Четверг, Ноябрь 21Вместе создадим светлое будущее!


Органҳои назоратии бозори қоғазҳои қиматнок

Органҳои назоратӣ аз болои фаъолияти бозори қоғазҳои қиматнок дар мамлакатҳои тараққикардаи саноатӣ, асосан баъд аз бeҳрони xаҳонии солҳои 1929-1933 ташкил карда шудаанд…Органҳои назоратӣ аз болои фаъолияти бозори қоғазҳои қиматнок дар мамлакатҳои тараққикардаи саноатӣ, асосан баъд аз бeҳрони xаҳонии солҳои 1929-1933 ташкил карда шудаанд. Ин органҳои давлатии назорат барои танзими бозорӣ қоғазҳои қиматнок ташкил карда шудаанд. Органи махсуси танзими бозори қоғазҳои қиматнок дар шакли комиссия оиди қоғазҳои қиматнок ва биржа ташкил карда шуданд. Дар як қатор мамлакатҳо вазифаи танзими давлатии бозори қоғазҳои қиматнокро ба зиммаи Вазорати молия ва ё ба органҳои ҳукуматҳои маҳаллӣ гузоштанд.
ШМА. Барои амали кардани қонунҳои солҳои 1933-1934 дар ҳаёт дар ШМА Комиссия оиди қоғазҳои қиматнок ва биржа (Secғқities and E]xhange Commission SEC) ташкил карда шуда буданд, ки ин комиссия асосан комиссияи мустақили назоратӣ буда, барориш ва гардиши қоғазҳои қиматнокро назорат мекарданд. Роҳбарияти SЕС аз панx нафар аъзо иборат буда, онҳо аз як ҳизб набояд бошанд ва онҳо аз се нафар зиёд бошанд. Роҳбари ин комиссияи назоратӣ аз xониби Президенти ШМА таъин ва дар давоми панx сол тасдиқ карда мешавад. ҳайати SЕC ҳар сол бояд баъд аз гузаштани ваколаташон иваз карда шаванд. Ба ваколати SЕC инҳо дохил мешаванд: ба қайдгирии фирмаҳои –эмитентӣ, брокерҳо, диллерҳо, маслиҳатчиҳо оиди қоғазҳои қиматнок; танзими фаъолияти иштирокчиёни касбии бозори қоғазҳои қиматнок; танзими савдои қоғазҳои қиматноки дар гардиши биржавӣ буда, назорат аз болои фаъолияти ҳамаи намудҳои фондҳои cармоягузориҳо; муайян намудани тартиби бақайдгирӣ, нашри ахбор оиди ҳамаи намудҳои қоғазҳои қиматноки дар биржаҳои фонди миллӣ гардишкунанда; тафтиши ҳодисаҳои ғайричашмдошти зидди қонунии дар бозори қоғазҳои қиматнок ба вуxудоянда; xазоҳои маъмурӣ ба вайронкунандагони қонунҳо пешбини кардан ва ғайра.
Дар соҳаи эxодӣ бошад меъёрҳои Конгресси ШМА ба SЕС расонидан ва ба намояндагӣ оиди додани ҳуқуқ роxеъ ба чоп намудани санадҳои ҳуқуқӣ (юридичекие акты), ки онҳо ба қонунҳои мамлакат баробар ҳисобида мешаванд, иxозат дода шаванд. Ин намояндагӣ метавонад худ вайронкуниҳои қонунҳои амалкунандаро тафтиш намояд. Аз рeи вазни гуноҳои содиркарда xазо пешбини карда мешавад ва ё маводи тайёркардаро ба Вазорати адлия пешниҳод намояд ва ин Вазорат нисбати гуннаҳгор парвандаи xиноӣ оғоз намояд.
Дар бораи фаъолияти комиссияи SЕС маълумотҳои зерин гувоҳ медиҳанд; соли 1996 SЕС оиди фаъолияти 8500 брокер, диллерҳои ба қайд гирифташударо тафтиш намуданд, ки ба ин 62 000 шeъбаҳо ва 530600 намояндагиҳои ба қайд гирифташуда дохил мешаванд, санxида шуданд; 8-биржаи фаъолияткунанда, NASDAQ ва бозори кeчагӣ, 15- то агентии клирингӣ ба қайд гирифта шуда ва Корпоратсияи ҳимояи сармоягузоронро санxиданд.
Дар қонунҳои федералӣ ва қонунҳои штатҳо оиди муайян намудани ҳуқуқи инсайдерҳо ва савдои инсайдерӣ, ҳеx чиз гуфта нашудааст. Бояд қайд кард, ки «қонун дар бораи савдои қоғазҳои қиматнок» вуxуд дорад. Инсайдерҳо-ин шахсоне мебошанд, ки дар назди биржа ва органҳои назоратӣ eҳдадоранд равобити иттилоотиро кушоянд.
ҳар як шахси – дорандаи аз 10 % зиёди қоғазҳои қиматноки компания, ки дар SЕС ба қайд гирифта шудааст, ҳар як раиси Шeрои директорҳо ва раиси раёсати кампания дар назди SЕС ва роҳбарияти биржа ҳисоботдиҳанда мебошанд На дертар аз 10- рeз баъд аз гузаштани моҳи навбатӣ, амалиётҳо оиди дигаргуниҳо дар ҳаxми пакети назоратии саҳмияҳо ва сохтори худи партфел барои ҳар як шахси дорандаи он, eҳдадор мебошад, ки ба SЕС ва роҳбарияти биржа ахбор ирсол намояд. Ба воситаи бонки маълумотҳои махсус ва матбуоти корӣ ин маълумотҳо дастраси омма гарданд.
Барои инсайдерҳо маҳдудияти савдои қоғазҳои қиматнок муайян карда шудааст. Хизматчиёни компанияи эмитент, ки бо қоғазҳои қиматнок амалиётҳо мегузаронанд, бояд дар давоми шаш моҳ ҳамаи даромади ба даст овардаашонро ба кaмпанияи худашон гузаронанд. ҳол он ки дар тиxорат истифода бурдани ахбори дар xамъият дастрас набуда, аҳамият дода намешавад.
Масъалаҳои муайян шудани ахбори ғайридастрасӣ (нераскрытая информация) омма, аҳамият дода намешавад ва ба мазмуни он, ин корҳо он қадар таъсир расонда наметавонанд. Таъмин будан ба воситаи ахбори дастраси омма, ки он дар як вақти муайян интизор будан ва ба гузарондани қарордодҳо иxозат дода намешаванд. Дар чунин ҳолатҳо таъсир расонидан дар давоми 24-соат аз вақти чоп намудани ахбор, ҳама гуна қарордодҳо манъ карда мешаванд. Мазмунан дуруст фаҳмидани чунин маълумот ба фоидаи сармоягузорон хизмат менамояд.
Ба ахбори дастраси омма нашуда инҳо дохил мешаванд: оиди дигаргуниҳои ба нақша гирифташудаи пардохти дивидендҳо; ислоҳ ворид намудан ба корректировкаи ҳаxми фурeш, гуфтугуҳо, якxояшавӣ ва ба фурeш баровардан, ба вуxуд омадани дигаргуниҳо дар ҳайати идораи компанияҳо, азхудкунии истеҳсолоти нав, дигаргуниҳо дар ҳайати сармояи саҳҳомӣ ва ғайра.
Дар қонунҳо ба таври возеҳ ҳуқуқи инсайдерҳо муайян карда нашудааст, аммо қонун ин гурeҳи одамонро ҳаматарафа дасгирӣ менамояд. Ба ин гурeҳ дохил мешаванд инсайдерҳои фаъол (активные инсайдеры )-шахсони истифодабарандаи ахбор дар ҳолати тартиб додани қарордодҳо ва ҳам инсайдерҳои ғайрифаъол (пассивные инсайдеры) – шахсоне, ахбори номаълумро ба инсайдерони фаъол барои мукофотҳои ночиз медиҳанд. Дар ҳолати муайян намудани ин ҳарду гурeҳ гуноҳо, новобаста ба шахсияти онҳо, ҳамаашон ба xавобгарӣ кашида мешаванд.
Дар бозори қоғазҳои қиматноки ШМА фаъолияте, ки дар қонун пешбинӣ нашудааст, хоҳ вай маъмурӣ бошад ва ё шаҳрвандӣ ё дигар, ҳатман ба xавобгарӣ кашида мешавад. Дар ҳолати таҳқири инсайдерҳо аз тарафи SЕС ҳуқуқҳои бисёре ба онҳо дода шудааст. Агар пештар барои парвандаи шаҳрвандӣ (гражданское дело) e метавонист, ки ба додгоҳ барои гирифтани даромади ғайриқонунӣ муроxиат намояд, акнун баъд аз ворид намудани иловаҳо ба қонуни соли 1980 аз инсайдерҳои фаъол ва ғайрифаъол талаб карда мешавад, ки зарари овардаро барқарор намоянд.Маблағи барқароршуда ба даромади буxети федералӣ пардохта мешавад.
Органҳои назоратии биржаҳои фондӣ дар вақти кори биржа, қоидаҳои xой гирифтан дар биржаҳоро муайян менамоянд. Ба ғайр аз ин боз тартиби хариду фурeш ва баровардани қоғазҳои қиматнокро муайян карда, ба иштирокчиёни бозори қоғазҳои қиматнок, ки тартиби муайяншударо вайрон менамоянд, xаримаҳо баста мешаванд. Ин вазифаҳо қонунан ба онҳо вобаста карда мешаванд, аммо дар ҳолати иxрои чорабиниҳои ғайриқаноатбахш аз тарафи ин органҳо, ба ин кор SЕС дахолат менамояд.
Фаъолияти органҳои назоратии биржаҳои фондиро бақайдгиракҳои электронии амалиётҳои xорӣ ба шабакаҳои умумимиллӣ пайваст менамоянд. Муайян намудани амалиётҳои нобоварона компютерикунонида шудаанд.Дар системаи тиxорати электронии NASDAQ 50-нафар назоратчиён (контролеры) иштирок карда метавонанд ва 40-намуди маҳсулоти махсуси электрониро истифода мебаранд.
Дар ҳолати даст кашидан аз амалиётҳои назоратчиёни NASDAQ тафтиши иловагӣ бо роҳи гирифтани ахбори иловагӣ аз агентҳои созишнома басташаванда гирифта мешаванд. ҳар сол онҳо бо ҳодисаҳои бисёре сару кор доранд ва тақрибан ба 250 нафари онҳо ҳар гуна xаримаҳо баста мешаванд.
Дар ҳолатҳои вазнин онҳо ба SЕС муроxиат менамоянд. Xопон. Дар Xопон системаи танзими дудараxагӣ амал менамояд, ки дар ин xо назоратро аз болои фаъолияти бозор давлат (Вазорати молия) ва ҳам ташкилоти худтанзимкунӣ иxро менамояд.
Соли 1948 ба монанди SЕС-ШМА Комиссия оиди қоғазҳои қиматнок ташкил карда шуд. Баъд аз ба охиррасии забт кардан соли 1951 ин Комиссия барҳам дода шуда ва вазифаи онро ба Вазорати молия супориданд. Аз рeи таъомул дар Xопон корманди давлатӣ баъд аз ба нафақа баромадан (55сола), дар вазифаи хуб бо моҳонаи баланд кор мекард.
Вазорати молия бо фирмаҳои брокерӣ алоқаи зич дорад. Шумораи кормандони Идораи қоғазҳои қиматноки Вазорати молияи Xопон ба 150 нафар мерасанд.
Дар назди Вазорати молияи Xопон органи мушовaра – Шeро оиди қоғазҳои қиматнок ва биржа ташкил карда шудааст, ки аз 20-нафар мутахассисон иборат аст ва онҳо бо қоғазҳои қиматнок сарукор доранд ва аз xониби Вазорат ба мeҳлати ду сол таъин карда мешаванд. Вазифаи ин Шeро пеш аз ҳама аз тайёр кардани ҳаргуна тавсияҳо, дастурамалҳо барои Вазорати молия оиди такмил ва танзими қонунҳо барои қоғазҳои қиматнок мебошад.
Июли соли 1992 баъд аз бeҳрони фонди бозории Xопон (солҳои 1990-1991) хатогиҳои сeистеъмолкунии иштирокчиёни бозори қоғазҳои қиматнок муайян карда шуд ва бо истифодаи ахбори дохилӣ Комиссияи нав доир ба қоғазҳои қиматнок ва биржаи фондӣ таъсис дода шуд. Вазифаи асосии ин комиссия пеш аз ҳама аз назорат аз қоғазҳои қиматнок дар бозор мебошанд. Фарқияти ин Комиссия аз SЕС аз он иборат мебошад, ки Комиссияи Xопон яке аз муассисаи Вазорати молия оиди қоғазҳои қиматнок ба ҳисоб рафта, мисли комиссияи пештара танҳо назорат ва танзим аз болои фаъолияти бозори қоғазҳои қиматнок мебошад. Ба ғайра аз ин, дар ҳайати Вазорати молия биржаи молия вуxуд дорад, ки ин биржа фаъолияти иштирокчиёни бозор ва худи бозорро танзим менамояд. Соли 1994 Вазорати молияи Xопон ба калонтарин бонки тиxоратӣ иxозат доданд, ки филиали (дочерные) компанияҳоро оиди тиxорати қоғазҳои қиматнок (бе ҳукуқи гузарондани амалиётҳо бо саҳмияҳо ва қоғазҳои қиматнок) ташкил намоянд.
Фaронса. Вазифаи танзими фонди бозорӣ дар Фaронса ба зиммаи Вазорати молия гузошта шудааст.Аслан кори асосиро оиди ин самт ташкилоти махсус иxро менамояд. ҳимояи манфиатҳои сармоягузоронро Комиссия оиди амалиётҳои биржавӣ (Comcssioh des Opezatijhs dе ӣoғzse COӣ), ки соли 1967 ташкил карда шудааст ба eҳда дорад, ки ин комиссия ба монанди SAC ШАМ вазифаҳои дахлдорро иxро менамояд. Ин комиссияро 9- нафар аъзоёни раёсат роҳбарӣ менамоянд. Комисия аз болои риояи стандартҳои кушодани ахбори эмитентҳо ва истифодаи ахбори инсайдерҳо назорат менамояд. Дар ҳолати вайрон кардани қоидаҳои муқарраргардида, Комиссия ҳуқуқ дорад, ки ҳуxxатҳоро ба додситон фиристонад ва ё худаш xазо муайян намояд (xарима ситонад). Комиссия метавонад иxозатнома – литсензия барои ташкили компанияҳои сармоягузорӣ (фондҳои ҳамдигарии SICAV) диҳад, барои идораи партфели қоғазҳои қиматнок, шикоятҳое, ки аз сармоягузорон меоянд, тафтиш намояд. Онҳо ҳуқуқ доранд, ки листинги ин ва ё он қоғазҳои қиматнокро аз байн бардоранд.
Мувофиқи қонуни биржаи фондии соли 1988 назорати умумиро аз болои фаъолияти компанияҳои брокерӣ Шeрои биржаи фондӣ ба xо меорад. Худи ҳамин Шуeро ҳуқуқи худтанзимкуниро низ дорад. Дар ҳайати ин Шeро 12-нафар мутахассис фаъолият менамояд. 10 нафари онҳо аз фирмаҳои брокерӣ интихоб карда мешаванд, яктoи он намояндаи компанияи листингӣ мебошад, яктои дигар хизматчии фирма-аъзои Шeрои биржаи фондӣ мебошад. Шeро ҳамаи копанияҳоро бо иxозатнома (литзенсия) таъмин менамояд, ки онҳо қоғазҳои қиматнок мебароранд ва онҳо тартиби генералиро (генеральный регламент) оиди амалиётҳои қоғазҳои қиматнок тартиб медиҳанд ва маxмeи ин тартибро Вазорати молия тасдиқ менамояд.
Тартиби генералии меъёрҳои барориши қоғазҳои қиматнок аз xониби компанияҳо муайян карда мешаванд.
Аз рeи қонуни соли 1989 сармоягузорон – гирандагон фурeшандагони) саҳмияҳо дорандагони ҳуқуқи овози компания, дорандаи саҳмияҳои биржа, дар ҳолати дигаргуншавии портфел ба 5,10, 20, 33,3, 50 ва 66,6% eҳдадоранд, ки дар давоми 5-рeз ба биржа хабар диҳанд ва дар давоми 15-рeз ба эмитент ахбор диҳанд. Агар дар мeҳлати муайяншуда хабар надиҳанд, он гоҳ сармоягузор ба таври автоматӣ дар давоми 20 сол ҳуқуқи овозашро оиди саҳмияҳои харидааш гум мекунад.
Олмон. Танзими фонди бозорӣ дар Олмон ғайримарказонида шуда буд ва он ба воситаи органҳои махсуси замин ба xо оварда мешуд.
Аз сабаби қабули қонун дар соли 1994 «Дар барои амалиётҳо бо қоғазҳои қиматнок» ҳамаи вазифаҳои танзим ба «Комиссия оиди қоғазҳои қиматнок» дода шудаанд.
Иштирокчиёни касбӣ дар бозори қоғазҳои қиматноки Олмон бонкҳои тиxоратӣ мебошанд. Аз ҳамин сабаб нақши асосиро дар танзими бозори қоғазҳои қиматнок бонки марказӣ, мебозад.

-Бонки Федералии Олмон (Бундесбонк) салоҳияти он танҳо ба танзими бонкҳо ва органи махсуси назорати палатаи назорати федералӣ оиди бонкҳо равона карда шудааст.


Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *


Уважаемые читатели! Просим вас, оставляя комментарии, уважать друг друга и не злоупотреблять свободой слова.
Администрация сайта будет удалять:
1. Комментарии с грубой и ненормативной лексикой.
2. Оскорбления, угрозы и непристойные высказывания.
3. Высказывания, разжигающие национальную, религиозную и прочую рознь и вражду.
4. Комментарии, содержащие другие нарушения законодательства и прав граждан.
5. Комментарии, рекламирующие и продвигающие другие веб-ресурсы, товары и услуги, а также комментарии, не имеющие отношения к дискуссии.

Пользователи, которые нарушают эти правила грубо или систематически, будут заблокированы.