Среда, Ноябрь 20Вместе создадим светлое будущее!


Истифодаи таҷрибаҳои системаҳои хазинадории мамалакатҳои пешрафтаи ҷаҳон ва хусусияти онҳо

Аз рӯи сохтори ташкили хазинадорӣ дар ИМА департаменти Вазорати молия, дар Фаронса шӯъбаи Вазорати молия, дар Англия ҳамчун шӯъбаи мустақил ва дар Австралия ҳамчун департаменти барои дараҷаи Вазорат вуҷуд дорад…Аз рӯи сохтори ташкили хазинадорӣ дар ИМА департаменти Вазорати молия, дар Фаронса шӯъбаи Вазорати молия, дар Англия ҳамчун шӯъбаи мустақил ва дар Австралия ҳамчун департаменти барои дараҷаи Вазорат вуҷуд дорад.
Асосан дар ин мамлакатҳое, ки номбар намудем танзими хазинадорӣ аз болои хароҷотҳои ҷорӣ ба воситаи ҳисоби ягонаи хазинадорӣ дар бонки марказӣ бо барқароркунии назорату танзим бо ёрии низоми асосии китоби хазинадорӣ амалӣ мегардад.
(Тартиби гузаронидани пардохтҳои давлатӣ дар ин мамлакатҳо).
Барои ҶТ модели англо-австралии гузаштаи амалиёти пардохтӣ ба воситаи (ЕКС), ки дар низоми хазинадории ҷумҳурӣ қабул шуда буд, наздик аст.
Дар ин давлатҳо Вазоратҳои соҳавӣ қарор оиди он ки чӣ гуна бояд воситаҳои давлатиро харҷ намоянд, қабул карда истодааст, хазинадорӣ бошад, ҷараёни амалишавии пардохтҳои охирин ва ҳисоботро идора менамоянд.
Дар Англия Вазоратҳои соҳавӣ метавонанд бо пуррагӣ воситаҳои дар ҳисоби хазинадории калон бударо зери ихтиёри худ дошта бошанд, вале интиқоли воситаҳо ба ин ҳисобҳо аз фонди марказонидашудаи даромадҳо, тавозуни ҳаррӯзаи марказонидашуда ва баҳисобгирӣ зери назорати хазинадорӣ қарор дорад.
Танҳо дар ИМА ва Англия ӯҳдадории асосӣ аз рӯи бурдани баҳисобгирӣ дар доираи андозию-буҷвӣ бевосита ба зиммаи хазинадорӣ вогузошта шудааст, инро мумкин аст, ки хазинадории ҶТ низ ҷорӣ намоянд.
Ба ғайр аз Олмон, дар тамоми дигар мамлакатҳо ведомости буҷетӣ баҳисобгирии шахсии худро доранд, вале низоми онҳо ба пуррагӣ ба низоми марказии баҳисобгирӣ интиқол дода мешавад. Дар Олмон Вазорати молия хизматрасониҳои дар соҳаи доираи бурдани
баҳисобгирӣ ба ҳамаи ведомостҳои буҷетӣ бо ҳамаи давраҳои амалигардонии ҷараёни пардохтҳоро пешниҳод менамояд.
Ҷопон ягона мамлакате ба шумор меравад, ки дар он Бонки Ҷопон ҳисобҳои пурраи паралелии дар соҳаи андозию-буҷетӣ барои Ҳукумат мебарад, бо ин ба зимаи Вазорати молия ӯҳдадорӣ аз рӯи идораи умумӣ ва танзими низоми баҳисобгирии буҳгалтерӣ ва ҳисоботдиҳӣ вогузор карда шудааст.
Модели хазинадории бештар ҷалбкунанда модели хазинадории Англия ва Зеландияи Нав мебошад, ки дар он ҷо ҷавобгар барои ҳамаи ҷанбаҳои масъалаҳои буҷетӣ, инчунин кадрӣ, хазинадорӣ баромад мекунад. Назорати қатъӣ аз ҷониби хазинадорӣ барои иҷроиши буҷет нигаронида шудааст, ки вай пурра ҷараёни идораҳои гуногунро назорат менамояд ( нигаред ба нақшаи 1).
Хусусияти вазифавии хазинадорӣ дар ин мамлакатҳо дар нақшаи 2 акс ёфтааст, ки ҳангоми ташкилдиҳии ин нақша маълумотҳои маърӯзае, ки барои семинарии Байналмилалӣ оид ба проблемаи идоракунии хазинадорӣ (шаҳри Самин, Хитой 6.02.1995 сол) тайёр шуда буд, истифода гардиданд.
Аз нақша маълум гашт, ки иҷроиши вазифаҳои хазинадорӣ дар ИМА тавре сохта шудаанд, ки хазинадорӣ дар намуди департамент дар таҳти назорати Вазорати молия, қарор дорад, бевосита ба Президент итоат менамояд, дар худ доираи васеи вазифаҳои иқтисодию молиявиро дорад, ба ғайр аз функсияҳои аудиторӣ ва баҳисобгирӣ, ки иҷроиши онҳоро Идораи маъмурӣ- буҷетӣ ва Идораи асосии буҷетӣ-назоратии Вазорати молия ба ӯҳда доранд.
Идораи андоз ва гумрук қисмҳои хазинадорӣ ба шумор мераванд.

Асосҳои институтсионалии хазинадорӣ нақшаи 1

Фаронса

Олмон

Зеландияи Нав

Шоҳигарии Муттаҳида

ИМА

1

2

3

4

5

6

1.Нақши ҳоки-мияти иҷроия ва қонунбарор дар масълаи буҷет:

Нақши ҳоки-мияти иҷроия пурқувват аст, нақши орган-ҳои қонун-барор муво-фиқи қонун маҳдуд карда шудааст.

Нақши ҳоки-мияти иҷроия пурқувват аст, органҳои қо-нунбарор та-ғйиротҳои на он қадар му-ҳимро ворид месозанд.

Нақши ҳоки-мияти иҷроия пурқувват аст, органҳои қо-нунбарор гоҳ-гоҳ тағйи-ротҳо ворид месозанд.

Нақши ҳоки-мияти иҷроия пурқувват аст, органҳои қо-нунбарор гоҳ-гоҳ тағйирот-ҳо ворид месо-занд.

Тақсимоти ӯҳ-дадориҳо: кон-гресс тағйи-ротҳои зару-риро ворид месозад ва маҳдудиятҳоро барои оянда-бинии миёна-мӯҳлат барқа-рор мекунад.

2. Вазорате, ки барои масъалаҳои буҷетӣ ҷавобгӯ аст:

Вазорати иқ-тисод макро-сиёсат. Вазо-рати молия идоракунии захираҳои молиявӣ.

Вазорати молия ҳамаи масъалаҳои мутахассисон.

Хазинадарӣ – барои ҳамаи ҷанбаҳо: масъ-алаҳои мута-хассисон ассо-сан ба вазо-ратҳои соҳавӣ супурда шудааст.

Хазинадорӣ – барои ҳамаи масъалаҳо, ин-чунин масъа-лаҳо мутахас-сисон.

Идораи маъ-мурӣ-буҷетӣ корро оиди тайёр наму-дани буҷети президентӣ пеш мебарад.

3. Тайёркунии буҷет (Нақшаи молиявӣ)

Нақшаи моли-явӣ ҳамчун қо-нуни қабул ме-шавад ва аз рӯи қонун талаб карда мешавад.

Нақшаи моли-явӣ аз рӯи қонун талаб карда мешавад ва дар ҳаҷми номиналӣ ташаккул меёбад.

Нақшаи моли-явӣ аз рӯи қо-нун аз соли 1994 талаб карда меша-вад, буҷет ва ҳисоботҳо аз рӯи Принсипи интиқолдиҳӣ бурда мешавад.

Нақшаи моли-яви аз рӯи қарордодҳои маъмурӣ тар-тиб дода мешавад ва бо воситаи нақдӣ маҳдуд карда шудааст.

Нақшаи мо-лиявӣ аз рӯи қонун талаб карда меша-вад. Барнома ва хароҷотҳои амалиётӣ, ҷа-раёни ҳамо-возӣ ва ғ

4. Назорат аз рӯи иҷроиши буҷет

Назорати қатъӣ аз ҷониби вазо-рати молия, инчунин аз рӯи назорати гузаронида-шуда, назо-рати маъмурӣ аз болои идораи кам-омад ё каср

Назорати қатъӣ аз ҷони-би вазорати молия, назо-рати маъмурӣ ва ҳуқуқӣ аз рӯи идораи камомад ё каср.

Хазинадорӣ идораи восита-ҳои нақдиро назорат меку-над, вазорат аз болои маҳсул-нокии истифо-дабарии воси-таҳои асегнат-сияшуда, назо-рати маъмурӣ аз болои идораи каср.

Назорати қатъӣ аз ҷо-ниби хази-надорӣ, назо-рати маъмурӣ аз болои идораи каср.

КМБ асегнат-сияшавии во-ситаҳоро амалӣ месозад, вале конгресс оиди камкунии мақолаҳои бо мақсадҳои идораи каср ӯҳдадориҳои худро тақсим мекунанд.

5. Баҳогузорӣ

Вазоратҳо, ку-митаҳо ва но-зиротҳои мо-лиявӣ бо кӯ-шишҳои мах-сус барои са-мараи истифо-дабарии захи-раҳои гуно-гуни ЭИРД

Вазорат баҳои дохилӣ, пала-таи Федералии на-зоратӣ таф-тиши нақши мӯҳимро мебо-зад. Вазорати молия нақши 2-юм дараҷаро мебозад.

Вазорат баҳои дохилӣ, Ва-зорати молия баҳогузории натиҷаҳои аниқу конкретӣ.

Хазинадорӣ кабинети Ва-зоратҳо-баҳо-гузории васеъ.

Баҳогузории васеъ идораи КМБ, комис-сияҳо, конг-ресс, идораҳои асосии буҷетӣ- назоратӣ.

6. Аудити беруна

Палатаи ҳисо-бӣ-аудити мо-лиявӣ, дар айни ҳол таф-тиши ЭИРД васеъ истифо-да мешавад.

Палатаи Феде-ралии назора-тӣ-тафтишотӣ, тафтишоти ЭИРД ва реви-зияи молиявӣ, иштироки васеъ дар масъалаи буҷет.

Ревизори Гене-ралӣ- аудити молиявӣ дар асоси Принси-пи умуми-қабулшудаи бухгалтерӣ ва тафтишоти натиҷаҳои кор

Идораи реви-зионӣ-буҷетии миллӣ ва ко-миссияи реви-зионӣ-аудити молиявӣ ва ис-тифодаи зиёди методикаи ЭИРД

Идораи асосии назоратӣ бу-ҷетӣ асосан тафтиши ЭИРД, вале ба элементҳои аудит, ҳар сол гузаронида мешавад.

Хусусияти фарқкунандаи вазифаҳои асосии хазинадорӣ дар мамлакатҳои тараққикардаи ҷаҳон нақшаи 2

Вазифаҳои асосии хаз-ӣ

ИМА

Англия

Фаронса

Австралия

Ҷопон

1

2

3

4

5

6

Нақшаи иҷро-иши вазифа-ҳои Хазина-дорӣ

Хазинадорӣ бе-восита ба пре-зидент итоат ме-кунад ва доираи васеи вазифаҳои иқтисодӣ ва молиявиро иҷро мекунад.

Вазифаҳои байни Хази-надорӣ (сиё-сат ва идора-кунии қарз-ҳо) ва идораи генералии хазинадорӣ.

хазинадорӣ қисми Вазора-ти молия буда, вазифаҳо бай-ни хазинадорӣ ва қисмҳои Ва-зорати буҷетӣ ва дигар шуъ-баҳо тақсим карда шуда буданд.

Вазифаҳо бай-ни департамен-ти молия ва департаменти хазинадорӣ тақсим шуда-анд. Ин ду де-партамент да-раҷаи вазорат-ро доранд, рост ба ҳуку-мат мебароянд.

Вазифаи хази-надорӣ байни якчанд қисм-ҳои дараҷаи сеюм дар ва-зорати молия дар чорчӯбаи бюрои моли-явӣ ва буҷетӣ тақсим шудаанд.

Идоракунии воситаҳои нақдӣ

Хазинадорӣ ҳа-маи даромадҳо ва пардохтҳоро оид ба ҳисоби генералӣ назо-рат мекунад, инчунин ҳисоб-ҳои бонкии ҳукуматро низ.

Идораи гене-ралии Хази-надорӣ супо-ришномаҳои пардохтиро коркард на-муда, инчу-нин пардохт-ҳоро аз фон-ди мутамар-казонидашуда.

Хазинадорӣ даромадҳо ва пардохтҳоро оиди ҳисоби давлатӣ дар бонки марказӣ назорат мекунанд.

Хазинадорӣ бақайдгирии даромадҳо ва пардохтҳои бо қарзи давлатӣ вобастаро назорат мекунанд.

Шӯъбаи хази-надорӣ ва шӯъ-баи иҷроиши буҷет даро-мадҳо ва пар-дохтҳоро оиди ҳисоби дав-латӣ дар бонки Ҷопон бударо назорат мекунад.

Банақшагирии кӯтоҳмуддати молиявӣ

Хазинадорӣ нақшаи моли-явиро ба 4-6 моҳ бо тақсимот ба рӯзҳо тайёр мекунад ва онро ҳар моҳ аз нав мекунад.

Хазинадорӣ нақшаи мо-лиявиро дар асоси моҳо-на, барои ис-тифоданамоии та-лабот ба молиякунонии кӯтоҳмуд-дат коркард менамояд.

Хазинадорӣ нақшаи молиявиро бо тақсимот ба моҳҳо тайёр мекунад.

Хазинадорӣ нақшаи моли-явиро ба да-раҷи агрори-кунонидашуда тайёр мекунад.

Шӯъбаи хази-надорӣ нақшаи молиявиро бо тақсимот ба рӯзҳҳо тайёр мекунад.

Идоракунии қарзи давлатӣ

Хазинадорӣ ба-рориш ва баҳи-собгирии қ.қ-и давлатиро назо-рат мекунад ва масъалаи ҳаҷми мӯҳлат ва сох-торҳои ҷойгир-шавандаи ба-роришотро дар музоядаҳо ҳал мекунанд.

Хазинадорӣ ҳаҷм, мӯҳлат ва сохтори барориши қ.қ-ро муайян мекунад.

Хазинадорӣ барориши қ.қ-ро назорат мекунад, масъалаи ҳаҷм, мӯҳлат сохтор ва ғ-ро ҳал менамояд.

Хазинадорӣ барориши қ.қ-ро назорат мекунад, масъалаи ҳаҷм, мӯҳлат сохтор ва ғ-ро ҳал менамояд.

Шӯъбаи идоракунии қарзҳо барориши қ.қ-ро назорат мекунанд, масъалаи ҳаҷм, мӯҳлат сохтор ва ғ-ро ҳал менамояд.

Иҷроиши буҷет

Хазинадорӣ ҳамаи андозҳо ва боҷҳои гумрукиро ҷамъ мекунад ва ҷамъи марка-зонидашударо аз истифода-барӣ ва хиз-матрасониҳо ба-рои корхонаҳои алоҳида таъмин мекунад.

Хазинадорӣ даромадҳои умумиро ба фонди мар-казонадашуда назорат ме-кунад.даромадҳо аз ҷониби хадамоти до-хилии андозӣ ва гумрукӣ ҷамъоварӣ карда меш.д.

Хазинадорӣ ҳаҷми умумии даромадҳоро ба ҳисоби ягона назорат мекунад. 2000 пардохткунан-даи ААИ маб-лағҳояшонро ба ҳисоби яго-наи дар бонки мар-казӣ буда месупоранд.

Идораи андоз ба хазинадорӣ дахл дорад. Хадамоти гум-рук ба ҷамъ-оварии даро-мадҳо берунӣ машғул аст. Низоми бонки дар ҷамъова-рии даромадҳо иштирок намекунад.

Барои ҷамоварии даромадҳо хадамоти департаменти андози Милли ва департа-менти парла-менти гумрукӣ ӯҳдадор мебо-шанд.

Иҷроиши буҷет-хароҷотҳо

Ба сифати во-ситаҳои пардохт чекҳо, инти-қолҳои элек-тронӣ истифода бурда мешавад. Хароҷотҳо аз ҷониби хази-надорӣ бо тала-боти воҳиди буҷетӣ пардохта мешавад.

Идораи Ге-нералии ха-зинадор пар-дохтро бо су-пориши де-партамент амалӣ мегар-донад. Хази-надорӣ пар-дохтҳоро на-зорат менамояд.

Истифодабарии буҷет аз ҷо-ниби директо-рати буҷетӣ на-зорат карда мешавад. Рафти харо-ҷоткунии воси-таҳои моли-явиро дар раф-ти гирифтани ӯҳдадорӣ ва супоришномаи пардохтӣ назорат карда мешавад.

Хазинадорӣ нақши пас-сивҳоро дар иҷроиши буҷет, ки тала-боти воҳидҳои буҷетӣ амалӣ мешаванд, мебозад.

Воситаҳо аз ҷониби Вазо-ратҳои буҷавӣ дар асоси ҷадвали пар-дохтҳое, ки аз ҷониби шӯъ-баи иҷроиши буҷет тасдиқ карда шуда-анд, хароҷот карда меша-ванд.

Дар Англия сиёсати умумӣ ва идораи қарзҳоро хазинадорӣ мебарад, хазинадории калон, яъне генералӣ вазифаи бақайдгирӣ ва коркарди ҳисоботҳоро иҷро мекунад.
Дар Фаронса вазифаи хазинадориро байни хазинадорӣ, вазорати молия, идораи генералии баҳисобгарии давалтӣ ва вазорати буҷетӣ
тақсим намудаанд.
Дар Австралия барои назорати хароҷотҳо департаменти молиявӣ ҷавобгар аст, сиёсати макроиқтисодӣ ва ҷамъоварии даромадҳоро бошад, департамени хазинадорӣ ба ӯҳда дорад.
Дар Ҷопон вазифаи хазинадорӣ байни шӯъбаи хазинадорӣ, шӯъбаи идоранамои, шӯъбаи молиявии бюрои молиявӣ ва шӯъбаи буҷетӣ, шӯъбаи иҷроиши буҷет ва шӯъбаи ҳуқуқии бюрои буҷети вазорати молия тақсим карда шудааст.
Дар ҳамаи ин мамлакатҳо хазинадорӣ вазифаҳои зеринро иҷро менамояд:
– идоракунии воситаҳои ақдӣ;
– банақшагирии молиявии кӯтоҳмуддат;
– идоракунии қарзи давлатӣ;
– идоракунии активҳои молиявӣ;
– идоракунии буҷет оиди даромадҳо;
– иҷроиши буҷет оиди хароҷотҳо;
– баҳисобгирии бухгалтерӣ;
-аудит ва назорати дохилӣ; -назорати молиявии органҳои волиятӣ ва маҳаллии идоракунии
давлатӣ.
Оиди иҷроиши вазифаҳои асосӣ- идоракунии нақдӣ- дар ИМА хазинадорӣ ҳамаи даромадҳо ва пардохтҳоро оид ба ҳисоби генералии хазинадорӣ назорат менамояд, инчунин ҳисобҳои бонкии Ҳукуматро низ назорат менамояд. Дар Англия ведомости хазинадори генералӣ супоришномаҳои пардохтӣ ва пардохтҳоро аз фонди мутамарказонидашуда коркад менамояд.
Дар Фаронса хазинадори даромадҳо ва пардохтҳо ҳисобҳои давлатиро дар бонки марказӣ назорат мекунад. Барои пардохтҳои алоҳида ва ҷамъовариҳои гумрукӣ идораи генералии баҳисобгирии давлатӣ ҷавобгар аст.
Дар Австралия хазинадорӣ ҷамъоварии даромадҳо ва пардохтҳоеро, ки бо қарзи давлатӣ алоқамандан, назорат менамояд. Пардохтҳое, ки бо иҷроиши буҷет алоқамандан, аз ҷониби департаменти вазорати молия назорат карда мешавад.
Дар Ҷопон даромадҳо ва пардохтҳои ҳисоби давлатӣ дар бонк Ҷопон аз ҷониби шӯъбаи хазинадории бюрои молиявӣ ва шӯъбаи иҷроиши буҷети бюрои буҷетии вазорати молия назорат карда мешавад.
Барои хазинадории ҶТ бештар вариянтҳои идоракунии воситаҳои нақдӣ модели америкоӣ рост меояд.
Банақшагирии молиявии кӯтоҳмуддат дар ҳамаи мамлакатҳои омӯхташаванда бо роҳи коркарди нақшаи молиявии моҳона, ки ҳар моҳ тағйир меёбад, амалӣ мегардад.
Дар ИМА нақшаи молиявӣ 4-6 моҳро дарбар мегирад ва ҳатман
ҳар моҳ тағйир меёбад. Дар Фаронса, Австралия ба мӯҳлати муайяни вақт бо тақсимот ба семоҳа ва моҳона, хазинадории Англия нақшаи молиявиро дар асоси моҳона коркард карда истодааст. Дар Ҷопон нақшаи молиявӣ бо тақсимот ба рӯзҳо тайёр карда мешавад.
Нақшаи хароҷотҳои молиявӣ дар ИМА, Англия ва Фаронса аз тарфи хазинадорӣ таҳия мешавад, Ҷопон – шӯъбаи хазинадории бюрои молиявии вазорати молия, дар Австралия – аз ҷониби департаменти молиявӣ тартиб дода мешавад.
Ба ғайр аз ИМА, дар ҳамаи мамлакатҳои таҳлилшудаистода хазинадорӣ барориши қоғазҳои қимматноки давлатиро танзим ва назорат менамояд, масъалаҳои оиди ҳаҷм, мӯҳлат, шарт, сохтор ва қарзгирии давалтиро ҳал менамояд, инчунин ба сифати аген бонки марказӣ баромад менамояд.
Хазинадории ИМА захираҳои федералиро барои дастгирӣ ҳангоми гузаронидани музояда истифода менамояд, инчунин барои бозори дуюмдарҷаи қоғазҳои қимматноки хазинадорӣ қонунҳоро муайян менамояд.
Оид ба идоракунии активҳои молиявӣ аз мамлакатҳои дар боло зикршуда танҳо дар ИМА ва дар Фаронса хазинадорӣ сиёсати умумиро барқаорор ва муайян мукунад. Инчунин дар ИМА хазинадорӣ барои барномаи беҳтарсозии идоракунии активҳои молиявӣ ҷавобгар аст.
Дар Англия хазинадорӣ яке аз нигоҳдорандаи активҳо ба шумор меравад, ба ғайр аз саҳсияҳои соҳаҳои калони хусусигардонидашуда ва боз назорату танзими молиякунонии корхонаҳои давлатиро ба воситаи маҳдудияҳо амалӣ месозад.
Дар тамоми мамлакатҳои пешрафтаи саноатӣ идоракунии активҳои молиявӣ ба воситаи департаментҳо ва вазоратҳо амалӣ мегарданд.
Нақши ҳалкунандаро дар иҷроиши буҷет оид ба даромадҳо хазинадории ИМА ва Австралия мебозад. Таҷрибаи онҳро албатта истифода намудан барои низоми хазинадории ҶТ мумкин аст. Дар ИМА ҷамъоварии ҳамаи андозҳоро ва боҷҳои гумрукиро хазинадорӣ ба ӯҳда дорад, ба воситаи идораҳои андозӣ ва гумрукии худ ба алоқмандии зичи низоми бонкӣ.
Дар Австралия воридшавии падохтҳои андозӣ аз тарафӣ идораи андози хазинадорӣ ба сомон расонида мешавад. Дар Англия ва Фаронса бошад, дар ҷамъоварии пардохтҳои андозӣ ва гумрукӣ хазинадорӣ иштирок намекунад, онҳо танҳо ҳаҷми умумии воситаҳои дохилшавандаро ба фонди муттамарказӣ ва ҳисоби ягонаи хазинадорӣ назорат мекунанд.
Вазифаи иҷроиши буҷет оид ба хароҷотҳо дар хазинадории ИМА, Англия ва Австралия нақши пассивиро мебозад. Дар Фаронса иҷроиши қисми хароҷотии буҷет аз ҷониби директариати буҷетӣ танзим ва назорат карда мешавад.
Дар ИМА ва Англия хазинадорӣ методикаи ҳисоботи бухгалтериро таҳия мекунанд, барои баҳисобгирии умумӣ ҷавобгаранд, барои корхонаҳо дастурамалҳо омода месозанд ва инчунин ведомостҳои
молиявӣ ва ҳисоботҳои ҳармоҳаро таҳия менамоянд.
Дар ИМА, Англия,Фаронса ва Ҷопон низоми баҳособгирӣ аз рӯи принсипи хазинавӣ, дар асоси навишти дутарафа бурда мешавад. Дар ҳамаи ин мамлакатҳо хазинадорӣ ба аудит ва назорати дохилӣ машғул нестанд.
Инак бо ҳамаи ин ва ё он хусусиятҳои ҷалбноки низоми хазинадорӣ онро бе тадқиқот ва санҷиши кофӣ тараққидодан мумкин нест. Беш аз ин, бояд аз истифодаи автоматикӣ ва нусхабардории механики ҳамаи консепсияҳо дар шароити ҶТ худдорӣ намуд.
Ҳатто модели хазинадории ИМА-ро, ки дар идораи воситаҳои нақдӣ ӯҳдадориҳои то ҳади имкон калон дорад ва инчунин дар идораи қарзи давлатӣ, активҳои молиявӣ, иҷроиши буҷет дар амалигардии вазифаҳои назоратӣ ӯҳдадориҳои калон дорад, Айни ҳол онро танҳо ҳамчун намунаи ояндабинии дарозмуддат қабул намудан мумкин аст. Вале ба назари мо чунин мерасад, ки вазифаҳои алоҳидаи модели амрикоии хазинадориро баъди таҳлилу санҷишҳои амуқу мувофиқ, бо дар назардошти хусусиятҳои давлати мо мумкин аст, ки дар таҷрибаи хазинадории ҶТ-ро тараққӣ диҳем. Дар даври ҳозира мукаммалгардонии доираи молиявию буҷетӣ ба сифати асосҳои ташкилотҳои хазинадории мо бояд бо модели австралиягӣ афзалият дода шавад.
Таҳлили низоми хазинадорӣ дар мамлакатҳои тараққикардаи ҷаҳон (ИМА, Англия, Фаронса, Олмон ва ғайра) нишон медиҳад, ки шарти асосии вазифаи хазинадорӣ ташкил додани ҳисоби ягонаи хазинадорӣ дар бонки марказӣ мебошад. Ин усул ҳангми ташкил намудани низоми хазинадорӣ дар ҶТ низ истифода бурда шуд. Инчунин дар низоми мо истифодаи таҷрибаи хазинадории мамлакатҳои зерин самаранок мебуд: оид ба вазифаи идоракунии воситаҳои нақдӣ- малакаи ИМА, Англия ва Зеландияи Нав, оид ба иҷроиши буҷет аз рӯи даромадҳо- таҷрибаи ИМА, Англия ва Австралия, оиди бурдани баҳисобгирии бухгалтерӣ- ИМА, Англия идоракунии қарзи давлатӣ, активҳои молиявӣ ва амалисозии вазифаҳои назоратӣ- малакаи ИМА.
Омӯзиши консепсияҳои тараққиёти хазинадории мамлакатҳои тараққакарда давари зарурӣ дар шаклгирии идоракунии самараноки буҷетӣ ва хазинадории самаранок дар ҶТ мебошад.


Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *


Уважаемые читатели! Просим вас, оставляя комментарии, уважать друг друга и не злоупотреблять свободой слова.
Администрация сайта будет удалять:
1. Комментарии с грубой и ненормативной лексикой.
2. Оскорбления, угрозы и непристойные высказывания.
3. Высказывания, разжигающие национальную, религиозную и прочую рознь и вражду.
4. Комментарии, содержащие другие нарушения законодательства и прав граждан.
5. Комментарии, рекламирующие и продвигающие другие веб-ресурсы, товары и услуги, а также комментарии, не имеющие отношения к дискуссии.

Пользователи, которые нарушают эти правила грубо или систематически, будут заблокированы.