Воскресенье, Декабрь 8Вместе создадим светлое будущее!


Таърихи пайдоиш ва инкишофи системаи хазинадории ҶТ

Қабули фармони президени Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи чорабиниҳои аввалиндараҷаи оиди тараққиёти иқтисодӣ ва гузаштан ба муносибатҳои иқтисоди бозорӣ ва барномаи тараққиёти иқтисодии Ҷумхурии Тоҷикистон дар солҳои 1995-2000 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ислоҳоти системаи молиявии давлатӣ оғоз шуд»….Қабули фармони президени Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи чорабиниҳои аввалиндараҷаи оиди тараққиёти иқтисодӣ ва гузаштан ба муносибатҳои иқтисоди бозорӣ ва барномаи тараққиёти иқтисодии Ҷумхурии Тоҷикистон дар солҳои 1995-2000 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ислоҳоти системаи молиявии давлатӣ оғоз шуд».
Мутобиқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №327 аз 18-уми июни соли 1996 «Оиди ташкили системаи хазинадорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар системаи Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон идораи марказӣ оиди хазинадорӣ бо қисмҳо он дар вилоятҳо, шаҳрҳо ва ноҳияҳо ташкил карда шуд.
Бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №36 аз 15-уми майи соли 1997 қонун «Оиди сохтори буҷет ва рафти буҷет дар Ҷумҳурии Тоҷикистон » қабул карда шуд, ки он пойдевори қонунгузории буҷети ҷумҳуриявӣ мебошад. 12-уми майи соли 2001 аз тарафи Маҷлиси Олӣ қонун «Дар бораи хазинадорӣ» қабул карда шуд, ки дар асоси моддаи 22-юми қонун «Дар бораи хазинадорӣ» аз 18-уми июни соли 2008 таҳти №396 аз эътибор соқит карда шудааст.
Қонун «Дар бораи хазинадорӣ» аз 18-уми июни соли 2008 таҳти №396 қабул карда шуд, ки аз 9-боб ва 23-модда иборат мебошад. Дар асоси қонун «Дар бораи хазинадорӣ» дар асоси формони Вазири Молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №61 аз 14-уми августи соли 2008 низомномаи Сарраёсати хазинадории марказии Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомотҳои маҳаллии он қабул карда шуд.
Мувофиқи ин низомнома дар сарраёсати хазинадорӣ 10 шӯъба фаъолият менамоянд:
1. Шӯъбаи мунтахабсозии ҷамъбасти ҳисоботҳо ва омода намудани ҳисобот оид ба иҷрои буҷети давлатӣ;
2. Шӯъбаи идоракунии иҷроиши хазинавӣ (кассавӣ) ва методологияи хазинадорӣ;
3. Шӯъбаи идоракунии амалиётҳои бонкӣ;
4. Шӯъбаи идоракунии амалиёти арзӣ;
5. Шӯъбаи маблағгузорӣ ва ҳисоботи буҷети маҳаллӣ;
6. Шӯъбаи маблағгузории соҳаҳои иқтисодиёт ва идоракунии давлатӣ;
7. Шӯъбаи маблағгузории соҳаи иҷтимоӣ;
8. Шӯъбаи маблағгузории сохторҳои қудратӣ;
9. Шӯъбаи маблағгузории инвеститсионӣ;
10. Шӯъбаи маблағҳои махсус.
Ҳамаи ҳуҷҷатҳои дар боло зикргардида меъёрҳои асосии санадии ҳуқуқӣ дар фаъолияти хазинадорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Дар охир мафҳумҳои базавиро, ки бо он системаи давлатии идораи маблағҳо-амалиётҳо мугузаронанд, пешниҳод менаоем:
1. Дар маънии маҳдуд «хазинадорӣ» органи давлатии идоракунӣ мебошад, ки функсияҳои махсусро оиди иҷрои буҷети ҷумҳурӣ ва хидматгузории ҳисоббаробаркунӣ-кассавиро амалӣ мекунад, дар маънии васеъ бошад «хазинадорӣ» статуси мафҳуми иқтисодиро ба худ мегирад, ки дар шароити дигаргуниҳои бозоргонӣ хеле зарур аст ва муносибати давлатро ба муассисаҳои буҷетӣ дар раванди идоракунии захираҳои молиявии давлатӣ ифода менамояд.
2. «Системаи хазинадорӣ» – ин яке аз ҷузъҳои системаи молиявӣ дар шароити муносибатҳои бозоргонӣ мебошад, ки идоракунии самараноки маблағҳои давлатиро дар шароити муносибатҳои бозоргонӣ таъмин менамояд.
3. «Иҷроиши хазинадории бучет» – ин маҷмӯи тартиботҳое мебошад, ки иҷроиши буҷетро дар ҳудуди захираҳои мавҷудаи молияви таъмин менамояд.
4.«Назорати хазинадорӣ» – ин соҳаи махсуси назорат мебошад, ки
бо истифодаи категорияҳои арзиши алоқаманд аст ва соҳаи муайяни истифода ва самти мувофиқи мақсаднокро дорад.


Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *


Уважаемые читатели! Просим вас, оставляя комментарии, уважать друг друга и не злоупотреблять свободой слова.
Администрация сайта будет удалять:
1. Комментарии с грубой и ненормативной лексикой.
2. Оскорбления, угрозы и непристойные высказывания.
3. Высказывания, разжигающие национальную, религиозную и прочую рознь и вражду.
4. Комментарии, содержащие другие нарушения законодательства и прав граждан.
5. Комментарии, рекламирующие и продвигающие другие веб-ресурсы, товары и услуги, а также комментарии, не имеющие отношения к дискуссии.

Пользователи, которые нарушают эти правила грубо или систематически, будут заблокированы.