Воскресенье, Февраль 17Вместе создадим светлое будущее! ▲▼▲▼▲▼▲▼▲▼▲▼▲▼▲▼▲▼▲▼▲▼▲▼▲▼▲


Таърихи иқтисодиёт ҳамчун илм

1.Фан ва методи омузиши таърихи иқтисодиёт;
2.Мундариҷаи иқтисодиёт. Иқтисодиёт, бозор ва бизнес;
3.Мавқеи таърихи иқтисодиёт дар низоми (системаи) илмҳои дигар;
4.Мавзӯи таърихи иқтисод, сарчашмаи таърихи иқтисод;
5.Масъалаи ба давраҳо тақсим кардани (даврабандии) таърихи иктисод;
6.Навасоти адвории (даврагии) дар рушди иқтисодиёт.

Таърихи иқтисодиёт иқтисодиётро чун падидае меомӯзад. Иқтисодиёт ҳалли ду масъалаи муҳими ба ҳамдигар алоқаманд – истеҳсол ва тақсимотро бар дӯш дорад. Масъалаи нисбатан муҳим ба даст овардани самаранокии иқтисодист. Ин кор бо роҳи ҳамкории иқтисодиёт бо соҳаҳои  дигари ҳаётӣ – давлатӣ – ҳуқуқӣ, низоми иҷтимоӣ-сиёсӣ, инчунин дар ҳолати баланд будани дараҷаи инкишофи соҳаи маънавиёт имконпазир мегардад. Таърихи иқтисодиёт омӯзиши ҷӯстуҷӯҳои инсониятро барои дарёфти роҳҳои беҳтарини инкишоф ҳадафи худ қарор додааст.
Иқтисодиётро инсон дар ҷараёни фаъолияти худ ба миён овардааст. Бозорро иқтисодиёт ба вуҷуд овардааст. Вай ба мисли иқтисодиёт рушду нумӯъ мекунад, вале маҳз дар зери таъсири он иқтисодиёт таҳаввул менамояд. Маҳз муносибатҳои бозоргонӣ сабаби ба миён омадани боз як падидаи иқтисодӣ  – бизнес  гардиданд. Самаранокии амали бозор ва имкониятҳои бизнес шароити басо муайянро тақозо менамоянд. Дар ҳолате, ки омилҳои муҳимтарин чун замин, меҳнат, сармоя (капитал)  имконияти пухта расиданро доранд, рушди серҳаракати хоҷагӣ ба вуқӯъ мепайвандад ва иқтисодиёт ба зудӣ марҳилаҳои зиёди рушдро тай менамояд.
Марҳилаи асосӣ ва дараҷаи рушди иқтисодиёти ҳозиразамон. Арзишҳои умумибашарии ҳозиразамон ва дастовардҳои тамаддуни башарӣ. Самтҳои асосии ҳалли масъалаи даврабандиро дар осори Л.Морган, Н.Я.Данилевский, О.Шпенглер, А.Тойнби, К.Маркс дарёфтан мумкин аст.
Дар илми муосир оид ба баҳодиҳӣ ба таърихи инсоният ва таърихи иқтисодии он муносибатҳои гуногун мавҷуданд. Муносибат ба ин масъала, ибрози ақида дар бораи он ба асосҳои фалсафию ҷаҳонбиние, ки муҳаққиқ пайрави онҳост, пайрави кадом мактаби иқтисодӣ буданаш сахт марбут аст. Аксарият дар рушду нумӯъ ворисият ва мавҷудияти ҷараёни умумиҷаҳонӣ – таърихӣ ва вобаста ба ин пешрафтро қабул доранд, дигарон ба ин зидданд. Баъзеҳо тарафдори ақидаи такомули тадриҷианд, дигарон роҳи инкишофи инқилобиро афзалтар мешуморанд.
Дар масъалаи тақсимбандӣ ба давраҳо низ ҳамин ҳолат ба назар мерасад: ҳама чиз ба меъёрҳое вобаста аст, ки муҳаққиқон бар онҳо такя менамоянд. Бар асос метавон меъёри рушди иҷтимоӣ-иқтисодиро гирифта муносибати марксистии тақсимот  ба форматсияҳои ҷамъиятиро ташвиқ намуд; ба ҳайси меъёр инчунин рушду тараққиёти технологӣ, маънавӣ-динӣ ва ғайраро қарор дод ва дар ин замина даврабандиро таъин кард.
Профессори ҳолландӣ Я.Тинберген дар замони худ панҷ ҳадафи асосии ҷомеаро пешниҳод намуд, ки онҳо дар кишвари Ғарб эътироф ва қабул гардиданд. Пешниҳодҳои Я.Тинберген сотсиализми хаёлӣ набуданд, барои онҳо ӯ соли 1969 сазовори Ҷоизаи Нобел гардид. Арзишҳо ва ҳадафҳои ҷаҳони мутамаддуни башарӣ инҳоянд:

  • пойдории сулҳ дар тамоми ҷаҳон;
  • истеҳсоли маҳсулоти кифоякунанда ба ҳар сари аҳолӣ, бо кор таъмин кардани мардум ва тавозуни низоми пулӣ;
  • беҳсозии тақсимоти маҳсулоти ҷамъиятӣ дар байни гурӯҳҳои иҷтимоӣ ва кишварҳои ҷудогона;
  • озод кардан (эмансипатсия)-и гурӯҳҳое, ки аз баробарҳуқуқӣ маҳруманд;
  • ба қадри имкон озодии бештари ҳар як фардро таъмин кардан.

Тартибот ва меъёрҳои низоми бозоргонии озод. Масъалаи генезиси ин унсурҳо. Инсоният ин қабил арзишҳои муайянро дар натиҷаи талошҳои доимӣ баҳри ҳалли масъалаҳои асосии иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва сиёсӣ ба даст овард. Талош дар соҳаи иқтисодиёт самаранокии иқтисодиёт мебошад. Дар соҳаи иҷтимоӣ – муборизаи доимӣ, тулонӣ ва бомуваффақиятест барои ба даст овардани адолати иҷтимоӣ. Муборизаи сиёсӣ низ муборизаи тулонӣ ва доимиест баҳри инкишофи демократия ва муносибатҳои демократӣ, кафолати ҳуқуқи инсон, таъмин гардидани озодии инсон, фароҳам овардани имкониятҳо барои он ки ҳар як шахс қобилияту тавоноии худро нишон бидиҳад.
Робита ва вобастагии байниҳамдигарии сиёсат, ҷомеа ва фарҳанг
Дар рушду нумӯи тамаддуни башар мафҳумҳову падидаҳое ба монанди иқтисодиёт, сиёсат ҷомеа, фарҳанг аҳамияти калон доранд. Онҳо ба ҳамдигар бевосита наздик ва вобастаанд.
Иқтисод – иқтисодиёт, ки ба забони тоҷикӣ гуфта мешавад, аз калимаи юнонии oikonomia – экономия гирифта шудааст ва маънояш маҳорату малакаи пеш бурдани хоҷагӣ(дар хона, рӯзгор) мебошад.
Иктисодиёт мафҳумҳои зеринро дар бар мегирад:

  • маҷмӯи муносибатҳои истеҳсолӣ, асосӣ (базисӣ) иқтисодии ҷомеа;
  • хоҷагии халқи ин ё он кишвар ва ё қисме аз он, ки анвои маҳсулот ва соҳаҳои истеҳсолро дар бар мегирад;
  • барои дигар намудҳои муносибатҳои иҷтимоӣ асос мебошад ва дар тараққиёти ҷомеа нақши муҳим дорад;
  • хусусиятҳои фарқкунандаи кишвари алоҳидаро дар робита бо вазъи ҷуғрофӣ, иштирокаш дар бозори умумиҷаҳонии меҳнат (тақсимоти умумиҷаҳонии меҳнат) анъанаҳои таърихӣ, дастовардҳояш дар рушду нумӯи ҳунари хоҷагидорӣ ва дигар шартҳои мушаххаси таърихӣ инъикос менамояд.

Дар айни замон, иқтисодиёт бо сиёсат робитаи ногусастанӣ дорад ва дар баробари ин омилҳои иҷтимоӣ-сиёсӣ ба иқтисодиёт таъсир мерасонанд.
Тамаддун, ки тарҷума ё муодили калимаи сивилизатсия (бо лотинӣ civilize) маънояш шаҳр, шаҳрӣ, давлатро дорад. [Калимаи арабии «Мадина» ба маънои «шаҳр» аст ва «тамаддун», «маданият» аз ҳамин решаанд].

  1. Тамаддун (сивилизатсия) муродифи фарҳанг (культура) мебошад. Дар таълимоти марксистӣ аз ин мафҳум барои ифодаи маданияти моддӣ истифода мешавад.
  2. Тамаддун дараҷа, зинаи тараққиёти маданияти моддӣ ва маънавист (тамаддуни ориёӣ, тамаддуни атиқа, тамаддуни муосир ва ғайра).
  3. Тамаддун зинаи тараққиёти ҷамъият аст, ки пас аз барбарият (варваризм) фаро мерасад (Л.Морган, Ф.Энгельс).

Мафҳуми тамаддун (сивилизатсия) дар  қарни XVII дар робитаи зич бо фарҳанг («культура») пайдо шудааст. Файласуфони маорифпарвари франсавӣ ҷамъияти хираду дод (ақлу адолат) асосёфтаро ҷомеаи мутамаддин мешумориданд. Дар асри XIХ тамаддун ҳамчун тавсифе нисбат ба ҷомеаи капиталистӣ дониста мешуд, вале ин гуна фаҳмиши тамаддунро на ҳама тарафдорӣ мекарданд.
Масалан, Н.Я.Данилевский назарияи типологияи умумии фарҳангҳо ва ё тамаддунҳоро ташреҳ кард, ки тибқи он мавҷудияти таърихи умумиҷаҳонӣ инкор карда мешуд; мувофиқи ин назария таърихи тамаддунҳои алоҳида вуҷуд дорад ва ҳар кадомашон дорои хусусияти хос ва инфиродӣ мебошанд.
Тибқи консепсияи О.Шпленгер тамаддун давраи муайяни ниҳоии инкишофи ҳар як фарҳанг мебошад. Аломатҳои асосии он чунинанд: тараққиёти индустрия ва техника, инкишофи санъат ва адабиёт, сернуфуз гардидани шаҳрҳои калон, табдил ёфтани халқҳо ба оммаи мардум.
Баъд аз О.Шпленглер муҳаққиқи дигар А.Тойнби зиёда аз 26 тамаддуни мустақилро номбар кардааст.
Култура (калимаи лотинии cultika – сабзонидан, тарбия кардан, маърифат, рушд, ситоиш) дар забони тоҷикӣ муодилаш фарҳанг, маданият буда, зинаи муайяни тараққиёти ҷомеа ва инсон аст, ки дар анво ва меъёрҳои ташкили зиндагӣ ва фаъолияти одамон, инчунин дар арзишҳои моддӣ ва маънавии офаридаи онҳо зоҳир мешавад.
Мафҳуми маданият барои ташреҳи (муаррифии) тараққиёти давраҳои муайяни таърихӣ, форматсияҳои иҷтимоӣ-иқтисодӣ, ҷомеаҳои мушаххас, халқиятҳо, миллатҳо (масалан, маданияти Ҳисор, маданияти Араб, маданияти атиқа, маданияти майя), инчунин барои муаррифии соҳаҳои махсуси ҳаёту фаъолият (маданияти меҳнат, маданияти маишӣ, маданияти эҷод) ба кор бурда мешавад.
Таърих (история, аз калимаи юнонии historia – ҳикоят аз воқеоти гузашта, қисса аз он чӣ, ки дарку таҳқиқ шудааст), илмест, ки гузаштаи ҷамъияти инсониро бо мушаххасоту гуногуниаш бо мақсади дарки ҳозира ва оянда меомӯзад.
Барои илми таърих мавзӯи асосӣ омӯзиши таърихи мушаххаси ҷомеа мебошад. Он ба далелҳои гузашта ва муосир такя менамояд. Ҷамъоварии далелҳо, ба низом дароварданашон, таҳлили робитаи байниҳамдигариашон асоси дохилии илми таърих мебошад.
Илми ҳақиқӣ нуктасанҷона фароҳам овардан ва омӯхтани далелҳоро тақозо менамояд. Бо ин мақсад на далелҳои ҷудогона,балки маҷмӯи далелу бурҳонҳои ба мавзӯи таҳқиқ дахлдорро бе ҳеҷ як истисно бояд гирифт.
Умумиятдиҳии назариявӣ, дарку фаҳмиши маҷмӯи далелҳои ба ҳам марбути фароҳам овардашуда ва таҳқиқшуда ҷиҳати дигари таърих ҳамчун илм мебошад.
Ягонагии ин ду ҷиҳати илми таърих ҷудонопазир аст. Риоя накардан ба ин ягонагӣ то андозае ба таҳрифи  ҷараёни дарки таърихи ҷамъият мебарад.
Таърихи сиёсат, таърихи иқтисодиёт ва ғайра соҳаҳои илми таърих мебошанд.
Таърихият яке аз принсипҳои омӯзиши воқеият чун падидаи дар тӯли замон тағйирёбанда ва тараққикунанда мебошад.
Таърихи иқтисодиёт яке аз фанҳои қабили омӯзиш, маданияти иқтисодӣ яке аз муҳимтарин меъёрҳои пешрафти тамаддун мебошанд. Таърихият, таҳаввули тадриҷӣ ва таҳлили муқоисавӣ принсипҳои асосӣ дар омӯзиши таърихи тамаддун аз ҷиҳати иқтисодӣ ба шумор мераванд.
Мавқеи таърихи иқтисодиёт дар низоми(системаи) илмҳои дигар
Таърихи иқтисодиёти тамаддун дар низоми илмҳои иқтисодӣ ва таърихӣ мавқеи махсусро ишғол менамояд. Тавассути он оид ба таърихи фарогир ва ҷаҳоншумул, таърихи башарият тасаввурот метавон ҳосил кард.
Ба ақидаи басе мӯътамадӣ яке аз таърихшиносони маъруфи франсавӣ Фернанд Бродел ин тарзи муносибат ба масъала бояд кулли ҷанбаҳои фаъолияти инсонро дар фазову вақт фаро бигирад.
Вобаста ба ин ҷиҳати масъала робитаи таърих бо илмҳои дигари инсоншиносӣ, пеш  аз ҳама  омӯзиши таърихи ҳаёти моддӣ аҳамияти зиёд дорад. Дар ин маврид инчунин бояд дар назар дошт, ки таърихи инсониятро бо ёрии ин ё он меъёри  ҳалкунанда (асосӣ) шарҳу тавзеҳ додан ғайриимкон аст. Барои расидан ба ҳақиқати масъала таҳқиқи ҳадди аксари имконпазири меъёрҳои ба ҳамдигар алоқаманд зарур аст.
Ин курси таълимӣ иқдомест аз натиҷагириҳои таърихи дар миқёси таърихи инсоният.
Меҳвари асосии тамоми курсро аз назар гузаронидани рушду тараққиёт ва таҳаввули тадриҷии меъёрҳои асосии истеҳсолот – замин, меҳнат, сармоя (капитал), менеҷмент ва мавқеъ гирифтани  онҳо дар механизми хоҷагидории озоди бозории муносибу босамари ҳозиразамон ташкил менамояд. Фаъолият бомувафаққият ва дарозмуддати ин механизм ба шароити муайяни иҷтимоиву сиёсӣ, давлативу ҳуқуқӣ, маънавӣ, хоҷагидории инфиродии оилавӣ ва дигар сохторҳо, ки дар маҷмӯъ низоми хусусиятҳои миллӣ-таърихӣ доштаро ташкил медиҳанд, вобаста аст.
Ба назари мо, яке аз вазифаҳои ибрози андеша намудан дар самти посух додан ба саволест басе муҳиму асосӣ бад- ин мазмун: барои чӣ дар ҷаҳон ҷудо намудани кишварҳо ба «тараққикарда» ва халқҳои пешрафта (кишварҳои мутамаддини аврупоӣ, ки пешрафти ҷаҳон ба онҳо вобаста аст) ва минтақаҳои қафомонда вуҷуд дорад? Чунин ба назар мерасад, ки барои ба ин пурсиш посух тайёру омада аст: пешрафти кишварҳо ба шарофати ҷомеаи сармоядорӣ (капитализм) аст. Вале боз савол ба миён меоянд, ки «ҷомеаи сармоядорӣ» («капитализм»), «низоми ҷомеаи сармоядорӣ» («системаи капиталистӣ») ва дар маҷмӯъ  соҳаҳои иқтисодӣ, сиёсӣ ва иҷтимоӣ чистанд?
Агар аз нуқтаи назари иқтисодӣ ва оддӣ ба ин масъала наздик бишавем асоси ин ҷомеа сармоя (капитал), яъне арзиши худ ба худ афзоянда мебошад. Вале агар бо такя бар консепсия (назария) ва истилоҳоти ба корбурдаи Маркс бигӯем, «арзиши худ ба худ афзоянда» танҳо хоси «форматсияи капиталистӣ» нест. Ба ин маънӣ сармоя (капитал) дар форматсияҳои «тосармоядорӣ» («токапиталистӣ») ва «баъди сармоядорӣ» («баъди капиталистӣ»)  низ вуҷуд дорад.
Агар муносибатҳои истеҳсолӣ ба назар гирифта шаванд, ба ақидаи иқтисодшиноси маъруфи франсавӣ Морис Фламан «ҷомеаи сармоядорӣ» («капитализм») низоми иқтисодиест, ки бар заминаи озодии корхона ва бозори озод бунёд ёфтааст.
Моҳияти масъала (агар бо истифода аз истилоҳоти дар консепсияи Валтер Ойкен омада бигӯем), бешубҳа, гузариш аз навъи воқеии хоҷагидории марказ идорашаванда ба навъи воқеии хоҷагидории озоди бозоргонӣ мебошад. Беибо метавон гуфт, ки ин ҷиҳати масъала бо таҳаввули тадриҷии омилҳои истеҳсолот аз қабили замин ва сармоя (капитал) марбут аст. Инчунин, дар ин гузариш омили дигари басо муҳим – меҳнат, табаддулоти низоми ғайрииқтисодии водошт ва низоми иқтисодии водошти дар дохили он сабзида расида аҳамияти калон доранд. Ин роҳи рушди омилҳои истеҳсолот боиси пайдоиши сохтори муҳими хоҷагидорӣ – корхона, ташаккули тафаккури соҳибкорӣ ва тавлиду бавуҷудоии омили чаҳорум – менеҷмент мешаванд, ки самаранокии корбурди омилҳои дигари истеҳсолот аз он вобаста аст.
Сохта шудани чунин механизми иқтисодӣ, ки аз ҷиҳати мутобиқшавӣ ва худтанзимшавандагӣ амали дарозмуддатӣ, самаранокӣ ва беҳбуди худро исбот кардааст, бе табадуллоти ҷиддӣ дар ҳаёти иҷтимоӣ ва сиёсӣ ғайриимкон аст. Ба ҳамин тариқ, чунин механизми иқтисодиро аксар воҳидҳои хоҷагидории аввалӣ соҳиб мешаванд.
Субъекти асосии ҳаёти иқтисодӣ ва дар навбати худ иҷтимоиву сиёсӣ фарди ҷудогона, шахсияте мешавад, ки пурра барои кори худ масъул аст. Аз як тараф  шахс барои ҳуқуқи озодии худ кӯшиш менамояд, аз тарафи дигар ин амалиёташ боиси афзудани масъулияташ мегарданд. Заминаи фалсафии арзиши иҷтимоии индивидуализм, ки олими ҳолландӣ Бенедикт Спиноза таҳия намуд ва он асоси таълимоти иқтисодии ӯ гардид, баъдан дар либерализми иқтисодии Ҷон Локки англис ифодаи худро ёфт.
Низоми иқтисоди бозоргонии озод яке аз заминаҳои пешрафти ҳам ҳаёти иқтисодӣ ва ҳам иҷтимоӣ-сиёсӣ мебошад. Амали бомувафаққияти он ва ба даст овардани самаранокии иқтисодиёт гарти муҳими омилҳои иҷтимоӣ-сиёсии рушди маданияти  иқтисодӣ мебошанд.
Мавзӯи таърихи иқтисод, сарчашмаи таърихи иқтисод
Таърихи рушди иқтисод (ва ё номи дигараш – таърихи хоҷагидорӣ) илми ҳамгиро аст, ба он маъно, ки дар нуқтаи ба ҳам  омадани (расидани) ду илми басо муҳим – таърих ва иқтисод қарор дорад. Вале мушкилот дар он аст, ки таърихшиносони «классик», агар зарурате пеш  наояд ба иқтисод таваҷҷӯҳ намекунанд ва ба қонунҳои иқтисодиро ба эътибор намегиранд, инчунин иқтисодшиносон, дар навбати худ, нисбати ба таърих ҳамин тавр рафтор  менамоянд.
Илми таърихи маъмулӣ (анъанавӣ) асосан хронолигия (тартиби замонии) ҳодисаҳои муҳимро, аз қабили ҷангҳо, инқилобҳо, шӯришҳо, бозёфтҳои ҷуғрофӣ, корномаи сиёсатмадорони (давлатмардони) барҷаста, донишмандон аҳли ҳунарро меомӯзад. Инчунин таърихшиносон мекӯшанд робитаи сабабҳо ва натиҷаҳои ин ҳодисаҳои таърихиро кашф намоянд.
Илми иқтисод ҷараёни истеҳсол, тақсимот, табодул ва истеъмоли маҳсулоти моддӣ ва давлатҳоро, ки дар рафти ин ҷараён ба вуҷуд меоянд, меомӯзад.
Таърихи хоҷагидорӣ ҷараёни рушди иқтисодиётро дар дурнамои (чашмандози) таърих меомӯзад. Вай кӯшиш бар он дорад, ки ба саволҳои дар ин ё он минтақа кадом миқдор аҳолӣ зиндагӣ мекард? Ин бошандагон чӣ истеъмол мекарданд (мехӯрданд)?  Дар куҷо зиндагӣ мекарданд?  Чӣ гуна либос мепӯшиданд?  Аз кадом навъи пул истифода мекарданд? Ва ғайра.
Таърихи иқтисод фанни ибратомӯз аст. Мегӯянд, ки дар моҳтобшаб ҳама чиз ба як ранг намудор мешавад. Агар ҳодисаҳои ғайриоддӣ, фавқулодда рӯх бидиҳанд ҳам ашхоси закӣ ҳам монандиҳоро дар таърих мушоҳида карда метавонанд. Масалан, агар мардуми Россия аз найранги шахсе бо номи Ҷон Лоу, ки дар асри XVIII дар Фаронса зистааст, огоҳ мебуданд, метавонистанд миллиардҳо доллари пасандози худро аз созандагони пирамидаҳои молиявӣ – «МММ», «Тибет», «Властелин» ва ғайра ҳифз намоянд.
Иқтисодшиносон ба таърих дар миёнаи асри XIХ, вақте рӯй оварданд, ки якчанд олими немис бар хилофи иқтисоди сиёсии англис ақидаеро пеш оварданд, ки ҷустани қонунҳои умумии рушду нумӯъ зарур нест, бояд ҷиддан ва бодиққат таърихи иқтисоди кишвар, минтақаҳои ҷудогона, сехҳо, анҷуманҳо ва дигар созмонҳои иҷтимоӣ мавриди омӯзиш  қарор бигиранд. Маҳз ба шарофати мактаби таърихӣ (иқтисодии) немис дар ҳамон давра илми нав – таърихи иқтисод пайдо гардид. Дар миёнаи асри ХХ дар Фаронса маҳфили ҳамфикроне таъсис ёфт, ки ҳам ба таърих ва ҳам ба иқтисод назари ягона доштанд. Онҳо дар атрофи маҷаллаи «Анналҳо» ҷамъ омаданд ва баъдан мактабашон «Анналҳо» ном гирифт. Таваҷҷӯҳ ба таърихи иқтисод дар даҳсолаи охири асри ХХ беш аз пеш афзуд ва маҳз дар ҳамин давра (1993) олимони амрикоӣ Роберт Фогел ва Дуглас Норт барои таҳияи методҳои иқтисодии таърих сазовори Мукофоти Нобел гардиданд. Ин як падидаи нодир аст, чунки Мукофоти Нобел барои иқтисод танҳо аз соли 1969 ба ин тараф дода мешавад. (Мукофоти Нобел дар бахши илми таърих вуҷуд надорад).
Сарчашмаҳои маълумот оид ба рушди иқтисод.
Дар маҷмӯи методҳое, ки аз онҳо таърихи иқтисод истифода менамояд, методҳои умумии илмии маърифат – тавсиф, мантиқ, методҳои махсус – таърихӣ, иқтисодӣ, психологӣ ва математикӣ мавҷуданд. Барои ин илм инчунин 1) ҳафриёти бостоншиносӣ; 2) маълумоти баҳисобгирии нуфуси аҳолӣ – маълумоти барӯйхатгирии аҳолӣ, ки дар муддати ду ҳазору панҷсад сол гузаронида мешаванд (дар гузашта ба рӯйхатгирӣ барои андозбандӣ ва ба сафи артиш даъват намудани ҷавонон сурат мегирифт), ба қайд гирифтани таваллуд, ақди никоҳ, вафот, васиятномаҳо; 3) матни дар бойгониҳо боқимондаи дастнависҳо, қарорҳо, қонунҳо;  4) навиштаҳои иқтисодшиносони барҷаста ба монанди Петтӣ, Кенэ, Смит, Рикардо, Милл, Маркс ва дигарон ва ҳатто 5) осори бадеӣ аз қабили «Декамерон», «Робинзон Крузо», «Дон Кихот», «Марги судхӯр», «Гобсек» ва ғайра қобили таваҷҷуҳ мебошанд. Дар бораи адабиёти бадеӣ бояд гуфт, ки шоирону нависандагон ҳаёту маишати оддиву ҳаррӯзаи қаҳрамонони худро тасвир намуда, беихтиёр маълумоти муфиди иқтисодӣ дарҷ намуданд ва иқтисодшиноси закии муосир ин маълумотро аз он осор дармеёбад.
Агар ба садсолаи охир назар андозем, дидан мумкин аст, ки дар ин давра низоми басо мукаммали ҷамъоварӣ ва коркарди иттиолоти гуногуни иқтисодӣ ва иҷтимоӣ ба миён омад. Дар даҳ соли охир ин иттилоот  пурра ба компютерҳо ворид гардидааст. Аксари кишварҳо, аз ҷумла Россия, Тоҷикистон аз низоми ягонаи баҳисобгирӣ (НЯБ), ки мутахассисони СММ таҳия кардаанд, истифода мебаранд.
Масъалаи ба давраҳо тақсим кардани(даврабандии) таърихи иктисод
Доир ба тақсим кардани таърихи рушди иқтисод, таърихи хоҷагидорӣ ақоиду назариёти бисёре мавҷуданд. Баъзе аз ин даврабандиҳоро бе тахлилу баррасии муфассал аз назар мегузаронем.
Модели сезинагии Гилденбрандт-Бюхер.
Иктисодшиносону таърихшиносони немис Бруно Гилденбрандт ва Карл Бюхер дар миёнаи асри гузашта таърихи хоҷагидориро ба се зина тақсим кардаанд. Ин олимон чун заминаи тақсимот ба давраи таърихӣ роҳи тай намудаи мол – маҳсулотро аз истеҳсолкунанда то ба истеъмолкунанда гузаштаанд:
1) «Табиӣ», хоҷагии натуралӣ (хонаводагӣ), аз замонҳои кадим то миёнаи асри XIIРоҳи тайкардаи ин маҳсулот аз як мил зиёд набуда, роҳи аз замин ва ё обчакории кишоварзро тавассути осиёб ва оҳангархона то ба хонааш ва хонаи хӯчаин дар бар мегирад.
2) «Пулӣ» – ва ё хоҷагии шаҳрӣ, то охири асри XVII.  Роҳест ба тӯли якчанд то даҳҳо мил, аз замини кишоварз ва ё устохонаи ҳунарманд ба тавассути бозори шаҳр ва ё ярмарка бо ёрии тоҷир ба хонаи истеъмолкунандагон.
3) «Кредитӣ» ва ё хоҷагии халқӣ, аз асри XIХ ибтидо гирифтааст. Роҳест ба тӯли садҳо ва ҳазорҳо мил, аз шахтаҳои  (конҳои) Элзас, заминҳои Украина, плантатсияҳои чою пахтаи Осиё, плантатсияҳои каҳва ва найшакари Бразилия, конҳои тиллои Африка ба тавассути тоҷирону бонкдорон то ба бозорҳои аврупоӣ ва фабрикаҳо ва аз он ҷо ба хонаи истеъмолкунандагон мерасад. Дар бозгашт мошинҳо ва дастгоҳҳо, пӯлод, матоъ, пойафзол ва ғайра оварда мешавад.
Даврабандии форматсионнии Маркс – Сталин.
Дар собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ дар тӯли 75 сол ақидаи ба ном «сиёсӣ» (ва ё марксистӣ), ки дар нимаи дуюми асри XIХ  Карл Маркс пешниҳод кард, ҳукмрон буд. Ин ақида баъдан ба осори В.И.Ленин гузашт ва соли 1933 Сталин онро ба ҳукми қонун даровард. Тибқи ин даврабандӣ инсоният панҷ форматсияи иҷтимоӣ-сиёсиро аз сар гузаронидааст. Ин даврабандӣ аз рӯи моликият ба воситаҳои истеҳсолот, ки хусусиятҳои тарзи истеҳсол ва умуман сохти ҷамъиятӣ ба он вобаста аст, сурат гирифтааст.
1) Ҷамоаи ибтидоӣ – аз ҳазорсолаи даҳум то асри VI  пеш аз милод. Иқтисод дар ин давра дар дараҷаи паст қарор дошт ва танҳо барои аз гуруснагӣ намурдани аҳолӣ кифоя мекард. Замин – воситаи асосии истеҳсолот – моли хусусӣ набуд, дар натиҷа истисмори шахс аз ҷониби шахси дигар вуҷуд надошт. Муносибати асосии ҷамъиятӣ табодули мол дар ҷамоа буд. Ҳеч кас маҷбуран ба коре ҷалб карда намешуд, ҳар касе меҳнат намекард ва ғизо ба даст намеовард, аз гуруснагӣ мефавтид. Синфҳо вуҷуд надоштанд.
2) Ҷамъияти ғуломдорӣ – дар асри V пеш аз милод моликияти хусусӣ, аз он ҷумла ба одамон (ғуломон) пайдо шуд, ки ба ғуломдорон арзиши изофа меовард. Маҷбуран кор фармудан хусусияти субъективӣ – террористиро гирифт – асиронеро, ки ғуломон шудан намехостанд, ба қатл  мерасониданд; ғуломони саркашро низ ҳамин тавр ҷазо медоданд. Муносибати асосии иҷтимоӣ ғуломдорӣ буд. Синфҳои асосии ҷомеа – ғуломон ва ғуломдорон. Зиддияти байни онҳо – ҳалнашаванда, антагонистӣ буд; дер ё худ форматсияи ҷамъиятӣ бояд дигаргун мешуд.
3) Сохти феодалӣ дар асри V милодӣ дар Аврупои Ғарбӣ ба вуҷуд омад? Синфҳои асосии ҷомеа феодал ва деёцон?
4) Сохти капиталистӣ – дар асри ХIХ фаро расид. Объекти асосии моликияти хусусӣ воситаҳои истеҳсолот дар соҳаи саноат қарор гирифтанд. Маҷбур кардан ба меҳнат хусусияти объективӣ – иқтисодӣ дорад; ҳар он кас, ки моликияти хусусӣ ва ё воситаҳои дигари рӯзгузаронӣ надорад, маҷбур аст нерӯи кории худ – меҳнаташро бифурӯшад ва ба истисмор дучор бигардад. Муносибати асосии иҷтимоӣ – арзиши изофа (сармоя – капитал) мебошад. Синфҳои асосии ин сохти ҷамъиятӣ коргарон ва капиталистонанд, ки зиддияти антагонистӣ доранд.
5) Сохти коммунистӣ – пас аз ғалабаи коргарон бар буржуазия фаро мерасад. Воситаҳои истеҳсолот ҷамъиятӣ мешаванд ва дар натиҷа истисмор аз байн меравад. Меҳнати тоқатфарсои маҷбурӣ ба ихтиёрӣ, эҷодӣ табдил меёбад. Дар ин замина истеҳсолот меафзояд ва талаботи ҳамаи аъзои ҷомеа қонеъ гардонида мешавад.
Даврабандии таърихӣ – хронологӣ (тартиби замонӣ)
Яке аз тарзҳои басо ҷолиби ҳалли ин масъала ҳалли анъанавист, ки дар он ҳафт давраи аз сар гузаронидаи мардуми сокини минтақаи баҳри Миёназамин ба назар гирифта мешавад.
Давраи бостон – ХХХIIIVIII то милод. Дар ин давра тақсимоти меҳнат гузаронида шуд, созмонҳои асосии иҷтимоӣ аз қабили оила, ҷамоа, моликияти хусусӣ, ҳуқуқ, дин ташаккул ёфтанд.
Антиқӣ  – аз асри VIII  то асри V  пеш аз милод. Ҳунарҳои косибӣ, тиҷорат, моликияти хусусӣ ба замон ва ғуломон пайдо шуданд.
Давраи асримиёнагӣ –  аз асри VI то асри ХV милодӣ. Дар ин давра миллатҳои асосии аврупоӣ, шаҳрҳои мустақил ташаккул  ёфтанд.
Давраи Эҳё – аз миёнаи асри ХV  то миёнаи асри ХVII. Давраи кашфиёти бузурги ҷуғрофӣ, ҷамъоварии аввалияи сармоя (капитал).
Давраи маорифпарварӣ – аз миёнаи асри ХVII то чоряки охирини асри ХVIII. Дар ҷаҳон таксимоти марзӣ гузаронида шуд.
Давраи рақобати озод – аз чоряки охирини асри ХVIII то чоряки охирини асри ХIХ. Инқилоби саноатӣ рӯй дод.
Рақобати инқисорӣ (монополӣ) – аз чоряки охирини асри ХIХ то миёнаи асри ХХ. Рақобати сармояҳо (капиталҳо) ва мубориза баҳри тақсими иқтисодии ҷаҳон сабаби баҳронҳо ва ҷангҳо гардид.
Хоҷагидории иҷтимоӣ – бозорӣ – аз миёнаи асри ХХ оғоз ёфтааст. Вазъи кишварҳои нисбатан  тараққикарда босубот гардид, табақаи нави миёнаҳол ва ҷомеаи истеъмолкунандагон ташаккул ёфт.
Навасоти адвории (даврагии) дар рушди иқтисодиёт
Иқтисодиёт на бо роҳи рост ва бо суботи муайян рушд мекунад. Давраҳои болоравии шадид ба давраҳои пастравӣ (бӯҳрон), рукуд иваз мешаванд ва боз болоравӣ шурӯъ оғоз меёбад. Ин чор марҳила, ки паи ҳам ба вуқӯъ мепайванданд, навасоти адвории (даврагии) иқтисодиро ташкил медиҳанд. Ҳамаи инҳо қонуниятҳое мебошанд, ки дар тӯли ду сад соли охир рӯй додаанд. Шумораи онҳо дар асрҳои ба мо наздик бештар ба қайд гирифта шудаанд, чунки маълумоти оморӣ оид ба асри ХIХ нисбат ба асри ХIII бештар  дар даст дорем.
Сабабҳои пайдоиши навасоти даврагӣ зиёданд. Номгӯи баъзе аз ин сабабҳо бад-ин қарор аст: ҳодисаҳои хориҷ аз иқтисод аз қабили тағйир ёфтани вазъи боду ҳаво, ки ба навасоти фаъолиятмандии офтоб робита доранд; таҳаввулоти (пешрафти) иҷтимоӣ-инқилоби шаҳватпарастӣ, саъю кӯшиш барои баробарии ҳуқуқҳои зану мард; ҷунбишҳои (таназзулҳои) сиёсӣ – ҷангҳо, инқилобҳо, задухӯрдҳо байни шаҳрвандон ва ғайра. Ба гурӯҳи сабабҳои дохилӣ фаровонии маблағи пасандозҳо нисбат ба инвеститсияҳо, нобаробарии тавлиди сармоя (капитал), фарқияти тақозо ва арза ба сабаби тағйир ёфтани завқу салиқаи истеъмолкунандагон ва ба ҳадди аксар дигаргун шудани омилҳои истеҳсолот.
Олимони иқтисодшинос навъҳои гуногуни навасоти даврагии иқтисодиро нишон додаанд, ки чанде аз онҳо бад-ин қарор аст:
«Соҳавӣ» – ба муддати аз як ҳафта (СМИ) то як сол (хоҷагии қишлоқ, туризм) ва ҳатто чандин сол (маориф, кишоварзӣ); марбут бо тавлиди маҳсулот дар соҳаҳои гуногун.
«Хурд» – ба муддати аз 2 то 4 сол, ки иқтисодшиноси англис Китчин кашф намудааст ва бо тавлиди нобаробари сармояи (капитали) дар гардиш буда алоқаманд аст.
«Калон» – ба муддати 8-13 сол тӯл мекашанд. Ин навъи навасоти даврагии иқтисодиро Карл  тавсиф намудааст ва он бо тавлиди нобаробари сармояи (капитали) асосӣ вобаста аст.
«Сохтмонӣ» – ба муддати 16 – 25 сол (ба ҳисоби миёна 17,5 сол); олими америкоии белоруснажод Саймон Кузнетс таҳқиқ кардааст;  бо масъалаи нобаробарии тақозо (талабот) дар  манзилсозӣ  вобаста аст ва ин нобаробарӣ ба сабаби дигар шудани наслҳо рӯй медиҳад.
«Дарозмуддат» – ба тӯли 45-60 сол; аз ҷониби иқтисодшиноси рус Николай Кондратев таҳқиқ шудаанд ва ба навасоти (тағйироти) хароҷоти давлатӣ (пеш аз ҳама бо хароҷот ба корҳои низомӣ-ҳарбӣ) вобастаанд. Яке аз навасоти тавсифнамудаи Н.Кондратев тақрибан соли 1788 оғоз ёфт ва то соли 1814  болоравӣ идома дошт; сипас пастравӣ фаро расид ва то соли 1843 идома ёфт. Болоравии нави сисола то бӯҳрони соли 1873 давом кард шурӯъ шуд. Мавҷи сеюми болоравӣ то охири солҳои бистуми асри ХХ идома дошт ва он бо Касодии (рукуди) бузург иваз шуд. Кондратев дар маҳкамаҳои (ҳабсхонаҳои) даврони Сталин вафот кард, вале даврабандиҳои ӯро имрӯз ҳам мушоҳида метавон кард. Аз охири солҳои чилум то ибтидои солҳои ҳафтодуми асри ХХ дар кишварҳои Ғарб болоравии зиёди иқтисодӣ ба назар мерасид ва баъдан бӯҳрони нафту асъор пеши онро гирифт. Тақрибан понздаҳ сол ҳукуматҳо ва мутахассисони иқтисодшиноси кишварҳои нисбатан тараққикарда бо пайомадҳои (оқибатҳои, асароти) «бемории нафтӣ» мубориза мебурданд; аз миёнаи солҳои ҳаштодум мавҷи нави устувори пешрафт мушоҳида мегардад.
«Техникӣ-технологӣ» (ва ё  асрӣ-садсолагӣ), даврабандиҳое,ки бо кашфиёти илмӣ, ихтироот, тағйироти соҳавии иқтисодиёт, ки сохтори технологии иқтисодиётро муайян менамояд, вобаста аст. Имрӯз чунин асрҳоро метавон ном бурд:
1750 – 1850  – асри нассоҷӣ (текстил), мошинҳо ва дастгоҳҳои бофандагӣ;
1800 – 1900  – асри буғ, механика, ангишт, роҳҳои оҳан;
1900 – 2000  – асри нафт, химия, авиатсия, кинематография;
1950 – 2050  – асри электроника, информатика, автоматика;
2000 – 2100  – эҳтимол асри биотехника.
«Ҷаҳоннумул» (ҷаҳонӣ, глобалӣ), хусусиятҳои ин даврабандӣ то охир пурра ошкор нагардидаанд, вале маълум аст, ки дар кишварҳои минтақаи баҳри Миёназамин тақрибан аз асри VIII то миёнаи асри V  пеш аз милод пешрафти бузурги иқтисодӣ идома дошт, вале дар асри V бӯхрони дарозмуддати «садсола» рӯй дод. Бар ивази асрҳои аз ҷиҳати иқтисодӣ бомувафаққияти IV, III ва II пеш аз милод асрҳои буҳронии якуми пеш аз милод ва якуми баъд аз милод фаро расиданд; давраи пешрафти иқтисодии Империяи Рим ба асрҳои IIIII баъд аз милод рост меояд, баъдтар дар асрҳои IV  – V баъд аз милод империя ба шикаст дучор омад ва ин сабаби пастравии иқтисодиёт ва ба бӯҳрон дучор шудани он дар асрҳои VIVIII баъд аз милод гардид.
Дар асрҳои IХ – Х болоравӣ бо суръати паст идома ёфт, вале асрҳои ХI – ХIII давраи пешрафти шадид мебошанд. Асри ХIV аз ҷиҳати иқтисодӣ нисбат ба се асри пешина ва ду асри баъдина асри нисбатан «бад» буд. Асрҳои беҳзистии ХVХVI  бо асри нокоми ХVII иваз гардид. Аз асри ХVIII ба ин тараф то замони мо дар кишварҳои Аврупои Ғарбӣ пешрафти иқтисодӣ устуворона қадам ниҳод. Дар кишварҳои Осиё ва минтақаҳои Уқёнуси Ором низ тақрибан ҳамин воқеияти ҳол, бо назардошти хусусиятҳои маҳаллӣ, ба мушоҳида мерасад.
Таъсири табиат ба фаъолияти иқтисодии инсон
Табиат дар фаъолияти иқтисоди мардум нақши махсусе дошт. Гузаштагони россиягиҳо дар ҳамкориҳои шарқии Аврупо дар асрҳои 4-6 пеш аз милод маскан гирифтанд ва мутобиқи шароити табиат тарзи ҳаёташонро муайян намуданд. Ҷангалзорҳо барои шикор, даштҳо барои чорводорӣ, обанборҳо барои моҳигирӣ мувофиқ буданд. Дар оғоз гузаштагони мардуми рус чорводорӣ мекарданд, баъдан заминҳои навро аз худ намуда ба заминдорӣ – кишоварзӣ машғул  шуданд. Вале заминҳои Аврупои шарқӣ барои кишоварзӣ мувофиқ набуданд. Россия кишвари шимолист. Хунукӣ дар онҷо дар  сол дуру дароз давом мекунад, аз ин рӯ ҳосили аз замин гирифта мешудагӣ танҳо барои хӯрду хӯрок мерасиду халос. Онро фурӯхтану фоида гирифтан амри муҳол буд. Вобаста ба омилҳои табиат ин ё он маҳсулоти хоҷагии қишлоқ кишт карда мешуд. Омилҳои табиат ба ҳаҷми даромад низ таъсир доштанд.

  • Омили табиат барои интихоби технология ва коркарди замин мусоидат менамуд ва зуҳури ин ҷиҳати кор дар хароҷот ба назар мерасад.
  • Омили табиат бо мавсимӣ будани корҳои кишоварзӣ робита дошт, аз ин рӯ, ба сифати маҳсулот, фурӯш ва нархион таъсир менамояд.
  • Омили табиат дар ташкили кори чорводорӣ талаботи хоси худро дорад.
  • Омили табиат барои соҳибкорӣ мушкилиҳо пеш меорад, боиси паст шудани самаранокии меҳнат мегардад.
  • Монеаҳои табиӣ, кӯҳҳову водиҳои беканор, мавҷуд набудани роҳҳо боиси қатъи робитаҳои иқтисодӣ мешуданд.
  • Дар канора ҷой гирифтан, роҳи баромад надоштан ба бозорҳои ҷаҳон ҳам аз омилҳои табиист ва барои паси сар кардани он хароҷоти зиёд зарур аст.
  • Агар кишвар дар канор бошад ва таъсири давлатҳои нисбатан тараққикарда ба он нарасад, аз ҷиҳати иқтисодӣ қафо мемонад ва маҷбур аст худаш роҳи аз мушкилот раҳо ёфтанро биҷӯяд.
  • Зичии аҳолӣ (ҷойгиршавӣ дар км 2) низ пешрафти иқтисодиётро бозмедорад, чунки давлат бояд барои нигоҳ доштани артиш ва ҳифзи марзҳои худ хароҷоти зиёд бикунад.

Баъзан табиат одамонро танбал менамояд. Мардум баъзе маҳсулотро истеҳсол намекунанд, чунки онро аз табиат метавонанд бигиранд.
Адабиётҳои асосӣ:
1.История мировой экономики. Под редакцией ак. Г. Б. Поляка, проф. А. Н. Марковой. Москва -1999 г., ЮНИТИ.
2.Иллюстрированная мировая история.  Ранние  цивилизации. М.: Росмэн – 1994
3.Макконелл К.Р.: Брю С.Л. Экономикс. Принципы, проблемы и политика, 2 т. М. 1992
4.Таърихи иқтисодиёти мамлакатҳои хориҷӣ. Исломов С. Душанбе-2007.
5.Таърихи иқтисодиёти мамлакатҳои хориҷӣ. Исломов С.  А. Фузайлов. Душанбе-2003.
6.Таърихи иқтисодиёти мамлакатҳои хориҷӣ. Ҷабборова М.Ҷ. Душанбе, Ирфон-2011
Адабиётҳои иловагӣ:
1.Экономическая  история  капиталистических  стран. Под.ред.П.В. Кривля и др.М. Высшая школа 1986
2.Экономическая история  СССР  и  зарубежных  стран. Под. редакцией  П.Н. Шемякина, А.А. Успенского, В.Т., Чунтулова  М, Высшая  школа:  1979


Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *


Уважаемые читатели! Просим вас, оставляя комментарии, уважать друг друга и не злоупотреблять свободой слова.
Администрация сайта будет удалять:
1. Комментарии с грубой и ненормативной лексикой.
2. Оскорбления, угрозы и непристойные высказывания.
3. Высказывания, разжигающие национальную, религиозную и прочую рознь и вражду.
4. Комментарии, содержащие другие нарушения законодательства и прав граждан.
5. Комментарии, рекламирующие и продвигающие другие веб-ресурсы, товары и услуги, а также комментарии, не имеющие отношения к дискуссии.

Пользователи, которые нарушают эти правила грубо или систематически, будут заблокированы.