Понедельник, Июнь 17Ояндаро бо ҳам дурахшон месозем!


Этика ва Эстетика

Этика ва Эстетика

Мавзўъ ва вазифаҳои этикаи касбӣ

Этика ва Эстетика
Этикаи касбӣ яке аз қисмҳои ахлоқ ба ҳисоб рафта мавзўъи асосии тадқиқоти он ахлоқ дар шароити фаъолияти корӣ мебошад. Ба забони русӣ этикаи касбӣ бо номи профессионалная этика омўзонида мешавад. (далее…)

МАВЗЎЪ ВА ВАЗИФАИ ИЛМИ ЭТИКА МАРҲИЛАҲОИ АСОСИИ ТАШАККУЛУ ТАКОМУЛИ АХЛОҚ. АФКОРИ АХЛОҚИИ ФОРСУ ТОҶИК ТО МЕЛОД ВА АХЛОҚИ ЮНОНИ ҚАДИМ

Этика ва Эстетика
Ахлоқ яке аз шаклҳои шуури ҷамъиятӣ, маҷмўи норма ва қоидаҳои асосии муносибати байни ҳамдигарии оилавӣ ва ҷамъиятии одамон мебошад. Ахлоқ – бунёди маънавии тамаддуни инсонист, як аз шаклҳом шуури ҷамъиятӣ ва муносибатҳои иҷтимоӣ буда барои ҳифз ва бузургдошт қадру инсон худшиносӣ ва саодат вай хизмат намуда ба роҳи мардумӣ, яъне зиндагии оқилона ҳидоят мекунад, идеалӣ одаму дамигарӣ мебошад. (далее…)

МАФҲУМИ АСОСИИ АХЛОҚИ КАСБӢ

Этика ва Эстетика
Этикаи касбӣ яке аз шоҳаҳои илми этика буда, таърихи дурру дароз дорад. Олим-табиби Юнони Қадим Гиппократ ҳанўз дар асри 1У-Ш т.м. оиди этикаи касбӣ тадқиқоти илмӣ гузаронидааст ў сабаби пйдоиши касбҳоро дар таксимоти меҳнат мебинад, яъне аз шикорчигӣ ҷудо шудани чорводорӣ, аз чорводорӣ ҷудо шудани зироатчигӣ ва зироатчигӣ ҷудо шудани ҳунармандиро муайян кардааст. (далее…)

МАРҲИЛАҲОИ АСОСИИ ТАШАККУЛУ ТАКОМУЛИ АХЛОҚИ КАСБИИ ПЕДАГОГӢ

Этика ва Эстетика
Этикаи касбӣ фанни назариявӣ ва амалӣ буда, масъалаҳои тарбия, таълим ва маълумотро меомўзад. Ҷамъият мунтазам тараққӣ карда, ба тарбия ва маълумоти одамон талаботҳои нав пешниҳод мекард, доираи тарбия васеъ мешуд, зарурати барои маълумот ва тарбияи мақсадноки одамон донишгоҳҳои махсус пайдо мешуд. (далее…)

ОЗОДӢ ВА МАСЪУЛИЯТИ АХЛОҚӢ ДАР ЭТИКАИ КАСБӢ

Этика ва Эстетика
Бисёр муттафаккирони замони гузашта дар ҳалли масъалаи инсон озодона рафтор карда метаовнад ё ба зарурати объективии беруна тобеъ аст, кушидаанд. Материалистони асри XVIII франсуз Голбах, Гелвесий, Дидро ва дигарҳо ин масъаларо ба манфиати зарурат ҳал карда, изҳор доштаанд, ки ҳар ҳодиса, фарқ надорад, ки он ҳодисаи калон аст ё хурд, маҳз ҳамон тариқ, ҳамон вақт ва ба ҳамон шакл ба амал меояд, ки бояд аз рўи зарурати қонунии объективӣ ба амал меомад. (далее…)

КАТЕГОРИЯҲОИ АСОСИИ ИЛМИ АХЛОҚ

Этика ва Эстетика
Илми ахлоқ мақом ва хусусияти категорияҳоро дорад: мафҳум, фазилат, арзиш. Ва албатта ҳар яки онҳо аз ҳамдигар фарқ мекунанд. Категорияҳои этика некӣ ва бадӣ маъмултарин мебошад. Мисол, некӣ дорои мафҳуми васеъ мебошад, ҳар як олиму шоирон оиди некӣ гуфторҳо ба қалам овардаанд (далее…)

АҲЛОҚ ВА ОИЛА

Этика ва Эстетика
Никоҳ ва оила яке аз муҳимтарин ҷабҳаҳову тарафҳои аҳлоқ мебошад, ки он муносибатҳои зану шавҳари ва хешу табориро дар бар мегирад. Мақоми никоҳ ва оила дар ҳаёти ҷамъият шаклҳои таърихии онҳо, бо шароити иқтисодии ҷамъият, сохтори муносибатҳои ҷамъиятӣ ва инкишофи тамадуни ҷамъиятӣ ва боз бо маданият муайян карда мешуд. (далее…)

ОДОБИ МУОШИРАТ ДАР АХЛОҚИ КАСБӢ

Этика ва Эстетика
Агар қоидаи одоби муоширатро бо шакли муайян ифода намоем, он гоҳ аз он ягонагии ду тараф иборат аст: пеш аз ҳама ахлоқи одобӣ, ки меъёрҳои ахлоқиро ифода мекунад: боилтифотӣ (дидадароӣ), боадабӣ, табии будан, шаъну эътибори худро нигоҳ доштан, аз рўи одоби муошират муносибат кардан ва ба қоидаҳои зебоӣ, ки ба зебоӣ ва нафосоти тарзи рафтор мутобиқ аст, амал намудан аст. (далее…)

МУАММОИ ТАРБИЯИ АХЛОҚӢ ВА ХУДСОЗИИ ОМЎЗГОР

Этика ва Эстетика
Тарбияи одами нави ҷамъияти ҳозира, аз ҷумла, тарбияи ахлокии шахсият дар маркази дикқати тамоми фаъолиятҳо мебошад. Он диққати азиме, ки ҷамъияти мо нисбат ба масъалаҳои тарбияи ахлоқӣ зоҳир менамояд, аз моҳияти сохти ҷамъияти мо муайян мегардад. (далее…)

ЭТИКАИ ХИЗМАТЧИИ ДАВЛАТӢ

Этика ва Эстетика
Кодексҳои ахлоқи касби тасдиқкунандаи арзишҳои системавӣ ва ахлоқии одамон ба ҳисоб рафта он ба яке аз касбҳо тааллуқ надошта балки барои пеш гирифтани амалиётҳои инсонӣ ба монанди коррупсия ва ахбори умуми оиди нормаҳои рафтор барои коркунони касбҳои мухталифро дар бар мегирад. (далее…)