Воскресенье, 5 апреляВместе создадим светлое будущее!


Сохти иктисоди бозори

Нақша:
1. Таърифи класикии бозор ва ба гурӯҳҳо ҷудо намудани он;
2. Субъекти муносибатҳо ва сохти иқтисодии бозоргонӣ;
3. Сохти иқтисоди бозорӣ, ҷараёни молҳо ва даромадҳо дар бозор.

1. Таърифи класикии бозор ва ба гурӯҳҳо ҷудо намудани он
Маҷмуи муносибатҳои иқтисодии байни истеҳсолкунанда ва истеъмолкунанда оиди хариду фуруши молро бозор меноманд.
Бо ибораи дигар, муносибати фурушандаю харидор дар куҷое, ки пайдо нашавад, дар ҳамон ҷо бозор ҳам пайдо мешавад.
Бозор ҷоест, ки дар он ҷо хариду фуруши мол гузаронида мешавад. Бозор таърихи 600 сола дорад. Ба таърифи класикии бозор мутахасисони замонаи мо чунин шарҳ медиҳанд: Бозор ин доираи мубодилаи мол буда, мувофиқи талаботҳои конунҳои объективии истеҳсолоти молӣ ташкил ва истифода бурда мешавад.
Чунин таърифи ҳозиразамони бозор якчанд бартариҳо дорад, ки дар мамлакатҳои тараққикардаи ҷаҳон мушоҳида ва исбот карда шудаанд.
Дар ин таъриф ҷои бозор дар протссеси такрористеҳсол, ки аз чунин марҳилаҳо – истеҳсол, тақсимот, мубодила ва истеъмол иборат мебошад, аниқ ва мушахас карда шудааст.
Бозор бояд мувофиқи талаботҳои қонунҳои иқтисодии ҷаъмият ва пеш аз ҳама қонуни истеҳсолоти молӣ, ки характери объективӣ дорад, ташкил карда ва бо максад истифода мешавад.
Вобаста ба ҷиҳатҳои хоси бозор ва муҳити ҷойгиршавии он, инчунин шароитҳои иқтисодӣ барои амалиёти бозор ва дараҷаи тараққиёти онро ба эътибор гирифта, бозоро ба намудҳои гуногун ҷудо менамоянд. Масалан аз ҷиҳати ҳудуд чунин хелҳои бозорро фарқ мекунанд.
Бозори ҷаҳонӣ, минтақавӣ, дохилӣ, берунмарзӣ, ноҳиявӣ, шаҳрӣ ва ғайра. Аз руи объекти хариду фуруш бошад, он гоҳ бозори мол, бозори саҳмия, бозори арз, бозори итилоот, бозори меҳнат, бозори замин ва ғайра фарқ мекунанд.
2. Субъекти муносибатҳо ва сохти иқтисодии бозоргонӣ
Корхонаю ташкилотҳо, шахсони алоҳида фаъолияти худро дар бозор мустақилона ва бо алоқамандии байни ҳамдигарӣ мегузаронад, онро субъектҳои муносибатҳои бозоргонӣ меноманд.
Субъектҳои муносибатҳои бозоргонӣ гуногунанд ва ба қатори онҳо инҳо дохил мешаванд:
1. Корпоратсия, ширкат ва ҷаъмияти саҳҳомӣ;
2. Корхонаи оилавӣ ва муассисаҳо катъи назар аз шакли моликият;
3. Консерн, картел ва дигар шаклҳои иттиҳодияҳои соҳибкорон;
4. Корхонаи муштарак;
5. Корхонаю ҷаъмиятҳои масъулияташон маҳдуд;
6. Колхоз, хоҷагиҳои деҳқонӣ ва дигар шаклҳои корхона дар хоҷагии қишлоқ;
7. Вазорату кумитаҳои давлатӣ;
8. Ҳукуматҳои марказӣ ва маҳаллӣ.
Ҳамаи ин ва дигар рукнҳои иқтисодӣ, ки дар бозор фаъолияти худро мувофиқи талаби қонунҳои амалкунанда мегузаронанд ва волояти онҳо таъмин аст, инчунин мувофиқи ҳисса ва мавқеи худ дар бозор масъулият мебаранд, шабакаи субъектҳои муносибатҳои бозоргониро ташкил менамоянд.
Объектҳои зербинои бозор гуногунанд ва аз руи системаи мукамал амал намуда, муҳити заруриро барои амалиёти субъектҳои муносибатҳои бозоргонӣ пайдо мекунанд, чунинанд:
1. Биржаи молӣ, саҳмия, асъор, меҳнат ва ғайра;
2. Хонаи тиҷоратӣ, марказҳои савдо ва фурушгоҳҳо;
3. Намоишгоҳҳо ва тасвиргоҳ, ауксион ва ба монанди онҳо;
4. Ширкати суғурта;
5. Бонкҳои тиҷоратӣ;
6. Марказҳои итилооотию тиҷоратӣ ва пешояндабинӣ;
7. Идораи таърифу тавсиф;
8. Ширкатҳои маркетингӣ, пажуҳишгоҳҳои илмӣ-тадқиқотӣ;
9. Аудит (ширкатҳои мустақили тафтишкунанда оиди қобилияти куллидоштаи корхона);
10. Корхонаи махсуси хизматрасонанда (меҳмонхона, мулоқотхона, тарабхона ва ғайра);
11. Хизмати ҳуқуқфаҳмонӣ оиди омухтани қонунҳои амалкунанда ва қоидаҳои муқарраршуда.
Иқтисодиёт ё хоҷагие, ки дар асоси амалиёташ бозорро гузоштааст иқтисодиёти бозорӣ ё хоҷагии бозорӣ меноманд. Бо ибораи дигар дар сохти иқтисодиёти бозори дастгоҳҳои асосию аввалиндараҷа бозорро истифода мебаранд. Аҳамияти бозор барои худинкишофёбии хоҷагӣ ва гузарорнидани амалиёти мустақилонаи онҳо бисёр калон аст. Баланд бардоштани сифати мол ва самаранокии истеҳсолот ҳам ба ин вобастагӣ дорад. Дар сохти иқтисоди бозорӣ қонеъ гардонидани талаботи истеъмолкунанда ҳамчун қонуни инкишофи истеҳсолот ба ҳисоб меравад.
Иқтисоди бозорӣ ҳамчун системаи мукаммал ҳисоб мешавад, ки дар он ҳамаи ширкатҳои хоҷагии оилавӣ ва хукумат бо якдигар пайваст ва зич алоқаманданд. Дар ин система фурушандаю харидор оиди мубодилаи мол бо як дигар муносибат мекунанд ва чунин муносибатҳо доимо такрор шуда меистад. Масалан дар биржаи молу ашёи хоми Чикагои ИМА ҳар сол зиёда аз 80 млн. шартнома баста мешавад. Дар мамлакатҳои тараққикардаи Аврупо, ҷанубу шимолии Осиё, дар қитъаи Америка сохтори иқтисоди бозорӣ бартарии худро исбот кардааст. Афзалияти асосии иқтисодиёти бозорӣ аз инҳо иборат аст:
1. Иқтисодиёти бозорӣ рӯ ба ҷамъият нигаронида шудааст.
Ин чунин маъно дорад, ки ҳар як талаботи пайдошуда аз тарафи иқтисодиёт ба эътибор гирифта, пурра ва бо суръати баланд қонеъ гардонида мешавад.
2. Ба иқтисоди бозорӣ сохти демократӣ хос аст. Субъектҳои муносибатҳои бозоргонӣ мустақил буда, бо майлу хоҳиши худ ба истеҳсоли мол ё ягон кори дилхоҳу ба мақсад машғул мешаад. Истифодаи имкониятҳои бозорӣ аз қобилияту малака ва таҷрибаи ҳар яки онҳо вобаста буда, дараҷаи ҳаёт ва мавқеи онҳоро дар ҷаъмият муайян мекунад.
3. Талаботе, ки қонеъ мешавад, асоси пайдошавии талаботи нав, аз ин сабаб иқтисодиёт бо воситаи бозор маълумотҳоро оиди пайдошавӣ ба таркиби талабот гирифта ҳамчун асоси инкишофи истеҳсолот истифода мебарад.
Бояд қайд кард, ки сохти иқтисоди бозорӣ ба муҳити табиат бисёр наздик аст. Ин чунин маъно дорад, ки ҳар як субъекти муносибатҳои бозорӣ бояд ҷои худро дар бозор ёбад, яъне «сурохӣ» -и бозоро муайян намуда, кору фаъолияти худро оиди қонеъ гардонидани талабот донад.
Механизми бозорӣ фишангҳои иқтисодии танзимкунии бозор ва сохторҳои махсусгардонидашуда барои ҳимояи аҳолии аз ҳодисаҳои тасодуфии бозор унсурҳои асосии сохти иқтисоди бозориро ташкил медиҳанд.
1. Механизми бозориро унсури марказии сохти иқтисодии бозорӣ меҳисобанд. Таносуби талабу таклифи молҳоро ва алоқамандии онҳо бо воситаи нархро механими бозор меноманд. Амалиёти механизми бозорӣ мувофиқи талабҳои объектҳои конунҳои иқтисодии дар ҷаъмият амалкунанда мегузарад ва начандон аз хоҳишу тафаккури одамон аст. Принсипи амалиёти механизми бозори оддӣ мебошад. Агар дар бозор талаб назар ба таклифи молҳо зиёд бошанд, нарх баланд шуда баробариро дар байни талабу таклиф таъмин менамояд ва акти хариду фуруш айён мегардад.
Моҳияти амалиёти механизми бозорӣ дар баланду пастшавии нарх зоҳир мегардад ва ин барои гузаронидани фаъолияти субъектҳои иқтисодӣ дар бозор шароитро муҳайё месозад.
Дар бозор бозор 3 таносуби байни талабу таклиф ҷой дошта метавонад. (D – талаб ба мол S – таклифи мол). D=S, D>S , D<S.
Барои дуруст амал намудани механизми бозори бояд шароитҳои зерин мавҷуд бошад:
1) Рақобати бозорӣ дар байни корхонаҳое, ки мол истеҳсол мекунад ё хизмат мерасонад, қатъи назар аз шакли моликияти онҳо;
2) Ба соҳибкорӣ машғул шудани аҳолии мувофиқи конун ягон мамонеагӣ, нест;
3) Тарзи нархгузории озод ба молҳо дар асоси талабу таклифи онҳо дар бозор ҷой дошта бошад.
Фишангҳои иқтисодии танзими бозор, ки дар мамлакатҳои тараққикардаи ҷаҳон бартарии худро дар протссеси танзим намудани бозор исбот кардааст, андоз ва андозситонӣ аст. Бо воситаи гузаронидани сиёсати оқилонаи андоз, давлат дар мавридҳои муайян таносуби талабу таклифи молҳо назар ба тақозо хеле зиёд бошад ва хавфи наздикшавии буҳрони барзиёдистеҳсолкунӣ ҳис карда шавад.
Фишанги дигаре, ки дар протссеси танзим намудани таносуби талабу таклиф истифода бурда мешавад молияю қарз аст. Ба гурӯҳи фишангҳои молиявию қарзӣ додани маблағҳои махсус аз буҷети давлатӣ, ки субсидия ва ё дотатсия ном дорад, дохил мешавад.
Субсидия, яъне маблағе, ки бевосита аз буҷаи давлатӣ барои гузронидани чорабиниҳо бар мақсади расонидани кӯмак ба оилаҳои камбизоату серфарзанд ва нафақахуру маҷруҳон дода мешавад. Ғайр аз ин хазинаҳои хайрхонаҳо, ки аз ҳисоби корхонаҳои калон, соҳибкорон, ташкилотҳои байналхалқӣ ва ғайра ташкил карда мешавад ва аз он маблағҳои муайянро бо мақсади кам кардани оқибатҳои буҳрон истифода мебаранд. Барои нигоҳ доштани муҳити табиат асосан аз ҳисоби буҷа маблағгузорӣ мекунанд ва инчунин барои ҳалли ин масъалаҳо ҷаримаҳое, ки аз корхонаҳои ба муҳити зисту зиндагӣ зарар меоварад, ситонида шудаанд, истифода мебаранд.
3. Сохти иқтисоди бозорӣ, ҷараёни молҳо ва даромадҳо дар бозор
Иқтисодиёти замонавӣ – ин ҳаракати доимии ҷараёни оммавии молҳо, пул ва даромадҳо дар самти ҷойивазкунӣ ва бо ҳамдигар руйбарушаванда мебошад. Молҳои истеҳсолшуда ба нуқтаҳои дурдаст бурда мешавад, дар куҷое, ки одамон метавонад харанд ва ё бо молҳои дигар иваз намоянд, ё даромадҳои аз фуруши молҳояшон гирифтаро барои харидани молҳои лозимӣ сарф кунанд.
Ҳаракати молӣ дар бозорҳои молҳои сермасрафу асоси дар он вақт муътадил амал карда метавонад, ки агар онҳо бо системаи маълумотдиҳӣ, технологияи пешқадам, бозорҳои меҳнат, бозорҳои коғази қимматнок ва пул таъмин бошад.
Қатъи назар ба он, ки ҷараёнҳо дар кадом шакл – молӣ ё пулӣ амал кунанд ҳам моҳияти онҳо дар даромад ифода мешаванд. Ҷараёни молу пул ва даромад дар протссесии ягонаи иқтисодӣ бо ҳам омезиш ёфта чунон муракаб метобад, ки одамон бояд нобоворона ва таҳти хатари бесарусомони зиндагӣ мекарда бошанд. Лекин дар системаи мураккаб тартиботи муайян вуҷуд дорад. Иқтисодиёт мисли стабилизатори автоматикӣ, ё ки мутобиқгардонии координатсионӣ дошта амал мекунад.
Бозор аввалан ҳамчун механизми ҳисоби қарорҳои бешумор қабулкардаи соҳибони мол, пул ва даромад амал мекунад. Дуюм бо баробари ин бозор ҳамчун механизми татбиқи ин қарорҳо дар протссесии ҳаракати ҷараёни молу пул ва даромадҳо, амал мекунад.
Мулкдорҳо, истеҳсолкунанда ва истеъмолкунанда дар байни худ бо забони нарх, фоида ва зарар ва ё бо ёрии он мушкилоти умумии иқтисодиёт: Чӣ, чӣ тавр ва барои кӣ? истеҳсол кардро ҳал мекунад. Механизми ташакулёфта, масъалан нархро гирем, вай дар протссесии ҳамкории фурушанда ва харидор, таносуби пешниҳод ва талаботро нишон медиҳад. Ба таври классикӣ, нарх ин ифодаи пули арзиши ҳар як мол, захира ва хадамот аст. Лекин вай аз мувозинаи пешниҳоду талабот, миқдор ва сифат, дараҷаи хароҷот, аснои истеҳсол ва технологияи истеҳсолию маҳсулот вобаста аст. Агар дар бозор миқдори ягон мол аз талабот зиёд шавад, нархи он поён мефарояд. Нархҳои баланд аз он ишора медиҳад, ки пешниҳод нокофӣ буда, зарурати тезонидани суръати истеҳсоли молҳои норасидаро дорад. Молҳои зиёдатӣ соҳибонашро маҷбур мекунад, ки нархҳоро паст намуда, фурушад. Паст кардани нарх шоҳиди бебаҳо кам кардани истеҳсоли молҳои мазкур мебошад. Ин механизм мувозинаи талаботу пешниҳодотро ба танзим медарорад, нархҳои молҳои сермасраф, захираҳои асосӣ, замин ва маводи ғайриманқул муайян мекунад. Ҳамаи намудҳои меҳнати инсон, хирад, дониш, маълумот аст, ки музди меҳнат ном гирифтааст.

Добавить комментарий


Уважаемые читатели! Просим вас, оставляя комментарии, уважать друг друга и не злоупотреблять свободой слова.
Администрация сайта будет удалять:
1. Комментарии с грубой и ненормативной лексикой.
2. Оскорбления, угрозы и непристойные высказывания.
3. Высказывания, разжигающие национальную, религиозную и прочую рознь и вражду.
4. Комментарии, содержащие другие нарушения законодательства и прав граждан.
5. Комментарии, рекламирующие и продвигающие другие веб-ресурсы, товары и услуги, а также комментарии, не имеющие отношения к дискуссии.

Пользователи, которые нарушают эти правила грубо или систематически, будут заблокированы.