Четверг, 2 апреляВместе создадим светлое будущее!


Накши бизнеси хурд дар иктисодиёт

Нақша:
1. Нақши бизнеси хурд дар мамлакатҳои инкишофёфтаи иқтисодӣ;
2. Муайян кардани бизнеси хурд.

1. Нақши бизнеси хурд дар мамлакатҳои инкишофёфтаи иқтисодӣ
Бизнеси хурд дар иқтисодиёт ва иҷтимоиёт ва инкишофи саноати мамлакат нақши муҳимро бозида ва он 70% даромади маҳсулоти миллиро дар бар мегирад.
Дар ИМА чуноне, ки гуфта шудааст ба корхонаҳои хурд ҳамон корхонае дохил мегардад, ки шумораи коркунони он 500 нафарро дар бар гирифта, шумораи ин хел корхонаҳо 99%-и корхонаҳои Амрикоро ташкил мекунад.
Дар ИМА 15 миллион корхонаи хурд аст, ки онҳо 40%- и даромади маҳсулоти миллӣ ва як қисми даромади маҳсулоти шахсиро дар бар мегирад.
Аз рӯи нишондодҳои ташкилкунандагони бизнеси хурд дар Британияи Кабир ин ҳамкорӣ бо ҷаъмиятҳои саҳҳомӣ ва ширкатҳои шахсӣ мебошад.
Дар Олмон бизнеси хурд гуфта, бизнесеро меноманд, ки шумораи коркунони он то 49 нафар буда, гардиши солонаи он 1 млрд. доллар мебошад. Бизнеси миёна гуфта 50- 499 одам ва гардишаш бошад аз 0 – 100 млн. номгуй мебошад, ки шумораи ин хел корхонаҳо 2-млн., яъне зиёда аз 99%- и корхонаҳои мамлакатро ташкил мекунанд, ки ҳар яки он 50%-и даромади миллии маҳсулотро ташкил мекунанд.
Дар муҳити бизнеси хурд ва миёна аҳолӣ 2/3 иқтисодиётро дар бар намуда, 4/5 омӯзишӣ истеҳсолотро дар бар мегирад.
Дар Италиё ширкатҳои хурд ва миёна, ки шумораи онҳо нишондоди асосии даромади миллиро дар бар мегирад, ба ҳисоб меравад. Онҳо аллакай исбот намудаанд, ки сатҳи содироти молро дар сатҳи баланди рақобатнокӣ таъмин намоянд.
Ташкилотҳои кооперативӣ таҷрибаҳои худро дар ҳамаи соҳаҳо ва муҳити иқтисодӣ муаррифӣ менамояд, ба монанди: хоҷагии қишлоқ, саноат, сохтмон, системаи молию қарзӣ, суғуртакунонӣ, савдо ва нақлиёт.
Кооперативҳои калони маълумотдиҳиии миллӣ 3 марказро дорост, ки ҳар яки онҳо дар навбати худ вазифаҳои худро иҷро менамояд.
Чуноне, ки маълум аст соҳибкории хурд дар Италиё таъсирасонии асосиро дар сохтори сохибкории хурд ин инкишофи асосии иқтисодиёти минтакавӣ мебошад.
Сохибкории хурд дар навбати худ корхонаҳои калон маълумот дода, дар банақшагирии 5-6 сол барои коркард ва ҷобаҷо кардани маълумотҳои зарурӣ имконият фароҳам меорад.
2. Муайян кардани бизнеси хурд
Дар мамлакатҳои дар гузариш ба иқтисодиёти бозоргонӣ , ки дар он ҷо реформаи гуногуни соҳибкории хурд вуҷуд дорад, нақши асосиро бизнеси хурд мебозад.
Дар сохти иқтисоди бозори интихоби таваккалӣ ва тарсу ваҳми соҳибкорӣ, ҳамчун авҷгиронаки озмоиш ва тарсу ваҳми соҳибкорӣ, ҳамчун авҷгиронаки озмоиш ва хатогиҳо, тарзи наздик намудан ба мувозинати хароҷоти захира ва нархи интихоби “Чӣ, Чӣ тавр ва барои кӣ? истеҳсол кард, ҳисоб мешавад. Ин масъалаи сегонаро соҳибкор дар он вақт ҳал мекунад, ки агар молҳои пешкардааш бо талаботи қобилияти хариддошта, нархи мол ва хароҷоти истеҳсол бо ҳам мувофиқат мекунанд.
Чунин сохт ба иқтисодиёти ҳозиразамон хос буда, бо якҷоягии пайвастагии намудҳои гуногуни фаъолияти соҳибкорӣ бо нақшакашию танзимкунии давлатӣ амал менамояд. Сохти иқтисодиёти омехтаро дар мисоли иқтисодиёти баъзе давлатҳои мутараққӣ дида мебароем.
Модели иқтисодиёти Шведӣ, иштироки фаъолонаи давлат дар таъмин намудани шароит барои инкишофи эътидоли иқтисод ва тақсимоти даромад, тавсиф карда мешавад. Иқтисодиёт барои гузаронидани сиёсати иҷтимоӣ омода мебошад. Барои ин давлат дараҷаи баланди андозситониро муайян намудааст, ки ба 50 %-и ҳаҷми умумии маҳсулоти ватаниро баробар аст. Дар натиҷаи гузаронидани чунин сиёсат, то ҳадди ақал бекори маҳв карда шудааст, фарқияти даромади табақаҳои гуногуни аҳолӣ бошад нисбатан калон нест. Дараҷаи таъминоти иҷтимоии шаҳрвандон ниҳоят баланд мебошад ва инчунин қобилияти содироти ширкатҳои шведӣ аз он иборат аст, ки суръати тараққиёти иқтисодиро бо суръати бекортаъминкунӣ ва баланд бардоштани некуаҳолии мардум нисбатан пайваста ва мутобиқ шудааст.
Модели иқтисодиёти Ҷопон ба нақшагирии тарақкиёфта ва ҳамоҳангсозии фаъолияти Ҳукумату сектори щахсӣ фарқ мекунанд. Бояд қайд кард, ки нақшагирии барномаҳои давлатӣ звеноҳои алоҳидаҳои иқтсодиро ба иҷрои масоили умумидавлатӣ муттаваҷеҳ ва сафарбар менамоянд. Дар иқтисодиёти ҷопонӣ нигоҳ доштани анъанаҳои миллӣ ба эъятибор гирифтани онҳо хос мебошанд ва он чӣ ки аз таҷрибаи хориҷӣ ба тараққиёти мамлакат зарур аст, истифода мебаранд. Ин имкон медиҳад, ки дар шароити Ҷопон нафъи бузург меоварад, таъсис намоянд. Ҳаминро қайд кардан лозим аст, ки тарзу усулҳои ҷопонӣ на ҳамеша натиҷаҳои умедбахш медиҳанд, зеро дар он ҷо анъанаҳои ҷопонӣ ба монанди садоқат ба корхона, ё маҳфилҳои сифат вуҷуд надорад.
Иқтисод пеш аз ҳама бо истеҳсоли неъматҳои моддӣ, ки асоси ҳаёти чаъмиятӣ мебошад, сару кор дорад ва барои таъмини мавҷудияти худ, бефосила ва беист протссеси истеҳсолотро такрору аз нав месозад ва интишор медиҳад.
Мақсади асосии иқтисод – ҳамаи он чизҳое, ки табиат офаридааст бо меҳнати пурсамари одамон дигаргун сохта ба қонеъ гардонидани талаботи ҷаъмияти равона мекунад.
Моҳияти иқтисод аз истеҳсолот, аниқтараш аз истеҳсоли ҷаъмиятӣ, ки дар он одамон бо ҳамдигар муносибат мекунанд, ба вуҷуд меоянд.
Вазифаи иқтисод аз интихоби шакли самаранокии истифодаи захираҳои миқдорашон маҳдуд бо мақсаду пурратар қонеъ гардонидани талаботи афзудаистода ва таъмиини беҳбудии ҷаъмият мебошад.
Бояд қайд кард, ки ҳамаи захираҳои иқтисодӣ дорои хусусияти умумианд: миқдори маҳдуд доранд. Ин маҳдудият нисбӣ буда мефаҳмонад, ки захираҳо назар ба талабот камтар мебошанд. Масалан, замини кишт, боигариҳои зеризаминӣ, воситаҳои асосӣ, қувваи кори баландихтисос махдуд аст ва дар натиҷаи ин ҳаҷми маҳсулот ҳам маҳдуд мебошад.
Ҳамаи соҳаҳо ба захираҳои мехнатӣ талабот доранд ва ҷамъият бошанд ба маҳсулоти кори онҳо. Аммо банд будани ҳар инсони қобилияти корӣ дошта дар як соҳа кор кардани уро дар дигар соҳаҳо маҳдуд мекунанд. Дар назар дошт, ки ҳамагуна захираҳо андозаи муқарраршударо доранд. Маълум аст, ки захираҳои ибтидоӣ (замин, меҳнат, сармоя) дар ягон соҳа истисно менамоянд. Масъалан захираҳои замин натанҳо аз руи табиату ҷойгиршавии ҷуғрофии давлатҳо маҳдуд аст, балки аз руи истифодаи вай сектори аграрии ба маҳдуд гардидани вай дар саноат оварда мерасонад.

Добавить комментарий


Уважаемые читатели! Просим вас, оставляя комментарии, уважать друг друга и не злоупотреблять свободой слова.
Администрация сайта будет удалять:
1. Комментарии с грубой и ненормативной лексикой.
2. Оскорбления, угрозы и непристойные высказывания.
3. Высказывания, разжигающие национальную, религиозную и прочую рознь и вражду.
4. Комментарии, содержащие другие нарушения законодательства и прав граждан.
5. Комментарии, рекламирующие и продвигающие другие веб-ресурсы, товары и услуги, а также комментарии, не имеющие отношения к дискуссии.

Пользователи, которые нарушают эти правила грубо или систематически, будут заблокированы.