Четверг, Ноябрь 14Вместе создадим светлое будущее!


Сандуқи қоғазҳои қимматнок

Тартиби сандуқи қоғазҳои қимматнокро ҳар як шахси ҳуқуқи ва воқеи вобаста аз мақсад ва масъалаҳои стратегияи вомбарг нисбати хатарноктар аст, оиди он ноқисии стандарти шаҳодат медиҳад…Сандуқи қоғазҳои қимматнок- маҷмўи ба таври муайян ҷамъ овардашудаи намудҳои алоҳидаи қоғазҳои қимматнок мебошад. Чунин сандуқ аз намудҳои гуногуни қоғазҳои қимматнок бо таваккали гуногуни маблағгузории ташаккул меёбад. Маросими тартиб додани чунин сандуқҳо стратегияи сандуқи ном дорад. Сандуқҳои қоғазҳои қимматнокро мақсадҳои нигоҳдори (афзонидан) – и сармоя ё гирифтани фоида ташаккул медиҳад.
Тартиби сандуқи қоғазҳои қимматнокро ҳар як шахси ҳуқуқи ва воқеи вобаста аз мақсад ва масъалаҳои стратегияи вомбарг нисбати хатарноктар аст, оиди он ноқисии стандарти шаҳодат медиҳад:

қоғазҳои қимматнок

Меъёри даромади
имконпазир

Нақшаи
Стандартӣ:

Сертификати депозити бонк

8

2

Саҳми ҷСШК «Сарҳад»

8

10

Вомбарги ҷСШК
«Муваффақ»

4

2

қайд кардан лозим аст, ки ноқисии стандарти дуршавӣ аз қиммати миёнаи таваккали сармоягузори мебошад. Мувофиқи қоидаи дуюм, сертификати депозитии бонк нисбат ба вомбарги ҷСШК «Муваффақ» қоғази қимматноки ҳукумфармост. ҳар дуи онҳо дараҷаи якхелаи таваккалиятро дорад (ноқисии стандартӣ ба ду баробар аст), аммо сертификати депозитӣ назар ба вомбарг даромади баландтарро дорост. Аз рўи ин ду қоида, сармоягузорӣ ба сертификати депозитии бонк нисбат ба маблағгузори ба саҳмияҳои ҷСШК «Сарҳад» ё ба вомбаргҳои ҷСШК «Муваффақ» афзалтар ба ҳисоб меравад. қайд мекунем, ки диверсификатсия таваккалро ихтисор менамояд, вале онро ба пуррагӣ бартараф карда наметавонад.
ҳанўз чанд сол аз ин пеш чунин мафҳумҳо, ба монанди қоғазҳои қимматнок, саҳмия, вексел ва ғайраҳо барои аксари аҳолии Xумҳурии Тоxикистон мафҳумҳои номаълум ба ҳисоб мерафтанд.
Имрўз ин мафҳумҳо ба ҳаёти ҳаррўза ворид шуда, дар ояндаи наздик даромад аз ҳисоби қоғазҳои қимматнок дар хонадони ҳар як сокини xумҳурӣ, мавқеи намоёнро ишғол хоҳад кард.
қайд кардан зарур аст, ки дар ин масъала дар xумҳурӣ корҳои зиёде бояд анxом дода шавад, чунки интишор ва фурўши онҳо дар мамлакат ин раванди нав буда, барои беҳбудӣ ва тараққиёти он таxрибаю малакаи зарурӣ лозим аст. Бояд иқрор шуд, ки то имрўз дар xумҳурӣ қонунҳои xоришуда ва ҳуxxатҳои методию методологӣ нисбат ба ин раванд, ба талаботи имрўза xавоб дода наметавонанд.
Сарфи назар аз ин, дар солҳои наздик бо кeмаки Вазорати Молияи xумҳурӣ ва Бонки миллии Тоxикистон як қатор чораҳои назаррас оид ба ривоxу равнақ додан, интишор ва фурўши қоғазҳои қимматнок андешида шудаанд.
Соли 1993 дар Бонки миллии Тоxикистон шeъбаи қоғазҳои қимматнок ҳамчун воҳиди мустақили низоми бонкӣ созмон дода шуд. Дар назди Вазорати Молияи Xумҳурии Тоxикистон, Идораи қоғазҳои қиматнок ва сармоягузории хориxӣ амал мекунад. ҳадафи ташкили чунин сохторҳои идорасозӣ – татбиқи сиёсати иқтисодии ҳукумати Xумҳурии Тоxикистон, оиди бозори қоғазҳои қимматнок ва ба даст овардани маълумоти дақиқ дар бораи вазъи имрeзаи қоғазҳои қимматнок дар қаламрави xумҳурӣ ва дар асоси онҳо андешидани тадбирҳои судбахш мебошад.
Xумҳурии Тоxикистон барои ривоxу равнақ додани xамъиятҳои саҳҳомӣ манфиатдор аст, чунки ташкили сармояи саҳомӣ ба воситаи интишор ва фурўши қоғазҳои қимматнок яке аз усулҳои асосии давраи гузариш ба ҳисоб мераванд.
Дар шароити иқтисоди бозоргонӣ ба таври доимӣ, барои аз ҳисоби як шахс ба шахси дигар гузаронидани маблағҳо, як қатор талаботҳо вуxуд доранд. Чунин талаботҳо метавонад дар шакли додану ситонидани қарз ва ба воситаи бароришу xобаxо гузории қоғазҳои қимматнок дар ҳолатҳои хариду фурўши амвол ва хизматрасониҳо сурат мегирад. Дар ин маврид қоғазҳои қимматнок ҳамчун як шакли таxассумёфтаи муносибатҳои бозории байни иштирокдорони бозор ба миён омада, худи ин қоғазҳои қимматнок ба сифати объекти умумии ин муносибатҳо хизмат менамоянд. Ба ибораи дигар, ҳамагуна додугирифти шартномавӣ нисбат ба харид ё фурўш на ба шакли пули ё моли, балки ба воситаи қоғазҳои қимматнок сурат мегирад. Аммо дар ин ҳоллат ба xои пул ё мол на худи қоғази қимматнок, балки арзиши он амал мекунад, ин арзиш бояд ё баробари қимати мол ё пул, ё аз онҳо зиёдтар бошанд.
қоғазҳои қимматнок – як шакли сармояест, ки метавонад ба ивази пул ё мол фурўхта шаванд ва дар бозор дар шакли мол ҳаракат намоянд ва ба соҳибонашон даромад оранд. Ин як навъи махсуси мавxудияти сармоя дар шакли пулӣ ё молӣ мебошанд. Мазмуни ин аз он иборат аст, ки соҳиби саҳмия худи саҳмияро надорад, аммо вай тамоми ҳуқуқҳоро дар шакли қоғази қимматнок пайдо мекунад.
Истилоҳи қоғази қиматнок гуногунмазмун буда, худи муносибатҳои иқтисодие, ки онҳоро таxассум менамоянд, гуногуншакл ва мураккаб буда, доимо шакли худро дигар мекунанд ва афзоиш меёбанд.
қоғази қимматнок дар шакли мафҳуми умумиаш – ин чунин ҳуxxатест, ки бо нархи муайян хариду фурўш карда мешавад.
Вазифаҳои қоғазҳои қимматнок аз инҳо иборатад:
– Тақсим кардани маблағ дар байни соҳаҳои гуногуни иқтисодӣ мувофиқи марз, гурўҳҳои аҳолии байни давлатҳо ва ғайраҳо.
– ҳуқуқи махсус додан ба соҳибони қоғазҳои қимматнок, ғайр аз ҳуқуқи иштирок доштан дар идораи ба даст даровардани ҳар гуна маълумоти лозимӣ, ҳуқуқи якуминдараxа доштани соҳибони саҳмияҳо дар ҳолатҳои махсус ва ғайраҳо.
– Таъмини даромад аз ҳисоби саҳмгузориҳо дар шакли дивиденд ва баргардонидани маблағи худи саҳмия.
қоғазҳои қимматнок дорои хусусиятҳое мебошанд, ки онро аз маблағҳои пулӣ фарқ кардан мумкин аст. Вай метавонад дар шакли маблағҳои пулӣ дар ҳисобу китоб иштирок намояд. Дар мeҳлатҳои даркорӣ ба пул табдил дода шаванд, ба сифати амонат хизмат намояд, дар мeҳлати чандин сол ё бемўҳлат ба мерос дода шаванд.
Дар аввал тамоми қоғазҳои қимматнок, танҳо дар шакли қоғаз амал менамоянд, аз ҳамин сабаб номи аслии онҳо ба миён омадааст. Нархи ин қоғазҳо аз рўи навиштаxоти дар онҳо xойдошта, ё аз рўи муомилот дар бозор муайян мегарданд.
Тараққиёти муносибатҳои бозорӣ дар солҳои охир ба он оварда расонд, ки навъҳои навтарини қоғазҳои қимматнок, аз xумла саҳмияҳои ғайриқоғазӣ ё беҳуxxат пайдо шудаанд. Чунин дигаргунӣ бо сабабҳои зерин ба амал омадаанд:

Миқдори қоғазҳои қимматноки дар гардиш буда, зиёд шуда, шакли ҳуxxатии онҳо низ зиёд гардидаанд.
Дар вақти пардохтани даромадҳо аз фоидаи қоғазҳои қимматнок дар шакли дивиденд ва хариду фурўши онҳо, эҳтиёxи пешниҳод кардани қоғазҳои қимматнок аз байн мераванд.
Гардиши қоғазҳои қимматнок дар вақти ҳисобу китоб ва аз як соҳиби саҳмия ба соҳиби дигар гузаштани онҳо, ба шакли соддатар ва осонтар ҳисоб карда мешаванд.
Дар бозори қоғазҳои қимматнок дигаргуниҳои куллӣ ба амал омаданд ва дар баробари зиёд шудани шумораи саҳмияҳои исмӣ, ҳадди ақали саҳмияҳои беном кам шудаанд.
Пешрафти бозори қоғазҳои қимматнок ва навовариҳои техникаи ҳисоббарории электоронӣ вобаста ва дар натиxа саҳмияҳои навъи электронӣ пайдо шудаанд. Дар ояндаи наздик онҳо дар бозори қоғазҳои қимматнок мақоми махсусро ишғол хоҳанд кард.
Бозори дуюминро биржаи фондӣ ташкил медиҳад, ки онро аз тарафи дигар бозори биржавӣ меноманд. Ба ин бозор ҳамаи қоғазҳои қиматноке, ки ба воситаи бозори аввала, бозори ғайрибиржавӣ дохил мешаванд. Дар як қатор мамлакатҳои ғарб дар бозори дуюмин қоғазҳои қиматноки барориши аввал низ дохил мешаванд. Биржаи фондӣ асосан саҳмияҳо ва қисми ками облигатсияҳои давлатиро аз нав ба фурeш мебароранд. Ин албатта бо аз нав тақсимкунии моликият ва сармоя алоқаманд буда, ҳамаи маблағҳои озод ва сармояро барои тараққиёти иқтисодиёт сафарбар менамоянд.
Биржаи фондӣ – бозори доимо амалкунандаи қоғазҳои қиматнок буда, дар xои муайян ва вақти муайян хариду фурeш ба роҳ монда мешаванд. Ин яке аз элементҳои асосии механизми иқтисодиёти ҳозиразамон ба ҳисоб меравад. Биржа дар фурeши қоғазҳои қиматнок нақши муҳимро мебозад, ки дар он сармоя дар як марказ xамъ оварда мешаванд ва ҳамаи амалиётҳои хариду фурeш дар як xо гузаронида мешаванд.
Дар марҳалаи ҳозира нақши биржа дар савдои қоғазҳои қиматнок ба як дараxае паст шудааст. Сабаби асосии ин пастрави дар он мебошад,ки институтҳои қарзию молиявии пурқувват пайдо шудаанд ва онҳо қисми зиёди савдои қоғазҳои қиматнокро дар як марказ xамъ овардаанд. Онҳо минбаъд ба ягон миёнарав ба монанди биржа эҳтиёx надоранд. Аз тарафи дигари савдои облигатсияҳо дар бозори ғайрибиржавӣ (дар ШМА қариб 90-95% фурeши облигатсияҳо дар бозорҳои ғайрибиржави гузаронида мешаванд), зиёдшавии облигатсияҳои давлатӣ дар ҳаxми қоғазҳои қиматнок, кам шудани ҳиссаи саҳмияҳо дар эмиссияи корпоратсияҳо, муайян намудани назорати давлатӣ аз болои фаъолияти биржаҳо, дар мамлакатҳои ғарб пас аз бeҳрони солҳои 1929-1933 ба амал омаданд. Як қисми вазифаҳо оиди xо ба xо кунии пакети саҳмияҳо ва облигатсияҳо ба ихтиёри бонкҳои инвеститсионӣ, тиxоратӣ, хонаҳои банкирӣ, компанияҳои инвеститсионӣ, суғурта, ки аъзоёни биржа мебошанд ва аз номи шумораи зиёди дорандагони хусусӣ баромад менамоянд ва ин дорандагони хусусӣ ба ин ташкилоту муассисаҳои номбурда боварӣ ба хариду фурeши қоғазҳои қиматнок кардаанд, гузаронида мешаванд. Муассисаҳои қарзию молиявӣ, ки дар оянда қарздиҳанда ва дорандаи қоғазҳои қиматнок мебошанд, онҳо сиёсати васеъ намудани амалиётҳои биржавиро аз ҳисоби барориши иловагии саҳмияҳо ва ё зиёд намудани шумораи дорандагони онҳоро пеша кардаанд.
Омили дигари суст гардонидани нақши биржа дар солҳои 1970 аз он иборат мебошад, ки аз биржа институтҳои қарзию молӣ, инвесторони хурд, рушди бозорҳои қоғазҳои қиматноки параллелӣ, аз биржа баромадани амонатгузорони хурд ва дар натиxа паст рафтани курси саҳмияҳо дар асоси ноустувории иқтисодиёт ба амал омаданд. Инвесторони хурд аз рeи қоида хизматчиён ва коргарони музди баланд гиранда ва шахсони касби озод дошта, ба ҳисоб мераванд.
Дар солҳои наздик ин қабили аҳолӣ маблағҳои худашонро дар бонкҳои амонатӣ гузоштанро самараноктар меҳисобанд. Онҳо маблағҳои худро боз дар ширкатҳои суғурта ҳамчун маблағҳои захира барои суғуртаи ҳаёт, фондҳои нафақа ва барои хариди саҳмияҳои арзони компанияҳои инвеститсионӣ мегузоранд. Дар натиxа муассисаҳои қарзию молиявии мамлакатҳои тараққикардаи ғарб ба монополистҳо муббадал мегарданд. Онҳо дорандаи ҳамаи намудҳои қоғазҳои қиматнок ба ҳисоб рафта ва ин ба калоншавии пакети саҳмияҳо дар биржа фаъолият менамоянд, оварда мерасонад. Дар биржаи фондии Нью-Йорк хариду фурeши пакетҳои 1000 ва аз ин ҳам зиёди саҳмияҳо ба роҳ монда шудааст. Аммо дар мамлакатҳои Аврупои ғарбӣ дар аввали солҳои 1980 бо сабаби хусусигардонии як қисми моликияти давлатӣ ва паст кардани андозҳо инвесторони хурд боз ба биржаи фондӣ гашта омаданд.
Xамъоварии пакети қоғазҳои қиматноки бисёр дар институтҳои қарзию молӣ барои хариду фурeши қоғазҳои қиматнок берун аз биржа имконият пайдо кардаанд. Дар 15-20 соли охир шакли мушаххаси хариду фурeши қоғазҳои қиматнок дар байни муассисаҳои қарзию молӣ ба роҳ монда шудааст, ки ин ба сарфаи маблағҳои комиссионӣ ва дигар хароxотҳо мешуданд, дар ихтиёри худи харидору фурeшанда мемонад. Рушди шаклҳои нави xо ба xо кунии қоғазҳои қиматнок ба пайдоиши якчанд бозорҳои хариду фурeши сармояи қалбакӣ оварда расонд. Дар натиxа фаъолияти ин бозорҳо боло рафт ва фаъолияти биржаҳо паст шуд, ва дар бисёр мавридҳо вазифаи биржаҳо аз ба қайдгирии қоғазҳои қиматнок дар бозори ғайрибиржавӣ иборат мебошаду халос. Чӣ хеле, ки маълум аст як чанд намуди бозори қоғазҳои қиматнок вуxуд дорад, ки онҳо аз ҳамдигар бо усулҳои xо ба xо кунии саҳмияҳо ва облигатсияҳо ва боз аз рeи мeҳлати барориши қоғазҳои қиматнок фарқ карда мешаванд.
Одатан пастравии нақши биржаҳо, алахусус дар солҳои охир аҳамияти онро оиди савдои қоғазҳои қиматнок паст карда наметавонад. Чунки, ҳамаи амалиётҳои хариду фурeш дар биржа мегузарад ва бо ин дар як марказ xамъ овардани сармоя дар биржа ба рушди дараxаи комптерикунонии амалиётҳои биржавӣ, такмили шаклу намудҳои xамъоварӣ, расонидан ва коркарди ахбор оварда мерасонад. Аз тарафи дигар, ин ба танзими давлатии фаъолияти биржа асос мегузoрад.
Монополикунонии амалиётҳои биржавӣ зиддиятро аз байн набардоштанд ва бо ҳамин механизми амаликунонии онҳо боз ҳам муракабтар шудаанд. Баиржаҳои фондӣ ба марказҳои зиддиятҳо табдил ёфтанд.
Дар солҳои охир монополиякунонии институтҳои қарзию молиявии калон аз тарафи биржаҳои фондӣ ба он оварда расонд, ки бисёрии инвесторҳои хурд аз сабаби ноустувории иқтисодиёти мамлакатҳои ғарб биржаҳои фондиро тарк карданд.
Дар солҳои 1960-1980 аз сабаби таваррум (инфляция) дар мамлакатҳои ғарб ва паст шудани конъюктура, маблағҳои на он қадар калони инвестoрҳо аз байн рафтанд.
Тадқиқотчии олмонӣ Э.Роде қайд кардаст, ки пастравии нақши биржа дар Олмон ба аз байнравии онҳо оварда расонд. Бо ҳамин нақши биржаҳоро дар ин xо оҳиста, оҳиста бонкҳои калон ба eҳда гирифтаанд. Ба фикри e дар қатори банкҳои калон биржаҳои фондӣ низ барои сафарбар намудани маблағҳои озоди пулӣ бо сармояи калон нақши муайянеро бозидааст. (РодеЭ.Банки, биржи, валюты современного капитализма. М, 1986с 272).
Дар шароити имрeза асоси маркази xуғрофии савдои биржавӣ дар Нью-Йорк (ШМА), Лондон (Британияи Кабир), Франкфурте-на Майне (РФО), Париж (Фaронса), Цюрих (Швейтсария), Люксембург, Токио (Япония), Сингапур ва Сянган xойгир шудаанд.
ҳукумронии институтҳои қарзию молиявии калон дар биржаҳо ба (интернационализми) бозори байналхалқии қоғазҳои қиматнок оварда расонд ва биржаҳои мамлакатҳои тараққикарда низ ба ин самт ҳаракат карданд, чунки вазифаи онҳо низ аз трансмилликунонии воситаҳои пулӣ иборат мебошанд. Дар шароити имрeза биржаҳои марказии мамлакатҳои тараққикардаи саноатии ғарб, ин худ бозори байналхалқии савдои қоғазҳои қиматнок ба ҳисоб мераванд.
ҳамин тавр дар солҳои 1970 Люксембург ба яке аз марказҳои калони байналхалқии бонкӣ табдил ёфт,ки дар он xо амалиётҳои бoнкии банкҳои Амрико, Олмон, Швейтсария, Белгия ва Фaронса гузаронида мешуданд. Дар биржаи фондии Люксембург танҳо як қисми ками қоғазҳои қиматнок ба шахсони алоҳида, ҳукумат ва компанияҳои мунисипиалӣ таалуқ доранд, аммо қисми зиёди ин қоғазҳои қиматнок моликияти хориxӣ ба ҳисоб мераванд.
Бо мақсади тез фурeхтани евросаҳмияҳо дар бозори евроасъор тобистони соли 2000-ум дар байни Англия, Испания ва Олмон оиди ташкили биржаи фонди созишнома ба имзо расид, ки маркази онро дар Франкфурт – Майн ҳамчун ”пойтахти молияви”-и Олмон интихоб намуданд. Умуман, дар байни ин мамлакатҳо оиди ташкили биржаи фонди байналхалқӣ қарор қабул карда шуд. Дар ин биржа имконияти коркарди зиёди евросаҳмияҳo, ки онро корпоратсияҳои ШМА, Европа ва Xопон бо хароxоти нисбатан кам xо ба xо кардани саҳмияҳои худ нисбат ба биржаҳои фондии миллии худашон ташкил карда буданд, ба роҳ монда шуд. Ташкили чунин биржаҳои байналхалқӣ барои минбаъд якxояшавии (интегратсия) мамлакатҳо дар чорчeбаи Иттифоқи Аврупо (Евросоюз) зарур буданд.
Барои тараққиёти биржаи фондӣ дар ғарб пайдошавии қоғазҳои қиматноки (производные) озод ҳосил шуда, деривативҳо дар солҳои 1970-1980 таъсири калон расонд. Ин қоғазҳои қиматнок дар биржаи фондӣ xои намоёнро ишғол намуданд ва дар биржаи фондии мамлакатҳои ғарб дар гардиш буданд. Ба нақши чунин қоғазҳо аз рeи қоида саҳмияҳои конвертатсия шаванда, облигатсияҳо, варрантҳо, опсионҳо, фючерсҳо, ки дар бисёр мавридҳо онҳоро ”ҳубобчаҳои молиявӣ” (”финансовые пузырямы”) меномоянд, баромад менамуданд. Дар охири солҳои 1980-ум ҳаxми онҳо ба маблағи 12 трлн. долл, ё ин ки 25 маротиба аз ҳаxми гардиши молӣ дар бозори xаҳонӣ буда, зиёд мебошад. Дар аввали соли 1997 –ум ҳаxми деривативҳо аз 100 трлн. долл. ҳам гузаштааст,аммо гардиши xаҳонии онро ба назар гирему сурати баланди гардиши он ва дигар омилҳои таъсиррасон онро ба 1000 трлн долл. расондааст.
Мувофиқи тадқиқотҳои илмии Пажeҳишгоҳи Шиллеровии Олмон деривативҳо ба таври зайл тақсим шудаанд (ба xадвал нигаред).
Xадвали тақсимоти деривативҳо дар байни мамлакатҳои
тараққикардаи саноатӣ

Мамлакат

ҳаxми деривативҳо .

Трлн. Долл.

%

ШМА

Xопон

22,4
11,5

33,9

Фаронса

Англия

9,4
7,4

16,8

Швейтсария

Олмон
Канада

613
413
311

13,7

Нидерландия

Шветсия

1,6
1,3

2,9

Белгия

Италия

0,7
0,5

1,2

Дигар мамлакатҳо:
68,5
31,5

31,5

Xамъ:

100,0

100,0

қариб 70% деривативҳо дар биржаи фондии мамлакатҳои таракқикарда ғун карда шудааст,ки аз ин 20% аз ШМА ва қариб 12% аз Xопон мебошанд. Бо зиёдшавии ҳаxми деривативҳо ҳaxми амалиётҳо низ афзудааст ва статуси биржаи фондӣ ҳамчун бозори қоғазҳои қиматнок баланд шудаанд.


Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *


Уважаемые читатели! Просим вас, оставляя комментарии, уважать друг друга и не злоупотреблять свободой слова.
Администрация сайта будет удалять:
1. Комментарии с грубой и ненормативной лексикой.
2. Оскорбления, угрозы и непристойные высказывания.
3. Высказывания, разжигающие национальную, религиозную и прочую рознь и вражду.
4. Комментарии, содержащие другие нарушения законодательства и прав граждан.
5. Комментарии, рекламирующие и продвигающие другие веб-ресурсы, товары и услуги, а также комментарии, не имеющие отношения к дискуссии.

Пользователи, которые нарушают эти правила грубо или систематически, будут заблокированы.