Среда, Ноябрь 20Вместе создадим светлое будущее!


Таърихи пайдоиши пулҳои филизӣ ва коғазӣ

То ҷое, ки маълум аст, аввалин бор дар Осиёи Маркази тангаҳои тиллоии Хоҳоманишиён (асри VI пеш аз милод) ба муомилот бароварда шудаанд. Истилои Искандари Макдунӣ ваТо ҷое, ки маълум аст, аввалин бор дар Осиёи Маркази тангаҳои тиллоии Хоҳоманишиён (асри VI пеш аз милод) ба муомилот бароварда шудаанд. Истилои Искандари Макдунӣ ва арабҳо боиси аз номи онҳо ба муомилот баровардани тангаҳои тиллоӣ, нукрагӣ ва мисин гардид. Дар давраи ҳукмронии Сомониён тангаҳо бо номҳои динору дирам ва фулус (шакли танҳои он филлиз, яъне тангаи мисин) дар муомилот истифода мешуданд.
Набудани сиёсати ягонаи пули ва идораи мутамаркази он боиси аз тарафи ҳокимони Хатлон, Бадахшон, Хуҷанд, Истаравшану Рашт бароварда­ни тангаҳои ҳуди гардида буд. Истифодаи тангаҳо ҳамчун воситаи муомилот дар Осиёи Маркази то аввали асри XX давом кард. Ғалабаи Инкилоби Октябр дар Буҳорою киемҳои дигари Осиёи Марказӣ боиси ба соҳтори нави муомилоти пули ворид гаштани ин минтака гардид.
Русия ва кишварҳои дигари аврупоию осиёӣ вобаста ба пешрафти иктисодиёташон чанд аср пештар ба сатҳи баланди ташкили муомилоти пули – истифодаи пулҳои коғазӣ гузашта буданд.
Асоси истифодаи тангаҳои мисин, нукрагию тиллоӣ ҳамчун пул мувофик будани онҳо ба талаботи мардум то як давраи муайян буд. Вале, баъдан маълум шуд, ки ин се филизи киматбаҳо низ чиҳати истифода ҳамчун воситаи муомилот аз камбудиҳо холи набудаанд. Тангаҳои нукрагию тиллоӣ бо киматҳои гуногун аз тарафи давлатҳо бароварда мешуданд. Аз сабаби он, ки нукраю тилло филизҳои мулоиманд, оҳиста-оҳиста набаҳрасозоне* ( касоне, ки тангаҳои калбакӣ месозанд) пайдо шуданд, ки бо роҳи кам кардани вазни онҳо даромади иловаги ба даст меоварданд. Набаҳрасозон инчунин бо роҳи барориши тангаҳо аз тиллоӣ пастсифат (масалан, ба чои истифодаи маҳаки** (проба) 995 истеҳсоли тангаҳо аз тиллоӣ маҳаки 585) даромади зиёд мегирифтанд. Ҳатто гоҳо баъзе аз ҳукуматҳо низ ба ин гуна амалҳо даст задаанд. Бинобар ин, вазни тангаҳо ба кимати дар онҳо сабтшуда мувофикат намекард ва ин раванд боиси паст шудани боварии мардум ба тангаҳои тиллоӣ ҳамчун воситаи муомилот гардид.
Илова бар ин, азбаски тангаҳо аз филизи қиматбаҳо буданд, аз як тараф, бо худ доштани онҳо хатарнок буд ва аз тарафи дигар, шароити маҳсуси нигоҳдориро талаб мекард. Бинобар ин, мардум дар ҳолати ногувор монда, роҳҳои беҳтари нигаҳдошти филизҳои киматбаҳои ҳудро мечустанд. Ин буд, ки рафта-рафта ба ҳунармандони чавоҳирсоз, ки барои нигоҳ доштани тилло ва маҳсулоти тиллогиашон сандуқҳои оҳанини маҳсус (сейф) доштанд, мурочиат мекардаги шуданд.
Мардум тилловориҳои ҳудро ба ин ҳунармандон барои нигоҳдори супурда, ба ивазашон забонҳат мегирифтанд ва ҳар бор вакти ҳариди маҳсулот забонхатро ба ҳунарманд дода, тиллояшонро гирифта ба фурушанда медоданд, ки он дар навбати ҳуд тиллоро барои нигоҳдошт боз ба назди ҳунармандони сейфдор меовард. Бо мурури замон тарзи навишти ин забонҳатҳо ба он мувофиқат кард, ки мардум онҳоро ба чои микдори тиллои дар он нишондодашуда ҳамчун воситаи муомилот -пул кабул мекардаги шуданд. Албатта, ин амал дар сурате ба вукуъ мепайваст, ки агар ҳунарманди ин тиллоро нигоҳ медоштаги шаҳси номдору боварибаҳш мебуд.
Ҳамин тарик, оҳиста-оҳиста чои нукраю тиллоро забонҳатҳо ё шаҳодатномаҳои ба таври муайян чопшуда гирифтанд ва азбаски нигоҳ доштани тиллою дигар филизҳои киматнок фоидаи зиёд меовардагӣ шуд, шахсоне пайдо шуданд, ки ин корро касби худ ихтиёр намуданд ва бо ҳам пайваста бунёди бонкҳои аввалинро гузоштанд.
Минбаъд забонхатҳои аз чониби бонкҳо баровардашуда вексел ном гирифтанд. Вексел ба гуруҳи когазҳои киматноке дохил мешавад, ки бо роҳи навишт дар пушти он соҳибаш ҳукуқи гирифтани пулашро ба каси дигар медиҳад. Векселҳо асосан барои ҳисобу китоби байниҳамдигарии одамон дар ҳолати хариди маҳсулоти нисбатан арзишашон баланд истифода мешаванд.
Пешрафти муомилоти моли зарурати барориши пулҳои арзиши номиналиашон гуногунро ба миён овард. Дар баробари векселҳо бонкҳо ба баровардани шаҳодатномаҳое шуруъ карданд, ки мардум ба онҳо «бонкнота» ном гузошт. Бонкнотаҳо коғазҳои киматноки аз тарафи бонк баровардашудае буданд, ки бо талаби аввалин ба микдори муайяни тилло иваз карда мешуданд.
Аввалин бор пулҳои когази (бонкнотаҳо) дар мамлакати Чин (соли 1273)*, баъдан дар сарзамини точикон (охири асри XIII)** ва сипар дар Аврупою Амрико (асрҳои XVII-XVIII) ба чоп расиданд.
*Дар хусуси чоп ва истифодаи пулҳои когазӣ дар мамлакати Чин сайёҳи номдори итолиёвӣ Марко Поло, ки дар он ҷо 17 сол умр ба cap бурда буд, маълумот медиҳад. Ҳангоми ҳукмронии сулолаи Юан (1271-1368) пулҳои когазӣ ба микдори зиёд чоп ва ҳамчун воситаи асосии муомилоти пули дар мамлакати Чин истифода шудаанд.
**Бинобар Табари Рашидуддини Фазлуллоҳ дар сарзамини точикон пас, аз он, ки Гайҳоту хони мугулии Элхонӣ (охири асри XIII) тамоми дороии хазинаҳои мамлакатро ба боди фано дод, Садруддини Занчонӣ мулаккаб ба Садричаҳони точикро сарвазири мамлакат эълон кард. Ба ӯ ҳукуку имтиёзҳоеро дод, ки то ин дам дар Ҳукуматҳои мугулии Осиёи Марказӣ ба ягон сарвазири точик надода буданд ва аз у дархост, то чорае чуяд ва хазинаи мамлакатро аз харобшавии минбаъда нигоҳ дорад. Пас, Садричаҳон пули когазиро, ки дар Чин бо номи «чов» маъруф буд, чорӣ кард. Вале ба сабаби ниҳоят харобу холӣ будани ҳазинаи мамлакат муомилоти пули когазӣ дер давом накард.
Дар Русия аввалин пулҳои когазиро соли 1769 дар давраи подшоҳии Екатеринаи II аз чоп баровардаанд.
Кадимтарин пули когазии то имруз расида дар давраи ҳукмронии сулолаи Минг (солҳои 1368-1399) аз чоп бароварда шудааст.
Дар ҳудуди Точикистони имруза пулҳои когази соли 1920 дар Бухорои шариф аз чоп баромадаанд, ки дар руяшон бо забони тољикї ибораҳои зарурї навишта шуда буд. Доллари ИМА, ки дар аксари ҳолатҳо ба сифати пулї љаҳонии имруза истифода мешавад, таърихи пайдоиши ачибе дорад.
Дар давраи аввал пулҳои коғази аз тарафи бонкҳои тиљоратї бароварда мешуданд ва он бонкҳо кафолати таъмин будани ин пулҳоро бо тилло ва дигар филизҳои киматбаҳо медоданд. Вале баъдан дар натичаи муфлисшави баъзе аз ин бонкҳо кобилияти пардохтпазирии худро гум карданд ва пулҳои аз тарафи онҳо ба муомилот бароварда бекурб шуданд, ки боиси зарар дидани кисме аз мардум ва паст шудани боварии он ба ҳукумату бонкҳо гардид.
Бинобар ин, зарурати мутамарказонидани барориши пулҳои коғази ва таъмини арзиши онҳо бо филизҳои киматбаҳо, назорати гардиши пул ва таъмини устувории курби он ба миён омад. Вобаста ба ин, мамлакатҳо пай дар пай ба ташкили бонкҳои эмиссионӣ гузаштанд, ки онҳо бо мурури замон номи «бонки марказӣ» ё «бонки миллӣ»*-ро гириф-танд. Дар Иттиҳоди Аврупо баъди ташкили Бонки марказии Аврупо (соли 1998) бонкҳои миллии мамлакатҳои аъзои он «бонкҳои марказии милли» номида шуданд.
*Дар тачрибаи ҷаҳони мафҳуми «бонки марказӣ» бештар истифода мешавад, зеро мафҳуми «бонки миллӣ» маънои бонки давлатиро дорад. Ин мафҳум метавонад нисбати ҳама бонкҳои давлати истифода шавад, чунки онҳо моликияти миллианд, вале нисбати онҳо истифода кардани мафҳу­ми «бонки маркази» гаӣриимкон аст, зеро бонки маркази ягона буда, ба он чунин ҳукук аз чониби парламент дода мешавад.


Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *


Уважаемые читатели! Просим вас, оставляя комментарии, уважать друг друга и не злоупотреблять свободой слова.
Администрация сайта будет удалять:
1. Комментарии с грубой и ненормативной лексикой.
2. Оскорбления, угрозы и непристойные высказывания.
3. Высказывания, разжигающие национальную, религиозную и прочую рознь и вражду.
4. Комментарии, содержащие другие нарушения законодательства и прав граждан.
5. Комментарии, рекламирующие и продвигающие другие веб-ресурсы, товары и услуги, а также комментарии, не имеющие отношения к дискуссии.

Пользователи, которые нарушают эти правила грубо или систематически, будут заблокированы.