Суббота, 4 апреляВместе создадим светлое будущее!


Финансы и кредит

Финансы и кредит

Аз таърихи пули миллии Точикистон

Финансы и кредит
Таърихи пайдоиши муомилоти пулӣ дар қаламрави Тоҷикистон аз давраҳои қадим ибтидо мегирад. Тангаҳои қадимтарине, ки дар қаламрави Тоҷикистон пайдо гардидаанд, дорикҳои тиллоии хахоманишиянд (асрҳои VI - V то милод), ки дар бозёфти машҳури "Хазинаи Амударё", ки ҳанӯз соли 1878 дар ноҳияи Қубодиён кашф гардида буд, ба даст омадаанд. Сарзаминҳои Суғд ва Бохтари қадим, ки ҳудуди Тоҷикистони имрӯза ҷузъе аз қаламрави онҳост қисмати муҳими империяи Хахоманиширо ташкил намуда, дар меҳвари савдои қадими байналхалқии Шарқу Ғарб қарор гирифта буданд. Муомилоти пулӣ дар қаламрави Тоҷикистон минбаъд дар аҳди Искандари Мақдунӣ ва Селевкиён (асри IV - миёнаи асри III то милод) рушд пайдо качрд. Зикри ин матлаб муҳим аст, ки дар давраи ҳукмронии Антиохи I (ибтидои асри III то милод) дар Бохтар сиккахона

Мохият, вазифахо ва намудхои пул.

Финансы и кредит
Нақша: 1. Моҳият ва вазифаҳои пул; 2. Таърихи пайдоиши пул; 3. Намудҳо ва шаклҳои пул. 1. Моҳият ва вазифаҳои пул Пул категорияи иқтисодиест, ки ба воситаи он муносибатҳои чамъияти ташкил меёбад ва инчунин пул воситаи муаӣянкунандаи арзиши мубодилавӣ, воситаҳои муомилот, пардохт ва андухт баромад мекунад. Пул моли махсусест, ки арзиши молҳои дигаро ба воситаи он муаӣян мекунанд. Пул эквиваленти молҳои дигар аст. Пул вазифаҳои зеринро иҷро менамояд: 1) Ченаки арзиш - пул ҳамчун эквиваленти умумии молҳо арзиши тамоми молҳоро ифода мекунад, яъне арзиши ҳамаи мол, кор ва хизматрасониҳо бо пул чен карда мешавад. 2) Воситаи муомилот - дар бозор муомилот фақат бо пул сурат мегирад. Пул аз дасти харидор ба дасти фурӯшанда гузашта пули ӯ ба мол табдил меёбад ва моли фурӯшанда ба пул. Ин ҷараёни муо

Карзи давлати

Финансы и кредит
Нақша: 1. Зарурият ва моҳияти қарзи давлатӣ. 2. Вазифаҳои қарзи давлатӣ. 3. Шаклҳо ва усулҳои қарзи давлатӣ. 1. Зарурият ва моҳияти қарзи давлатӣ. Вақте, ки як шахс ва ё корхона ба истеҳсоли мол машғул мешавад, барои вай маблағҳои пулӣ барои харидани ашёи хом, сузишворӣ ва дигар воситаҳо - олоти истеҳсолот ва таҷҳизот, мошинҳо, биноҳои истеҳсолӣ ва ғайра, яъне воситаҳои истеҳсолот лозим мешавад. Ба забони иқтисодӣ олоти истеҳсолот ба воситаҳои истеҳсолотро воситаҳои гардон ба асосӣ мегуянд. Воситаҳои гардон дар ҷараёни истеҳсолот аз сар мегузаранд, яъне: а) дар аввал ба шакли захираҳои истеҳсолӣ (ашёи хом, сузишворӣ ва дигар ашёи (предмет) меҳнат, ки ҷараёни мунтазами истеҳсолотро таъмин менамоянд; б) хароҷоти истеҳсолот (истеҳсоли нотамом); в) маҳсулоти тайёр; Таъмини ҷараёни мунтазами ис

Мохият ва ахамияти молияи махалли

Финансы и кредит
Нақша: 1. Зарурият, моҳият ва аҳамияти молияи маҳаллӣ; 2. Тартибу ташкили буҷети маҳаллӣ; 3. Даромадҳои буҷети маҳаллӣ; 4. Хароҷотҳои буҷети маҳаллӣ. 1. Зарурият, моҳият ва аҳамияти молияи маҳаллӣ. Молияи маҳаллӣ - муносибатҳои иқтисодие мебошад, ки ба воситаи онҳо мақомотҳои идоракунии маҳаллӣ, бавуҷудоӣ, тақсимот ва истифодабарии мувофиқи вазифаҳое, ки дар назди онҳо гузоштаанд оиди қисми маҳсулоти ҷамъиятӣ дар шакли пул мебошад. Молияи маҳаллӣ қисми таркиби молияи давлат аст ва иборат аст аз: - буҷаи маҳаллӣ; - фондҳои махсуси ғайрибучавӣ; - молияи субъектҳои алоҳида. Таркиб ва роҳҳои асосии молияи маҳаллӣ аз руи вазифаҳои ҳукумати маҳаллӣ ва мақомотҳои идоракунандаи онҳо (маҷлиси намояндагони маҳаллӣ), маъмурияти маҳаллӣ ва худидоракунии маҳаллӣ (местное самоуправление) ба рох мон

Молия, мохият, зарурият ва конуниятхои инкишофи он

Финансы и кредит
Нақша: 1. Молия пайдоиш ва марҳилахои асосии инкишофи он; 2. Зарурият ва моҳияти иқтисодию иҷтимоии молия; 3. Молия, вазифа, нақш ва мақоми он. 1. Молия пайдоиш ва марҳилахои асосии инкишофи он Молия ҳамчун мафҳуми иқтисодӣ, муносибатҳои пулиеро меноманд, ки дар раванди ташкил, тақсим ва истифодабарии фондҳои пулу амвол ба амал меоянд. Нишонаҳои авалини он ҳанӯз дар давраи аз байн рафтани ҷомеаи ибтидоӣ айён гардидаанд. Бо раванди ташаккули форматсияҳои ҷамъиятӣ ва тафаккури инсоният шакл ва намудҳои он тағйир ёфта меистод. Ҳангоми пайдо шудани давлатҳо бошад, онҳо хусусиятҳои ҳатмӣ пайдо намуданд. Бо раванди ташаккули давлатдорӣ шакл ва намудхои молия мукамал шудан гирифт. Намунаи аввалини муносибатҳои молиявӣ ситонидани андозҳо буд, зеро дар натиҷаи онҳо фондҳои натуравие, ки дар ихтиёр

Муомилоти пули ва низоми пули

Финансы и кредит
Нақша: 1. Мафҳуми муомилоти пулӣ ва моҳияти он; 2. Назарияи миқдории пул; 3. Низоми пулии Ҷумҳурии Тоҷикистон; 4. Ҳаҷми пул ва суръати гардиши он; 5. Таваруми пул ва намудҳои он. 1. Мафҳуми муомилоти пулӣ ва моҳияти он Муомилоти пул ин ҳаракати пул дар дохили иқтисодии мамлақат дар муносибатҳои иқтисодии байналхалқӣ дар шақли нақдӣ, ғайринақдӣ ва қарзӣ, ки асосан барои хариду фуруши молу хадамот хизмат мекунад, меноманд. Категорияҳои муомилоти пул инҳоянд. Воҳиди пулӣ, массаи пул, низоми пулӣ ва сиёсати пулию қарзӣ, бонкҳои марказӣ. 1) Воҳиди пули нишонаи қонунан муайяншудаи пул аст, ки барои ҳисоб ва муайян намудани нархи ҳамаи молҳо ва хизматрасониҳо истифода мегардад. 2) Массаи пул миқдори умумии пулҳои нақдӣ, ғайринақдӣ ва қарзиро меноманд, қи дар иқтисодёти мамлакат мавҷуданд. Массаи