Четверг, 2 апреляВместе создадим светлое будущее!


Максад ва вазифаи тартиб додани накшаи сохибкори

Нақша:
1. Мақсад, вазифаҳо ва хусусиятҳои тартибдиҳии нақшаи соҳибкорӣ;
2. Фарқияти нақшаи соҳибкорӣ аз дигар ҳуҷҷатҳои нақшавӣ.

1. Мақсад, вазифаҳо ва хусусиятҳои тартибдиҳии нақшаи соҳибкорӣ
Нақшаи соҳибкорӣ – шарҳи мухтасар, аниқ, дастрас ва тавсифи возеҳу равшан соҳибкории тахминшавандаро ифода менамояд. Инчунин воситаи асосӣ ҳангоми дида баромадани ҳолатҳои гуногун мебошад, ки имконияти интихоб намудани қарори ояндадорро медиҳад ва воситаро барои муваффақ гардидани онҳо муайян менамояд. Нақшаи соҳибкорӣ ҳуҷҷате ба ҳисоб меравад, ки имконияти идоранамоии бизнесро медиҳад бинобар ин онро ҳамчун элементи ҷудонашавандаи нақшагирии стратегӣ ҳисобидан мумкин аст. Нақшаи соҳибкориро ҳамчун раванди банақшагирӣ ва воситаи идоранамоии дохилифирмавӣ баҳо додан зарур мебошад. Нақшаи соҳибкорӣ навъи ҳуҷҷати худ ба ҳисоб меравад, ки муваффақиятҳои тасмимгирифташудаи соҳибкориро суғурта менамояд. Дар баробари ин нақшаи соҳибкорӣ воситаи худомӯзӣ мебошад.
Мақсади асосии коркарди нақшаи соҳибкорӣ банақшагирии фаъолияти хоҷагидории фирмаҳо дар ояндаи наздик ва давраи дурудароз мутобиқи талаботи бозор ва имкониятҳои ба даст овардани захираҳои зарурӣ ба ҳисоб меравад. Дар баробари мақсади асосиро муайян намудан тартибдиҳандагони нақшаи соҳибкорӣ дигар мақсадҳоро низ бояд ифода намоянд:
1) Мақсади иҷтимоӣ – бартараф кадани норасоии молҳо ва хадамот, беҳтар кардани ҳолати экологӣ, беҳтар намудани иқлими психологии мамлакат, инкишофи илмӣ-техникӣ ва иқтидори эҷодкорӣ, васеъ намудани алоқаи корӣ, робитаи байналхалқӣ.
2) Баланд бардоштани мақоми соҳибкорӣ – инкишоф ва мустаҳкам намудани иқтидори иқтисодии соҳибкор (аз ҷумла иқтидори истеҳсолӣ, молиявӣ, техникию-технологӣ, илмӣ, маълумотнокӣ ва ғайра). Ин ҳамчун шарт ва кафолати имкониятҳои бо муваффақият гузаронидани созишҳои минбаъда, баланд бардоштани нуфузи соҳибкор, офаридани шуҳратмандии он, кафолати сифати баланди молҳо ва хадамот хизмат менамояд.
3) Дигарҳо, мақсадҳои махсус ва вазифаҳо – инкишофи алоқа, сайру саёҳати хориҷӣ, шомил шудан ба ассотсиатсияҳои гуногун.
Маркази асосии нақшаи соҳибкорӣ – ҷамъ намудани захираҳои молиявӣ барои ҳал намудани вазифаи стратегӣ мебошад, яъне вай ба соҳибкор барои ёри расонидан ба ҳалли чунин вазифаҳои асосӣ, ки бо фаъолият кардани фирмаҳо алоқаманд мебошад, даъват шудааст:
1) Муайян намудани самти мушаххаси фаъолият, бозорҳои фурӯши ояндадор ва ҷойи фирмаҳо дар ин бозорҳо;
2) Ба хароҷотҳо баҳо додан, ки барои тайёр намудан ва фурӯши маҳсулотҳо зарур мебошад ва муқоиса намудани онҳо бо нархҳо, ки молҳо фурӯхта мешаванд, то ин ки иқтидори фоиданокии лоиҳа муайян шавад;
3) Муайян намудани мутахасисони фирма ва шароитҳо барои асосноккунии меҳнати онҳо ба талаботи ҳадафҳои гузошташуда;
4) Таҳлил намудани вазъи моддӣ ва молиявии фирма ва муайян намудани оё мувофиқ омадани захираҳои моддӣ ва молиявӣ барои муваффақ гардидани мақсадҳои дар назар дошта шуда;
5) Аз нав ҳисоб намудани таваккалиятҳо ва аз дида баромадани душвориҳо, ки метавонад барои иҷро намудани нақшаи соҳибкорӣ дахолат намояд.
Ба ғайр аз ин дар таҷрибаи муосири нақшаи соҳибкорӣ чунин функсияҳо вуҷуд дорад:
Якум бо имконияти истифодабарии вай барои коркарди стратегияи соҳибкорӣ алоқаманд мебошад. Функсияи мазкур ҳаётан зарур дар давраи ташкили корхона ва инчунин ҳангоми коркарди самтҳои нави фаъолият мебошад.
Дуюм – банақшагирӣ. Имкон медиҳад, ки имкониятҳои инкишофи самтҳои нави фаъолиятро баҳо диҳем ва равандҳои дохили фирмаро назорат менамояд.
Сеюм – ҷалб намудани воситаи пулиро (қарз, кредит) имконият медиҳад.
2. Фарқияти нақшаи соҳибкорӣ аз дигар ҳуҷҷатҳои нақшавӣ
Фарқият аз нақшаи анъанавии иқтисодӣ ва инкишофи иҷтимоии корхона нақшаи соҳибкорӣ на танҳо мақсади дохилии ташкилоти соҳибкориро, балки бевосита мақсадҳои беруниро низ, ки барои ягон кори нав фоидаовар шуда метавонад ба ҳисоб мегирад. Ба ғайр аз ин дар нақшаи соҳибкорӣ диққати асосӣ ба ҷанбаҳои бозоршиносӣ ва молиявию-иқтисодии бизнес (соҳибкорӣ) ҷалб карда шудааст дар ҳолате, ки тарафҳои илмию-техникӣ, технологӣ ва иҷтимоӣ нисбатан муфассал нишон дода шудааст.
Ба нақшаи соҳибкорӣ наздик ҳуҷҷати нисбатан маъмултарин барои соҳибкорон ин асосноккунии техникию-иқтисодӣ мебошад. Фарқи асосии асосноккунии техникию-иқтисодӣ аз нақшаи соҳибкорӣ дар он аст, ки асосноккунии техникию иқтисодӣ ин ҳуҷҷати нақшавии махсус барои ташкил ва инкишофи объектҳои саноатӣ мебошад. Бинобар ин дар сохтори асосноккунии техникию-иқтисодӣ ба ҷанбаҳои истеҳсолию-техникии лоиҳа диққати махсус дода шудааст, масъалаҳои тиҷоратӣ, бозории ояндаи соҳибкорӣ бошад қариб, ки нокушода (ноошкор) боқӣ мондааст. Ба ғайр аз ин фарқи нақшаи соҳибкорӣ аз асосноккунии техникию-иқтисодӣ дар самти стратегии вай ифода меёбад. Пас гуфтан мумкин аст оиди хусусиятҳои характери маҳдуд доштаи асосноккунии техникию-иқтисодӣ бо муқоиса ба нақшаи соҳибкорӣ. Нақшаи соҳибкорӣ оҳиста-оҳиста асосноккунии техникии-иқтисодиро аз соҳаи фаъолияти соҳибкорӣ мебарад.
Нақшаи соҳибкорӣ яке аз элементҳои асосии банақшагирии стратегӣ ба ҳисоб меравад. Ба монанди нақшаи стратегии ташкилот хеле давраи дурударозро (одатан 3-5 солро дар баъзе ҳолатҳо зиёдтар) дар бар мегирад. Лекин байни нақшаи соҳибкорӣ ва нақшаи стратегӣ як қатор фарқиятҳо вуҷуд дорад:
1) дар фарқият аз нақшаи стратегӣ нақшаи соҳибкорӣ на ҳамаи комплекси умумии мақсадҳои фирмаро дохил менамояд, балки танҳо яке аз онҳоро, ки бо ташкил ва инкишоф додани соҳибкории нави муайян алоқаманд мебошад. Нақшаи соҳибкории ташкилот танҳо ба инкишоф нигаронида шудааст, вақте, ки нақшаи стратегӣ метавонад дигар намудҳои стратегияи ташкилотро низ дохил намояд;
2) нақшаи стратегӣ – ин одатан нақшаҳое, ки бо фазои вақт зиёд мешавад. Нақшаи соҳибкорӣ ботартибона доираи вақти хати кашидашударо дорад. Ҳамин тавр, нақшаи соҳибкорӣ бо шакли худ фарқият аз нақшаи стратегӣ дар коркарди мушаххаси лоиҳа душворӣ мекашад:
3) дар нақшаи соҳибкорӣ ташкили функсионалӣ (нақшаи истеҳсолот, маркетинг) нисбат ба нақшаи стратегӣ аҳамияти муҳим дошта қисми баробарвазн ва комилҳуқуқи сохтори нақшаи соҳибкорӣ ба ҳисоб меравад.
Дар шароити иқтисоди бозорӣ вазифаҳои асосноккунии техникӣ-иқтисодӣ бештар лоиҳаҳои инвеститсиониро иҷро менамояд, ки нисбатан ба нақшаи соҳибкорӣ аз рӯи сохтор ва хусусияти ифода намудани материалҳо наздик мебошад.

Добавить комментарий


Уважаемые читатели! Просим вас, оставляя комментарии, уважать друг друга и не злоупотреблять свободой слова.
Администрация сайта будет удалять:
1. Комментарии с грубой и ненормативной лексикой.
2. Оскорбления, угрозы и непристойные высказывания.
3. Высказывания, разжигающие национальную, религиозную и прочую рознь и вражду.
4. Комментарии, содержащие другие нарушения законодательства и прав граждан.
5. Комментарии, рекламирующие и продвигающие другие веб-ресурсы, товары и услуги, а также комментарии, не имеющие отношения к дискуссии.

Пользователи, которые нарушают эти правила грубо или систематически, будут заблокированы.