Среда, Ноябрь 20Вместе создадим светлое будущее!


Мафҳуми коғазҳои қиматнок ва тавсифи умумии онҳо

Қоғазҳои қиматнок ҳанӯз аз асрҳои асри миёна маълум буданд, баъди кашфиётҳои бузурги ҷуғрофӣ доираи савдои байналхалқӣ ниҳоят васеъ шуда буд…Қоғазҳои қиматнок ҳанӯз аз асрҳои асри миёна маълум буданд, баъди кашфиётҳои бузурги ҷуғрофӣ доираи савдои байналхалқӣ ниҳоят васеъ шуда буд. Аз ин рў, тоҷиронро зарур буд, ки миқдори калони сармоя ҷамъ оварданд. ғайр аз ин, қисми зиёди тоҷирони бузург аз ўҳдаи хароҷоти азхудкунии бозорҳои тиҷоратӣ ва таъминоти ашёи хом баромада натавониста, маҷбур шудаанд, ки сармояҳои худро якҷоя карда, фаъолият намоянд. Дар натиҷаи ҷамъитҳои саҳҳомии ҳаландӣ, ангилис ва ғайраҳо пайдо шудаанд. Чуноне ки таҷрибаи беш аз чорасраи мамлакатҳои мутараққии ҷаҳон нишон дод, қоғазҳои қимматнок дар Рушду нумҷи иқтисодиёти ҳар як мамлакат ҳисаи калон мебозанд, имконият медиҳад, ки буҷаи мамлакат аз ҳисоби андоз аз хариду фурўши қоғазҳои қимматнок қанъ гардад, даромаднокии мизоҷони ҳуқуқи ва воқеӣ аз ин ҳисоб баланд гардад.
ҳанўз чанд сол аз ин пеш чунин мафҳумҳо, ба монанди қоғазҳои қимматнок, саҳмия, вексел ва ғайраҳо барои аксари аҳолии Xумҳурии Тоxикистон мафҳумҳои номаълум ба ҳисоб мерафтанд.
Имрўз ин мафҳумҳо ба ҳаёти ҳаррўза ворид шуда, дар ояндаи наздик даромад аз ҳисоби қоғазҳои қимматнок дар хонадони ҳар як сокини xумҳурӣ, мавқеи намоёнро ишғол хоҳад кард.
қайд кардан зарур аст, ки дар ин масъала дар xумҳурӣ корҳои зиёде бояд анxом дода шавад, чунки интишор ва фурўши онҳо дар мамлакат ин раванди нав буда, барои беҳбудӣ ва тараққиёти он таxрибаю малакаи зарурӣ лозим аст. Бояд иқрор шуд, ки то имрўз дар xумҳурӣ қонунҳои xоришуда ва ҳуxxатҳои методию методологӣ нисбат ба ин раванд, ба талаботи имрўза xавоб дода наметавонанд.
Сарфи назар аз ин, дар солҳои наздик бо кeмаки Вазорати Молияи xумҳурӣ ва Бонки миллии Тоxикистон як қатор чораҳои назаррас оид ба ривоxу равнақ додан, интишор ва фурўши қоғазҳои қимматнок андешида шудаанд.
Соли 1993 дар Бонки миллии Тоxикистон шeъбаи қоғазҳои қимматнок ҳамчун воҳиди мустақили низоми бонкӣ созмон дода шуд. Дар назди Вазорати Молияи Xумҳурии Тоxикистон, Идораи қоғазҳои қиматнок ва сармоягузории хориxӣ амал мекунад. ҳадафи ташкили чунин сохторҳои идорасозӣ – татбиқи сиёсати иқтисодии ҳукумати Xумҳурии Тоxикистон, оиди бозори қоғазҳои қимматнок ва ба даст овардани маълумоти дақиқ дар бораи вазъи имрeзаи қоғазҳои қимматнок дар қаламрави xумҳурӣ ва дар асоси онҳо андешидани тадбирҳои судбахш мебошад.
Xумҳурии Тоxикистон барои ривоxу равнақ додани xамъиятҳои саҳҳомӣ манфиатдор аст, чунки ташкили сармояи саҳомӣ ба воситаи интишор ва фурўши қоғазҳои қимматнок яке аз усулҳои асосии давраи гузариш ба ҳисоб мераванд.
Дар шароити иқтисоди бозоргонӣ ба таври доимӣ, барои аз ҳисоби як шахс ба шахси дигар гузаронидани маблағҳо, як қатор талаботҳо вуxуд доранд. Чунин талаботҳо метавонад дар шакли додану ситонидани қарз ва ба воситаи бароришу xобаxо гузории қоғазҳои қимматнок дар ҳолатҳои хариду фурўши амвол ва хизматрасониҳо сурат гирад. Дар ин маврид қоғазҳои қиматнок ҳамчун як шакли таxассумёфтаи муносибатҳои бозории байни иштирокдорони бозор ба миён омада, худи ин қоғазҳои қиматнок ба сифати объекти умумии ин муносибатҳо хизмат менамоянд. Ба ибораи дигар, ҳамагуна додугирифти шартномавӣ нисбат ба харид ё фурўш на ба шакли пули ё моли, балки ба воситаи қоғазҳои қиматнок сурат мегирад. Аммо дар ин ҳоллат ба xои пул ё мол на худи қоғази қимматнок, балки арзиши он амал мекунад, ин арзиш бояд ё баробари қимати мол ё пул, ё аз онҳо зиёдтар бошанд.
қоғазҳои қимматнок – як шакли сармояест, ки метавонад ба ивази пул ё мол фурўхта шаванд ва дар бозор дар шакли мол ҳаракат намоянд ва ба соҳибонашон даромад оранд. Ин як навъи махсуси мавxудияти сармоя дар шакли пулӣ ё молӣ мебошанд. Мазмуни ин аз он иборат аст, ки соҳиби саҳмия худи саҳмияро надорад, аммо вай тамоми ҳуқуқҳоро дар шакли қоғази қимматнок пайдо мекунад.
Истилоҳи қоғази қиматнок гуногунмазмун буда, худи муносибатҳои иқтисодие, ки онҳоро таxассум менамоянд, гуногуншакл ва мураккаб буда, доимо шакли худро дигар мекунанд ва афзоиш меёбанд.
қоғази қимматнок дар шакли мафҳуми умумиаш – ин чунин ҳуxxатест, ки бо нархи муайян хариду фурўш карда мешавад.
Вазифаҳои қоғазҳои қимматнок аз инҳо иборатад:

Тақсим кардани маблағ дар байни соҳаҳои гуногуни иқтисодӣ мувофиқи марз, гурўҳҳои аҳолии байни давлатҳо ва ғайраҳо.
ҳуқуқи махсус додан ба соҳибони қоғазҳои қимматнок, ғайр аз ҳуқуқи иштирок доштан дар идораи ба даст даровардани ҳар гуна маълумоти лозимӣ, ҳуқуқи якуминдараxа доштани соҳибони саҳмияҳо дар ҳолатҳои махсус ва ғайраҳо.
Таъмини даромад аз ҳисоби саҳмгузориҳо дар шакли дивиденд ва баргардонидани маблағи худи саҳмия.
қоғазҳои қиматнок дорои хусусиятҳое мебошанд, ки онро аз маблағҳои пулӣ фарқ кардан мумкин аст. Вай метавонад дар шакли маблағҳои пулӣ дар ҳисобу китоб иштирок намояд. Дар мeҳлатҳои даркорӣ ба пул табдил дода шаванд, ба сифати амонат хизмат намояд, дар мeҳлати чандин сол ё бемўҳлат ба мерос дода шаванд.
Дар аввал тамоми қоғазҳои қимматнок, танҳо дар шакли қоғаз амал менамоянд, аз ҳамин сабаб номи аслии онҳо ба миён омадааст. Нархи ин қоғазҳо аз рўи навиштаxоти дар онҳо xойдошта, ё аз рўи муомилот дар бозор муайян мегарданд.
Тараққиёти муносибатҳои бозорӣ дар солҳои охир ба он оварда расонд, ки навъҳои навтарини қоғазҳои қимматнок, аз xумла саҳмияҳои ғайриқоғазӣ ё беҳуxxат пайдо шудаанд. Чунин дигаргунӣ бо сабабҳои зерин ба амал омадаанд:

Миқдори қоғазҳои қимматноки дар гардиш буда, зиёд шуда, шакли ҳуxxатии онҳо низ зиёд гардидаанд.
Дар вақти пардохтани даромадҳо аз фоидаи қоғазҳои қимматнок дар шакли дивиденд ва хариду фурўши онҳо, эҳтиёxи пешниҳод кардани қоғазҳои қимматнок аз байн мераванд.
Гардиши қоғазҳои қимматнок дар вақти ҳисобу китоб ва аз як соҳиби саҳмия ба соҳиби дигар гузаштани онҳо, ба шакли соддатар ва осонтар ҳисоб карда мешаванд.
Дар бозори қоғазҳои қимматнок дигаргуниҳои куллӣ ба амал омаданд ва дар баробари зиёд шудани шумораи саҳмияҳои исмӣ, ҳадди ақали саҳмияҳои беном кам шудаанд.
Пешрафти бозори қоғазҳои қимматнок ва навовариҳои техникаи ҳисоббарории электоронӣ вобаста ва дар натиxа саҳмияҳои навъи электронӣ пайдо шудаанд. Дар ояндаи наздик онҳо дар бозори қоғазҳои қимматнок мақоми махсусро ишғол хоҳанд кард.
Дар мамлакатҳои аз xиҳати иқтисодӣ тараққикарда, шакл ва таснифи қоғазҳои қиматнок, пеш аз ҳама дар мақсаду мароми онҳо, дар барориш, гардиш ва гирифтани даромадҳо муайян мекунанд, зоҳир мегарданд.
Ба қоғазҳои қимматнок инҳо дохил мешаванд:
– саҳмияҳо;
– вомбаргҳо;
– векселҳо;
– чекҳо ;
– тасдиқномаи амонатӣ.
Саҳмия – қоғази қимматнокест, ки онро xамъиятҳои саҳомӣ ё корхонаю ширкатҳои дигар бо мақсади ба кор андохтани маблағҳои озод ва истифода нашаванда, ҳамчун сарчашмаи иловагии маблағгузории истеҳсолот ба ҳисоб мераванд, мебароранд. Саҳмия аз дохил шудани маблағ ба ҳисоби сармояи xамъияти саҳомӣ шаҳодат дода, барои гирифтани қисми даромад дар шакли дивиденд ҳуқуқ дода мешавад.
Арзиши исмии саҳмияро, арзиши дар он сабтшуда ва нархи ҳақиқии онро, нархи фурўши он ташкил медиҳад.
Саҳмияҳо оддӣ ва имтиёзнок мешаванд. Саҳмияҳои оддӣ ба соҳибони худ ҳуқуқ медиҳанд, ки дар маxлиси умумии саҳмдорон иштирок карда, ҳуқуқи овоздиҳӣ дошта бошанд. Саҳмияҳои муқаррарӣ ба тариқи саҳмияи исмӣ ва беном бароварда мешаванд.
Даромад аз ҳисоби чунин саҳмияҳо ба тариқи дивиденд дар шакли фоида дода мешавад. Дивиденд барои саҳмияҳо аз ҳисоби даромади софи корхона дода мешавад.
Саҳмияи имтиёзнок – аз саҳмияи оддӣ фарқи кулли дорад. Даромад аз ҳисоби ин саҳмияҳо ба тариқи дивиденди тасдиқшуда дода мешавад. Соҳиби ин саҳмияҳо дар маxлиси умумии саҳмдорон ҳуқуқи овоз доданро надорад, аммо ҳуқуқ дорад, ки пеш аз дорандаи саҳмияи оддӣ дивиденд гирад, ҳатто дар ҳолате ки корхона зараровар бошад. Дар ҳолати набудани маблағ, соҳиби ин саҳмияҳо метавонанд дар ивази пул аз корхона маводу ашё ба даст орад.
Саҳмия метавонад xойгиршуда ва эълоншуда бошад. Дар ҳолати якум, саҳмияҳоро ба фурўш бароварда, дар ҳолати дуввум бошад, xамъияти саҳҳомӣ ҳуқуқи фурўши саҳмияҳои иловагиро мегирад.
Додани дивиденд, чун қоида, аз натиxаи қарори маxлиси саҳмдорон вобаста аст ва аз ин сабаб xамъияти саҳмдорон дар назди саҳмдорон xавобгар нестанд. Дивиденд мумкин аст ҳатто барои саҳмияҳои имтиёзнок, агар дар ин хусус маxлиси саҳмдорон қарор қабул намояд, дода мешаванд.
Вомбарг (облигатсия) навъи барориши қоғазҳои қимматнокест, ки ба соҳибаш ҳуқуқи аз эмиссиягар гирифтани ҳаққи саҳмия, нархи исмӣ ва фоизи онро дар мeҳлате, ки дар он нишон дода шудааст, медиҳанд. Ин вомбарг дар шакли купон, ғайрикупонӣ ва мубодила- шаванда бароварда мешаванд.
Купон даромадест, ки аз рўи вомбарги қарзии баҳрадор дода мешавад. Вай метавонад доимӣ ва ивазшаванда бошанд. Даромад аз рўи варақаи бекупон, фарқи байни нарх ва арзиши ҳақиқии он мебошанд. Даромад аз ҳисоби фоиз аз нархи исмии он ҳисоб карда мешаванд.
Варақаи баҳрадори воми амонатии давалтӣ қоғази қимматнокест, ки дар шакли ҳуxxат бароварда мешавад.
Эмитенти чунин навъи варақа Вазорати молия ба ҳисоб меравад. Онро шахсони ҳуқуқӣ ва ҳам шахсони воқеӣ метавонанд дастрас намоянд.
Аммо аз рўи мақсадашон онҳо дар навбати аввал, бояд ба шахсони воқеӣ фурўхта шаванд. ҳаxми фоизи онҳо баъди ҳар 10 рўз дар купонҳои аввала ва баъдан дар ҳар 6 рўз дар купонҳои боқимонда нишон дода шаванд.
Фурўши аввалаи варақаи баҳрадорӣ аз тарафи бонкҳо, муассисаҳои молиявӣ ва дигар муассисаҳои муқарраршуда ба анxом расонида мешаванд. Дар вақти ташкилу xобаxосозии аввалаи варақаҳо Вазорати молия, дар он қайдҳои иштирокдоронро нишон дода, нархи ҳар як варақаро муайян менамояд, мувофиқи он ташкилотҳое, ки дар музояда бурд мекунанд, метавонанд варақаҳои худро ба Вазорати молия фурўшанд.

Вексел ин қоғази қимматнок ё шаҳодатномаест, ки дорои гувоҳ ё дастури хаттии векселдиҳанда буда, дар хусуси ба соҳиби он, дар мeҳлати дар он муқарраршуда додани як миқдори муайяни воситаҳои пулӣ ё аз рўи eҳдадориҳо пардохтани он ва ба дорандаи он шаҳодат медиҳанд.
Вексел навъҳои зеринро дорад:

вексели бонкӣ;
вексели давлатӣ;
вексели тиxоратӣ;
вексели оддӣ;
вексели интиқолӣ;
вексели дорои камбудии расмӣ;
вексели ба мeҳлати пешниҳодшуда;
вексел бо мeҳлати пардохт аз давраи супурда шуданаш;
вексел бо мeҳлати муайяни пардохт аз давраи таҳия шуданаш;
10.вексели мeҳлати пардохташ дар рўзи муайяншуда.
Вексели бонкӣ – вексели бонкӣ, вексели мамлакати алоҳидае мебошад, ки ба воҳидҳои бонкҳои дар дигар мамлакатҳо буда ҳавола карда мешаванд.
Вексели давлатӣ – ин қоғази қимматноки кeтоҳмуддати давлатиест, ки мeҳлати эътибори он аз як сол зиёд набуда, балки вай мунтазам дар муомилот мебошад ва дар бозори озоди воситаҳои пулӣ мавқеи бартариро ишғол менамоянд. Давлат ин векселро бо мақсади xуброн намудани хароxотҳои худ мебарорад.
Вексели тиxоратӣ -ин векселест, ки ба қарзгиранда бар ивази гаравгузории амвол дода мешаванд.
Вексели оддӣ – eҳдадории қарзи ҳаттмиест, ки онро қарздор навишта имзо ва муҳри худро мегузорад. Дар он eҳдадорие зикр мегардад, ки мувофиқи он қарздор миқдори муайяни воситаҳои пулро дар мeҳлати муқарраршуда мепардозад ва ба сифати қоғази тиxоратие, ки амонати махсус надоранд, ба кор бурда мешаванд.
Вексели интиқолӣ -ин фармони қатъии хаттии як шахс ба шахси дигар мебошад ва дар хусуси тақдим намудани чунин ҳуxxат ё дар вақти таъиншуда, пардохтани миқдори муайяни воситаҳои пули ба шахси талабкунандаи ин ҳуxxат, ё ба шахсест, ки номаш дар ҳуxxат зикр гардидааст.
Тасдиқномаи амонатӣ – ин воситаҳои пули озоди (беҳаракат) –и аҳолӣ ва ташкилотҳое мебошанд, ки ба мeҳлати муайян барои нигоҳ доштан ба ихтиёри бонк дода мешаванд ва дар ивазаш тасдиқномаи амонатӣ гирифта мешавад. Ин ҳуxxати хаттии бонк буда, оид ба амонат супоридани пул мебошад, ба соҳиби он кафолати ҳуқуқии дар мeҳлати муайян гирифтани воситаҳои пулии амонатгузошташуда ва фоизи онро медиҳанд.
Чек – супориши хаттии чекдиҳанда ба бонк барои ба соҳиби он додани миқдори муаяни пули дар он сабтёфта мебошанд.
Чек – қоғази қимматнокест, ки ҳамчун ҳуxxати пардохтию ҳисобу китоби хизмат менамояд. Аз рўи табиати иқтисодии худ, чек воситаи интиқолии пардохти ғайринақдӣ дар симои бонк мебошанд.
Навъҳои зерини чек вуxуд доранд:

Чеки номнавис – ба номи шахси муайян навишта шуда, дар он навиштаxоти «бе фармон» дарx меёбад, яъне ба шахси дигар додани чек манъ аст.
Чеки дастурӣ – ба шахси мушаххас дода мешавад, ки дар он навиштаxоти «бо фармон» xой дорад, яъне бо воситаи навиштаxоти гузаранда (индоссамент) ба шахси дигар додани чек мумкин аст.
Чеки беном – ба шахси пешниҳодкардаи он пул дода мешавад ва ин чек метавонад аз як шахс ба шахси дигар гузарад.
Чеки ҳисобу китоб – ба воситаи он воситаҳои пулии нақд дода намешавад.
Чеки пулӣ – барои гирифтани пули нақд ба кор бурда мешаванд.
қоғазҳои қимматнок дарозмуддат ва сармоягузорӣ мешаванд.
Аз рўи қоғазҳои дарозмуддат эмитент вазифадор аст, ки фоиз ва қарзҳоро аз рўи xадвали муайяншуда баргардонанд. Ба ин қоғазҳо ҳамаи навъи варақаҳои баҳрадор ва векселҳо новобаста аз он, ки мeҳлати барориши онҳо чанд вақт аст, дохил мешаванд.
қоғазҳои сармоягузорӣ ба соҳибони худ ҳуқуқ медиҳанд, ки дорои қисми активи эмитент бошанд. Ин навъи қоғазҳо тасдиқномае мебошанд, ки аз вуxуд доштани сармояи соҳиби худ дар ин ё он ширкат шаҳодат медиҳанд.
Ба қоғазҳои сармоягузорӣ тамоми навъҳои векселҳо новобаста аз бароришгари онҳо дохил мешаванд.
Дар навбати худ қоғазҳои қимматноки дарозмуддат ва самоягузорӣ ба қоғазҳои қимматноки хазинадорӣ, яъне инҳо – қоғазҳои қимматноке мебошанд, ки аз номи ҳукумат ва Вазорати молия бароварда мешаванд ва яке аз навъҳои боварибахши қоғазҳои қимматнок ба ҳисоб мераванд. Таъминоти онҳоро буxети давлат ба зиммаи худ мегирад. Ба ин навъи қоғазҳо қоғазҳои қимматноки зерин дохил мешаванд:
1. Векселҳои хазинадорӣ.
2. Варақаҳои баҳрадорию хазинадорӣ.
ғайр аз ин, боз қоғазҳои шаҳрдорӣ (мунисипиалӣ) ва рифоҳӣ (коммуналӣ) низ мавxуданд. Ин қоғазҳои мақомоти маҳаллӣ ва корхонаҳое ба ҳисоб мераванд, ки ба моликияти шаҳрдорӣ дохил мешаванд. Онҳо аз ҳисоби андози маҳал ва кeмакпулии ҳукуматҳо таъмин карда мешаванд. Навъҳои асосии ин қоғазҳо – варақаҳои баҳрадории шаҳрдорӣ ва рифоҳӣ мебошанд.
Аз рўи xой ва мақомот қоғазҳои қимматнок ба навъҳои зерин тақсим мешаванд:

Дар бозори асъор – ин бозор як қисми бозори молиявест, ки барои хариду фурўши қоғазҳои кeтоҳмуддат истифода мешаванд. Мeҳлати гардиши қоғазҳои қимматнок дар ин бозор аз як рўз то як сол мебошад. Дар ин xо қоғазҳои қимматнок бо хатари камтарин амал мекунанд. Ба ин навъи қоғазҳои қимматнок векселҳои хазинадорӣ, тасдиқномаи амонатӣ ва қоғазҳои тиxоратӣ дохил мешаванд.
Дар бозори сармоя қоғазҳои қимматнок аз рўзи бароришашон, то як сол амал мекунанд. қоғазҳои қимматноки ин бозор метавонанд дарозмуддат ва ҳам сармоягузоришаванда бошанд ва аз тарафи ҳамин эмиссиягарон бароварда мешаванд.
қоғазҳои қимматнок аз тарафи субъектҳои зерин бароварда мешаванд:

давлат;
бахши хусусӣ;
субъектҳои хориxӣ;
қоғазҳои қимматноки давлатиро инҳо мебароранд:

ҳокимияти марказӣ.
Мақомоти давлатии маҳаллӣ.
Муассиса ва корхонаҳои алоҳидаи мустақиле, ки давлат онҳоро дастгирӣ менамояд.
қоғазҳои бахши хусусиро чунин ташкилотҳо мебароранд:

Ширкатҳои соҳаҳои гуногун.
Бонкҳои тиxоратӣ.
Бонкҳои сармоягузорӣ.
Фондҳои сармоягузорӣ ва ғайраҳо.
Аз рўи механизми ба даст даровардани даромад, қоғазҳои қимматнок ба навъҳои зерин тақсим мешаванд:
– қоғазҳои қимматнок бо даромади тасбитшуда (саҳмияи имтиёзнок, қоғазҳои баҳрадор, гувоҳиномаҳо, тасдиқномаҳои амонатӣ);
– қоғазҳои қимматноки дорои даромади ивазшаванда (саҳмияи оддӣ).
Аз рўи паҳнсозии ҳудудӣ, қоғазҳои қимматнок ба навъҳои зерин тақсим мешаванд:

минтақавӣ (маҳаллӣ);
миллӣ ва xаҳонӣ (байналхалқӣ).
қоғазҳои қимматнок навъҳои зерин доранд:
– қоғазҳои қимматноки исмӣ – дар ин қоғазҳои қимматнок ному насаби соҳиби онҳо дарx мегардад. Бартарии онҳо нисбат ба қоғазҳои беном аз он иборат мебошанд, ки дар ин қоғазҳо номи соҳиби онҳо дарx ёфта, ҳар як фаъолият нисбат ба ин гуна қоғаз ба қайд гирифта мешаванд ва аз ин сабаб онҳо дар ҳолати супоридан қулайтаранд;
– қоғазҳои қимматноки беном – дар онҳо номи соҳиби саҳмия дарx намеёбад ва соҳиби онҳо шахсоне ҳисоб меёбанд, ки онҳоро пешниҳод кардааст;

қоғазҳои қимматноки беқоғаз – доимо метавонад саҳмияи исмӣ бошанд, чунки дар хотираи электорони онҳо, дар шакли мушаххаси ҳуқуқӣ ё воқеӣ ба қайд гирифта мешаванд. Ин қоғазҳо аз як тараф агар хароxоти зиёдеро талаб намоянд ва аз тарафи дигар онҳо метавонанд сифати навро соҳиб шаванд. Ин имкон медиҳад, ки онҳо ба стандарти xаҳонӣ xавобгў бошанд ва дар тамоми бозорҳои xаҳонӣ гардиш намоянд.


Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *


Уважаемые читатели! Просим вас, оставляя комментарии, уважать друг друга и не злоупотреблять свободой слова.
Администрация сайта будет удалять:
1. Комментарии с грубой и ненормативной лексикой.
2. Оскорбления, угрозы и непристойные высказывания.
3. Высказывания, разжигающие национальную, религиозную и прочую рознь и вражду.
4. Комментарии, содержащие другие нарушения законодательства и прав граждан.
5. Комментарии, рекламирующие и продвигающие другие веб-ресурсы, товары и услуги, а также комментарии, не имеющие отношения к дискуссии.

Пользователи, которые нарушают эти правила грубо или систематически, будут заблокированы.