Среда, Ноябрь 13Вместе создадим светлое будущее!


Асоси (Базаи) қонунбарорию ҳуқуқии бозори қоғазҳои қиматнок

Асоси (Базаи) қонунбарорию ҳуқуқии бозори қоғазҳои қиматнок баъд аз бeҳрони солҳои 1929-1933 фаъолона тараққӣ карданд.Асоси (Базаи) қонунбарорию ҳуқуқии бозори қоғазҳои қиматнок баъд аз бeҳрони солҳои 1929-1933 фаъолона тараққӣ карданд. Ин ба бисёре аз мамлакатҳо имконият дод, ки дар шароити дуруст ва қонунҳо оиди бозори қоғазҳои қиматнок ва фонди биржавӣ қабул намоянд. Ин албатта барои рушди минбаъдаи бозори қоғазҳои қиматнок ва танзими онро барои якчанд сол пешбинӣ намудааст. Ин қонунҳо барои таъмини eҳдабароии тараққиёти бозори қоғазҳои қиматнок ва пешгирии бeҳрони биржавӣ, ҳимояи манфиати сармоягузорон, танзими фаъолияти иштирокчиёни бозор ба роҳ монда шуда буд.
Асоси қонунбарории бозори қоғазҳои қиматнок дар ШМА. Асоси устувории қонунию ҳуқуқии мамлакатҳои ғарбро дар ин давра бозори қоғазҳои қиматнок ҳамчун сарчашмаи иловагии молиякунонии иқтисодиёт таъмин намуд. Барои ин қонунҳои Амрико оиди қоғазҳои қиматнок мисол шуда метавонанд.
ҳамин тавр қонун дар бораи қоғазҳои қиматнок, ки соли 1933 қабул карда шуда буд, масъалаҳои зеринро дар бар мегирад:
-ба сармоягузор пешниҳод намудани иттилоот дар бораи фурeши оммавии қоғазҳои қиматнок;
-пешгирӣ намудани ҳаргуна ҳодисаҳои фиребгарӣ дар вақти фурeши қоғазҳои қиматнок.
Ба мақсад ноил шудан ба ин корҳо ба воситаи кушодани ахбори молиявӣ бa роҳ мондани бақайдгирии қоғазҳои қиматноки баровардашуда ва савдои онҳо мебошад. ҳамаи облигатсияҳо, саҳмияҳои аз тарафи корпоратсияҳо, xамъиятҳои фаъолияташон маҳдуд, трастҳо ва дигар барорандагони онҳо ҳатман бояд дар SЕС ба қайд гирифта шуда бошанд. Ин қоидаҳо ба қоғазҳои қиматноки ҳукуматҳои федералӣ ва бисёрии ҳукуматҳои маҳаллӣ дахолатнопазир мебошанд.
Бақайдгирӣ барои компанияҳои барорандагони қоғазҳои қиматнок зарур мебошад. Сармоягузорон бояд ба бартариҳои ин қоғазҳо баҳо дода тавонанд ва онҳо бояд қарори дахлдор оиди хариди онҳо қабул намоянд.
Бақайдгирӣ имконияти тахминӣ дорад, аммо ин кафолати дақиқии дархости бақайдгириро оиди ҳолатҳои эмиссия дода наметавонад. қонун ахбори бардурeғро умуман барои паҳн кардан иxозат намедиҳад. Барои паҳн кардани ахбори бардурeғ xаримаҳои калон месупоранд ва ё онҳоро ба маҳбас мекашанд. Ба ғайр аз ин сармоягузороне, ки қоғазҳои қиматнокро харидаанд, аммо ахбори пешниҳодшуда дурeғ мебошад ва дар ин ҳолат агар онҳо ин ахбори бардурeғро исбот карда тавонанд, зиёни онҳо аз хариди қоғазҳои қиматнок гардонда мешавад. Норозигиро метавонанд ба роҳбари компания – эмитент ва ё шахси масъули ин компания, ки бо фурeши қоғазҳои қиматнок машғуланд пешниҳод намоянд.
Ба қайдгири маънои онро надорад, ки ба фурeши саҳмияҳои хавфнок бароварда намешавад ва дар ин ҳолат ҳам саҳмияҳои компанияҳои зарарoвар (убыточных), низ ба фурeш бароварда мешаванд. SЕС ҳуқуқи баровардани чунин аксияро иxозат намедиҳад. Барои ҳама як талабот вуxуд дорад, ки ин ҳам бошад ахбори пурра ва дақиқ оиди компанияҳои эмитент ва барорандагони қоғазҳои қиматнок пурра бошад.
Дар рафти бақайдгирӣ барои ҳар як шакли компанияҳо як қатор ҳуxxатҳои зерин пур карда мешаванд:
– cабти намудҳои фаъолияти компанияҳо ва моликияти ба e таалуқдошта;
– сабти қоғазҳои қиматноке, ки ба фурeш пешниҳод карда мешаванд ва алоқаи ин қоғазҳои қиматнок бо дигар қоғазҳои қиматноки ҳамин компания;
– ахбор оиди идораи компания;
– ҳисоботи молиявӣ бо хулосаи аудитори мустақил.
Дархост ва ё тарҳи(проспекти) бақайдгирифташуда дар SЕС дастраси омма гардонида мешаванд. Аммо фурeши қоғазҳои қиматнок баъд аз 20-рeз амалӣ кунонида мешавад.
SЕС дархости бақайдгирифтаро дида мебарояд ва дар ҳолати мувофиқат кардани он ба ҳамаи талаботҳо, барои эмиссия иxозат дода мешавад. Дар ҳолати пайдо шудани баъзе хатогиҳо ва ё норасогиҳо Комиссия аз компания ахбори иловагӣ талаб менамояд. Агар Комиссия муайян намояд, ки ахбор бо хaтоҳои пешакии маълум тартиб дода шудааст, дар ин ҳолат барои баровардани қоғазҳои қиматнок иxозат намедиҳад.
Асоси қонунбарории бозори қоғазҳои қиматнок дар Xопон. қонуни ин мамлакат дар бораи қоғазҳои қиматнок ва биржаи фонди соли 1947, дар асоси қонунҳои ШМА тартиб дода шуда буданд. Ин қонун асосан намудҳои қоғазҳои қиматноки миллиро муайян намуда ва меъёрҳои иштирокчиёни бозор, дастрасии ахбор, сохти ташкилӣ ва фаъолияти биржаи фондӣ, органҳои назоратӣ, xазо барои вайронкунандагони тартиби бозор ва ғайраро пешбинӣ намудаанд. Баъдан шаш маротиба ба ин қонун дигаргуниҳо даровардаанд.
Аз 1-апрели соли 1993 дар Xопон «қонун дар бораи реформаи системаи молия», ки баъзе марзҳо дар байни бонкҳои тиxоратӣ ва фирмаҳои брокерӣ вуxуд дошт, аз байн бардошта шуд. Ба бонкҳои Xопон иxозат дода шуда буд, ки (аввал қарзи дарозмудат, аммо баъд дигарҳо) андеррайтинги фоизи муайяни қоғазҳои қиматнокро амалӣ намоянд. Дар як вақт ба фирмаҳои брокерӣ иxозати дастрас намудани амалиётҳои боваринокии бонкӣ дода шудаанд. Асоси қонунбарории бозори қоғазҳои қиматнок дар Xопон ба монанди ШМА ба рушди устувори бозори қоғазҳои қиматнок, ҳамчун сарчашмаи иловагии маблағгузорӣ дар иқтисодиёт ба ҳисоб меравад, ташкил менамояд.


Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *


Уважаемые читатели! Просим вас, оставляя комментарии, уважать друг друга и не злоупотреблять свободой слова.
Администрация сайта будет удалять:
1. Комментарии с грубой и ненормативной лексикой.
2. Оскорбления, угрозы и непристойные высказывания.
3. Высказывания, разжигающие национальную, религиозную и прочую рознь и вражду.
4. Комментарии, содержащие другие нарушения законодательства и прав граждан.
5. Комментарии, рекламирующие и продвигающие другие веб-ресурсы, товары и услуги, а также комментарии, не имеющие отношения к дискуссии.

Пользователи, которые нарушают эти правила грубо или систематически, будут заблокированы.