Пятница, Ноябрь 15Вместе создадим светлое будущее!


Бозори қоғазҳои қиматнок ва иштирокчиёни он

Тараққиёти муноситбатҳои бозори ташакули чунин бозореро металабад, ки бояд ин усулиҳои босамараи ҷалбкунии сармоягузориҳо, андухтҳо ва истифодаи сармоя баҳри эҳтиёҷоти иқтисодиёти кишварро таҳия гардонад. ..Тараққиёти муноситбатҳои бозори ташакули чунин бозореро металабад, ки бояд ин усулиҳои босамараи ҷалбкунии сармоягузориҳо, андухтҳо ва истифодаи сармоя баҳри эҳтиёҷоти иқтисодиёти кишварро таҳия гардонад. ҷараёни ташаккулёбии тараққӣ ёфтани бозори қоғазҳои қимматнок дар шароитҳои ҷойдошта характери объективӣ ва қонуни дорад. Пеш аз ҳама, дар натиҷаи мураккабият ва васеъ гардидани фаъолияти истеҳсолӣ ва тиҷорати талаб дар ҷалб намудани ҳаҷми харҷи бештари воситаҳои қарзӣ меафзояд, ки онро аз ҳисоби барориш ва фурўши қоғазҳои қимматнок қонеъ гардонидани мумкин мегардад.
Тавре маълум аст, бисёре аз корхонаҳо воситаҳои пулию молии худро дар бозорҳо ба даст меоранд. қисми зиёди маҳсулоти xамъиятӣ ҳам дар шакли айёнӣ ва ҳам дар шакли пулӣ ба воситаи бозорҳо гардиш менамоянд. Дар қатори бозорҳои дорои воқеӣ, молӣ, қарзӣ, бонкӣ, шакли дигари он, бозори қоғазҳои қимматнок ба ҳисоб мераванд.
Бозори қоғазҳои қимматнок аз навъҳои зерин иборат мебошанд:
а) Аз xиҳати xобаxогузорӣ ва гардиш – бозори якумдараxа ва дуюмдараxа мебошанд.
б) Аз xиҳати мўҳлати истифода – пулӣ ва қарзӣ мебошанд.
в) Аз xиҳатӣ гардиши ҳудудӣ – минтақавӣ, миллӣ ва xаҳонӣ мешаванд.
г) Аз xиҳати шакли ташкилӣ – бозорӣ ва ғайрибозорӣ мешаванд.
Иштирокдорони асосии бозори қоғазҳои қимматнок инҳо ба ҳисоб мераванд:
а) Барорандагон (эмитентҳо) – давлат ё шахсони ҳуқуқие, ки қоғазҳои қимматнокро бароварда, баъди ба фурeш рафтани онҳо дар назди дорандагони ин қоғазҳо eҳдадориҳоро ба зимма мегиранд.
б) Сармоягузорон – шахсони воқеъӣ ва ҳуқуқие мебошанд, ки аз номи худ ва бо пули худ қоғазҳои қимматнокро харидорӣ менамоянд.
в) Муассисаҳои сармоягузорӣ – ин шахсони ҳуқуқие мебошанд, ки вазифаи асосии онҳо кор бо қоғазҳои қимматнок мебошанд.
Гардиши саҳмияҳо дар бозори қоғазҳои қимматнок афзалиятҳои зеринро доранд:
Имконият медиҳанд, ки саҳмияҳо ба осонӣ ба фурўш раванд.
Иттилоияи ҳамаxониба имкон медиҳад, ки қарорҳои дахлдору судманд қабул карда шаванд.
Саҳмия метавонад ба сифати кафолат истифода бурда шаванд.
Бозори қоғазҳои қимматнок (фондӣ) – xамъияти саҳҳомиест, ки он ба савдои қоғазҳои қимматнок машғул мебошад, вале мақсади он ба даст овардани фоида аз ҳисоби фурўши ин қоғазҳои қимматнок мебошанд.
Яке аз шаклҳои бозори қоғазҳои қимматнок биржа ба ҳисоб меравад.
Усулҳои асосии бозорӣ қоғазҳои қиматнок аз ҳақиқатгўӣ ва боваринокӣ, мавxуд будани мутахассисони дорои таxрибаю малакаи баланд, кафолатдиҳии анxом додани ҳисобу китоб, назорат аз болои ҳисобу китоби молиявӣ ва кори аъзоёни биржа иборат мебошанд.
Биржа ба муштариёни худ, кафолатҳои зеринро медиҳад:
– танзиму муқаррар кардани xараёни нархгузорӣ дар бозор;
– кафолати ҳисобу китоби молиявӣ;
– ростқавлӣ дар асоси доду гирифти бозор;
– муҳофизат кардани маблағи муштариён;
– таъмин намудан бо маълумоти дақиқ;
– сари вақт ба инобат гирифтани арзу шикоятҳо;
– ҳал намудани норозигиҳои байни муштариён ба воситаи суди Олии иқтисодӣ.
Биржаи қоғазҳои қимматнок, бояд доираи сармоягузоронро васеъ намояд, саҳмдорони навро xалб намоянд, барои хариду фурўши қоғазҳои қимматнок шароити мусоид муҳайё созад, барои сари вақт додани ҳақ ва гузаронидани амалиётҳо дар биржа кафолат диҳад.
Биржаи қоғазҳои қимматнок вазифадор аст:
– барои ба таври озод муайян намудани нархҳо мусоидат намояд;
– ҳамаи иштирокдорони биржаро сари вақт бо маълумоти пурраю дақиқ таъмин намояд;
– нархи қоғазҳои қимматнокро чоп карда, онҳоро ба иштироккунандагони биржа сари вақт мерасонад.
Мақсадҳои асосии биржаи қоғазҳои қимматнок аз инҳо иборат мебошанд:
– ба фурўш баровардани навъҳои навтарини қоғазҳои қимматнок;
– муҳайё намудани шароит барои сармоягузорон;
– таъин кардани нархҳо дар биржа ва рўи рост эълон намудани нархҳо;
– омода сохтани xойҳои махсус барои савдои қоғазҳои қимматнок.
Навъи бозорҳое, ки дар онҳо қоғазҳои қимматнок барои хариду фурeш бароварда мешаванд низ гуногунанд. Яке аз шаклҳои асосии онҳо бозори ғайри муташаккил ба ҳисоб меравад. Дар ин xо харидор ва ҳам фурўшанда байни худ гуфтушунид ороста, доираи талаботу таъминотро, ба ин ё он навъи қоғазҳои қимматнок муайян менамоянд ва байни ҳамдигар шартномаи додугирифт мебанданд. Дар ин ҳолат шарту шароити ин доду гирифтҳо танҳо ба иштироккунандагони онҳо маълум мешаванд ва дастраси оммаи васеъ намегарданд.
Бо мурури замон, бозори ғайримуташаккил ба бозори ҳақиқии молиявии муташаккил гузашта, дар шаклҳои зерин амал менамоянд:

бозори оддии музояда;
савдои музоядаи дутарафа;
бозори интиқолӣ.
Чуноне, ки маълум аст, қисми зиёди қоғазҳои қимматнок берун аз бозор, дар бозори даллолон гардиш менамоянд. Дар ин xо даллолон нархҳоеро, ки дар заминаи он худи e ба харидани қоғазҳои қимматнок розӣ мебошанд ва нархҳои мавxударо ба табъи фурeшандагон мерасонанд.
Хусусияти асосии бозори дуюмдараxаи қоғазҳои қиматнок аз доираи васеъ ва мутақобилае иборат мебошанд, ки дараxаи нархи муқарраршудаи онро муайян намоянд. Чи қадаре, ки талабот ба хариду фурўши қоғазҳои қимматнок бо нархи муқарраршуда зиёд бошанд, ҳамон қадар доираи бозори дуюм васеъ хоҳад шуд.
Биржаи фондӣ – ин муассисаи махсусест, ки дар он вохурии фурeшандагону харидорони қоғазҳои қиматнок барпо мегарданд. Он имконият медиҳад, ки талаботу таклифот якxоя шаванд ва самараи бозор баланд гардад.
Биржа на танҳо xои махсус барои доду гирифт мебошад, балки системаи муайяни ташкили савдое мебошанд, ки танҳо бо қоидаҳои махсус амал мекунанд.
Барои савдо дар биржа, чун анъана қоғазҳои қимматноке роҳ дода мешаванд, ки барои такомули бозор шароити доимӣ муҳаё менамоянд.
Дар савдои биржавӣ қурби бозорӣ қоғазҳои қимматнок муайян карда мешаванд. Биржаҳои фондӣ дар шакли иттиҳодияҳо ва xамъиятҳои саҳҳомӣ ташкил мегарданд. Фарқияти хоси биржа иборат аз он мебошад, ки вай дорои хусусиятҳои ғайритиxоратӣ мебошад.
Мақсади асосии фаъолияти биржа аз таъмини шароити мусоид барои доираи васеъ ва самараноки савдои қоғазҳои қимматнок равона карда мешаванд. Даромади биржа маҳдуд буда, вай танҳо аз андозаи маблағи барои таъмину мавxудияти бевосита ва тараққиёти ба ояндаи он зарeр иборат буда ва барои додани дивиденд ба субъектҳое, ки ҳиссаи худро дар сармояи оинномавӣ гузоштаанд, истифода бурда намешаванд.
Шарти асосии ба узвияти биржа дохил шудан, ин пеш аз ҳама аз тарафи дорандагони қоғазҳои қимматнок риоя намудани қонунҳои мавxуд буда ва доштани иxозатнома аз тарафи Вазорати молия мебошад.
Дар амал самаранок татбиқ намудани механизми савдои биржавӣ, пеш аз ҳама мавxудияти дақиқ ва доимо амалкунандаи системаи қабул ва фурўши қоғазҳои қимматнок ва иxрои супоришҳои аз тарафи муштариён додашударо талаб менамоянд.
Тавре дар боло қайд карда шуд, савдои қоғазҳои қимматнок на танҳо дар биржаҳо, балки берун аз он, дар бозорҳои ғайри биржавӣ низ гузаронида мешаванд. Шакли бештари савдои ғайрибиржавӣ дар ИМА тараққӣ кардааст, чунки дар он xо стандартҳои баланд барои хариду фурўши қоғазҳои қимматнок муқаррар шудаанд, аз ҳамин сабаб, бисёре аз ширкатҳо саҳмияҳои худро дар дохили он фурўхта наметавонанд ва бинобар ин қисми зиёди қоғазҳои қимматнок берун аз биржа гардиш менамоянд.
Дар чунин бозорҳо қисми зиёди ширкатҳо ба сифати даллол (брокер) ва қисми дигараш бошад ба сифати савдогар (дилер) якбора амал менамоянд.
Ширкати даллолон аз муштариёни фурeшандаҳо супоришҳоро қабул карда, ба муштариёни дигари бозорҳои ғайри биржавӣ робита барқарор менамояд ва ба онҳо таклиф пешниҳод менамояд, ки қоғазҳои қимматноки дар супоришнома нишондодашударо харидори намоянд.
Савдогарон дар бозорҳои ғайрибиржавӣ, чун анъана бо якчанд навъи саҳмияҳо кор мекунанд. Онҳо як қисми қоғазҳои қимматнокро бо мақсади захира кардан харида, баъд бо назардошти вазъи бозор онҳоро боз ба бозор ба фурeш мебароранд.
Савдогарон дар бозори қоғазҳои қимматнок вобаста ба мўҳлати гардиши қоғазҳои қимматнок, ба савдогарони доимо дар бозорддати амалкунанда ва савдогарони дар як муддати кeтоҳ амалкунанда тақсим мешаванд.


Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *


Уважаемые читатели! Просим вас, оставляя комментарии, уважать друг друга и не злоупотреблять свободой слова.
Администрация сайта будет удалять:
1. Комментарии с грубой и ненормативной лексикой.
2. Оскорбления, угрозы и непристойные высказывания.
3. Высказывания, разжигающие национальную, религиозную и прочую рознь и вражду.
4. Комментарии, содержащие другие нарушения законодательства и прав граждан.
5. Комментарии, рекламирующие и продвигающие другие веб-ресурсы, товары и услуги, а также комментарии, не имеющие отношения к дискуссии.

Пользователи, которые нарушают эти правила грубо или систематически, будут заблокированы.