Четверг, Апрель 25Ояндаро бо ҳам дурахшон месозем!


Муносибатҳои хоҷагидорӣ дар ҷомеаи ибтидоӣ

1.Фаъолияти хоҷагидории мардум дар давраи ибтидоӣ;
2.Давраҳои таърихии ҷомеаи ибтидоӣ;
3.Пайдоиши созмонҳои иҷтимоӣ.

Тамоми халқҳои ҷаҳон марҳилаи сохти иҷтимоӣ ҷамоавиро тай намудаанд.
Мардуми тоҷик роҳи дуру дарози рушду нумӯъро аз шаклҳои ҷомеаи ибтидоӣ то ташкил намудани давлатҳо аз сар гузаронидаанд. Мувофиқи ҳисобу китоби донишмандони муосир ин давра сад ҳазор солро дар бар мегирифт ва ин навъ марҳаларо ҳамаи халқҳо тай намудаанд. Илми муосир фарзияи мазкурро тасдиқ ва ё инкор карда наметавонад.
Зиндагии мардум дар ҷомеаи ибтидоӣ аз муҳити атроф ҳодисаҳои табиӣ, боду ҳаво, ҳайвоноти ваҳшӣ ва ғайра сахт вобаста буд. Одамони ибтидоӣ олоти меҳнати соддае доштанд, ки он моликияти хусусии умумии онҳо буд. Мақсади асосии онҳо дар таъмини рӯзгор зинда мондан буд. Дар ин давра мардум парвариши рустаниҳои муфидро оғоз карданд, ҳайвоноти ваҳширо ром менамуданд, истифода аз оташро ёд гирифтанд; умуман, гузариш ба меҳнати бошуурона ва ташаккули ҷомеа сурат мегирифт.
Таърихи иқтисод (таърихи хоҷагидорӣ) маҳз бо пайдоиши хоҷагӣ, яъне сохтори муайян ҳаёти ҷамъиятӣ, ки барои мунтазам ба даст овардани натиҷаҳо, камтар вобаста будани онҳоро аз ҳаводиси табиӣ мусоидат мекард, ба миён омадааст.
Ҷомеаи ибтидоиро шартан метавон ба якчанд давраҳои таърихӣ таксим кард. Аз нуқтаи назари шароити моддии истеҳсол чунин давраҳоро метавон ном бурд: палеолит (асри қадими санг), асри бронз (биринҷӣ) ва ибтидои асри оҳан. Ин давраҳо аз ҳамдигар на танҳо бо олоти меҳнат, ки одамон аз онҳо истифода мекарданд, балки бо шаклҳои ташкили ҷомеа, навъҳои фаъолияти хоҷагидорӣ аз ҳамдигар фарқ мекарданд.
Масалан, мардуме, ки дар замони палеолит (400-40 ҳазор сол то милод) аз олоти соддаи сангӣ, чӯбӣ, устухонӣ истифода мекарданд, бо ҷамъоварии маҳсулоти табиӣ, шикор машғул буданд; аз як макон ба макони дигар мекӯчиданд. Ҳангоми шикори ҳайвоноти калон, мудофиа аз душманон, ҳайвоноти ваҳшӣ, ҳодисаҳои табиӣ муттаҳид мешуданд. Ин иттиҳод (муттаҳидшавӣ), ки галлаи (рамаи) ҷомеаи ибтидоӣ ном гирифтааст, кӯтоҳмуддат, ноустувор, тасодуфӣ буданд. Ин иттиҳод шакли нохустини иҷтимоӣ, на биологии ягонагӣ ва як зина (ҳалқаи силсилаест) дар роҳи гузариш аз шакли галлаии зиндагӣ ба қабилавӣ.
Аз ҳафриёти бостоншиносӣ бармеояд, ки мардум дар давраи мезолит (40-14 ҳазор сол то милод) аз камон, тирҳо, олотҳои сангии зиёд истифода мекардаанд. Ба ғайр аз ҷамъоварии маҳсулоти табиӣ ва шикор мардум дар ин давра ба моҳигирӣ, коркарди пусти ҳайвоноти ваҳшӣ ва дигар навъҳои фаъолият машғул буданд. Дар муносибатҳои иҷтимоӣ тағйирот рӯй медоданд: тарзи ҳаёти галлаӣ (рамаӣ) бо шакли ҳаёти ҷамоаи ибтидоӣ, ки ба алоқаи байниҳамдигарии хешовандон бо сарварии зан, ки матриархат ном гирифтааст, иваз шуд.
Пойдоиши созмонҳои иҷтимоӣ.
Бешубҳа, яке аз созмонҳои таърихан ташаккулёфтаи иҷтимоӣ тақсимоти меҳнат буд. Дар оғози кор он хусусияти ҷинсиву синнусолӣ дошт, баъдан хосияти қабилавӣ ва «тахассусӣ» гирифт.
Инқилоби палеологӣ оғози давраи басо тӯлонӣ (тақрибан 20 ҳазор сол) дар рушди инсоният – марҳилаи Ваҳшигарӣ гардид. Дар ин дусад қарн одамон истифода аз оташро ёд гирифтанд, бофтанро аз худ карданд, найза, тиру камон, бумеранг, табари сангӣ ва ғайраро ихтироъ намуданд. Қабила ва оила, мулки хусусӣ, табодули мол, мифология (асотир) ва парастиш пайдо шуданд. Дар ибтидо моликияти хусусӣ ба шахси алоҳида тааллуқ дошт. Олат мансуби касе буд, ки онро тайёр карда аз он истифода карда метавонист. Марҳилаи Ваҳшигарӣ замони ихтирои ҳунари кулолӣ, дастомӯз кардани (ром кардани) ҳайвоноти ваҳшӣ, парвариши ғалладона ба итмом расид.  Пешрафти нави инқилобӣ тақрибан 10-12 ҳазор сол пеш, замони рӯ ба муқимнишинӣ овардани мардум фаро расид. Хоҷагидорие, ки то ин замон хосияти аз худ кардан дошт, хусусияти истеҳсолкунандагӣ гирифт.
Пас аз инқилоби неолитӣ марҳалаи Барбарият (Варваризм) оғоз ёфт. Миқдори растаниҳои ғалладонагӣ афзуд, кишоварзӣ, биноҳои сангӣ ва чӯбӣ, осиёби дастӣ, чархи кӯлолӣ, дастгоҳи оҳангарӣ, гудохтани оҳан ва тайёр кардани олотҳои аз оҳан маъмул гардиданд. Истеҳсоли равғани растанӣ ва шароб, сохтани аробаҳо ва дучархаҳои ҷангӣ, сохтани киштиҳо аз ғӯлачӯбу тахтаҳо оғоз ёфт. Намунаҳои ибтидоии санъати ҳунармандӣ, меъморӣ (ҳамчун санъат) пайдо шуданд, шаҳрҳо бо деворҳои мустаҳками тиркашдор, бо дарвозаҳо ва ғайра сохта мешуданд. Ҷомеа – ба ҳам омадани аъзои як қабила (тоифа), баъдан – қабилаҳои гуногун воҳиди асосии сохтори ҷоме гардиданд.
Пайдоиши ғуломдорӣ
Тақрибан 6,5 – 8,5 ҳазор сол пеш шаҳрҳои нахустин пайдо шуданд, оилаҳои феодалӣ ташаккул ёфтанд, нажодҳо, бозорҳо, давлатҳо арзи вуҷуд намуданд. Муҳлати зикршуда ба замони дар Библия нишон додашуда (оид ба офарида шудани олам) мувофиқат мекунад. Кашфи хат ва ташаккули давлатҳо давраи дигар дар рушди таърихи башар – марҳалаи Тамаддун (Сивилизатсия) мебошад.
Дар оғози кор ҳокимият дар қабилаҳо ба дасти мардони нисбатан неруманду зирак (тезҳуш), пешвоёни шикор ва чорабиниҳои ҷангӣ, ки дар онҳо ҳамаи калонсолони аз ҷиҳати саломатӣ беосеби қабила иштирок мекарданд, тааллуқ дошт. Дар замони гузариш ба корҳои мунтазами кишоварзӣ муҳофизату марзу ҳудуди ба қабила ва баъдан ҷомеа тааллуқдошта тадриҷан яке аз вазифаҳои муқим гардид. Табақаи ҷамъиятии нав – сипоҳиён ташкил ёфт, ки ба онҳо сипоҳсолор ва шоҳ сарварӣ мекарданд. Ҳокимияти шоҳ дар муҳорибаҳо мутлақ, дар замони осоишта рамзӣ буд. Баҳсҳои иҷтимоӣ-маишии байни аъзои ҷомеа аз ҷониби иштироккунандагони маҷлиси умумӣ, сардорони қабилаҳо ва баъдан аз ҷониби «доварон» ҳал карда мешуданд. Баъди ба ҳам махлут шудани вазифаи сипаҳсолор ва довар ҳокимияти ишрофияи низомӣ (ҳарбӣ) нисбатан мустаҳкам гардид.
Замони рушди сусти қувваҳои истеҳсолкунанда, маҳсулоте, ки аз ҷониби авлод ва ё оила истеҳсол мегардид ба ҳадди аққал буд ва танҳо барои рӯзгузаронии аҳли авлод, оила, ҷамоа ва ё қабила мерасид. Истифода аз меҳнати иҷборӣ ва ё муздурӣ дар ин гуна шароит аз ҷиҳати иқтисодӣ фоидаовар набуд. Асиронро ё озод мекарданд, ё ба қатл мерасонданд ва ё ба авлод, оила қабул мекарданд.
Афзоиши қувваҳои истеҳсолкунанда дар оғози кор афзоиши начандон зиёд, вале баъдтар афзоиши бештари маҳсулоти зарурии аз ҳадди аққал зиёдтар таъмин кард. Дар ин гуна шароит ба ғуломон табдил додани асирон, барои қути лоямут (хӯрок) ва ҷойи зист кор кардани онҳо (маҳсулоти зарурӣ барои рӯзгор) ва сипас аз худ намудани маҳсулоти изофа (даромди изофа) аз ҷиҳати иқтисодӣ муфид гардид. Ба ғайр аз асирон, инчунин  ҷинояткорон  – аъзои авлод (ба ҷойи ба қатл расонидан), инчунин аъзои ҷомеаи қарздоршуда ва муфлисшуда ба ғулом табдил дода мешуданд. Дар аввал мӯҳлати ғуломдорӣ 3-7 сол буд, баъдан он якумрӣ (бемӯҳлат) гардид. Замони ба сарватмандон ва камбизоатон тақсим шудани ҷомеа ҳодисаи ба ғуломӣ фурӯхтани кӯдакон ва занони ҷавон расм шуд. Кӯдакони ғуломон низ ғулом буданд; агар яке аз волидайн озод бошад ҳам, кӯдакони он оила ғулом ба шумор мерафтанд. Ба ҳамин тариқ, ғуломӣ ба як падидаи меросӣ табдил ёфт.
Дар оғоз аз меҳнати ғуломон барои иҷрои корҳои вазнин – тоза кардани заминҳо, кандани ҷуйҳои калон (каналҳо), обкашонӣ,  ҳезумкашонӣ, тоза кардани ахлотҷойҳо истифода мекарданд. Баъдан доираи фаъолияти онҳо аз ҳисоби ҷамъоварии ҳосил, нигоҳубини рама, пӯхтани хӯрок, ҳунармандӣ, савдо, тарбияи кӯдакон, хидмат дар маъбадхонаҳо, фоҳишагӣ, хоҷагидорӣ (дар хонаи хуҷаин), иҷрои баъзе корҳои маъмурӣ ва ғайра афзоиш ёфт.
Дар ибтидои ҷамъияти ғуломдорӣ ғуломон ба авлоду қабилаи, ҳамаи ҷомеа мансуб буданд, чунки маҳз тамоми ҳайати шахсони озод метавонистанд кору фаъолияти ғуломонро ба хубӣ назорат бикунанд. Тамоми ин ҳайат аз кору фаъолияти ғуломон манфиатдор буданд. Баъдан оилаҳои калону аз ҷиҳати иқтисодӣ қудратманди феодалӣ тавонистанд ғуломон бихаранд ва бо ҳамин мухторияташон мустаҳкамтар мегардид. Истилоҳи «ғулом» то андозае шартист. Аз 5 то 15 навъ «ғуломӣ», аз «олати забондор» (сухангӯй) то узви кӯчак (беҳуқуки) оила» вуҷуд дошт.
Адабиёти асосӣ:
1.Таърихи халқи тоҷик. А.Мухторов. А. Раҳматуллоев. Москва-2002
2.Таърихи халқи тоҷик, Н. Неъматов, Сарпараст, Душанбе-2003
3.Экономическая история капиталистических  стран. Под.ред.П.В. Кривля и др.М. Высшая школа 1986
4.Ҷабборова М.Ҷ. Таърихи иқтисодиёти мамлакатҳои хориҷӣ. Душанбе, Ирфон-2011.
Адабиёти иловагӣ:
1.История мировой экономики. Под редакцией ак. Г. Б. Поляка, проф. А. Н. Марковой. Москва -1999 г., ЮНИТИ.
2.Таърихи иқтисодиёти мамлакатҳои хориҷӣ. Исломов С. Душанбе-2007.
3.Таърихи иқтисодиёти мамлакатҳои хориҷӣ. Исломов С. А. Фузайлов. Душанбе-2003.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *


Уважаемые читатели! Просим вас, оставляя комментарии, уважать друг друга и не злоупотреблять свободой слова.
Администрация сайта будет удалять:
1. Комментарии с грубой и ненормативной лексикой.
2. Оскорбления, угрозы и непристойные высказывания.
3. Высказывания, разжигающие национальную, религиозную и прочую рознь и вражду.
4. Комментарии, содержащие другие нарушения законодательства и прав граждан.
5. Комментарии, рекламирующие и продвигающие другие веб-ресурсы, товары и услуги, а также комментарии, не имеющие отношения к дискуссии.

Пользователи, которые нарушают эти правила грубо или систематически, будут заблокированы.