т х и у м у м и и н а р х дар ҳолати дигар шудани миқдори пул ва ё суръати гардиши он ва бетағйир мондани миқдори молҳо сатҳи умумии нархҳо низ тағйир меёбад. Агар тағйирёбии миқдори пулу суръати гардиши он боиси зиёд шудани ҳаҷми пули барои хариди молҳо сарфшаванда гардад, он гоҳ нархҳо боло мераванд. Баъзан ҳолати баръакс ҳам рӯй медиҳад, ки боиси пастшавии нархҳо мегардад. Дар асл, чунин амал ба манфиати ҳукуматҳо* нест, бинобар ин, онҳо ҳаракат мекунанд, ки ба он роҳ надиҳанд.
Албатта, дар бозор талабот ба молҳои гуногун якхела ва доимӣ нест, аз ин рӯ нархҳо тағйир меёбанд. Хусусан ҳангоми таваррум ҳиссаи хароҷот (дар ҳаҷми умумии хароҷотҳо) барои хариди молҳои мавриди ниёзи аввал (хӯрокворию либосворӣ) афзуда, барои хариди молҳои дуюмдараҷа (мошин, хона, яхдон ва ғайра) поён меравад. Вазъи иқтисодиёти Тоҷикистон дар солҳои навадуми асри гузашта мисоли хуби ин ҳолат аст. Дар ин давра нархи молҳои истеъмолӣ пайваста афзуда, суръати болоравии онҳо аз суръати болоравии нархҳои молҳои дуюмдараҷа даҳҳо маротиба зиёд буд.
*Бо мақсади назорати ин амал ҳукумат ба воситаи кумитаи омор сабабҳои тағйирёбии нархҳоро омӯхта, барои устувор нигоҳ доштани онҳо чораҳои дахлдор меандешад. Аз рӯйи нархи гурӯҳи молҳои муайян (тахминан 350 намуд) сатҳи умумии нархҳо* муайян карда мешавад. Дар омор ин нишондиҳанда намояи нархҳоиистеъмолӣном дорад ва мо онро бо ҳарфи «Н» ишора менамоем.
М и қ д о р и м о л
Дар боло бо роҳи зарб кардани микдори пул ба суръати гардиши он мо ҳаҷми пули барои хариди молҳо сарфшавандаи харидоронро муайян намудем. Вале мо медонем, ки дар муқобили харидор фурӯшанда истодааст, ки микдори муайяни молро дорост. Барои таъмини баробарӣ зарур аст, ки маблағи сарфкардаи харидор ба маблағи ба дастовардаи фурӯшандаю арзиши моли ӯ баробар бошад. Барои ин зарур аст, ки бо роҳи зарб кардани миқдори молҳо ба сатҳи умумии нархҳо арзиши умумии молҳои фурӯхташударо муайян намоем. Агар мо миқӣори молҳоро бо «Мм» ишора кунем, арзиши умумии молҳои фурӯхташуда ба Мм х Н баробар аст.
Донистани мазмуни мафҳумҳои миқдори пул, суръати гардиши пул, сатхи умумии нарххо, миқдори мол имкон медиҳад, ки ба омӯзиши алоқамандии онҳо гузарем.
2. Қонуни муомилоти пулӣ ва назорати гардиши пул
Қонуни муомилоти п у л ӣБарои таъмини устувории нархҳо зарур аст, ки ҳаҷми пулҳои барои хариди молҳо сарфшаванда ба арзиши умумии молҳои барои фурӯш пешниҳодшуда баробар бошад:
МпхСгп ӯМмхН
Таҳлили иқтисодии ин амал ва имконияти муайян намудани микдори пули барои муомилот зарурӣ боиси дар асри XIX аз ҷониби К. Маркс кашф намудани қонуни муомилоти пулӣгардид. Ин қонун талаб мекунад, ки миқдори пули ҳамчун воситаи муомилот истифодашаванда ба арзиши молҳои фурухташаванда (вобаста ба суръати гардиши пул) баробар бошад:
Мп = Мм х Н / Сгп
Аз ин баробарӣ бармеояд, ки таъсир расонидан ба як ё ҳамаи нишондиҳандаи тарафи рости он (суръати гардиши пул, сатҳиумумиинархҳо, миқдоримол) ба миқдори пул бетаъсир намемонад.
Қонуни муомилоти пулӣ қонуни объективии иқтисодӣ буда, сарфи назар аз хоҳиши мо амал мекунад. Дар ҳолати риоя накардани он нархҳо боло рафта, боиси норозигии мардум аз сиёсати ҳукумат мегардад, дар натиҷа, ин ҳукумату бонки марказиро маҷбур месозад, ки сиёсати дурусти иқтисодиро амалӣ намоянд.
Вобаста ба пешрафти соҳаи бонкдорӣ ва пайдоиши шаклҳои нави қарздиҳию ҳисоббаробаркунӣ ба формулаи болоӣ унсурҳои нав илова шуда, шакли он тағйир ёфт:
Мп ӯ Мм х Н-К Ӯ Пк-Уп /Сгп
К – арзиши молҳои ба қарз фурӯхташуда, Пк – қарзҳои молие, ки мӯҳлати пардохташон расидааст ва Уп – арзиши ӯҳдадориҳои байниҳамдигарӣ, ки барои иҷрояшон пул истифода намешавад.
Мутобиқ ба назарияҳои мавҷуда дар ҳолати татбиқи барномаи асосноки сиёсати пулӣ ва дар мӯҳлати дароз дучанд зиёд кардани миқдори пули дар муомилот буда, нархи молҳо то ба дараҷаи зиёдшавии микдори пул боло рафта, дараҷаи истеҳсолот ва меъёри фоизи қарз бетағйир мемонанд.
Аз тарафи дигар, асоснок зиёд намудани миқдори пул то дараҷаи муайян боиси болоравии нархҳо гардад ҳам, ба болоравии истеҳсолот сабаб мешавад. Аз ин рӯ, қисми зиёди ҳукуматҳо микдори пули дар муомилот бударо бо тартиби муайяни илман асоснокёфта зиёд менамоянд, ки он, аз як тараф, боиси болоравии истеҳсолот ва аз тарафи дигар, иҷрои барзиёди қисми даромади буҷет мегардад.
Назорати г а р д и ш и п у л. Азбаски ба воситаи танзими гардиши пул ба нархҳою вазъи истеҳсолот таъсири мусбӣ расонидан мумкин аст, ҳукуматҳо ин воситаи идоракуниро васеъ истифода мебаранд.
Дар амал муайян намудани Мм – миқдори мол бисёр мушкил аст, аз ин рӯ, иқтисоддонҳо ҳангоми таҳлили вазъи иқтисодиёт ба ҷойи он нишондиҳандаи даромади софи миллиро* истифода мебаранд. Агар мо ин нишондиҳанда – даромади софи миллиро бо «Дс» ишора намоем, баробарии Мп х Сгп ӯ Мм х Н ранги зерин мегирад :
МпхСгп = ДсхН
Азбаски дар ин баробарӣ нишондиҳандаҳо бо ҳам зич алоқаманданд, ҳукумат ҳангоми татбиқи сиёсати иқтисодии худ бо роҳи таъсир расондан ба як ё якчандтои он метавонад яке аз нишондиҳандаҳоро тағйир диҳад. Ҳар як нишондиҳандаи ин баро-бариро дар алоҳидагӣ чунин муайян кардан мумкин аст:
Мп = Дс х Н / Сгп Сгп = Дс х Н / Мп
Дс = Мп х Сгп / Н Н = Мп х Сгп / Дс
Агар ҳукумат дар назди худ мақсад гузорад, ки ба болоравии нархҳо хотима мегузорад, пас бояд яке аз се нишондиҳандаҳои тарафи рсстро тағйир дода, дутои дигарашро бетағйир нигоҳ дорад.
Масалан, ҳукумат метавонад бо татбиқи сиёсати муайяни пулӣ миқдори пулро дар муомилот кам кунад, вале агар дар ин вақт суръати гардиши пул афзояд, ҳаҷми пули барои харид сарфшаванда тағйир намеёбад ва чорабинии ҳукумат натиҷаи дилхоҳ намедиҳад, ё ба таври дигар ба болоравии нархҳо хотима гузошта намешавад. Аз ин рӯ, ҳангоми таъсир расонидан ба яке аз нишондиҳандаҳо бетағйир нигоҳ доштани дутои дигар ба мақсад мувофиқ аст.
Дар ҳама ҳолат татбиқи сиёсати дурусти пулӣ метавонад боиси болоравии истеҳсолот гардад. Инро ба инобат гирифта, дар ҳама давлатҳо ҳукумат ҳаракат мекунад аз ин воситаи идоракунӣ васеъ истифода барад.

3. Ҳаҷми пул ва ва зарурати назорати он.

Ҳаҷми пул яке аз нишондиҳандаҳои муҳими муомилоти пулӣ буда аз ҷамъи пулҳои нақдию ғайринақдӣ ва ӯҳдадориҳои молиявӣ (вомбаргҳои давлатӣ ва сертификатҳои пасандозии бонкҳо) иборат мебошад.
Яке аз нишондодиҳандаҳои асосие, ки миқдори гардиши пулро барои ҳаҷми умумии харид ва фурӯши маҳсулот муайян мекунад, массаи пулӣ номида мешавад. Дар иқтисодиёти ҷаҳонӣ ҳар як мамлакат барои муайян намудани миқдори пули дар гардиш бударо бо нишондиҳандаҳои зерин муайян мекунанд, ки онҳоро агрегатҳои пулӣ меноманд ё, ки бо ибораи дигар пойгоҳҳои пулӣ.

Мо – миқдори пули нақд; аз он ҷумла дар хазинаи бонкҳои тиҷоратӣ, маблағҳои пулии дар дасти аҳолӣ буда.
М1=Мо= маблаҳои дар суратҳисоби ҷорӣ буда, дар суратҳисобӣ махсусӣ, дар суратҳисобҳои аккредитивӣ, суратҳисобҳои чекӣ, ҷамъи амонатҳои дар бонкҳои тиҷоратӣ буда, ҷамъи депозитҳои дархостшавандаи дар амонатбонкҳо буда.
М2=М1= амонатҳои фаврӣ дар бонкҳо.
М3=М2= сертификатҳои депозитивӣ ва вомбаргҳои давлатӣ.


Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *


Уважаемые читатели! Просим вас, оставляя комментарии, уважать друг друга и не злоупотреблять свободой слова.
Администрация сайта будет удалять:
1. Комментарии с грубой и ненормативной лексикой.
2. Оскорбления, угрозы и непристойные высказывания.
3. Высказывания, разжигающие национальную, религиозную и прочую рознь и вражду.
4. Комментарии, содержащие другие нарушения законодательства и прав граждан.
5. Комментарии, рекламирующие и продвигающие другие веб-ресурсы, товары и услуги, а также комментарии, не имеющие отношения к дискуссии.

Пользователи, которые нарушают эти правила грубо или систематически, будут заблокированы.