Воскресенье, Ноябрь 17Вместе создадим светлое будущее!


Мақомоти хазинадорӣ, ташаккул ва инкишофи он дар мамлакат-ҳои хориҷа

Актҳои асосии қонуние, ки дар 10-солаи охир раванди иҷроиши хазинавии буҷети Фаронсаро ба низом медароранд, инҳоянд…Сохтори хазинадории Фаронса
Актҳои асосии қонуние, ки дар 10-солаи охир раванди иҷроиши хазинавии буҷети Фаронсаро ба низом медароранд, инҳоянд.
Қонуни Конститутсиони «Дар бораи буҷети давлатӣ» аз 02.01.1959 фармони президенти Фаронса №62 аз 25.12.1962 «Дар бораи нуқтаҳои асосии баҳисобгирии амалиётҳои молиявии давлатӣ», Дастурамалҳои Вазорати молия «Дар бораи ташкили хадамоти муҳосибони давлатӣ» (1996) ба системаи стенҳои миллӣ (1999) ва гайра.
Маркази ташаккули раванди таҳия ва иҷроиши бучети давлатии Фаронса Вазорати иқтисод, молия ва саноат ба ҳисоб мераванд, ки дар сохтори онҳо инҳо мавчуданд:
1. Идораи буҷа (мақомотҳое, ки ба раванди тайёркунӣ, тасдиқкунӣ, методологии иҷроиши буҷет ҷавобгӯ мебошанд);
2. Идораи асоси барои ҳисобгирии молияи давлатӣ хазинадории милли давлатии Фаронса;
3. Роҳбарияти хазинадорӣ агентии «Франс-Трезор» АФТ.
Дар Фаронса модели дузинагии иҷроиши хазинадории буҷет бо тақсимоти аниқ ва салоҳиятҳо амалӣ гаштааст:
1.Зермақомоти хазинадории давлатӣ чӣ дар дастгоҳи вазорат ва чӣ дар маҳалҳо, ки вазифаҳояш инҳоянд: ҷамъкунии воситаҳои давлатӣ баъди чорабиниҳои зарурии назоратӣ, баҳисобгирии амалиётҳои қарзӣ давлатӣ ва ғайра;
2.Агентии «Франс-Трезор» – ҳамчун департаменти алоҳидаи вазорат ташкил карда шудааст, ки бевосита ба вазир итоат мекунад.
Ба вазифаҳои асоси дохил мешаванд: идораи самараноки воситаҳои суратҳисобҳои ягонаи хазинадорӣ (СИЯХ), ки дар бонки Фаронса кушода шудааст ва ташкили онҳо барои хизматрасонии қарзӣ
давлатӣ.
Хазинадории давлатӣ – ҳамчун мақомти ягонаи умумидавлатии иҷроиши ҳамаи сатҳҳо аз идораи асосӣ ва мақомотҳои маҳалҳо иборат мебошад, ҳамаги дар Фаронса зиёда аз чор ҳазор мақомотҳои маҳаллии хазинадории давлатӣ мавҷуд аст.
Роли асосиро дар ҷараёни таъминкунии қобилияти Фаронса ҳам-чун давлат барои иҷрои ӯҳдадориҳои буҷети дар хама вақт ва дар ҳама ҳолат ба агенти «Франс-Трезор» тааллуқ дорад.
АФТ- яке аз ҷавонтарин ва ба таври динамикӣ тараққи доштаистодаи зерсоҳаҳои Вазорати иқтисод, молия ва саноат мебошад, ки соли 2001 ташкил дода шуд ва адади онхо ба 300 хизматчиёни штати мерасид.
Коргарони АФТ- ӯҳдадоранд, ки ба талаботҳои зерин ҷавобгӯ бошанд:
1.таъмини доимии бақияи кредитии ҳисоботи ягонаи хазинадории марказӣ;
2.молиякунонии талаботҳо барои гузаронидани амалиётҳои кас-савӣ бо хароҷотҳои камтарин.
Лорд хазинадории Шотландия
Дар Шотландия вазифаи Лорд- хазинадорӣ соли 1425 пайдо шуд. дар зери таъсири идораи молиявии Англия. Ба Лорд- хазинадори вазифаи гункунии воситаҳои аз тарафи адлияи шоҳигари фиристода шуда, ҳуқуқҳои реалии шохон ва андозҳои иловагӣ инчунин талаботҳои идораи шоҳигари вогузошта шудааст.
Аз аввали асри XV хазинадорӣ вазифаҳое, ки пештар контролёр (даромад аз заминҳои шоҳигарӣ, шаҳрҳо ва гумрук, молиякунонии дастгоҳ). Сардор ё гункунандаи асоси воридшавӣ аз даромади заминҳои калисо ва хазинаи воридотҳои нав (даромадҳо аз ҳисоби хусусигардонии моликияти калисо) мебошад.
Баъд аз соли 1667 ба шоҳи Лорд- хазинадорӣ ягона асосан ҳолати
совети хазинадорӣ муайян шуд.
Ҳамроҳшавии Шотландия ва Англия дар солҳои 1701 дар як даврони ягона ба бархурии хазинадории Шотландия оварда расонид.

Таърихи барқарорсозии хазинадорӣ ва асосҳои амалкунии системаи хазинадорӣ дар Руссия ва Қазоқистон
Ташкили институти хазинадорӣ ва зарурияти коркарди масъалаҳо оиди амлкунии пурсамари он омӯзиши таърихи онро пешбинӣ менамояд. Империяи хазинадории Руссия, ки то соли 1917 амал мекард Ташкилоти пуриктидори дорои кормандони ихтисосманд буд. Барқа-рорсозӣ ва инкишофи он аз қарни асрҳо манбаъ мегирад.
Дар Руссия баҳисобгирии хароҷот ва воридотҳои маблағҳои пулӣ хазинаи книязҳо ва минбаъд хазинаи подшоҳи амалӣ мешуд. Танҳо номгуи инҳо иваз мешуд: приказ, коллегия, вазорат, наркомат, минбаъд боз вазорат.
Аввалин маротиба калимаи «хазинадор»-ро дар «ҷадвали штати»-и Прикази Казенни, муассиса, ки дар давраҳои подшоҳии Иоани III то Пётри Бузург ба хазинаи подшоҳи сарвари макард, вохурдан мумкин бад. Дар он ҷо тилло, нукра, бахмал, абрешим ва дигар ҷавоҳирот нигоҳ дошта мешуд. Барои нигоҳдории боҷҳо ба андози сарона кассаҳои махсус мавҷуд набуданд, ҳар як приказчик даромадҳои ҷамъкардаашро худаш нигоҳ медошт.
Аз ҳама муассисаи Олии молиявӣ- назоратӣ «счетный приказ» буд, ки дар давраи подшоҳии Алексей Михайлович ташкил шуда буд. Ӯҳдадориҳои «счетный приказ» ин буд, ки он бояд «Ҳамаи давлати москваро бо даромадҳо, хароҷотҳо ва бақияҳо аз рӯи китобҳо дар тулии соли зиёд» хабардор мукард. Ин «Счетный Приказ» ба сифати хазинадории имрӯза хизмат мекард, ба он ҷо норасоиҳои солҳои гузашта ва бақияҳои асигнатсияҳои аз рӯи ҳар гуна ведомостҳои маблағҳо ворид мегардиданд.
Ҳукумати Пётри Бузург табадуллоти пурраро дар системаи идоракунии маҳалли ба амал овард. Бо фармони у аз 18.12.1708-ум сол ҳамаи давлат ба 8 губерния тақсим карда шуд. Ҳар як губернияро губернаторҳо сарвари менамуданд, ки ба онҳо идоракунии молиявӣ низ боварӣ карда шуда буд. Соли 1719-ум губернияҳо ба музофотҳо тақсим карда шуданд ва ба онҳо ҳокимони вилоятҳо сарварӣ мекарданд ва дорои ҳуқуқҳо ба монанди губернаторҳо буданд.
Назорати бевоситаро аз рӯи боҷи даромадҳо дар ҳар як губерния назоратчии боҷҳо (камеририри музофот) мебурд. Назоратчии музофоти аз болои комиссарҳои музофотӣ ва дигар хизматчиёни музофоти назорат
мебурд, ки онҳо ба корҳои молиявӣ машғул буданд.
Барои қабул, нигоҳдорӣ ва додани маблағҳои хазинадорӣ (рентерейҳо) таъсис дода шуда буданд, ки ба онҳо хазинадорҳо рохбарӣ мекарданд. Хазинадорҳои (рентмейстрҳои) пойтахтҳо аз ҷониби ҳокими давлат ва ё сенат таъин мегардиданд, хазинадорҳои губерниягӣ ва музофотхо- аз чониби штат-сконтор- коллегия. Онхо ба губернаторон ва хокимони музофотҳо тобеъ буданд. Ҳукми судро аз болои хазинадорон танҳо сенат доро буд.
Ӯҳдадории хазинадор аз қабул, нигоҳдорӣ ва додани маблағҳо иборат буд, ки ба «Рентерияи музофотии ҳукуматӣ» аз комиссархои музофотҳо, откупшики даромадҳои давлатӣ ва дигар шахсон ворид мегардид. Ӯ бо ёрии китобхое, ки ба хазинадорӣ мукофотҳо дода шуда буд, аз рӯи муҳлати пардохти пулҳо назорат мебурд ва дар ҳолате, ки пулҳо ғалат ворид мегардиданд, ба хазинадори музофот хабар медод ва дар ҳолатҳои алоҳида ба худи губернатор.
Хазинадорӣ (Рентери) дар хамон шахр ва биное, ки идораи назоратчии боҷҳо ҷойгиранд шуда буд, фаъолият дошт- барои қулай будани назорат аз рӯи хазинадор. Қабули пулҳои ба китоби махсус дароварда мешуд, ки ин иборат аз ҳамон қадар фехристҳо ва кисматҳо буд, ки бо номгӯи даромадҳо баробар карда шуда буд. Бо қабули пулҳо хазинадор квитансис медод ва пулҳоро дар дохили сандуқҳо зери 3 қулф нигоҳ медошт. Яктогӣ аз ин кулфҳо хазинадор, назоратчии боҷҳо ва губернатор ё ҳоким доштанд. Хазинадор ин пулҳоро танҳо аз рӯи иҷозатномае, ки бо имзои губернатор ё хокими музофот буд, медод.
Соли 1755 яквақта бо палатаҳои ҳукумати вазифаи хазинадори уездӣ таъсис дода шуд. Ӯҳдадории ӯ иборат аз қабул ва нигоҳдории ҳамон даромадҳои уезд буд. Ӯ пулҳоро аз пардохткунандагон қабул мекард ва ба онҳо квитансияро оиди қабул медод. Агар хазинадори уезд ҳангоми қабули пулҳо аз қоидаҳои муқарраргардида саркашӣ мекард, он гоҳ пардохткунандагони маблағ бо шикоят ба суди поёнии музофот муроҷиат мекарданд ва баъд аз ин сардори политсия ба хазинадор оиди ӯҳдадории хизматиаш огоҳи медод ва палатаи давлатиро хабардор
мекард.
Соли 1800 дар вақти ҳукмронии император Пётри I ба ихтисори штатҳои бисёр мавзеъҳо нигоҳ накарда, хазинадории уезди нигоҳ дошта шуд. Аз рӯи манфиат соли 1802 «Дар бораи таъсис додани вазоратҳо», хазинадориҳои губернияҳо ва уездҳо мисли пешин зери роҳбарии хазинадори давлатӣ мемонд, ки барои таъини хазинадори губерния ба сенат пешниҳод ворид мекард ва хазинадорҳои уездҳоро худаш аз ҳисоби одамони боваринок ва таҷрибадор бо пешниҳоди палатаҳои давлатӣ тасдик мекард.
Бо таъсисёбии Департаменти хазинадории давлатӣ дар соли 1821 ҳамон хазинадорон бо функсияҳояшон ба тобеияти департамен гузаронида шуданд. Соли 1822 ба ҷои хазинадориҳои штати дар Санкт-Петербург Хазинадории Маркази таъсис ёфт ва бар души он функсияҳои зерин гузошта шуд: қабул, нигоҳдорӣ ва додани маблағҳо барои харочотҳо аз рӯи ҳамаи қисмҳои идоракунии давлатӣ ва баҳисобгирии онхо. Ғайр аз додани маблағҳои бевосита аз Хазинадории Марказӣ барои нигоҳдории дарбори император ва хароҷотҳои вазоратҳо ва идораҳои марказӣ, Хазинадории Марказӣ ба шахсоне, ки дар пойтахт умр ба сар мебурданд, нафақапули медод. Хазинадории Марказӣ иборат буд:
1. аз идора бо роҳбарии сардор дар ҳайати 4 аъзо аз Вазорати
номӣ;
2. панҷ шӯъба: кассир, муҳосибот, назоратӣ-воридотӣ, назорати-хароҷотӣ ва назоратӣ- мубодилавӣ;
3. дафтардори, ки бо мукотиба ва баҳисобгирии ҳайати шахсии хизматчиён машғул буд.
Соли 1837 ба хазинадориҳои уездҳо дастури олии тасдиқгардида дода шуд, ки дар он фаъолияти онҳо, ҳуқуҳои ҳукмрон, тартиби қабули пардохтҳо додан ва нигоҳдории маблағҳо, бурдани китобҳо, ҳисоботҳо ва ғайра муайян карда шуда буданд.
Аз рӯи китобҳои баҳисобгирӣ аз ҷониби ҳар як хазинадорӣ
ҳисоботҳои ҷорӣ (ҳаррӯза, ҳарҳафтаина, ҳармоҳа) ва хотимавӣ барои палатаи давлатӣ тартиб дода мешуд. Ғайр аз ин, хазинадорҳои уездҳо ҳар моҳ ё ки ногаҳон тафтиш карда мешуданд: дар шаҳрҳои губерния аз чониби намояндагони палатаҳои давлатӣ дар якчоягӣ бо прокурори губерния, дар шаҳрҳои уездӣ- аз ҷониби аъзоёни суди уездӣ, вакили даъвои (стряпчий) шаҳрӣ ва уездӣ.
Хазинадориҳои уездии Санкт- Петербург ва Москва дорои мақоми махсус буданд, чунки ҳаҷми гардиши маблағҳои онҳо хеле бузург буд. Ба ин хазинадориҳо идоракунандаҳо сарварӣ мекарданд, ки дар тобеияти худ ду хазинадор бо ёрдамчиҳо доштанд- як нафари онҳо барои даромадҳо ва як нафари дигар барои хароҷотҳо ва сармуҳосиб бо хурд ва калон барои бурдани баҳисобгирӣ ва ҳисоботҳо.
Соли 1864 озмоиш ягонагии касса аввал дар 12 губерния ва соли 1866 дар тамоми давлат тартиб дода шуд, соли 1872 дастури ягона барои ҳамаи хазинадориҳои империя ба нашр расид, ки иборат аз чунин қоғазҳои кредитӣ ва равонсозии маблағҳо аз ҷониби хазинадорҳо: дар бораи пардохти нафақа ва кӯмакпулиҳои ҳам яквақта ва ҳам доимӣ; дар бораи додани фондҳо аз рӯи қоғазҳои қимматнок; оиди нигоҳдорӣ, хароҷот ва баҳисобгирии варақаҳои квитансия ва бақайдгирии маблағҳо дар журналӣ воридотӣ.
Ин навгониҳо дар ташкили хазинадорӣ иборат аз он буд, ки онҳо
аз бурдани баҳисобгирии харҷномави аз рӯи воридоти маблағҳои даромадҳои давлатӣ, аз тартиб додани ҳисоботҳо аз рӯи ин даромадҳо, бурдани китобҳои ҳисоббаробаркунӣ аз рӯи бақияпулӣ, инчунин аз тартиб додани маълумотхои фаври, ки бо сабаби набудани маълумот дар бораи гардиши маблағҳои хазинадории давлатӣ дар палатаҳои давлатӣ пешниҳод мегардид, озод карда шуда буданд. Хазинадориҳои губерния инчунин аз бурдани бухгалтерияи синтавӣ оиди хароҷоти маблағҳои даромадҳои давлатӣ ва пешниҳоди ҳисобот оиди хароҷоти губерния озод карда шуданд. Ҳамин тарик онхо номгӯи худро танҳо ба маънии кассаи
Марказӣ нигоҳ доштанд, ки дар он дар даромадҳои аз даромадҳои
уездҳо ҷамъ карда мешуданд ва Бонки давлати ба суратҳисоби ҷории Департаменти хазинадории давлатӣ гузаронида мешуданд. Ҳамин тавр, хазинадориҳои губерния аз хазинадории уездҳо танҳо бо ҳаҷми гардиши пулӣ фарқ мекарданд.
Соли 1890 заёдшавии штатҳо ва тағйири сотори хазинадорӣ ба амал омад. Ин аз он боис буд, ки на танҳо шумораи умумии моддаҳои воридотӣ –хароҷотӣ, инчунин шумораи суратҳисобҳои алоҳида дар китобҳои бухгартерии хазинадорӣ зиёд гардид. Новобаста аз ҳисоббаробаркуниҳо аз рӯи боҷҳои давлатии хазинадориҳо бояд ҳисоббаробаркуниҳоро бо пардохткунандагони боҷҳои музофотӣ, казакҳо ва баъзе дигар боҷҳои маҳаллӣ мебурданд. Баъзе аз андозҳои нав, масалан, боҷи тақсимотӣ ва андози хона, хеле серташвиш буданд дар муносибатҳои кассавӣ, чунки маблағҳои байни шумораи калони пардохткунандагон тақсимот карда мешуданд. Кори хазинадорӣ оиди нигоҳдории гаравҳои хурди майфурӯшон ва оиди додани фоизҳо аз рӯи ин гаравҳо низ зиёд гардид; баҳисобгирӣ ва ба хелҳо ҷудо кардани тангаҳои нуқрагӣ ва мисин, ки онҳоро бо шумораи калон ба хазинадорӣ ҷамъовардндагони даромадҳо аз фурӯши май месупориданд. Фурӯши ҳуҷҷатҳои нишонавӣ (гербовый), савдоӣ, ҳар гуна патенту бандеролҳо хеле зиёд гардид. Бурдани ҳисоббаробаркуниҳо ва ҳисоботҳо аз боиси иҷозати барориши нишонаҳои гербӣ ба идораҳои музофотӣ, ҷангалдорҳо ва баъзе дигар муассисаҳо ва шахсони хизматчӣ ба ҳисоби қарз, барориши маркаҳои суди- боҷи ва марказҳои боҷи хайрия аз намоишҳои дилхушкунанда хеле душвор гардид. Инчунин шумораи кассаҳои ҷамъовардагони махсус зиёд гардид, кассаҳои ҷудогона дар назди судҳои мавзеи ва нотариусҳои калон бекор карда шуданд ва ӯҳдадориҳои онҳо оиди қабули боҷҳо ба души хазинадорӣ вогузошта шуд. Аз соли 1897 хазинадорӣ асбобу анҷомҳои тиллоӣ ва нуқрагиро барои ба идораҳои мавзеии санҷиши барои ҳақиқӣ будан равон кардан қабул мекард, инчунин баргардонидани ин асбобу анҷом ба устоҳо ва руёнидани боҷҳо аз онҳо ва бурдани китобҳо ва ҳисоботҳо оиди ин амалиёт низ бар
души хазинадорӣ вогузошта шуда буд.
Ӯҳдадориҳои хазинадорӣ оиди кабул, нигоҳдорӣ ва хароҷоти маблағҳои муассисаҳои музофоти аз вақти ворид намудани қоидаҳои «Дар бораи тартиби муомилоти маблағҳои муассисаҳои музофотӣ » дар кассаҳои Вазорати молия аз 23.02.1895 амалан тағйир ёфт.бо низомнома аз ҷониби Воломақом тасдиқгардида «Дар бораи муассисаҳои музофотӣ» аз 12 июни 1890-ум сол бар дӯши хазинадорӣ ӯҳдадорӣ оиди қабул ва нигоҳдории ҳамаи маблағҳои музофотӣ, инчунин хароҷоти сармояҳои дар ихтиёри идораҳои музофотӣ буда, вогузошта шуд. Ғайр аз ин бисёре аз идораҳои музофотӣ сармояҳои худро бо қоғазҳои фоизӣ бо маблағҳои хеле калон ба хазинадорӣ ирсол менамуданд. Дигар хазинадорҳо (уездӣ, мавзеӣ, маҳаллӣ) ба 3 гурӯх тақсим карда шуда буданд.
Ҳама гуна ҳокимияти иҷроия дар хазинадорӣ ба як хазинадор тааллуқ дошт. Ӯ аз рӯи фаъолияти рутбаҳои хазинадорӣ назорат мебурд, барои нигоҳдории маблағҳои пулӣ ва дигар моликияти давлатӣ, инчунин оиди амалҳои дурусти хазинадорӣ ва пешниҳоди саривақтии маълумотҳо ва ҳисоботҳои фаври ҷавобгар буд. Хазинадорон ҳангоми ба ин вазифа таъин гардидан гараверо пешниҳод менамуданд, ки хаҷми он бо қоидаҳои кассавӣ муқаррар гардида буд. Аз рӯи назардошти идоракунандаи палатаи давлатӣ гаравҳо аз дигар рутбаҳои хазинадорӣ талаб карда мешуд, масалан, аз кассирҳо. Гаравҳо бо депозитҳои палатаи давлатӣ дар хазинадории шаҳрии губерния нигоҳ дошта мешуд. Онхо оиди ошкор гардидани камбуди барои пурра намудани он муқаррар мегардиданд.
Ғайр аз хазинадорӣ дар вилоятҳои дашт ва дигар маҳалҷойҳо дар асоси ақидаи Шӯрои давлатӣ аз 6-уми июни соли 1894 кассаҳои воридотӣ-хароҷотӣ таъсис гардиданд. Ҳама гуна ӯҳдадориҳои кассавӣ ба баҳисобгирӣ, ҳифзи моликияти давлатӣ, тартиб додани ҳисоботҳо, истеҳсолоти корӣ, мукотибаи қоғазҳои содиротӣ дар ин ҷо бар дӯши 2 шахс: хазинадор ва муҳосиб вогузошта шуда буд. Ин кассаҳо ба таъноти худ танҳо дар мавзеъҳои дурдасти даштӣ, ки дар он аҳолии камшумор буд ва бисёр вақт дар вазъи кӯчманчигӣ буданд, ҷавобгу буданд. Дар он мавзеоте, ки бо пайдошавии роҳи оҳан ва омади муҳоҷирон шароитҳои хубро барои инкишофи фаъолияти истеҳсолии одамон ба вуҷуд оварда буданд, баландравии тези кассаҳои воридотӣ- харочотӣ ва дархостҳои аҳолии маҳаллӣ оиди ворид намудани амалиётҳои бонкӣ ба зарурияти табдили кассаҳо ба хазинадорӣ овард. Кассаҳои воридотӣ- хароҷотӣ аз хазинадориҳо танҳо ба ҳаҷми фаъолият ва шумораи шахсони хидматчӣ фарқ мекарданд, на бо ӯҳдадориҳои ба онҳо вогузошташуда.
Тафтишот дар хазинадориҳо рӯзи якуми ҳар моҳ аз ҷониби шахсоне, ки дар қонун ва дастури хазинадорӣ нишон дода шуда буд, инчунин аз ҷониби губернаторон ва рутбаҳое, ки бо фармони Вазорати молия, Бонки давлатӣ ва Назорати давлатӣ, сафарбар мешуданд, аз ҷониби идоракунандагони палатаи давлатӣ ва ё шахсони аз муассисаҳои маҳаллӣ назорати сафарбаршуда, гузаронида мешуд.
Тафтишоти фаврӣ ва ногаҳонии хазинадорҳо дар мувофиқа бо дастури махсус гузаронида мешуд. Он то оғози кори хазинадорӣ, яъне то соати 9-и сахар оғоз мегардид. Мақсади тафтишоти фаврии хазинадорӣ аз он иборат буд, ки тафтишкунандаго боварӣ ҳосил намоянд, ки пулҳо ва ашёҳои қимматбаҳо, ки бо китоби амбори ва китоби борхатии сармоя пешниҳод мегардиданд, дар ҳақиқат вуҷуд доранд, нишонаҳои герби ва бланкҳо, ки ба ҳисоб гирифта шудаанд, ба он миқдоре, ки дар бақияи рӯзи тафтишоти фаврӣ нишон дода шудаанд, мавҷуданд.
Ҳангоми гузаронидани тафтишоти нобаҳангом рутбаҳои муассисаҳои марказӣ, сардорон ва дигар рутбаҳои палатаҳои давлатӣ, сардорони палатаҳои назоратӣ, назоратчиёни хурд ва калон бо ёрдамчиёни онҳо тафтишро на танҳо дар амбори ашёҳои қимматбаҳо инчунин тафтиши суратҳисобҳо ва китобҳои хазинадориро аз рӯи ҳамагуна амалиётҳо бо ҳуҷҷатҳои дар хазинадорӣ буда гузаронанд , ба
ғайр аз суратҳисобҳои шахсӣ аз рӯи маблағҳои фаврӣ ва ғайрифаврии
дар суратҳисоби хазинадорӣ мавҷудбуда. Шахсоне, ки тафтишро мегузаронанд, ӯҳдадор карда мешуданд то ки матни суратҳисобҳо, ҳуҷҷатҳо ва маълумотҳоро оиди ин амалиётҳо махфӣ нигоҳ доранд. Дар бораи ҳар як тафтиши ногаҳони санад тартиб дода мешуд ва як нусхаи он ба шахси тафтишкунанда дода мешуд.
Дар Иттиҳоди Шӯравӣ баъди инқилоб ҳам системаи хазинадории иҷрои буҷет нигоҳ дошта шуд. Дар назди Кумитаи халқии молиявии Республикаи Федеративии Советии Сотсиалистии Руссия, комиссариятҳои халқии ҷумҳуриявӣ, маҳаллии органҳои молиявӣ кассаҳои махсуси воридотӣ-харочотӣ амал мекард, ки ба он ҳама гуна пардохтҳо ба буҷет ворид мегардид ва бо воситаи онҳо хароҷоти маблағҳо амалӣ мегашт.
Дар солҳои 1925-1928 дар натиҷаи ислоҳот иҷрои буҷети кассавӣ ба системаи бонкӣ гузаронида шуд ва кассаҳои воридотӣ- хароҷотии Комитети халқии молиявӣ барҳам дода шуданд. Ин то як андоза ба истифодаи самараноки воситаҳои буҷет мусоидат менамуд ва хазинадориро то солҳои 90-ум системаи бонкӣ иваз мекард.
Дар аввали солҳои 90-ум пайдоиши бозори сершумори бонкҳои сатҳи дуюи системаи пешинаи кассавии мамлакатро барҳам дод.
Ба гузаронидани ислоҳоти иктисодӣ дар системаи идоракунии бонкҳо тақсимоти ваколатҳо байни органҳои ҳокимияти маҳаллӣ ва ҷумҳурӣ ба миён омад.
Мустақилгардонии субъектҳои идоракунӣ дар шароити ноустувории вазъияти иқтисодӣ интизоми андозӣ-буҷетиро поён кард. Бо андозаи зарурӣ назорат аз рӯи истифодаи дуруст ва мақсадноки маблағҳои буҷети бурда мешуд. Дар натиҷаи фаврияти пасти воридоти даромадҳо ба буҷет воридоти саривақтии андозҳо ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ таъмин намешуд, ҷараёни ба буҷети маҳаллӣ ворид намудани маблағҳо аз ҳисоби андозҳои умумидавлатӣ суст гардид. Органҳои молиявӣ ва инспексияҳои андоз амалан протсесси ташаккули даромадҳо ва истифодаи захираҳои молиявии умумидавлатиро назорат карда наме-тавонистанд.
Мавҷуд набудани назорати самаранок аз рӯи хароҷоти маблағҳои буҷети тамоюли вайронсозии низоми молиявӣ ва қонунгузории молиявиро пурзур намуд. Вайронсозии низоми молиявӣ асосан бо истифодаи бурдани баҳисобгарии воситаҳои буҷети аз рӯи иҷроиши воқеии кассавӣ алоқаманд буд. Ин маънои онро дорад, ки дар сатҳи ҷумҳуриявӣ ва вилоятӣ хароҷотҳо на дар сатҳи заҳиракунонии маблағҳо зери ӯҳдадориҳои оянда назорат карда мешуданд, чи хеле ки ин дар бисёре аз мамлакатҳои мутараққӣ карда мешуд, балки дар марҳилаи расидани муҳлатҳои пардохткунӣ назорат карда мешуд. Маҳдудияти аниқи хароҷотҳо бо роҳи лимиткунонии ҳаҷми маблағҳо, ки ба субъектҳо гузаронида мешуд, амалӣ мегардид. То пайдоишавии ӯҳдадориҳои пардохти ягон хел тафтишоти хароҷоти воқеии пулҳо гузаронида намешуд ва аз ин рӯ ягон хел маълумот оиди хароҷотҳо ворид намегардид. Чунин таҷриба ба пайдоиши мушкилотҳои ҷидди ҳангоми назораткунии хароҷотҳо ва ҷамъоварии қарздории муҳлаташ гузашташуд меовард.
Зарурияти ташкили чунин органе, ки ваколатдор буд протсесси хароҷотҳо ва пуркунии маблағҳои хазинаи давлатро дар маҳалҳо идора кунад ва инчунин ба ҳаркати ҳамаи захираҳои молияви дар ин ва ё он минтақа таъсири мусбӣ расонад, ба миён омад.
Аз лаҳзаи соҳибистиқлол гардидани Ҷумҳурӣ дар моҳи декабри соли 1991 аз ҷониби Ҳукумати Қазоқистон мақсаднок ва тадриҷан ислоҳоти ситемаи идоракунӣ дар давлат бо мақсади гузариш ба иқтисоди бозорӣ гузаронида шуд. Ҳарчанд Қазоқистон дорои иқтидори калони иқтисодӣ бошад ҳам-захираҳои табии (нефт, газ, металҳои ранга), қувваи кории маълумотнок, инфраструктураи тараққиёфта- лекин тадбиқи ислоҳотҳо дар шароитҳои хеле мураккаби макроиктисодӣ мегузашт.
Аз соли 1992 маҳсулоти воқеии умумии дохилӣ қариб ба 18% дар як сол кам гардид. Ба пастшавии истеҳсолот, пастшавии миқдори инвеститсияҳо ба иқтисод, пастшавии сатҳи истифодабарӣ, камшавии манбаъҳои воридотҳо ва бозори фурӯш таъсир расонд.
Ҳолати ба амаломадаи макроиқтисодӣ тадбиқи сиёсати молияви-буҷетиро хеле душвор гардонид. Воридотҳои буҷети дар соли 1995 то 15% дар ҳаҷми маҳсулоти дохилии умумӣ аз 23% дар соли 1993 поён фаромаданд.
Ба ин нигоҳ накарда, дар натиҷаҳои чораҳои қабул гардида оиди пурзур кардани сиёсати хароҷортҳо камчинии умумии буҷетро нисбати маҳсулоти дохилии умумӣ аз 6,5% дар соли 1994 то 25% дар соли 1995 паст намуданд, вазъият оиди маблағгузории хароҷотҳо аз рӯи нигоҳдории хоҷагии соҳаи буҷет ба амал омад.
Хароҷотҳо дар мамлакат нисбат ба даромад хеле афзудаанд. Дар ҳамин шароит аён аст, ки устувории макроиктисодӣ ва доштани камчинии буҷет дар сатҳи идоракунанда бе табадулоти амиқи идораи маблағҳои давлатӣ ва умуман хароҷотҳо номумкин аст. Баҳогузории буҷетии самаранокии иҷрои барномаҳои аз буҷет малағгузоришаванда бояд қисмати ҷудонашавандаи даврӣ буҷети шавад.
Функсияи баҳогузор бояд ба ошкорсозии самараноки бо роҳи муқоисаи маблағҳои ба барнома ҷудогардида ва натиҷаҳои бадастомада равона карда шавад.
Протсесси буҷетӣ ташкил ва дастгирии системаи мувофикгардонидашудаи ду самти ҳисобботро, ки ба Қонунгузороне, ки буҷетро қабул мекунанд ва ба шахсоне, ки ба иҷро ва назорати он ҷавобгаранд, равона карда шудааст, талаб менамуд. Ин маънои онро дорад, ки ситемаи коммуникатсионӣ низ бояд пурра автоматӣ кунонида
шуда, ҳамаи сохторҳоеро, ки буҷетро воқеӣ иҷро мекунанд, фаро гирад.
Дар ин вазъият асбобе даркор буд, ки хароҷоти маблағҳои буҷети ҷумҳуриро назорат мекард.
Системаи молиявии ба меросмонда ба вайроншавии механизмҳои банақшагирӣ ва назорат аз рӯи иҷрои буҷет оварда расонд, бо ин дараҷаи соҳибмухтории молиявии органҳои маҳаллии ҳокимият ба системаи собиқи ҳисоботдиҳӣ дигар мувофиқат намекард. Нақши Вазорати молия дар ҷараёни иҷрои буҷет оморӣ гардид, ташкилотҳои буҷетӣ маблағҳоро аз рӯи диди худ хароҷот намуданд, Бонки Миллӣ бошад, функсияи идоракунии пули накд, истеҳсолоти пардохтҳо ва баҳисобгирии иҷрои кассавии буҷетро амалӣ мекард. Вазорати молия танҳо ҷудокунии пулҳоро ба вазоратҳо ва идораҳои марказӣ назорат мекард. Он барои ҷамъоварӣ ва ҷамъбасти ахбороте, ки Бонки Миллӣ, вазоратҳо, идораҳо, вилоятҳо, нохияҳо ҷавобгар буд, инчунин барои тартиб додани ҳисобот оиди иҷрои буҷети давлатӣ дар муҳлатҳои аз ҷониби ҳукумат муқарраргардида. Дар ҳамаи давраҳо ҳисобот қариб, ки дастӣ, бе истифодаи системаи автоматикунонидашуда тайёр карда мешуд. Танҳо як қисми начандон калони ҳисобот оиди иҷрои буҷет дар Вазорати молия коркард мегардид, ки нақши органи муттаҳидкунандаро мебозид, ҳарчанд ба иҷро гардидани буҷет таъсири маҳдуд дошт.
Бисёр вақт идоракунии пули накд вуҷуд надошт. Воситаҳои хеле маҳдуде мавҷуд буданд, ки барои дастрас намудани маълумоти ҳаррӯза дар бораи буҷет ва таҳлили он оиди пули накд дар суратҳисоби ҳукуматӣ. Дар ин шароитҳо захираҳои пули нақд пурсамар истифода намешуданд, схемаи харочотҳои ташкилотҳои буҷавӣ дар меъёрҳое асоснок мегардад, ки бо даромадҳои реалӣ алоқаманд набуданд. Барои дастраси ахбороти аниқ ва пурра оиди баҳисобгирии бухгалтерии вуҷуд надошт.
Ҷавобгариро оиди масъалаҳои фискалӣ якчанд идораҳои дохилӣ ҳукумат мебурданд. Гурӯҳбандии кӯҳнаи буҷетӣ имкон намедод, ки маълумотҳои молиявӣ ва иқтисодӣ дуруст баҳогузорӣ карда шаванд, ки
ин имконияти назоратро аз рӯи иҷрои буҷет кам мекард.
Ҳалли мушкилиҳои баамаломада гузаронидани ислоҳотҳои мувофиқро талаб мекард. Пеш аз ҳама: пурзуркунии сохтори ташкили базаи зарурии ҳуқуқӣ, тобеъкунонии маъмуриятҳои марказӣ ва маҳаллӣ ба роҳбарияти молиявии Вазорати молия, офариниши механизмҳои нави ташаккул ва иҷрои буҷет барои фароҳамоварии банақшагирӣ ва назорат, аз нав дида баромадани системаи ҳисоботдиҳӣ.
Мавҷуд набудани ахбороти объективии фаврӣ оиди иҷрои буҷети ҷумҳурияви имконият намедод, ки бо маблағҳои буҷети оиди истифодаи самаранок ва ратсионалӣ кор пеш баранд. Аз ин рӯ маблағҳои озоди пулӣ беназорат ва бе ҳаркат монда буданд ва ё набудани онҳо ба гирифтани қарзҳо водор мекард, ки ин хароҷотҳои минбаъдаро боз ҳам зиёд мекард. Органҳои маҳаллии ҳокимият ва молия бо пуркунии буҷети худ машғул буданд ва ба буҷети ҷумхурияви аҳамияти хоса дода намешуд.
Ҳамаи ин вазъи тартиботи буҷетиро дар сатҳи ҷумҳури душвор мегардонид, назоратро аз рӯи хароҷоти маблағҳо суст мекард, қи ин дар навбати худ муносибати бепарвоёнаро ба хазинаи давлат ба миён меовард. Ҳолатҳои ишоратгардида, инчунин вазъияти хавфноки молиявии баамаломада зарурияти гузариши сурътнокро аз системаи бонкӣ ба системаи хазинадории иҷрои буҷетро ба миён овард то ки хароҷотҳои беасоси буҷет ихтисор карда шавад ва қисми даромаднокии он хуб ба роҳ монда шавад ва назорат оиди истифода ва пурзуркунии тартиботи молиявӣ дар ҳамаи сатҳҳо пурзур карда шаванд.
Бо мақсади мукаммалсозии системаи давлатии идораи захираҳои молиявӣ Ҳукумат оиди ташкили системаи хазинадорӣ карор қабул кард.
Гузариш ба системаи хазинадории иҷрои буҷети ҷумҳурӣ аз рӯи самтҳои асосии зерин амалӣ мегардад:
1. Марказкунонии даромадҳо ва маблағҳои буҷети ҷумҳуриявӣ дар суратҳисобҳои органҳои хазинадорӣ бо гузариш ба суратҳи-соби ягонаи хазинадорӣ бо мақсади идоракунии ратсионалии воситаҳои кассавии буҷетӣ;
2. Хотимаёбии протсесси кушодани суратҳисобҳои шахсӣ ба ҳама гирандагони маблағҳои буҷетӣ.
3. Амалкунии қоидаҳои нави маблағгузории хароҷотҳои буҷети ҷумҳуриявӣ ҳуқуқӣ гирандагони маблағи буҷетиро барои амалкунии хароҷоти он танҳо дар асоси лимитҳои ӯҳдадориҳои буҷетӣ пешбинӣ менамояд. Дар вақт таблитсаи гузариш аз гурӯҳбандии буҷетии кӯҳна ба нав ва аз нав ба кӯҳна тайёр карда шуданд. Дар давоми соли 1996 маблағгузории хароҷотҳо ва баҳисобгирии иҷроиши буҷети ҷумҳурӣ дар ду гурӯҳбандӣ бурда шуд. Дар давоми ҳамин сол аз рӯи график мутахассисони хазинадорӣ ва Бонки буҷетӣ бо ёрии системаи «Баск» дар лаҳзаи қабул ва додани РКЦ аз Бонки Миллӣ Ҷумҳурии Қазоқистон ба системаи Бонки буҷетӣ дар як вақт баҳисобгирии иҷроиши буҷетро аз
гурӯҳбандии кӯҳнаи буҷетӣ ба нав мегузарониданд. Тартиби маблағгу-
зории хароҷотҳо низ тағйир дода шуд, яъне: ҷадвалҳои хароҷотии пеш
қабулгардидаи фирмаҳои 13 ва 15 ба иҷозатномаҳои хазинадорӣ ва ва-
зоратҳо иваз карда шуданд, ки бо почтаи электронӣ ба хазинадориҳои
минтақавӣ расонида мешуданд.
Тағйиротҳои хеле калонро дар ин давра Хазинадорӣ ба баҳисобгирии даромадҳои буҷети давлатӣ ворид намуд.
Якум, методи гузаронидани маблағҳои ба буҷетҳои маҳаллӣ бо воситаи қисмати хароҷотии буҷети ҷумҳурӣ бо танзимкунонии ҳармоҳаи шӯъбаҳои вилоятии бонкҳо то 9-рӯзи моҳи оянда ба методи тақсимоти даромадҳо иваз карда шуд, ки ин маънии онро дошт, ки ҳаррӯза ба ҳар як бучет ҳақи даромадҳои мувофиқ тасдиқ кардаанд, ворид мегардид.
Дуюм, дар муайянсозии тааллуқ доштани даромадҳо ба буҷетҳои мувофиқ- ҷумҳуриявӣ ва маҳаллӣ – тартиботи -ворид карда шуд. Барои ин аз ҷониби Хазинадорӣ пешниҳод гардид ва Департаменти буҷети Вазорати молия таблитсаи тақсимоти даромадҳоро аз рӯи буҷетҳои ҷумҳуриявӣ ва маҳаллӣ коркард намуд. Акнун дар асоси он ведомостҳои солона тартиб дода мешаванд-яъне маълумотномаҳои тақсимоти воридотҳо ба буҷетҳои сатҳҳои гуногун, ки аз рӯи он даромадҳо фавран дар сатҳи вилоятӣ аз ҷониби хазинадориҳои минтақавӣ байни буҷетҳои вилоятӣ ва ноҳиявӣ тақсимот карда мешаванд.
Ғайр аз тағйиротҳои дар боло номбар гардида тартиботи тартиб додани ҳисобот оиди иҷроиши буҷети ҷумҳурӣ низ аз нав дида баромада шуд. Аз моҳи январи соли 1997 Департаменти хазинадорӣ ҳар моҳ ба вазоратҳо ва идораҳо маълумотро дар бораи хароҷотҳои кассавӣ оиди ҳама барномаҳо ва тахассусҳо пешниҳод менамояд то ки онҳо қарорҳои фаврӣ қабул намоянд.
Дар нимсолаи якуми соли 1997 Хазинадорӣ ва Бонки буҷетӣ гурӯҳбандии нави буҷетии даромадҳо ва хароҷотҳоро аз рӯи буҷети маҳаллӣ қабул намуданд. Дар як вақт тартиботи пеш амалкунандаи маблағгузории хароҷотҳо аз рӯи буҷети маҳаллӣ бекор карда шуданд ва системаи нави маблағгузории хароҷотҳо бо роҳи додани лимитҳо ба ҳама муассисаҳо ва ташкилотҳои буҷети маҳаллӣ бо низомномаҳои молиявӣ ва буҷетӣ ворид карда шуд. Инчунин ба зиммаи хадамоти хазинадорӣ хидматгузории ҳисоббаробаркуни-кассавии буҷетҳои маҳаллӣ вогузошта шуд.
Ҷузъи асоси системаи хазинадорӣ дар ҳар давлат ин мавҷуд будани суратҳисоби ягонаи хазинадорӣ (СЯХ) дар бонки марказӣ мебошад. Дар алоқа бо ин масъалаи асосие, ки аз ҷониби хазинадорӣ ҳал ва амалӣ гардидааст – ин кушодани СЯХ мебошад.
Масъала оиди кушодани суратҳисоби ягонаи хазинадорӣ (СЯХ) моҳи декабри соли 1994 ба миён омад, чунки бурдани суратҳисобҳои ҷудогонаи даромадҳо (100) ва хароҷотҳо (120, 181) бе имконияти пайвасти онҳо бо воситаи 1як суратҳисоби асоси аз рӯи стандартҳои байналхалқӣ принсипи асосии бухгалтерии бақайдгирии дукаратаро вайрон мекард.
Дар Ҷумҳурии Қазоқистон суратҳисоби ягонаи хазинадорӣ дар Бонки Миллӣ 6-уми июли соли 1996 кушода шуд. Ба он маблағҳои умумии Даромадҳо ва хароҷотҳои кассавии буҷети ҷумҳуриявӣ дар буриши идораҳои вилоятии хазинадорӣ ворид карда мешаванд ва ё бароварда мешаванд.
Бонки Миллии Қазоқистон ҳамаррӯза ба Департаменти хазинадорӣ нусхаро аз рӯи суратҳисоби шахсии суратҳисоби ягонаи хазинадорӣ бо супоришҳои замимагардидаи электрони мефиристад. Аз рӯи ин ҳуҷҷатҳо маълумотҳо бо таври автоматикӣ ба базаи маълумотҳои Департаменти хазинадорӣ ба қайд гирифта мешаванд. Баъди коркарди ахборот ҳамаррӯза шаклҳои баромадии баҳисобгирӣ аз рӯи суратҳисоби ягонаи хазинадорӣ чоп карда мешаванд, ки барои тартиб додани маълумоти ҳаррӯза Ҳукумат ва роҳбарияти Вазорати молия ва роҳбарияти Ҳукумат оиди вазъи суратҳисобҳои буҷети ҷумҳурӣ истифода мешаванд.
Бақияи пули нақд дар Бонки Миллии Ҷумҳурии Қазоқистон дар СЯХ ҳоло имконият медиҳад, ки маблағгузории ташкилотҳои буҷетиро дар ҳудуди бақияи пулҳо дар СЯХ ба пешгӯии воридоти пули нақд дар моҳи дарпешистода ва ҳатто рӯзи дар пешистода таъмин намояд.
Идоракунии хазинаи давлат системаи қоидаҳо, меъёрҳо ва амалиётҳоеро, ки ба баландбардории самаранокии истифодаи захирахои нақдии пули ва пасткунии нархи воситаҳои қарзӣ равона карда шудааст, инъикос менамояд.
Хазинадорӣ органи давлатии идоракунӣ мебошад, ки функсияҳои махсусро оиди иҷрои буҷети ҷумҳуриявӣ ва хизматгузории ҳисоббаробаркунии – кассавии буҷети давлати амалӣ менамояд.
Сохтори ташкили хазинадорӣ аз Департаменти хазинадорӣ дар ҳайати Вазорати молия ва қисматҳои ба он тобеи ҳудуди аз рӯи вилоятҳо иборат мебошад. Департаменти хазинадорӣ аз чунин идораҳо иборат мебошад: иҷрои буҷети ҷумҳурӣ, баҳисобгирии бухгалтерии ва ҳисобот аз рӯи амалиётҳои бонкӣ, пули нақди қарзи давлатӣ, кредиткунонӣ, назорати иҷроиши кассавии буҷет, методологияи баҳисобгирии буҷетӣ, сиёсати ба ҳисобгирӣ ва амалиёти технологӣ, ғайр аз ин чунин шӯъбаҳо мавҷуданд: тадбиқи лоиҳаи модерникунонии хазинадорӣ, шӯъбаи таш-
килӣ.
Органҳои хазинадорӣ вазифаҳоро оиди ташкил ва назорати иҷрои буҷети ҷумҳурӣ, идоракунӣ ва хизматгузории қарзи давлатӣ, коркард ва таҳлили маълумотҳо оиди вазъи молиявӣ, пешниҳоди ҳисобот оиди амалиётҳо ба ҳукумат дар бораи буҷет иҷро менамоянд.
Дар мувофиқа бо вазифаҳои вогузошташуда хазинадорӣ асосан функсияҳои зеринро иҷро менамояд:
– иҷрои буҷети ҷумҳуриро амалӣ месозад, баҳисобгирӣ ва хизматгузории ҳисоббаробаркунӣ-кассавии ташкилотҳоеро, ки аз ҳисоби буҷетҳои ҷумҳуриявӣ ва маҳаллӣ нигоҳ дошта мешаванд;
– ташкилотҳоеро, ки аз ҳисоби буҷети ҷумҳурӣ нигоҳ дошта мешаванд, маблағгузорӣ менамоянд;
– андозҳои умумидавлатиро байни буҷетҳои ҷумҳуриявӣ ва маҳаллӣ тақсим менамояд ва онро ба буҷетҳои сатҳҳои гуногун ворид менамояд;
– баҳисобгирии ҳисоббаробаркуниҳои дутарафа ва кредитҳои буҷетиро байни буҷети ҷумҳурӣ ва буҷетҳои маҳаллӣ амалӣ месозад;
– идоракунии даромадҳо ва хароҷотҳои буҷети ҷумҳурӣ ва дигар захираҳои марказонидашудаи молиявиро, ки дар тобеи Ҳукумати Ҷумҳурии Қазоқистон чӣ бо асъори миллӣ ва чӣ бо асъори хориҷӣ амалӣ менамояд, бо маблағҳои хазинадорӣ, ки дар бонкҳо мавҷуданд муомилот менамояд, инчунин бо ин маблағҳо амалиётҳо мегузаронад;
– баҳисобгирии хароҷотҳои кассавиро аз рӯи маблағҳои буҷетии ташктлотҳои буҷавие, ки аз ҳисоби буҷети ҷумҳурӣ ва маҳаллӣ маблағгузорӣ мешаванд, таъмин менамояд;
– бурдан ва баҳисобгирии амалиётҳои асъории ташкилотҳои
буҷетиро бо воситаи суратҳисобҳои бонкӣ бо асъори хориҷӣ дар Бонки миллии ҷумҳурӣ амалӣ месозад;
– ҳисоббаробаркунӣ ва интиқоли пулҳоро бо супориши ташкилотҳои буҷетӣ мегузаронад;
– таъмини ташкилотҳои буҷетиро бо пули нақд бо воситаи бонкҳои
сатҳи дуюм ташкил менамояд;
– тартиби бурдан ва амалисозии баҳисобгирии бухгалтерии ва ҳисоботро оиди иҷрои буҷети ҷумҳурӣ, назорати пешакии ҳуҷҷатҳои пардохтӣ , ки аз ҷониби ташкилотҳои буҷети пешниҳод мегардад, муқар-рар месозад;
– методологияи бурдани баҳисобгирии бухгалтерии ва гузарони-дани аудити дохилиро дар системаи буҷетӣ, инчунин санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқиро коркард менамояд;
Тартиби тартиб додани ҳисоботро оиди масъалаҳои салоҳиятнокии хазинадорӣ, ки иҷрои он барои ташкилотҳо ва корхонаҳои буҷети ҳатмӣ аст, муқаррар месозад.
Барои ичрои муваффақиятноки вазифаҳои асоси ва пурзуркунии татиботи буҷети хазинадорӣ ҳуқуқ дорад:
– дар вазоратҳо, кумитаҳои давлатӣ ва дигар органҳои иҷрокунан-да, дар дигар ташкилотҳо ҳуқуқҳои пулиро, ки бо воридшавӣ, интиқол ва истифодаи захираҳои молиявии ҷумҳурӣ алоқаманданд, тафтишот гузаронад;
– ҳангоми истифодаи ғайримақсаднок ва ё ғайриконунии маблағҳои аз буҷети ҷумҳурӣ воридгардида, инчунин ҳангоми пешниҳод накардани ҳисобот оиди маблағҳои харҷгардида ҳуқуқ дорад маблағгузориро маҳдуд ё ки пурра қатъ созад.
Корҳоро оиди қоидавайронкуниҳои маъмурӣ дида барояд ва дар мувофиқа бо қонунгузории амалкунанда ҷазои маъмурӣ таъин намояд.
Фарқияти асосии гурӯҳбандии нави буҷети аз кӯҳна – ин зиёдшавии шумораи нишондиҳандаҳои буҷет мебошад.
Аз ин рӯ гурӯҳбандии нави буҷетӣ ғайр аз блокҳои «Даромадҳо»,
блокҳои «Харочотҳо», блокҳои «Кредиткунонӣ тарҳи адо кардани қарз» ва «маблағгузорӣ» коркард гардиданд. Чунин тақсимот ба назорати хеле самараноки хароҷоти маблағҳои буҷетӣ, риояи тартиботи молиявӣ, хусусан ҳангоми иҷрои ӯҳдадориҳои давлатии қарзӣ мусоидат менамояд.
Ҳангоми гурӯҳбандии даромадҳо воридотҳои андозӣ ва ғайриандозӣ, даромадҳо аз амалиётҳои бо сармоя ва адои қарзҳо аз буҷет, инчунин пардохтҳои ройгон ба буҷети дар намуди грантҳо ҷудо карда шуданд.
Муносибат ба коркарди гурӯҳбандии нави хароҷотҳо аз кӯҳнааш хеле фарқ мекунад. Гурӯҳбандии хароҷотҳо аз рӯи сохтори функсионалӣ, идоравӣ ва иқтисодӣ гузаронида шудааст.
14 гурӯҳи функсионалии хароҷотҳои буҷет муайян ва интихоб гардид.
Бартарияти фарқкунандаи гурӯҳбандии нави буҷети ин аст: он имконият медиҳад, ки буҷетро бо ҳолати макроиқтисодӣ дар ҷумҳурӣ, сиёсати пулӣ- кредитии амалкунанда ва тавозуни пардохтӣ, яъне бо ҳама асбобҳои таҳлили макроиқтисодӣ мувофиқ ва пайваст менамояд. Инчунин гурӯҳбандии нави буҷети имконият медиҳад, ки ҳар як асбоб хеле аниқ истифода шавад ё ки ҳамаи ин асбобҳо дар маҷмӯъ. Ва танҳо бо воситаи чунин омори маблағҳои давлатӣ дар бораи оқибатҳои иқтисодии сиёсати фискалӣ, ки дар ҷумҳурӣ гузаронида мешаванд таасуроти аниқ гирифта, сатҳи инкишофи иқтисодии мамлакатро бо дигар мамлакатҳо муқоиса кардан мумкин аст. Чунин омори маблағҳои
давлати имконият медиҳад, ки оиди тартиб додани счетҳои миллӣ дар
ҷумҳурӣ маълумот гирем. Инчунин он ба ҳукумат ҳангоми гузаронидани тағйиротҳои сохтори дар органҳои идоракунии давлатӣ ёрӣ мерасонад, яъне ҳукумат метавонад органи наверо ташкил диҳад, ки барои амалкунии баъзе барномаҳо, ки пештар якчанд вазоратҳо иҷро мекарданд ё ки дар як чанд сатҳҳои идоракуни иҷро мегардиданд, ҷавобгӯ бошад.
Ба шумораи 14 гурӯҳои гурӯҳбандии функсионалии хароҷотҳо
ворид гардидан: «Хидматгузориҳои давлатии характери умумидошта»,
«Ҳифзи тандурустӣ», «Маориф», «Дифоъ», «Тартиботи ҷамъятӣ ва бехатарӣ», инчунин функсияҳо оиди хизматгузории ӯҳдадориҳои давлатӣ аз рӯи қарзҳои дохилӣ ва беруна.
Гурӯҳбандии идоравии харҷотҳо тақсимоти суроғавии захираҳои молиявиро аз рӯи Вазоратҳо ва идораҳои аниқ нишон медиҳад.
Гурӯҳбандии иқтисодии хароҷотҳо хароҷотҳои буҷетиро аз рӯи аломатҳои муфассал (музди меҳнат, дигар намуди хароҷотҳои хоҷагӣ) тақсимот менамояд ва хароҷотҳо ҳамчун ҷорӣ ва капиталӣ ба гурӯҳҳо тақсим мешавад.
Ҳамаи се намуди гурӯҳбандии хароҷоти буҷет бо ҳам баста шудаанд ва аз як гурӯҳбандӣ ба дигар гурӯҳбандӣ хеле осон гузаштан мумкин аст.
Дар асоси гурӯҳбандии буҷети нави ҳарсола навгардидаи хароҷотҳо ва даромадҳо органҳои хазинадорӣ воридоти дурусти пардохтҳоро аз рӯи сатҳи буҷетҳо, хароҷотҳои суроғавӣ ва таъноти маблағҳои буҷетиро таъмин месозанд.
Аз ин рӯ андозаи инкишофи хазинадорӣ дар Қазоқистон, офариниши технологияҳои нави ташкили он дар асоси истифодаи шабакаҳои компютерӣ ва базаи маълумотҳо нақши муайянкунандаро назорати пешакӣ ва ҷорӣ мебозад, ки оиди фаҳмондадиҳии қонунгузории буҷети, ҷамъоварӣ кардаанд ва таҳлили маълумотҳои васеъ дар бораи ҳаракатҳои захираҳои молияви алоқаманданд.
Назорати пешакӣ ва чорӣ аз он иборат аст, ки дар лаҳзаи гузаро-
нидани амалиётҳои ҳисоббаробаркунӣ – кассавӣ мувофиқи таъиноти хароҷотҳои пардохтгардида ба лимитҳои ҷудогардида ва номгӯи хароҷотҳои буҷет, ки бо гурӯҳбандии иқтисодӣ муайян гардидаанд, тафтиш карда мешавад. Назорати хазинадорӣ асосан дар назорати пешакӣ, дар давраи аввали бастани шартномаҳо, тасдиқи сметаи муассисаҳо, яъне дар гузаронидани бақайдгирии ӯҳдадориҳои буҷети аён мегардад то ки беқабули иҷозатномаи онҳо роҳ дода нашавад.


Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *


Уважаемые читатели! Просим вас, оставляя комментарии, уважать друг друга и не злоупотреблять свободой слова.
Администрация сайта будет удалять:
1. Комментарии с грубой и ненормативной лексикой.
2. Оскорбления, угрозы и непристойные высказывания.
3. Высказывания, разжигающие национальную, религиозную и прочую рознь и вражду.
4. Комментарии, содержащие другие нарушения законодательства и прав граждан.
5. Комментарии, рекламирующие и продвигающие другие веб-ресурсы, товары и услуги, а также комментарии, не имеющие отношения к дискуссии.

Пользователи, которые нарушают эти правила грубо или систематически, будут заблокированы.