Нақша:

1. Бозори байналхалқии асъор: моҳият ва хусусиятҳои он;
2. Иштирокчиёни асосии бозори ҷаҳонии асъор;
3. Намудҳои асосии бозори ҷаҳонии асъор ва қарз.

1.Бозори байналхалқии асъор: моҳият ва хусусиятҳои он.
Доираи махсуси муносибатҳои бозорӣ, ки ба сифати объекти додугирифти сармояи пулӣ хизмат мекунад, бозорҳои ҷаҳонии асъорро ташкил мекунад. Онҳо дар заминаи ташаккули муносибатхои иктисодии байналхалкӣ барқарор гаштанд. Бозори ҷаҳонии асъор ба додугирифтҳои асосӣ оид ба хариду фуруши асъорҳо, ҳам барои таъмини тиҷорати байналхалқӣ ва ҳам барои гирифтани фоида ва инчунин гардиши пардохтҳои байналхалқии ба пардохти пулии уҳдадориҳои шахсони ҳуқуқӣ ва воқеии мамлакатҳои гуногун вобаста буда, хизмат мекунад.
Бозорҳои асъор аз ду нуқтаи назар омухта мешаванд:
1) Аз нуқтаи назари функсионалӣ – бозори асъор ин доираи муносибатҳои иқтисодиест, ки ҳангоми гузаронидани амалиёт оид ба хариду фуруши асъори миллӣ ва хориҷӣ ба вуҷуд меояд.
2) Аз нуқтаи назари институтсионалӣ – бозори асъор, ин маҷмӯи бонкҳо, муассисаҳои махсуси молиявию кредитӣ, биржаҳои фондӣ, шабакаҳои муосири алоқа ва инчунин марказҳои расмие мебошанд, ки дар онҳо хариду фуруши асъорҳои хориҷӣ ба миллӣ аз рӯи қурби дар заминаи тақозо ва арза барқароргашта гузаронида мешавад.
Бозори асъор дар тобеъияти қонунҳои рақобат қарор дорад. Ба рафтори иштирокчиёни он хоҳиши максимизатсияи фоида бо назардошти фарқият дар қурби асъорҳо таъсир мерасонад. Бузургии ин фоидаҳо ба мувофиқати доираи васеи хатарҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ вобаста аст. Бозорҳои миллии асъор, ки ба ҳаракати маблағҳои пулии дохили мамлакат хизмат мекунанд, ба бозори ҷаҳонии асъор пайваст шуданд, дар онҳо амалиёти асъорӣ ва ҳисоббаробаркуние гузаронида мешаванд, ки ба ҳаракати байналхалқии молҳо, хизматҳо ва сармояҳо вобастаанд. Бозори ҷаҳонии асъор, ки аз душанбе то ҷумъа шабонарузӣ амал мекунад, ба як ҷо бозорҳои миллии асъорро ба ёрии воситаҳои муосири коммуникатсия, ба монанди телефон, телеграф, телекс, шабакаҳои компютерӣ пайваст мекунад. Бозорҳои ҷаҳонии асъор дар марказҳои ҷаҳонии молиявӣ ҷамъ омадаанд. Дар байни онҳо бозорҳои асъори Лондон, Ню-Йорк, Франкфурт-на-Майне, Париж, Сюрих, Токио, Сянган, Сингапур, Баҳрайн нуфузи махсус доранд.
Бозорҳои муосири ҷахонии асъор бо хусусиятҳои асосии зерин тавсиф дода мешаванд:
1. Байналмилалишавии бозорҳои асъори дар заминаи байналмилалишавии робитаҳои хоҷагӣ, истифодаи васеи воситаҳои электронии алоқа ва гузаронидани амалиёт ва ҳисоббаробаркунӣ ба воситаи онҳо.
2. Амалиёти пай дар пай дар давоми шабонаруз дар ҳамаи қисмҳои ҷаҳон аз паси якдигар гузаронида мешавад. Кор дар бозорҳои асъор мувофиқи шабонарузҳои тақвимӣ бо назардошти минтакаҳои соатӣ аз меридиани нулӣ, ки аз Гринвич- Greenwich Meridian Time(GMT) мегузарад, аз Зеландияи Нав (Веллингтон) оғоз шуда ва пайваста ба воситаи минтақаҳои соатӣ аз Сидней, Токио, Гонконг, Сингапур, Москва, Франкфурт-на-Майне, Лондон, Ню-Йорк ва Лос-Анҷелес мегузарад.
3. Техникаи амалиёти асъорӣ ба як шакл оварда шудааст, ҳисоббаробаркуниҳо ба истифода аз ҳисобҳои муросилотии бонкҳо гузаронида мешаванд.
4. Амалиёти ҳаннотӣ(спекулятивӣ) ва арбитражӣ аз амалиёти асъории ба муомилоти тиҷоратӣ вобаста хеле зиёд аст, теъдоди иштирокчиёни онҳо якбора зиёд шуд ва на фақат бонкҳо ва КФМ, балки дигар шахсони ҳуқуқӣ ва ҳатто вокеиро дар бар мегирад.
5. Ноустувории қурби асъорҳо, ки ба монанди молҳои махсуси биржавист, тамоюлҳои аз омилҳои фундаменталии иқтисоди новобастаи худро дорад.
Бозори ҷаҳонии асъор – бозори пуриқтидор ва фаъол, аммо хеле дақиқ ба навигариҳои иқтисодӣ ва сиёсӣ мебошад. Мавқеи пешсафро бозори асъори Лондон (400 – 460 млрд. доллар, ё ин ки зиёда аз 30%-и муомилоти ҳаррузаи асъор дар ҷаҳон) нигоҳ медорад. Ин нишондиҳанда 9 маротиба аз ҳаҷми амалиёти асъорӣ дар Париж, 5 маротиба дар Франкфурт-на-Майне, 2 маротиба – дар Ню-Йорк зиёд аст. Дар замони муосир 40%-и гардиши ҷаҳонии асъорро бозори Аврупо, 40%-ро Америкоӣ, 20%-ро бозори Осиёгӣ ташкил мекунад. Дар минтақаи Осиё бо суръати баландтар бозори асъори Сингапур ташаккул ёфта истодааст, ки аз рӯи гардиши рӯзона (139 млрд. доллар) ва ҷои дуюмро баъди Токио (149 млрд. доллар) ишғол мекунад.
2. Иштирокчиёни асосии бозори ҷаҳонии асъор.
Дараҷаи тараққиёт ва ҳаҷми бозори асъор ба ҳайъати саҳмдорони он, сатҳи иштирок ва миқдори амалиёти онҳо вобаста аст. Саҳмдорони бозори асъор бонкҳои тиҷоратӣ ва марказӣ, биржаҳои асъор, агентии брокерӣ, корпоратсияҳои байналхалқӣ мебошанд. Бонкҳои тиҷоратӣ на фақат портфели худро аз ҳисоби дороиҳои хориҷӣ диверсификатсия мекунанд, балки муомилоти асъориро аз номи ширкатҳои ба бозорҳои хориҷӣ ба сифати содиркунанда ва воридкунанда шомилшуда мегузаронанд. Мувофиқи қонунҳои миллии бонкӣ ё ин ки асъорӣ, бонкҳои тиҷоратӣ амалиёти байналхалқӣ ва муомилаи асъориро дар сурати гирифтани иҷозатномаи махсус (литзенсия) гузаронида метавонанд. Бонкҳое, ки ба онхо ҳуқуқи гузаронидани амалиёти асъорӣ дода шудааст, бонкҳои намояндагӣ, девизӣ ё ин ки асъорӣ номида мешаванд. На ҳамаи бонкҳои девизӣ метавонанд дар сатҳи баробар дар амалиёти бозори асъор иштирок намоянд. Вусъати бонк, шуҳрати бонк, дараҷаи ташаккули шабакаю шуъбаҳо ва филиалҳои хориҷӣ, ҳаҷми ҳисоббаробаркунии байналхалқии ба воситаи бонк амалишаванда – омилҳое мебошанд, ки ба андозаи хеле калон нақши онро дар бозорҳои асъор муайян мекунанд. Нақши муайянро маҳдудиятҳои асъории (даврӣ) вақт – вақт такроршаванда, вазъи алоқаи телексӣ ва телефонӣ дар маҳалҳои ҷойгиршудаи бонк ва инчунин сиёсати он иҷро мекунад. Бинобар ин ҳаҷми зиёди амалиёти асъориро ҳиссаи бонкҳои фаромилалӣ (БФМ): Citibank, Chase Manhattan Bank, Deutsche Bank, Dresden Bank, Barclays Bank, Union Bank of Switzerland, Sumitomo Bank, Mitsubishi Bank, ABN Amro ва дигарҳо ташкил менамояд. Ин бонкҳо муомиларо дар ҳаҷми хеле калон (100-500 млн. доллар) мегузаронанд, ҳол он ки муомилаи стандартӣ аз 1 то 10 млн. доллар ба вазъи бозори асъор таъсири зиёд мерасонад ва дар гузаронидани муомилаи фоидаовар бартарияти рақобатӣ дорад. Онҳо дорои шабакаҳои шуъбаи хориҷӣ буда, шабонарузи амалиёти асъориро муттасил ба воситаи шуъбаҳои хориҷии худ мегузаронанд. Бонкҳои калон, дар мадди аввал БФМ, шуъбаи асъори бо МЭҲ, алоқаи телефонӣ ва телексии муҷаҳҳаз дорад ва ба дигар бонкҳо, ширкатҳои миёнарави брокерӣ ва марказҳои молиявии ҷаҳонӣ робитаи доимӣ дорад. Онҳо бо алоқаи тасвири ба агентии телеграфӣ (Рейтер ва ғайра) пайваст мебошанд, ки доимо оид ба ҳодисаҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ ва инчунин оид ба қурби асъорҳо хабар медиханд. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон якчанд бонкҳои тиҷорати литсензияи генералӣ барои гузаронидани амалиёти асъорӣ доранд ва онҳо дар бозори байнибонкии асъор иштирок менамоянд. Дар қатори онҳо БДСТ «Тоҷиксодиротбонк», БСТСС «Ориёнбонк», БСТСС «Агроинвестбонк», БДА «Амонатбонк», БТ «Кафолат», БСТ «Эсхата», БТ «Хуҷанд» ва дигарҳо. Бонкҳои марказӣ (миллӣ) дар бозори асъор иштирок намуда, захираҳои асъориро идора мекунанд, қурби асъори миллиро дастгирӣ менамояд, мудохилаи асъорӣ мегузаронанд ва инчунин меъёри фоизи маблағгузориро дар асъори миллӣ, ҳамчун воситаи қонунии пардохт танзим менамояд. Марҳалаҳои гузариши мамлакатҳои собиқ Ҷамоҳири Шуравӣ ба асъорҳои миллӣ, усули гузариш ба асъорҳои миллии давлат, марҳалаҳои гузариш ба асъорҳои миллӣ, гузариши якбора ба асъори миллӣ дар гардиши нақдӣ ва ғайринақдии Эстония, Қирғизистон, Туркманистон, Қазоқистон, Арманистон барои истифодаи параллелии рубли советии намунаи солҳои 1991-1992 дар гардиши нақдӣ иҷозат буд. Аз 16-уми марти 1994 онҳо аз гардиш гирифта шуда, бо воҳидҳои пули миллӣ иваз карда шуданд. Усули мобайнӣ: гузариши якбора ба воситаи транзитӣ ва пардохт дар гардиши нақдӣ ва ғайринақдӣ бо минбаъд гузаштан ба асъори миллӣ – Гурҷистон ва Узбекистон. Ба истифодаи параллелии рубли русии намунаи соли 1993 дар гардиши нақдӣ иҷозат буд. Бонкҳои Марказӣ дар танзими бозори миллии асъор, хусусан дар мамлакатҳои иқтисодиёти давраи гузариш нақши хеле калон мебозанд. Вазифаи асосии Бонки миллии Тоҷикистон дар доираи сиёсати асъор – ин нигоҳ доштани қурби асъори миллӣ мебошад, ки он то андозае бо роҳи иштирок ва фаъолияти бонк дар бозори асъор ба амал бароварда мешавад. Саҳмдори нави бозори асъор институтҳои характери ғайрибонкидошта (фондҳои суғуртавӣ ва нафақавӣ, ширкатҳои сармоягузорӣ) мебошанд, ки идораи диверсификатсионии портфелии дороиҳоро бо ҷойгирнамоии асъор дар коғазҳои қиматноки бозоргир ва эътимодноки ҳукуматҳо ва корпоратсияҳои мамлакатҳои гуногун гузаронида истодаанд. Аз ҳама зиёдтар фонди «Quantum» -и Ҷорҷ Сорос, фонди ”Dean Witter”, хедч – фонди байналхалқии «Long – Term Capital Management” шуҳрати баланд доранд. Дар шароити либерализатсияи бозорҳои асъор пайдоиши онҳо ба зарурияти суғуртаи таваккалҳои(рискҳои) зиёдшудаи асъорӣ ва кредитӣ вобаста аст. Дар таъсиси онҳо, одатан, БФМ ва фондҳои сармоягузорӣ иштирок мекунанд. Бинобар ин дар хедч-фондҳо маблағҳои хеле калон ҷамъ мешаванд, ки на фақат суғуртаи рискҳо, балки бастани қарордодҳои ҳаннотии калонро имконпазир мегардонад, ки қобилияти паст кардани қурби асъори мамлакатҳои начандон калонро дорад. Чунин ҳолат ба асъори Малайзия, Индонезия ва Гонконг тобистони соли 1998 рух дод, ки боиси аксуламали(реаксияи) тези ин мамлакатҳо гардида, барои манъ кардани чунин ханнотии калон дар ҳудуди онҳо овард. Халқаи таркиби дар сохтори институтсионалии бозори асъор фирмаи брокерӣ мебошад, ки ба воситаи вай тахминан 30%-и амалиёти асъорӣ (дар бозори Лондон – 35%) гузаронида мешавад ва вазифаи миёнаравиро дар байни фурушандагон ва харидорони асъор иҷро менамояд. Дар қатори бартариятҳои кор ба воситаи брокер – ниҳонгузарии (хариду фуруш), муттасилии ҷараёни муайянкунии нархи асъор, имконияти пешниҳоди хусусии нарх мансуб мебошад. Ширкатҳои брокерӣ барои миёнаравӣ ҳаққи хизмат(комиссия) меситонанд (то 20 доллар ШМА ба ҳар як миллион доллари харидшуда ё ин ки фурухташуда ва ё эквиваленти он). Бо ташаккули воситаҳои электронии алоқаи байнибонкӣ ва такмилёбии муомилоти асъор (Рейтер – дилинг, Телерейт) нақши ширкатҳои брокерӣ дар бозори байнибонкӣ паст шуд, гарчанде онҳо нақши муҳимро дар амалиёти шахсони хусусӣ ва ширкатҳои начандон калон иҷро карда истодаанд. Мавқеи асосиро дар байни ширкатҳои брокерӣ – дилери «Mеррил-Линч» (Merrill Lynch Pierce Fenner & Smith), И.Ф.Хаттон (Е.F&Hutton), «Голдман Сакс» (Goldman Sachs), «Морган Стэнли» (Morgan Stanly) ишғол менамоянд. Аз нуқтаи назари институтсионали биржаҳои асъорӣ низ саҳмдорони бозори асъор мебошанд. Аммо дар солҳои охир онҳо дар бозори асъор нақши хеле ночиз мебозанд. Онҳо фақат дар баъзе мамлакатҳо (Олмон, Фаронса, Ҷопон, мамлакатҳои Бенилюкс, Скандинавия) бокӣ мондаанд ва амал мекунанд ва вазифаи асосии онҳо аз ташкили тиҷорати асъор, ҷалби захираҳои (ресурсҳои) озод, сабти қурби маълумотии асъорҳо иборат аст. Муомилот бо асъори хориҷӣ мавқеи махсусро дар фаъолияти корпоратсияи фаромилалӣ ишғол мекунад. Онҳо ба сифати саҳмдорони асосии бозорҳои асъор баромад менамоянд. Ин мувофиқи сиёсати онҳо – диверсификатсияи дороиҳои асъорӣ, такмили идоракунии воситаҳои зудфурушии худӣ, кушиши кам кардани таваккали(риски) зарар аз беқурбшавии дороиҳо дар асъорҳои ноустувор, гирифтани фоида аз ҳаннотӣ дар тафовути қурби асъорҳо муайян карда мешавад. Агар қурби ин ё он асъор тамоюли пастравӣ дошта бошад, он гоҳ КФМ дороиҳои худро ба воҳиди пулии нисбатан устувор мегузаронад ва, ҳамин тавр, онҳоро аз ҳисоби минбаъд бад кардани мавқеи асъори сустшуда мустаҳкам месозад. Амалиёти КФМ дар бозори асъор яке аз омилҳои тағйирдиҳандаи қурби асъорҳои асосӣ ба шумор меравад. Ба хизматрасонии бонкҳо ва муассисаҳои молиявии ғайрибонки саҳмдорони индивидуалии бозорҳои асъор низ муроҷиат менамоянд, гарчанде онҳо хеле кам ба ҳаҷми амалиёти бозори асъор таъсир мерасонанд. Масалан, сайёҳони берун аз марзи мамлакати худ ба саёҳат рафта, шахсони гирандаи маблағҳои пулии интиқолӣ аз хешовандони дар хориҷа икоматдошта, сармоягузорони хусусии ба иқтисодиёти хориҷӣ сармоя гузошта ва ғайра.
3. Намудҳои асосии бозори ҷаҳонии асъор ва қарз.
Дар вобастагӣ ба ҳаҷм ва хислати амалиёти асъори намудҳои зерини бозорҳои асъор, яъне миллӣ, минтақавӣ, ҷаҳониро фарқ мекунанд. Бозорҳои миллӣ ва минтақавии асъор додугирифтро ба маҷмӯи муайяни асъорҳои қобили табдили озод ва баъзе воҳидҳои маҳаллии пардохт дар миқдори маҳдуд мегузаронанд, ҳол он ки дар бозорҳои ҷаҳонӣ амалиёти якхела фақат ба асъори қобили табдили озод ва дар ҳаҷми хеле бисёр гузаронида мешавад, ки ҳаҷми умумии он то ба 1,6 – 2 трлн. доллари ШМА ҳарруз мерасад. Вобаста ба муҳлати гузаронидани амалиёти асъорӣ фарқ мекунанд:
– бозори «spot, спот» (ё ин ки бозори таҳвили фаврии асъор дар давраи 2 рузи корӣ, яъне ҳисоббаробаркунии фаврӣ аз руи муомилот гузаронида мешавад;
– бозори муҳлатнок (форвардии) асъор, ки дар он ҳисоббаробаркунӣ аз руи шартнома баъд аз давраи муайяни вақт (дар оянда) бо истифодаи қарордодҳои муҳлатнок дар бораи хариди асъор гузаронида мешавад.
Дар сохтори бозори асъор секторҳои муайян ҷудо карда мешаванд, ки миқёси амалиёти асъориро муайян мекунанд. Сектори аз ҳама инкишофёфтаи бозори асъор бозори байнибонкӣ (то 90%-и ҳаҷми муомила) мебошад, ки ба бозори мустақим ва брокерӣ (наздик 30% -и амалиёти асъорӣ) тақсим мешавад. Секторҳои дигари бозори асъор бозори биржавӣ (тахминан 9-10%-и ҳаҷми муомила) ва клиентӣ тақсим мешавад, ки ба он 1% -и маблағи пардохтҳо мувофиқ меояд. Евробозор -ин бозоре мебошад, ки дар он амалиётхои қарзию молиявӣ дар евровалюта гузаронида мешаванд. Евроасъор – ин асъори озодбадалшавандаи дилхоҳ мамлакате мебошад, ки ба суратҳисобҳои бонкҳои хориҷӣ гузаронида шуда дар амалиётҳои ҳамаи мамлакатҳо аз он ҷумла мамлакати асъори додашуда истифода бурда мешавад. Евробозор бозори ҳукуматӣ ва ё давлати набуда пайдоиши онҳо бо талаботи корхонаҳо, сармоягузорон ва мамлакатҳои гуногун асоснок карда мешаванд. Амалиётҳо дар евробозор аз зери танзими асъории давлат ва қонунгузории андозии мамлакати муайян мебароянд. Евробозор дар охирҳои солҳои 50-ум ба миён омада ба сабабҳои пайдоиши он дохил мекунанд: ба миён омадани таклифот барои ҷойгиркунии долларҳои ШМА берун аз бозори асъори он, талаботи калон ба долларҳои ШМА дар Аврупо, регламентатсияи ҳукумати ШМА, ки амалиётҳои асъориро бо доллар дар бозори озод дар дохили мамлакат нисбат ба хориҷа мушкил мегардонанд, хоҳиши бонкҳои аврупоӣ барои ёфтани воситаи молиякунонии амлаиётҳои байналхалқӣ. Инкишофи фаъолонаи евробозор дар солҳои 60-70-ум ба он оварда расонид, ки дар давоми солҳои 80-ум ва ибтидои солҳои 90-ум онҳо фаъолияти худро васеъ намуданд. Аз солҳои 80-ум сар карда инкишофи босуръати бозори коғазҳои қимматнок – бозори еврооблигатсияҳо, евроаксияҳо ва воситаҳои нави молиявӣ ба амал омад. Еврооблигатсияҳо барои амалигардонии еврозаймҳо истифода бурда мешаванд.
Вазифаҳои бозорхои асъор:
1. Бозори асъор, пеш аз ҳама, хизматрасонии асъорию кредитӣ ва ҳисоббаробаркунии амалиёти содироту воридот ва инчунин амалиёти асъории ба сармоягузори берун аз марзи иқтисодиёти миллӣ вобаста хизмат мерасонад;
2. Вазифаи дигари бозори асъор диверсификатсиякунонии (барқароршавии дороиҳо дар асъорҳои гуногуни устувор) захираҳои асъории бонкҳо, корхонаҳо, давлат ва субъектҳои дигари муносибатҳои иқтисодии байналхалқӣ мебошад;
3. Амалиёт дар бозори асъор имконияти танзими қурби асъорро (бозорӣ ва давлатӣ) барои ҳалли масъалаҳои гуногуни макроиқтисодӣ фароҳам меоварад;
4. Ба ғайр аз ин, бозори асъор имконияти ҳеҷкунонӣ, яъне суғуртаи хатарҳои асъориро медиҳад. Дар вақти ҳеҷкунони агентҳои иқтисоди кам кардани таваккали(риски) ба пасту баландашвии қурби асъор вобастаро, ки ба сармояи онҳо таъсири манфӣ расонида метавонад, дар назар дошта, кушиш ба харҷ медиҳанд, ки аз уҳдадориҳои соф дар асъори хориҷӣ озод бошанд, яъне баланси байни активҳо ва пассивҳо дар ин асъор таъмин шавад;
5. Ниҳоят, бозори асъор имконияти гузаронидани ҳаннотии асъориро медиҳад, яъне бози кардан бо нархи минбаъдаи асъор. Рафтори саҳмдорони бозори асъор, ки хоҳиши гирифтани бурди максимали аз муомилаи асъор доранд, ба тафовути байни ставкаи фоиз дар бозори миллӣ ва хориҷии пул ва инчунин ба дигаргуниҳои чашмдошти қурби асъор вобаста аст.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован.


Уважаемые читатели! Просим вас, оставляя комментарии, уважать друг друга и не злоупотреблять свободой слова.
Администрация сайта будет удалять:
1. Комментарии с грубой и ненормативной лексикой.
2. Оскорбления, угрозы и непристойные высказывания.
3. Высказывания, разжигающие национальную, религиозную и прочую рознь и вражду.
4. Комментарии, содержащие другие нарушения законодательства и прав граждан.
5. Комментарии, рекламирующие и продвигающие другие веб-ресурсы, товары и услуги, а также комментарии, не имеющие отношения к дискуссии.

Пользователи, которые нарушают эти правила грубо или систематически, будут заблокированы.