Четверг, 2 апреляВместе создадим светлое будущее!


Мафхум дар бораи иктисод

Нақша:
1. Иқтисод чист?
2. Се мушкилоти абадии иқтисодиёт;
3. Талабот ва захираҳо.

1. Иқтисод чист?
Калимаи иқтисод аз калимаҳои юнонии «ойкос», ки мазмуни хоҷагиро дорад ва «номос», ки тарҷумааш қонун аст, иборат буда бо якҷоягии мазмуни «хочагидорӣ мувофиқи қонун»-ро мегирад.
Одатан иқтисод гуфта, иқтисоди ҷамиятиро дар назар дорад. Иқтисоди ҷамиятиро (ё ин ки хоҷагии хонавода) ҳамчун маҷмуи заводу фабрикаҳо, колхозу хоҷагии деҳқонӣ, нақлиёту сохтмон, мағозаю нуқтаҳои омма ва хизматрасонӣ, дигар корхонаю ташкилотҳои маънавию фарҳангӣ, ки фаъолияти онҳо ба алоқамандию пайвастагӣ мегузарад ва талаботи иқтисодии объективии амалкунандаи ҷамъиятӣ мувофиқанд, муайян кардан мумкин аст.
Иқтисоди оиларо ҳамчун қисми таркибии хоҷагии халқ ҳисобида, ба қонеъ гардонидани талаботи аъзои оила бо истифодаи маҳсулоти истеҳсолшуда ва ё бо ивази ба чизҳои лозим бо воситаи бозор тасвир намудан мумкин аст.
Иқтисод пеш аз ҳама бо истеҳсоли неъматҳои моддие, ки асоси ҳаёти ҷаъмиятӣ мебошад, сару кор дорад ва барои таъмини мавҷудияти худ, инсон бефосила ва беист раванди (протссеси) истеҳсолотро такрору аз нав месозад ва интишор медиҳад.
Мақсади асосии иқтисод – ҳамаи он чизҳое, ки дар табиат офаридааст бо меҳнати пурсамари одамон дигаргунӣ сохта ба қонеъ гардонидани талаботи ҷаъмиятӣ равона мекунад.
Моҳияти иқтисод аз истеҳсолот, аниқтараш аз истеҳсоли ҷаъмиятӣ, ки дар он одамон бо ҳамдигар муносибат мекунанд, ба вуҷуд меоянд.
Вазифаи иқтисод аз интихоби шакли самаранокии истифодаи захираҳои миқдорашон маҳдуд бо мақсаду пурратар қонеъ гардонидани талаботи афзудаистода ва таъмини беҳбудии ҷаъмият мебошад.
Иқтисодро дар сатҳи макроиқтисод ва микроиқтисод омӯхта таҳлил мекунанд:
Макроиқтисод – амалиёту тараққиёти системаи иқтисодиро ба таври кулл таҳқиқ мекунад ва дар атрофи нишондиҳандаҳои маҳсулоти яклухти миллӣ, рушди иқтисодӣ, бекорӣ, сатҳи умумии нарх ва беқурбшавии пул баҳс мекунад.
Микроиқтисод – ин як қисми иқтисод аст, ки он ҷараёни иқтисодиёт (истеъмолкунандагону истеҳсолкунандагонро) дар бозорҳои алоҳида меомӯзад.
Микроиқтисод иқтисоди корхонаро меомӯзад, ки он барои соҳибкор чун обу ҳаво зарур аст. Албата ҳар ду қисми иқтисод, ҳам микроиқтисод ва ҳам макроиқтисод алоқаи бо ҳамдигар мутақобила дорад.
2. Се мушкилоти абадии иқтисодиёт
Чӣ, чӣ тавр ва барои кӣ истеҳсол намуд? – ба ҳамаи зинаҳои тараққиёти иқтисодиёти ҷаъмияти хос буда, бо имкониятҳои маҳдуду талаботи афзоянда вобаста аст.
Чӣ бояд истеҳсол намуд ва ё бо ибораи дигар гуем кадом молҳо ва хадамот ва дар кадом миқдор бояд истеҳсол шавад?
Шахси алоҳида метавонад худро бо ҳар роҳ бо молҳои заруриаш таъмин намояд: худ истеҳсол кунад, бо дигар неъматҳо иваз намояд ва аз тариқи он туҳфае гирад. Ҷамъият ба таври умум наметавонад яку якбора ҳама чизро гирад. Ба замми ин вай муайян карданаш лозим аст, ки чиро тез гирифтанаш даркор ва бо гирифтани он чиро интизор шавад ва аз чӣ даст кашад.
Масалан, мамлакатҳои мутараққӣ кушиш ба харҷ медиҳанд, ки истеҳсоли молҳои доирашон начандон васеътарро ба роҳ монда онро беҳтар намоянд ва дар рақобат бо дигар мамолик ба комёбӣ ноил гарданд. Инҳо, автомобил ва дигар молҳо. Баъзан интихоб хеле душвор мегардад. Мамлакатҳои сусттараққикарда чунин қашшоқанд, ки кушиши қисми зиёди қувваи корӣ танҳо барои хӯронидану пӯшонидани аҳолӣ сарф мешаваду халос. Дар чунин мамлакатҳо дараҷаи некуаҳолиро барои афзоиш додани истеҳсолот ва ҳосилнокии меҳнат баланд бардоштан мумкин аст. Албатта барои афзун намудани ҳаҷми истеҳсол модернизатсияи таҷҳизотро гузаронидан лозим аст ва азнавсозии хоҷагии миллӣ ҳам зарур аст. Аз ин сабаб қисми захираи истеҳсол ва қувваи корӣ барои истеҳсоли молҳои асосӣ, сохтмону иншоотҳои истеҳсоли мошину таҷҳизот сарф карда мешавад. Ба назар менамояд, ки чунин азнавсозии дараҷаи некуаҳолиро муваққатан поён мефарорад, вале дар оянда вай бо болоравии иқтисодиёт оварда мерасонад. Лекин дар мамлакатҳои камбизоат, ҳатто ночиз кам кардани истеҳсоли молҳои ниёзи мардум, аксари мардумро ба вартаи қашшоқӣ оварда мерасонад.
Ба саволи чӣ истеҳсол кард? Танҳо харидорон бо пули шахсиашон ва ба харидани молҳо ҷавоб дода метавонанду халос. Ба ивази молҳо пул дода, харидорон хароҷоти захираҳоро руйпуш мекунанд ва бо ин зарурияти интихоби иқтисодӣ, яъне молҳои истеҳсолшударо «тасдиқ» мекунанд. Пулҳои ба ивази мол додашудаи харидор ба дасти соҳибкор медарояд ва қисман фоидаи ӯ мегардад ва қисми дигараш барои пардохти захираҳои нав ирсол мешавад. Агар соҳибкор захираҳои заминӣ, амволи ғайриманқул, захираҳои ашёвии канданиҳоро истифода барад, моликони ин захираҳо давлат ё шахси алоҳида даромадро аз тариқи рента ё ки иҷорапулӣ мегиранд. Агар барои истеҳсолот захираҳои асосӣ ҷалб карда шавад арзиши онҳо бо нархи бозор ифода меёбанд ва даромади соҳиби мол бо фоизи лизингӣ пардохта мешавад. Ва ниҳоят агар соҳибкор захираҳои меҳнатии коргарону мутахасисонро ҷалб намояд, ба онҳо музди меҳнати кор ва дигар намудҳои даромадро медиҳад.
Чӣ тавр бояд истеҳсол намуд? Бо ибораи дигар гуем молҳо ва хадамот аз тарафи кӣ, аз кадом захираҳо, бо мадади кадом технологияҳо ва истифодаи кадом ташкили меҳнат бояд истеҳсол карда шавад.
Масалан бо истифодаи захираҳои маҳдуд иншоотҳои истеҳсолию истиқоматӣ сохтан мумкин, мошин истеҳсол кардан мумкин ва қитъаи заминро истифода бурдан мумкин.
Дар ин равия масъалаи чӣ тавр истеҳсол карданро мушаххас гардонем, он гоҳ баъзе иморатҳо аз тарафи шахсони алоҳида пушида шавад, дигарашро давлат мепушонад. Дар баъзе мамлакатҳо сохтани автомобилҳоро давлат қарор кунад, дар дигари онҳо ширкатҳои шахсӣ машғуланд.
Истифодаи замин бо хоҳиши фермерҳо ва бо қарори мақомотҳои давлатӣ амалӣ карда мешавад.
Саволи чӣ тавр истеҳсол кард? Низ бо роҳи интихоби қарори таваккалии соҳибкор, ки бо тарсу ваҳм вобаста аст, ҳалли худро меёбад.
Бояд қайд кард, ки рақобати байни молистеҳсолкунандагон зарурати таъмини истеҳсоли оммавии мол ва то ҳадди ақал кам кардани хароҷоти захира ва бар ҳар як воҳиди маҳсулот ва инчунин истифода намудани технологияи самаранок, ки дар баланд шудани сифати мол ва такмили хусусиятҳои истеъмолии маҳсулот истифода меёбанд, талаб мекунад.
Барои ки неъматҳои гуногунавъ истеҳсол карда мешавад? Ҳалли ин мушкилот бо қудрати пули истеъмолкунандагон, ки аз музди меҳнат ва даромад аз истифодаи замин, сармоя, коғазҳои қимматнок, маблағи амонатӣ, трансферти тиҷоратӣ ва давлатӣ ташкил меёбанд, вобаста аст. Дар ҳолати паст будани қудрати пули истеъмолкунандагон мушкилоти барои кӣ истеҳсол кард, аҳамияти муҳими иҷтимоӣ мегирад. Ҳалли ин масъала дар шароити бозор ба такмил додани функсияҳои тақсимотии давлат бисёртар вобастагӣ дорад.
Маълум аст, ки агар миқдори мол ва хадамоти истеҳсолшаванда маҳдуд бошад, масъалаи аз руи адолат тақсимоти он ба миён меояд, ки бояд аз ин маҳсулот истифода бараду баҳра барорад? Магар ҳамаи аъзои ҷаъмият ҳиссаи баробар гиранд, ё ин ки бою камбағал бошанд, ҳиссаи ҳар яки онҳо чӣ тавр бояд бошад? Ба қувваи фикрӣ ё ҷисмонӣ бартарӣ дода шавад? Ҳалли ин ва дигар проблемаҳо ҳадафи ҷаъмият ва омилҳои тараққиёти онро муайян менамояд.
3. Талабот ва захираҳо
Ҳадафи ниҳоии ҳамагуна системаи иқтисодии амалкунанда – ин қонеъ намудани талаботи ҷамъият ва ашхоси алоҳида мебошад. Маҳз барои ҳамин ҷараёни истеҳсолот нигаронида шудааст, кадоме захираҳои дар ихтиёри ҷамъият бударо барои истеъмолот истифода мебаранд.
Бо сарфа намудани захираҳо барои қонеъ гардонидани талабот, ҳамаи мушкилоти тараққиёти иқтисод марбут аст. Барои ҳалли онҳо ба таҳлили ду ҳақиқати дахлнопазир оиди инкишофи устувори иқтисодӣ асос ёфтаанд, ру овардан лозим аст:
Якум – талаботи ҷаъмият беҳудуд буда, қаноатмандшавии пурраи онҳо имконнопазир мебошанд.
Дуюм – захираҳои ҷаъмият барои истеҳсоли молҳо ва хизматрасонӣ заруранд, маҳдуд ё ки камёфт мебошанд.
Бояд қайд кард, ки ихтилофҳои зикршуда бо роҳи интихоб ҳалли худро меёбанд. Аз ин ҷо иқтисод – ҳамчун илми ҷаъмиятӣ бесабаб чунин зикр накардааст: Иқтисод ин интихоб аз захираҳои маҳдуд қонеъ гардонидани талаботи ниҳоят зиёдро тасвиру таҳлил менамояд.
Талабот ин эҳтиёҷ ба кадом чизи зарурӣ барои фаъолияти ҳаётӣ, рушди шахсият ва умуман ҷаъмият мебошад. Молҳо ва хадамот, ки одамон ба он талаб доранд, миллионҳо номгуй доранд ва шумораи онҳо торафт меафзояд, иқтисоддонҳо талаботи моддиро меомузанд, яъне хоҳиши истеъмолкунандагон ба соҳибшавӣ ва истифодабарии молу хадамот, кадоме аз онҳо қонеъ мешаваду баҳравар мегардад.
Ба таври умумӣ таърихи тамаддуни иқтисодиро ҳамчун ҷараёни ташаккул ва ба амал баровардани талаботи индувидуалӣ ва институтсионӣ тасаввур кардан мумкин аст. Дар ҷараёни қонеъгардонии талабот, талаботҳои миқдоран ва сифатан нав ташакул меёбанд, таркиби онхо тағйир меёбанд, бартариашон омухта мешаванд, ҷойивазкунии байни якдигар тараққӣ мекунад.
Инкишоф ва болоравии талабот бо далелҳои эволютсияи иқтисодии инсоният тасдиқ ёфтаанд. Дар давоми ҳар даҳсол миқдор ва намуди молҳои ниёзи мардум бештар аз ду маротиба афзоиш меёбанд. Ин қонунияти таърихӣ буда, ҳамчун қонуни такмилу болоравии талабот ном гирифтааст. Инсон ҳамаи давраҳоро аз сар гузаронида аз содатарин усулҳои истифодаи захираҳои офаридашудаи табиат сар карда то сарфакорона истифода бурдани онҳо ва аз он ҷумла захираҳое, ки худи инсон истеҳсол намудааст.
Талабот ба аввалиндараҷаина, яъне эҳтиёҷоти ҳаётан зарурӣ (Сару либос, хӯрок, манзил) ва дуюмдараҷаинаи, бо ки ҳама эҳтиёҷот (ба монанди истироҳат, кино, театр варзиш ва ғайра) тақсим мешаванд.
Анвои зиёди маҳсулот, ки барои қонеъ гардонидани талабот мутааликанд, баъзан ба ашёи талаботи аввалиндараҷаина ва сермасраф ва ашёи бодабдаба, бошукуҳ тақсим мешаванд. Зарурат ба исботи чунин тақсимот душвор нест. Он чӣ, ки барои як шахс ашёи аввалиндараҷа ҳисобида мешавад ба каси дигар он чизи бодабдаба ҳисоб меёбад, ё баръакс. Он чизе, ки дируз бодабдаба ҳисобида мешуд, имруз ба чизи одии аввалиндараҷа табдил ёфтааст. Ба ҷумлаи талаботи моддӣ хадамот бо баробари дигар молҳо дохил мешавад, талаботи моро қонеъ мегардонад.
Ба ҷумлаи талаботҳои моддӣ, ҳамчунин талаботи корхонаҳо, муасисаҳои давлатӣ ва ташкилотҳои ҷаъмиятӣ ворид мешаванд. Ба корхонаҳои шахсӣ иморат, иншоот, таҷҳизот, васоити нақлиёт, анборхона ва бисёр чизҳои дигар, ки барои истеҳсолот заруранд, лозиманд.
Барои ҷамъият баҳри қонеъгардонидани талаботи ҷаъмиятии шаҳрвандон роҳи оҳан, макотиб, беморхона ва техникаи ҳарбӣ зарур аст.
Воситаҳое, ки тавассути онҳо талабот қонеъ карда мешавад – неъматҳо номида мешавад.
Яке аз неъматҳои дар ихтиёри ҷаъмият ғайримаҳдуд (ҳаво) мебошад, дигар неъматҳо маҳдуд мебошад. Охиринро неъматҳои иқтисодӣ ё ин ки захираҳои иқтисодӣ меноманд.
Захираҳои табиӣ, инсонӣ ва захираҳои истеҳсолкардаи инсон, ки барои истеҳсоли маҳсулот ва хадамот истифода бурда мешавад, омилҳои истеҳсолотро ташкил мекунанд. Ба қатори онҳо замин, маводҳои ашёвӣ ва сармоя, меҳнат ва қобилияти соҳибкорӣ дохил мешаванд.
Ба мафҳуми замин ҳамаи захираҳои табии заминҳои кишт, ҷангалҳо, манбаҳои канданиҳои сарватҳои зеризаминӣ, захираҳои обӣ дохил мешаванд.
«Сармоя» сарфи пулро барои харидани мошинҳо, таҷҳизот, масолеҳи бинокорӣ ва ба монанди онҳо истифодаи онҳо барои васеъ ё ин ки такмили истеҳсолоти мол ва хадамот ва то ба дасти истеъмолкунандаи охирин бурда расонидан онҳо сарф мешаванд, ифода менамояд.
«Меҳнат» ҳамаи қобилияти ҷисмонию фикрии одамонро, ки ба истеҳсоли мол ва хадамот истифода мешаванд, мефаҳмонад.
«Соҳибкор» намуди алоҳидаи захираи инсонро мефаҳмонад, ки барои харҷи самараноктар истифода бурдани ҳамаи омилҳои истеҳсолӣ сарф мешавад.
Бояд қайд кард, ки ҳамаи захираҳои иқтисодӣ дорои хусусияти умумианд: миқдори маҳдуд доранд. Ин маҳдудият нисбӣ буда мефаҳмонад, ки захираҳо назар ба талабот камтар мебошанд. Масалан, замини кишт, боигариҳои зеризаминӣ, воситаҳои асосӣ, қувваи кори баландихтисос маҳдуд аст ва дар натиҷаи ин ҳаҷми маҳсулот ҳам маҳдуд мебошад.
Ҳамаи соҳаҳо ба захираҳои меҳнатӣ талабот доранд ва ҷамъият мебошанд ба маҳсулоти кори онҳо. Аммо банд будани ҳар инсони қобилияти корӣ дошта дар як соҳа кор кардани уро дар дигар соҳаҳо маҳдуд мекунанд. Дар назар дошт, ки ҳамагуна захираҳо андозаи муқарраршударо доранд. Маълум аст, ки захираҳои ибтидоӣ (замин, меҳнат, сармоя) дар ягон соҳа истисно менамоянд. Масалан захираҳои замин натанҳо аз рӯи табиату ҷоййгиршавии ҷуғрофии давлатҳо маҳдуд аст, балки аз рӯи истифодаи вай сектори аграрии ба маҳдуд гардидани вай дар саноат оварда мерасонад.

Добавить комментарий


Уважаемые читатели! Просим вас, оставляя комментарии, уважать друг друга и не злоупотреблять свободой слова.
Администрация сайта будет удалять:
1. Комментарии с грубой и ненормативной лексикой.
2. Оскорбления, угрозы и непристойные высказывания.
3. Высказывания, разжигающие национальную, религиозную и прочую рознь и вражду.
4. Комментарии, содержащие другие нарушения законодательства и прав граждан.
5. Комментарии, рекламирующие и продвигающие другие веб-ресурсы, товары и услуги, а также комментарии, не имеющие отношения к дискуссии.

Пользователи, которые нарушают эти правила грубо или систематически, будут заблокированы.