Вторник, Ноябрь 12Вместе создадим светлое будущее!


Таҳлили муаммоҳои иҷроиши қисми даромад ва хароҷоти буҷети давлатии ҶТ

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» барои солҳои…Таҳлили иҷроиши буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои 2006-2007
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» барои солҳои:
-2006 аз 14 ноябри соли 2005, Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2006 тасдиқ карда шуд.
-2007 аз 22 ноябри соли 2006, Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2007 тасдиқ карда шуда.
Ба ақидаи ман, фаъолияти корӣ ва масъулияти вазифагии кормандони мақомоти андозу гумрукро беҳтар намудан лозим меояд, ки то ки нақшаи даромади буҷети давлатии мамлакат бо пуррагӣ ва ҳатто барзиёд иҷро намоянд Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2008 аз 14 ноябри соли 2007, №337, мувофиқи моддаи 30 ҳамин қонун, ҳисобот оид ба иҷроиши буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2006 аз рўи даромад ба маблағи 1836282 ҳазор сомонӣ тасдиқ карда шуд».
Барои таҳлили қисми даромади Буҷети Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2006 аз рўи ҳамаи сарчашмаҳои даромад, аз маълумотҳои ҷадвали 7 истифода менамоем.
Иҷроиши даромади Буҷети Ҷумҳурии Тоҷикистон
дар соли 2006 Ҷадвали 1.


Сарчашмаҳои даромади буҷети давлатӣ

Буҷети аниқ карда шуда ҳ. сомонӣ

Иҷроиши аслӣ
ҳ. сомонӣ

Ба ҳисоби нисбат ба

Буҷети аниқшуда

МУД

1.

Ҳамаги даромадҳо

1688959,7

1836281,6

107,3

19,5

2.

Даромади умумӣ ва грантҳо

1698959,7

1823480,8

110,1

16,8

Аз он ҷумла:

3.

Воридоти андозҳо

1424300,2

1567448,2

114,4

2,1

Аз он ҷумла:

4.

Андоз аз даромади шахсони воқеӣ

96575,1

106966,0

110,8

1,1

Аз он ҷумла:

5.

Андоз аз фойдаи шахсони ҳуқуқӣ

43656,9

51384,6

117,7

0,8

6.

Андози камтарин аз даромади корхонаҳо

29377,4

35718,6

121,6

04,

7.

Пардохтҳои иҷтимоӣ

177000,0

213896,8

120,8

2,3

8.

Андози моликият ва замин

87286,8

76678,4

87,8

0,8

9.

Аз он ҷумла: андоз аз замин

8379,0

9244,9

110,3

0,1

10.

Андоз аз арзиши иловашуда

674627,7

756165,6

112,1

8,1

11.

Аксизҳо

66331,9

68065,6

102,6

0,7

12.

Андозҳои дигари берунӣ барои савдо ва амалиётҳо

77621,4

78996,4

101,8

0,8

13.

Андозҳои дигари дохилӣ аз молу хизматҳо

80107,0

86109,3

107,5

0,9

Аз маълумотҳои ҷадвали 1 маълум гардид, ки дар соли 2006 маҷмўи даромадҳои Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 1836281,6 ҳазор сомониро ташкил намуд, ки ба маблағи суммаи 148321,9 ҳазор сомони барзиёд иҷро гардидааст ё ки иҷроиши нақшаи даромади буҷети давлатии дар ин давра 107,3% ё ки ба 7,3% барзиёд иҷро карда шудааст, агар нисбати МУД – 19,5% ташкил дод.
Дар ин давра пардохтҳои андозӣ маблағи суммаи 1567448,2 ҳазор сомониро ташкил дод, ки иҷроиши он 114,4% ё ки 14,4% барзиёд иҷро карда шуд, ки он нисбат ба МУД – 2,1%.
Дар ин давра аз сарчашмаҳои андозии ташаккулёбии даромади Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон фақат андоз аз замин иҷро нагардидаст, яъне аз рўи нақшаи (буҷети) тасдиқшуда бояд 87286,8 ҳазор сомониро ташкил диҳад, иҷроиши ҳақиқӣ – 76678,4 ҳазор сомони иҷро гардид, яъне иҷроиш 878%, ки ба маблағи 608,4 ҳазор сомони кам иҷро гардид ё ба 13,2%.
Агар иҷроиши қисми даромади буҷети давлатиро дар соли 2006 нисбат ба соли 2005 муқоиса намоем, дар ин самт пешравиҳои назаррас дар соли 2006 дида мешавад, ки қариб аз рўи ҳамаи сарчашмаҳои даромади Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон нақшаро иҷро ва ҳатто бар зиёд иҷро намуданд.
Мувофиқи қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар барои Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2009», ки 19 ноябри соли 2008, № 447 тасдиқ карда шуд, дар асоси моддаи 35 ҳамин Қонуни мазкур ҳисобот оид ба иҷрои Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2007 аз рўи даромад ба маблағи 3765728 ҳазор сомонӣ, аз рўи хараҷот ба маблағи 3944824 ҳазор сомони тасдиқ карда шуданд.
Барои таҳлили ҳартарафа оиди иҷроиши даромади буҷети давлатӣ аз ҳисоби сарчашмаҳои андозӣ аз маълумотҳои ҷадвали 8 истифода менамоем.
Иҷроиши буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
дар соли 2007 Ҷадвали 2


Сарчашмаҳои андози даромади
буҷети давлатӣ

Буҷети аниқ карда шуда ҳ. сомонӣ

Иҷроиши аслӣ
ҳ. сомонӣ

Ба ҳисоби нисбат ба

Буҷети аниқшуда

МУД

1.

Ҳаҷми умумии буҷети давлатӣ

3626912,6

3765728,0

103,8

29,5

2.

Даромадҳои умумӣ ва грантҳо

2192222,4

2457385,0

112,1

19,2

Аз он ҷумла:

3.

Воридоти андозҳо

2035356,7

2288653,0

112,4

17,9

4.

Андоз аз даромад ва андоз аз фойда

272068,2

304871,5

112,1

2,4

Аз он ҷумла:

5.

Андоз аз даромади шахсони воқеӣ

150917,1

168071,1

111,4

1,3

6.

Андоз аз фойдаи шахсони ҳуқуқӣ

70186,7

75975,3

108,2

0,6

7.

Андози камтарин аз даромади корхонаҳо

50964,4

60825,1

119,3

0,5

8.

Пардохтҳои иҷтимоӣ

230000,0

254793,6

110,8

2,0

9.

Андози моликият ва андози замин

90453,1

92264,5

102,0

0,7

Таҳлили иҷроиши буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2007, ки аз маълумотҳои ҷадвали 2 маълум гардид аз рўи ҳамаи сарчашмаҳои пардохти андозӣ даромади буҷети давлатӣ барзиёд иҷро карда шудааст.
Ҳаҷми умумии буҷети давлатӣ дар соли 2007 бо маблағи 3765728,0 ҳазор сомонӣ иҷро гардид, ки он нисбат ба буҷети тасдиқ карда шуда ба маблағи суммаи 138815,4 ҳазор сомони зиёд ё ки ба 3,8% барзиёд иҷро
карда шудааст, ки он нисбат ба МУД-29,5% -ро ташкил медиҳад.
Дар ин давра воридоти андозии даромади буҷети давлатӣ, яъне дар соли 2007 маблағи 2288653,0 ҳазор сомони иҷро гардидааст, ки он нисбат ба буҷети тасдиқ карда шуда – 2035356,7 ҳазор сомон мебошад, ба маблағи 23329,3 ҳазор зиёд ё ки 12,4% зиёд иҷро карда шудааст, ки
нисбат МУД-17,9% -ро ташкил медиҳад.
Умуман, хулоса оиди иҷроиши даромади Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2007 аз рўи тамоми сарчашмаҳои пардохти андозии даромади буҷети давлатӣ иҷро ва барзиёд иҷро карда шудааст. Ҳатто андози замин 19,7% барзиёд иҷрокарда шудааст, нисбат ба буҷети тасдиқ карда шуда. Ин намуди андоз то соли 2007 иҷро нагардида буд. Барои муқоиса дар соли 2006 ин намуди андоз 87,7% иҷро шуда буд, яъне дар соли 2006 аз сарчашмаҳои андозии даромади буҷети давлатӣ, фақат андози замин иҷро нагардида буд, яъне ба 12,7% кам нисбат ба буҷети тасдиқ карда шуда.
Дар соли 2007 бошад ин намуди андоз ба 19,7% барзиёд иҷро гардид, ки албата шаҳодати беҳтаршавии ҷамъоварии андозҳо аз тарафи органҳои мақомоти молиявии давлатиро нишон медиҳад.
Ҳамин тавр, ҳисобот оиди иҷроиши даромади Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби воридоти андозӣ дар солҳои 2005-2007 дар ҷадвали 9 акс карда шудааст.
Ҳисобот оиди иҷроиши даромади андозии
буҷети давлатӣ дар солҳои 2006-2007 Ҷадвали 3

Соли 2006

Соли 2007

Иҷроиши аслӣ
ҳ. сомонӣ

бо %

Иҷроиши аслӣ
ҳ. с.

бо %

1.

Ҳаҷми умуми буҷети давлатӣ

1836281,6

107,3

3765728,0

103,8

2.

Даромади умумӣ ва грантҳо аз он ҷумла:

1823480,8

110,1

2457385,0

112,1

3.

Воридоти андозӣ

1567448,2

114,4

2288653,0

112,4

Аз таҳлили маълумотҳои ҷадвали 3 маълум мешавад, ки воридоти андозӣ дар ин давраҳо барзиёд иҷро карда шудааст.
Асосан афзоиши воридоти андозӣ дар солҳои 2006 ва 2007 хеле баланд гаштааст. Дар соли 2006 иҷрои он 114,4% ва дар соли 2007-112,4% ташкил намуд, ки ин нишондиҳанда, нишондиҳандаи зиёдшавии воридоти андозии даромади Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ифода мекунанд. Афзоиши даромади буҷет шаҳодати устуворшавии молиявии давлатро ифода мекунад. Аз маълумотҳои ҷадвали 15 маълум гардид, ки сол аз сол даромади буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёд гардида истодааст. Мувофиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2009», ки 19 ноябри соли 2008, № 447 тасдиқ гардидааст, нисбат ба буҷети соли 2008 қариб 1,5 маротиба зиёд мебошанд, ки но ба маблағи 6008120 ҳазор сомонӣ буда аз он ҷумла воридоти андозӣ – 4270219 ҳазор сомониро ташкил медиҳад. Афзоиши воридоти андозӣ аз мақомоти органҳои давлатии андозу ҷумҳурӣ масъулияти хеле ҷиддӣ ва колонро талаб менамояд ва инчунин зарурияти такмили усулҳои андоз ҷамъкунию андоз сомониро ба шароити имрўзаи иқтисодии мутобиқ намуда, масъулиятҳои фаъолияти кори худро дар ҳамаи сохторҳои молиявӣ бояд такмилу сайқал дод.
Таҳлили иҷроиши Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз рўи манбаъҳои воридоти ғайриандозӣ
Даромади буҷети давлатӣ ан фақат ҳисобӣ сарчашмаҳои андозӣ ва балки аз ҳисоби сарчашмаҳои пардохти ғайриандозӣ низ, ташаккул меёбад. Воридоти ғайриандозӣ, нисбат аз воридоти андозӣ дида, хеле ҳаҷман камбуда, вазни қиёсии он дар даромади умумии буҷети давлатии 8-9-ро ташкил медиҳад. Бо вуҷуди он пардохтҳои ғайриандозӣ дар ташаккулёбии қисми даромади Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳми муайян мегузорад.
Мувофиқи қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2008-2009» пешбинӣ шудааст, ки воридоти даромад ба буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рўи сарчашмаҳои ғайриандозӣ дар соли 2008 ба маблағи 172393 ҳазор сомонӣ ва дар соли 2007 бошад – 125335 ҳазор сомонӣ, яъне дар соли 2008 нисбат ба соли 2007 маблағи суммаи 47058 ҳазор сомони афзуд.
Дар соли 2009 бошад воридоти ғайри андозӣ ба маблағи суммаи 314581 ҳазор сомонӣ пешбинӣ шудааст, ки он нисбат ба соли 2008 (воридоти ғайриандозӣ – 172393 ҳазор сомонӣ) ба маблағи суммаи 42188 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад.
Чӣ хеле, ки маълум аст, ки аксарияти даромадҳои ғайриандози характери меъерии доими надошта, фарқи онҳо аз дигар сарчашмаҳои даромади буҷети давлатии аз он иборат аст, ки онҳо ба таври мукамал ба нақшагирифта намешад. Вале дар амал ва таҷриба, мувофиқи қоида аз рўи воридоти соли гузашта банақша гирифта мешавад.
Даромадҳои ғайриандозӣ ба монанди воридотҳои андозӣ, органҳои мақомоти намояндагии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ муқаррар менамояд.
Даромадҳои ғайриандозӣ ҳам дар шакли пардохтҳои ҳатмӣ ва ҳам дар шакли хоҳишӣ шуданаш мумкин аст.
Ҳамин тавр, ба даромадҳои ғайриандозии буҷети давлатӣ дохил мешавад:

Даромад аз амволҳое, ки дар моликияти (ихтиёрӣ) давлатӣ ва ҳокимияти маҳаллӣ қарор дорад;
Пардохтҳо ва ҷамъовариҳои маъмурӣ;
Санксияҳои ҷаримавии барқарорнамоии зарар;
Даромадҳо аз фаъолияти иқтисодии беруна;
Дигар пардохтҳои ғайриандозӣ.
Воридҳои ғайриандозе, ки дар боло зикр карда шуд, ки онҳо қисми даромади буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ташкил медиҳанд ва таҳлили иҷроиши он дар солҳои 2006-2007 маълумоти пурра оиди динамикаи иҷроиши даромади буҷети давлатӣ аз рўи сарчашмаҳои пардохтҳои ғайриандозӣ, пайдо менамоем. Барои ин бояд таҳлили иҷроиши қисми даромади буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рўи соли дида мебароем, яъне аз соли 2006 оғоз менамоем, ки барои ин аз маълумотҳои ҷадвали 4 истифода менамоем.

Иҷроиши қисми даромади буҷети давлатии ҶТ дар соли 2006 аз рўи пардохтиҳои ғайриандозӣ Ҷадвали 4.


Сарчашмаҳои даромади
ғайриандозӣ

Буҷети аниқ карда шуда ҳ. сомонӣ

Иҷроиши аслӣ
ҳ. сомонӣ

Ба ҳисоби нисбат ба

Буҷети аниқшуда

МУД

1.

Воридоти ғайриандозӣ

236659,6

233124,3

98,5

2,5

Аз он ҷумла:

2.

Воридот аз моликият ва фаъолияти соҳибкорӣ

179900,1

170553,3

94,8

1,8

3.

Боз ва пардохти маъмурӣ

23072,0

25298,3

109,6

0,3

4.

Пинаҳо, ҷаримаҳо ва тамбеҳҳо

9468,6

7493,2

79,1

0,1

5.

Воридоти дигари ғайриандозӣ

24219,5

28957,7

119,6

0,3

6.

Даромад аз сармоя

7.

Гарнтҳо

38000,0

22907,2

60,3

0,2

Аз маълумотҳои ҷадвали 4 маълум гардид, ки иҷроиши аслии (ҳақиқии) воридоти ғайриандозӣ дар соли 2006 98,5% иҷро гардидааст ё ки нисбат ба МУД-2,5% мебошад, яъне нақшаи воридоти ғайриандозӣ ба маблағи 3534,3 ҳазор сомони кам иҷро гардид ё ки ба 1,5% иҷро нагардид.
Барои аниқу равшатнат намудани сабаби иҷро нагаштани воридоти ғайриандозии даромади буҷет дар соли 2006, зарурияти таҳлили сарчашмаҳои воридоти ғайриандозӣ ба вуҷуд меоянд, ки он: Воридот аз моликият ва фаъолияти соҳибкорӣ дар ин давра бо пурраги иҷро нагардид – иҷроиши 94,8% ташкил намуд. Аз ин ҳисоб ба маблағи суммаи 9346,8 ҳазор сомонӣ пардохтҳои ғайриандозӣ кам ворид гардид ё ки 5,2% иҷро нагардид.
Хулоса аз рўи ин сарчашмаи воридоди ғайриандозӣ ба буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2006 ба маблағи 9346,8 ҳазор сомони ворид нагашт.
Сарчашмаи дигари воридоти ғайриандозӣ – ин боз ва пардохти маъмурӣ мебошад, ки он 109,6% иҷро гардид ё ки ба маблағи 2226,8 ҳазор сомони барзиёд ё ки 9,6% ё нисбат ба МУД-0,3% мебошад.
Аз рўи пинаҳо, ҷаримаҳо ва тамбеҳҳои (санксия) воридоти ғайриандозӣ иҷроиши нақша дар ин давра 79,1% ташкил намуд, яъне ба 20,9% иҷро нагардид ё ки ба маблағи 9346,8 ҳазор сомони кам ворид гардид.Воридоти дигари ғайриандозӣ ба 119,6% иҷро гардид ё ки ба 19,6% барзиёд гардид ё ба маблағи суммаи 4738,2 ҳазор сомонӣ илова даромад ворид гардид.
Воридоти грантҳо бошад, дар ин давра ҳамагӣ 60,3% иҷро
гардидааст ё 39,7% кам иҷро гардид. Аз рўи ин манбаи даромад ба
маблағи суммаи 15092,8 ҳазор сомонӣ ба буҷети давлатӣ ворид нагашт.
Дар маҷмўи аз рўи ҳамаи сарчашмаҳои даромади ғайриандозӣ дар натиҷаи иҷронагардидани нақша дар соли 2006 ба маблағи 33786,4 ҳазор сомонӣ ба буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон кам ворид гашт.
Ҷамъбасти иҷроиши қисми даромади буҷети давлатии дар соли 2006-2007 аз рўи сарчашмаҳои воридоди ғайриандози дар ҷадвали 5 акс кардашудааст:
Иҷроиши ҷамъбасти воридоти ғайри андозӣ даромади буҷети
давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷадвали 5.

Соли 2006

Соли 2007

Буҷети тасдиқшуда (ҳ. сомонӣ)

Иҷроиши аслӣ
ҳ. сомонӣ

Иҷро бо фоиз (%)

Буҷети тасдиқшуда (ҳ. сомонӣ)

Иҷроиши аслӣ
ҳ. сомонӣ

Иҷро бо фоиз (%)

1

Воридодҳои ғайриандозӣ

236659,6

233125,3

98,5

124065,7

132237,8

106,6

Аз он ҷумла:

2

Воридоти аз моликият ва фаъолияти соҳибкорӣ

179900,1

170553,3

94,8

30987,2

37487,1

121,0

3

Боз ва пардохтҳои маъмурӣ

23072,0

25298,3

109,6

43090,0

35515,2

82,4

4

Пинаҳо, ҷаримаҳо ва тамбеҳҳо (санк)

9468,0

7493,2

79,1

9500,6

17064,0

179,6

5

Воридотҳои дигари ғайри андозӣ

24219,5

28957,7

119,6

40488,0

35294,1

87,2

Чӣ тавре, ки аз маълумотҳои ҷамъбасти воридоти ғайриандозии даромадҳо маълум гардид, ки аз 2-соли охир (соли 2006 ва 2007), фақат дар соли 2006 воридоти андозӣ иҷро нагаштааст, яъне ба 98,5% иҷрогаштааст, ки 1,5% кам нисбат ба нақшаи тасдиқшуда мебошад.
Дар натиҷа ба даромади буҷети давлатӣ ба маблағи 33786,4 ҳазор сомонӣ даромад ворид нагашт. Агар ин нақша иҷро мегашт мумкин буд аз буҷети давлатӣ ба ҳамин миқдор маблағ молиякунонии хараҷотҳои соҳаҳои иқтисодиёт амалӣ карда мешуд.
Таҳлили маълумотҳои ҷадвали 5 нишон дод, ки асосан иҷронашудани воридоти ғайриандозӣ даромади буҷети давлатӣ аз ҳисоби иҷро нагаштан ва ё кам воридгаштани маблағ аз моликият ва фаъолияти соҳикорӣ ба чашм мерасад. Дар соли 2006 ин нишондиҳанда ҳамагӣ 94,8% иҷрогаштааст, ки он нисбат ба нақшаи тасдиқшуда 5,2% кам мебошад.
Дар оянда бартараф намудани ин камбудиҳо бояд чароҳаи зарурӣ андешидан лозим мебошад, ба монандӣ:
– Беҳтар намудан ё ки такмил додани усули банақшагирии пардохтҳои ғайриандозӣ;
– Аз органҳои давлатии амволи Ҷумҳурии Тоҷикистон талаб карда шавад, ки оиди ин масъала чораҳои заруриӣ андешида, кору фаъолияти худро такмил диҳаннд, то ки нақшаи буҷети тасдиқкардашударо иҷро ва амалӣ намоянд;
– Фаъолияти кори Хазинадории марказии давлатӣ беҳтар карда
шавад ва назорати иҷроиши даромади буҷети давлатиро аз рўи
сарчашмаҳо пурзўр намуда, иҷроиши онро таъмин намоянд.
Таҳлили иҷроиши хароҷоти буҷети давлатии Ҷумҳури Тоҷикистон дар солҳои 2006-2007
Баъди омўхтан ва таҳлили қисми даромади буҷети давлатӣ барои соҳиб гаштан ба маълумоти пурра оиди буҷети давлатӣ дар ин давра, бояд иҷроиши қисми хароҷоти буҷети давлатиро таҳлил намуд.Барои ин аз маълумотҳои ҷадвали 6 истифода менамоем.
Иҷроиши хароҷоти буҷети давлатии Ҷумҳури Тоҷикистон дар солҳои 2006 Ҷадвали 6.

Соли 2006

Бо % нисбат ба

Буҷети
Аниқшуда

Иҷроиши
аслӣ

Буҷети аниқ-
шуда

МУД

1.

Даромад – ҳамагӣ.

1743667,6

1778795,1

102,0

19,1

аз он ҷумла:

2.

Сохтори ҳокимият ва идораи давлатӣ

222019,6

225744,5

101,7

2,4

3.

Маориф

323693,1

317723,8

98,2

3,4

4.

Нигоҳдори тандурустӣ.

106610,6

105368,6

98,8

1,1

5.

Суғуртаи иҷтимои ва ҳифзи иҷтимоӣ

279296,6

317015,9

113,5

3,4

6.

Хоҷагии манзилию
комуналӣ.

96224,1

101592,6

105,6

1,1

7.

Чорабиниҳои
фарҳангию омавӣ.

61265,4

61717,1

100,7

0,7

8.

Комплекси сузиш-
вори-енергетикӣ

40505,8

38222,8

94,4

0,4

9.

Кишоварзӣ,хоҷа-
гии ҷангал ва ғ.

45150,9

44387,7

98,3

0,5

10

Истеҳсол ва канда-ниҳои фоиданок

47276,5

44599,5

94,3

0,5

11

Нақлёт ва кому-
никатсия.

89614,9

87195,4

97,3

0,9

12

Дигар корҳои иқ-
тисоди ва хизмат-
расонӣ.

3846,9

3844,5

100,0

0,2

Дар соли 2006 бошад азхуднамоии маблағҳои буҷетӣ нисбат ба соли 2005 хеле хубтар ба чашм мерасад.Оиди иҷроиши хароҷоти буҷети давлатӣ дар соли 2006 ки он дар ҷадвали 6 акси худро ёфтааст, шаҳодат медиҳад.Дар ин давра хароҷоти умумии буҷети давлатӣ 102,0%-ро иҷро гардидааст ё,ки ба 2% барзиёд мебошад, яъне тамоми хароҷотҳои буҷети давлатӣ ба пурраги ва ҳатто барзиёд иҷро карда шудаанд. Бо баробари ин, дар як қатор соҳаи иқтисодиёти миллӣ ,нақшаи хароҷоти давлатӣ иҷро нагардидааст.Ба монанди соҳаҳои муҳим –маориф, ки ҳамаги нақшаи хароҷоти буҷет ба 98,2% иҷро карда шуда аст,ки он нисбат аз нақша ба 0,8% кам мебошад,дар соҳаи тандурустӣ -98,8% ё,ки 0,2% кам нисбат аз нақша ,дар соХаи комплекси сузишворӣ-энергетикӣ -94,4% ё,ки ба 5,6% аз нақша кам , соҳаи кишоварзӣ -98,3% ё,ки нисбат ба нақша 0,7% кам иҷро гардид ва ғайра.
Иҷро нагардидани нақшаи хароҷоти буҷети давлатӣ дар ин давра, албата ба фаъолияти маблағгузории онҳо бе таъсир намемонад, чунки як қисми маблағҳои ҷудогардидаи давлатӣ барои хароҷоти ин соҳаҳо аз худ карда нашудаанд , яъне баъзе барномаи чорабиниҳои ин соҳаҳо амали нагаштаанд.
Хулоса ҳамин аст,ки бояд маблағҳои хароҷоти буҷети давлатӣ ба
пуррагӣ аз худ шуданаш лозим.Бояд аз роҳбарони ин соҳаҳо талаб намуд ва ҷавобгари онҳо нисбат ба азхуднамоии маблағи буҷетӣ боз ҳам баландтар карда шавад.
Ҳамин тавр иҷроиши қисми хароҷоти буҷети давлатии Ҷумҳури Тоҷикистон дар соли 2007-ро дида баромада таҳлил менамоем,Ки маълумотҳои таҳлил дар ҷадвали 7 ифода ёфтааст.
Таҳлили иҷроиши хароҷоти буҷети давлатии Ҷумҳури Тоҷикистон дар соли 2007.
Ҷадвали 7.

Буҷети аниқ-
шуда

Иҷроиши
аслӣ

Бо ҳисоби% нисбат ба

Буҷети
аниқшуда

муд

1.

Даромад – ҳамагӣ.

3782022,9

3494823,6

92,4

27,3

аз он ҷумла:

2.

Сохтори ҳокимият ва идораи давлатӣ

435062,0

421059,2

96,8

3,3

3.

Маориф

437647,1

437048,3

99,9

3,4

4.

Нигоҳдори тандурустӣ.

150089,7

145189,4

96,7

1,1

5.

Суғуртаи иҷтимои ва ҳифзи иҷтимоӣ

345647,1

355591,9

102,9

2,8

6.

Хоҷагии манзилию
комуналӣ.

215255,9

216568,0

100,6

1,7

7.

Чорабиниҳои
фарҳангию омавӣ.

74236,9

76180,1

102,6

0,6

8.

Комплекси сузиш-
вори-енергетикӣ

51846,2

51842,6

100,0

0,4

9.

Кишоварзӣ,хоҷа-
гии ҷангал ва ғ.

78605,2

76931,3

97,9

0,6

10.

Истеҳсол ва канда-ниҳои фоиданок

27834,8

27639,7

99,3

0,2

11.

Нақлёт ва кому-
никатсия.

99649,5

94249,7

94,6

0,7

12.

Дигар корҳои иқ-
тисоди ва хизмат-
расонӣ.

5594,1

5592,6

100,0

0,5

Аз маълумоти ҷадвали 7 маълум гардид,ки соли 2007 нақшаи хароҷоти буҷети давлатии Ҷумҳури Тоҷикистон ба ғайр аз соҳаҳои суғуртаи иҷтимоӣ, фарҳангии маданӣ,хоҷагии манзилию комуналӣ ва комплекси сузишворию энергетикӣ боқимонда ҳамаи соҳаҳои иқтисодии мамлакат нақшаи хароҷоти буҷети давлатиро иҷро карда натнвонистанд.Ҳамаги иҷроиши қисми хароҷоти буҷети давлатӣ дар соли 2007 92,4% иҷро гардид, ки ба 7,6%-и нақшаи пешбинишуда иҷро нагардид.Аз он ҷумла: Сохтори ҳокимият ва идораи давлатӣ – 96,8% ё,ки нисбат ба нақша 3,2% кам мебошад. Соҳаи маорифи ҷумҳурӣ- 99,9% ё ки ба 0,1% нисбат аз нақша кам мебошад.
Дар соҳаи нигоҳдори тандурустӣ -96,7% ё,ки ба 3,3% кам
нисбат аз нақшаи пешбинишуда.Дар соҳаи кишоварзӣ ва ҷангал бошад, ҳамагӣ иҷрои нақша 97,8%-ро ташкил намуд, яяяяъне ба 2,2% кам нисбат аз нақша мебошад.
Соҳаи нақлиёт ва комуникатсия ҳамаги нақшаи хароҷоти буҷетро ба 94,6% иҷро намудааст,ки он ба 5,4% камтар аз нақша мебошад

Агар дараҷаи қисми хароҷоти буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар соли 2007 нисбат ба соли 2006 муқоиса намоем онгоҳ гуфтан мумкин аст, ки дар соли 2007 маблағ аз худ намоии маблағи буҷет нисбати соли 2006 хеле паст мебошад.Агар дар соли 2006 нақшаи умумии қисми хароҷоти буҷети давлатӣ 102,0% иҷро гардида бошад,вале дар соли 2007 нақша фақат ба 92,4% иҷро гардид,яъне ба 7,6% нақша иҷро нагардид ё инки ба маблағи 287199,3 сомонӣ аз худ карда нашуд. Аз худ нагаштани ин маблағ шаҳодати иҷро нагардидани чорабиниҳо ва барномаҳои давлатӣ дар ин соҳаҳо иҷро нагардидаанд.


Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *


Уважаемые читатели! Просим вас, оставляя комментарии, уважать друг друга и не злоупотреблять свободой слова.
Администрация сайта будет удалять:
1. Комментарии с грубой и ненормативной лексикой.
2. Оскорбления, угрозы и непристойные высказывания.
3. Высказывания, разжигающие национальную, религиозную и прочую рознь и вражду.
4. Комментарии, содержащие другие нарушения законодательства и прав граждан.
5. Комментарии, рекламирующие и продвигающие другие веб-ресурсы, товары и услуги, а также комментарии, не имеющие отношения к дискуссии.

Пользователи, которые нарушают эти правила грубо или систематически, будут заблокированы.