Суббота, 4 апреляВместе создадим светлое будущее!


Акидаи харочоти алтернативии Ф.Визер

Нақша:
1. Моҳият ва фарқияти сохти иқтисодӣ;
2. Сохти иқтисодии анъанавӣ, маъмурия ва амрдиҳӣ;
3. Сохти иқтисодиёти бозорӣ ва омехта.

1. Моҳият ва фарқияти сохти иқтисодӣ
Ақидаи хароҷоти алтернативӣ аз тарафи Фридрих Визер соли 1779 ҳамчун ақидаи истифодаи захираҳои маҳдуд пешкаш шуд ва ба он танқиди консепсияи серхароҷот, ки дар назарияи меҳнати арзиш маънидод карда шуда буд, оғоз ёфт.
Моҳияти ақидаи ҳарчи алтернативӣ Ф.Визер аз он иборат аст, ки арзиши воқеаи неъмати истеҳсолшуда ин фоидаи нагирифта аз неъматҳои дигаре, ки бо мадади захираҳои барои неъматҳои пеш истеҳсолшуда истифода шуда будаанд, истеҳсол кардан мумкин буд. Аз ин лиҳоз ҳарчи истеҳсоли ҳар кадом неъматҳо бо худ потенсиалҳои фоидаи гумшудаи неъматҳои истеҳсол нашударо нишон медиҳанд. Ф.Визер арзиши хароҷоти захираро бо ҳадди самаранокии имконпазир аз истеҳсоли неъматҳо, аниқ намуда буд. Агар дар ягон самт ҳарчи бештар маҳсулот истеҳсол шавад, дар самти дигар мумкин камтар истеҳсол мешавад ва ин нисбат аз бурди барзиёд истеҳсолкунӣ қавитар эҳсос карда мешавад.
Ҷаъмияти инсонӣ дар тараққиёти худ сохти мухталифи иқтисодиро истифода бурдааст ва мебарад. Онҳо бо муносибат ва тарзу усулҳои ҳалли мушкилоти иқтисодӣ аз ҳамдагар фарқ доранд.
Дар баъзе мамолики сустараққикарда сохти иқтисодӣ дар асоси анъанаҳо ташаккулёфта амал мекунанд. Расму оинҳое, ки аз ин насл ба дигар насл мегузаранд, кадом мол ва хадамот ва барои кӣ истеҳсол шуданашонро муаяйн мекунанд. Номгӯи неъматҳо, технологияи истеҳсолот ва тақсимот дар асоси анъанаҳои замон аниқ мегардад талаботи иқтисодии шахсони алоҳида мутобиқи тобеияти табақавӣ муаяйн карда мешавад. Прогресси илмӣ-техникӣ ба ин сохторҳо бо мушкилӣ дохил мешавад, чунки вай бо зиддиятҳои анъанавӣ ру ба ру омода ба муътадилии сохтори амалкунанда таҳдид мекунад. Захираҳои хосаи мавҷуда низ дар ҳалли масоили иқтисодӣ ба анъавият марбут аст. Масалан, Бразилия агар соли гузашта асосан қаҳва истеҳсол кунанд, оянда ҳам вай қаҳва истеҳсол карда бошад, имсол ва соли оянда ҳам вай қахва истеҳсол мекунад. Шри-Ланка бошад, солхо ба истеҳсоли чой ва каучук машғул аст.
2. Сохти иқтисодии анъанавӣ, маъмурия ва амрдиҳӣ
Ҳамаи қарордодҳо дар ҳалли мушкилотҳои асосии иқтисодӣ аз тарафи давлат қабул карда мешавад. Захираҳои иқтисодӣ дар ин сохтор моликияти давлатӣ буда, нақшагирии мутамаркази иқтисодӣ ҷой дорад. Тақсимоти захираҳо дар асоси афзалиятҳои дарозмуддат ба амал бароварда мешавад. Бо вуҷуди ин истеҳсоли неъматҳо доимо аз талаботи ҷаъмият фарқ мекунад ва ин ба тараққиёти ҷамъият монеъгӣ пайдо мекунад.
Ба сохти иқтисодиёти маъмурию амрдиҳӣ, ки дар собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ ва мамлакатҳои сотсиалистии Аврупои шарқӣ паҳн шуда буд, нуқсонҳои бартарафшаванда хос буд.
Бояд қайд кард, ки сабаби асосии ру ба буҳрон овардани ин сохт бо нуқсонҳои зерин зич алоқаманд аст.
1. Сохти иқтисодиёти маъмурию амрдиҳӣ қобилияти бо ҳам зич пайваст намудани коргар бо воситаю натиҷаи меҳнатро гум кард. Коргар барои истеҳсоли молҳои хушсифат аз руи моддию маънавӣ на он қадар ҳавасманд аст. Бояд қайд кард, ки ҳамаи чорабиниҳои ин сохт оиди баланд бардоштани музди меҳнати коргар, мукофотдиҳӣ, супоридани ифтихорнома ва номаҳои фахрӣ, таъмин намудани коргарон бо молҳои гуногуни камёфт натиҷа набахшид.
2. Сохти иқтисодиёти маъмурию амрдиҳӣ монополизмро ба миён овард, ки ба пурзуршавии зулми истеҳсолкунанда аз болои истеъмолкунанда оварда расонд. Оқибати чунин муносибатҳо байни онҳо ба барзиёд истеҳсолкунии молҳои ба тақозои харидорон номувофиқ аз як тараф ва камёфт будани молҳои баландсифат аз тарафи дигар, зоҳир гардид.
3. Дар шароити сохти иқтисодиёти маъмурию амрдиҳӣ корхонаҳо бо прогресси илмӣ-техникӣ диққати ночиз дода камҳавас будани худро бештар зоҳир гардониданидаанд.
Бояд қайд кард, ки ҳамаи нуқсонҳои дар боло зикршуда солҳои тулонӣ бартараф нашуда тезу тунд шудаанд ва чорабиниҳои аз тарафи давлат барои бартараф намудани онҳо дида мешуд начандон самаранок будаанд. Дар натиҷа сохти иқтисодиёти маъмурию амрдиҳӣ ба буҳронӣ шадид дучор шуд ва ҳам зарурияту ва ҳам замина барои гузаштан ба иқтисоди бозорӣ пайдо шуд.
Дар сохти маъмурию амрдиҳӣ, интихоби алтернативаҳо ҳуқуқи мутлақи давлат буд. Захираҳои маҳдуд бештар барои дастгирии идеологияи коммунистӣ ва бештар барои дастгирии идеологияи коммунистӣ ва намоиши афзалияти ин сохти иқтисодиёт тақсим мешуданд. Принсипи «Кӣ кор намекунад – вай намехурад» барои ба истеҳсолот ҷалб намудани ҳамаи аҳолии коршоям мусоидат менамуд. Ҳамин, канданиҳо ва захираҳои асосӣ дар миқёси ғайрисметавӣ истифода дода намешуданд, истеъдоди олимон ба ҷустуҷуи навтарин технология ва маҳсулоти ҳарбӣ равона карда мешуд. Ба соҳаҳои иҷтимоӣ бошад аз руи принсипи «боқимонда» маблағгузорӣ карда мешуданд. Аксарияти намудҳои маҳсулот камёфт буданд ва бо навбат ва ё бо роҳҳои гуногуни маъмурӣ (кушода ва ё пушида) тақсим карда мешуданд. Ин тартибот дар «қимматӣ» ба ҳадаф расидани мақсад сохта шуда буд. Хароҷоти алтернативии чунин интихоб, яъне даст кашидан аз истеҳсоли миқдори талаботдоштаи молҳои ниёзи мардум (хӯрока, сару либос, техникаи хонагии маишӣ, автомобилҳо, манзил, компютер, китобҳо, маводи варзишию хизматрасонӣ ва ғайра), ба дефиситҳои умумӣ инъикос ёфтаанд. Чунин аст «мукофот» ё қиммати интихоби хатои алтернативии сохти маъмурӣ-амрдиҳӣ.
Ва ниҳоят истифодаи экстентивӣ, яъне бо таври васеъ захираҳо ба ҳадди табии ниҳонии маҳдудияти онҳо оварда расонд. «Нарх» – ин интихоби чунин алтернатива чунон баланд гардид, ки пардохти он ғайриимкон гардид. Вақте расид ҳатто дар соҳаҳои истеҳсолии воситаҳои истеҳсолӣ бароварда такрористеҳсолкунии васеи онҳо номумкин гардид ва сохти иқтисодии маъмурӣ-амрдиҳӣ футур рафт.
3. Сохти иқтисодиёти бозорӣ ва омехта
Дар иқтисодиёти бозор ҳамаи мушкилотҳои асосии иқтисодӣ – Чӣ?, чӣ тавр? ва барои кӣ?- ро бозор бо воситаи нарх, фоида ва зарар ҳал мекунад.
«Чӣ?» аз тариқи талаботи қобилияти пули доштаи харидор, яъне бо овоздиҳии пулӣ ҳал карда мешавад. Истемолкунанда барои чӣ пул доданашро мустақилона худаш муайян мекунад. Дар навбати худ истеҳсолкунанда кушиш мекунад, ки хоҳишу дархостҳои истеъмолкунандаро ба эътибор гирифта, моли лозимиро ба у пешкаш намуда, талаботи вайро қонеъ гардонад.
«Чӣ тавр?» аз таарафи истеҳсолкунанда, ки барои гирифтани фоидаи калон кушиш мекунад, ҳал мегардад. Аз сабаби он, ки муайян намудани нарх танҳо ба истеҳсолкунанда вобаста нест, барои ба мақсад расидан дар шароити рақобат, истеҳсолкунанда бояд ҳарчи бештар мол истеҳсол карда бо нархи пасттар нисбат ба рақибонаш, фурушад.
«Барои кӣ?» ба фоидаи гуруҳи мухталифи истеъмолкунандагон ва бо назардошти даромади пули онҳо ҳал карда мешавад.
Чӣ тавр бояд мушкилоти хароҷоти алтернативиро дар сохти бозор ҳал кард? Интихоби алтернатива, ки бо ҳалли мушкилиҳои чӣ, чӣ тавр ва барои кӣ? истеҳсол кард, вобаста аст, хароҷоти чунин интихоби алтернатива мутобиқи талаби сохти бозор ва соҳибкорони шахсӣ «гузошта» мешавад. Дар ин ҳолат «нарх»-и қарори таваккали интихоб ба фоида ва ё ба зарари онҳо меафтад. Дар асл чунин рафтор ҳамчун пардохти соҳибкорӣ барои истифодаи ҷузъҳои захираҳои маҳдуди ҷаъмият барои истеҳсол ва пешниҳод намудани неъматҳои гуногун меҳисобанд. Агар неъматҳои пешкашгардида талабот надошта бошаду талаботи ҷаъмиятро қонеъ гардонда натавонад, онро истеъмолкунандагон намехаранд ва хароҷоти интихоби соҳибкорӣ пардохта намешавад. Ҳангоми набудани талаботи пули харидор бо молҳои истеҳсолшуда зиёни соҳибкор бо ҳарчи захтраҳои иқтисодии руйпуш нашуда, кадоме у бо ифода меёбад. Ғайр аз ин дар ҳалли мушкилотҳои чӣ? чӣ тавр ва барои кӣ? истеҳсол кард, соҳибкор хато карда наметавонад ва амалан ягон имконияти хароҷоти интихоб кардаи худро ба души ҷамъият ва ё истеъмолкунандагон гузошта наметавонад. Чунки харидор майли хариди молҳои истеҳсолкардаи он соҳибкорро надорад. Дар айни ҳол хароҷот ҷой дорад, яъне захираҳои маҳдуди ҷаъмиятӣ барии молҳои ба ҳеҷ кас нолозим сарф шудааст. Лекин ин сарф ба ҳол бо пули шахи соҳибкор баробар пардохта шудааст ва хароҷоти алтернативӣ то як дараҷа хароҷоти шахсии у мебошад. Дар ин ҷо талафи воқеии захира ҳамчун «пардохт» барои интихоби нодуруст ба андозаи муайян баробар карда шудааст ва дар оянда набояд захираҳои истеҳсолии маҳдуди ҷаъмиятиро беҳуда сарф кард.
Танҳо талаботи қобилияти пулӣ доштаи харидор метавонад хамчун шоҳиди интихоби оқилонаи алтернативаи истифодаи захираҳои ҷаъмиятӣ дар истеҳсоли неъматҳои ба у зарурӣ баромад кунад.
Дар сохти иқтисоди бозорӣ интихоби таваккали ва тарсу ваҳми сохибкорӣ ҳамчун авчгиронаки озмоиш ва тарсу ваҳми соҳибкорӣ ҳамчун авҷгиронаки озмоиш ва хатогиҳо, тарзи наздик намудан ба мувозинати хароҷоти захира ва нархи интихоби чӣ?, чӣ тавр?, барои кӣ? истеҳсол кард, ҳисоб мешавад. Ин масъалаи сегонаро соҳибкор дар он вақт ҳал мекунад, ки агар молҳои пешкардааш бо талаботи қобилияти хариддошта, нархи мол ва хароҷоти истеҳсол бо ҳам мувофиқат мекунанд.
Чунин сохт ба иқтисодиёти ҳозиразамон хос буда, бо якҷоягии пайвастагии намудҳои гуногуни фаъолияти соҳибкорӣ бо нақшакашию танзимкунии давлатӣ амал менамояд. Сохти иқтисодиёти омехтаро дар мисоли иқтисодиёти баъзе давлатҳои мутараққӣ дида мебароем.
Модели иқтисодиёти Шведӣ, иштироки фаъолонаи давлат дар таъмин намудани шароит барои инкишофи эътидоли иқтисод ва тақсимоти даромад, тавсиф карда мешавад. Иқтисодиёт барои гузаронидани сиёсати иҷтимоӣ омода мебошад. Барои ин давлат дараҷаи баланди андозситониро муайян намудааст, ки ба 50%-и ҳаҷми умумии маҳсулоти ватаниро баробар аст. Дар натиҷаи гузаронидани чунин сиёсат, то ҳадди ақал бекорӣ маҳв карда шудааст, фарқияти даромади табакаҳои гуногуни аҳолии бошад нисбатан калон нест. Дараҷаи таъминоти иҷтимоии шаҳрвандон ниҳоят баланд мебошад ва инчунин кобилияти содироти ширкатҳои шведӣ ва он иборат аст, ки суръати тараққиёти иқтисодиро бо суръати бекортаъминкунӣ ва баланд бардоштани некуаҳолии мардум нисбатан пайваста ва мутобиқ шудааст.
Модели иқтисодиёти Ҷопон ба нақшагирии тараққиёфта ва ҳамоҳангсозии фаъолияти ҳукумату сектори шахсӣ фарқ мекунанд. Бояд қайд кард, ки нақшщагирии барномаҳои давлатӣ звеноҳои алоҳидаҳои иқтисодиро ба иҷрои масоили умумидавлатӣ муттаваҷеҳ ва сафарбар менамоянд. Дар иқтисодиёти ҷопонӣ нигоҳ доштани анъанаҳои миллӣ ва эътибор гирифтани онхо хос мебошанд ва он чӣ ки аз таҷрибаи хориҷӣ ба тараққиёти мамлакат зарур аст, истифода мебаранд. Ин имкон медиҳад, ки дар шароити Ҷопон нафъи бузург меоварад, таъсис намоянд. Ҳаминро қайд кардан лозим аст, ки дар шароити Ҷопон нафъи бузург меоварад таъсис намоянд. Ҳаминро қайд кардан лозим аст, ки тарзу усулҳои ҷопонӣ на ҳамеша натиҷаҳои умедбахш медиҳанд, зеро дар он ҷо анъанаҳои ҷопонӣ ба монанди садоқат ба корхона ё маҳфилҳои сифат вуҷуд надорад.
Дар иқтисодиёти Амрико қоидаҳои «бозиҳои» иқтисодиро давлат муқаррар намуда, риоя намудани онро қатъи назари худ мегирад. Бояд қайд кард, ки дар таъмини тадқиқоти илмӣ ва лоиҳакашӣ, озодии соҳибкорӣ, рушду маорифу фарҳанг, нақши асосиро давлат мебозад.
Инак, иқтисодиёти омехта ҳарчи хубтару самарабахш истифода бурдани захираҳоро талаб менамояд ҳамчунин ба тайёр кардану истифода бурдани технологияҳои олидараҷа мадад мерасонад.
Эволютсияи ҳамаи сохторои иқтисодии ба инсон маълумро ҳамчун натиҷаи ҷустуҷуи роҳҳои ҳалли дилемаи абадии «захираҳо маҳдуд – талабот беҳудуд» тасвир менамояд. Маҳдудияти захираҳо нисбатанд, яъне дар ҳар маврид онҳо назар ба талабот камтар буда, барои қонеъ гардонидани ҳамаи онҳо нокофианд. Бояд қайд кард, ки норасогии захираҳо бо роҳи баланд бардоштани ҳосилнокии меҳнат, яъне афзун намудани истеҳоли неъматҳои мухталифи сермасраф дар воҳиди вақт аз захираҳои маҳдуди мавҷуда бартараф кардан зарур аст.
Ин мафҳумро то як дараҷа ҷудо кардани одамон барои иҷрои намудҳои захираҳои маҳдуд маънидод кардан мумкин аст. Тақсимоти меҳнат дар кадом миқёс, ки ба вуҷуд наояд, баланд бардоштани ҳосилнокии меҳнатро талаб менамояд. Аз якдигар ҷудо кардани ихтисос ва шуғл маҳз ба ҳамин бартарӣ дорост.
Бартарияти тақсими меҳнат ниҳоят равшан буда ва ҳатто дар хоҷагиҳои қадимаи обшинаҳои ибтидоӣ истифода бурда мешуданд. Натиҷаҳои тақсимоти меҳнатро дар зисту фаъолияти хоҷагидор муайян кардан душвор нест. Дар ҳамаи соҳаҳо инкишофи ҳосилнокии меҳнат, афзоиши миқдор ва сифати тайёр намудани неъматҳои гуногун дар навбати аввал ба тақсимоти меҳнат ва намудҳои гуногуни фаъолияти инсонӣ вобаста буд. Тақсимоти меҳнат, ҳатто дар ҳолати набудани фарқияти табиӣ ё омухтани касби коргароне, ки қувваашон истифода бурда мешаванд, манфиатбахш мебошад.
Барои пайдоиши муносибатҳои бозорӣ, нақши асосиро қабл аз ҳама ба кулли захираҳои замин ва олоти меҳнат барои хоҷагидориҳои мустақил, мавҷудият ё набудани ҳуқуқи анъанавии моликияти шахсӣ ба захираҳои иқтисодӣ мебозад.
Эволютсияи муносибатҳои иқтисодӣ ва ба вуҷуд омадани сохти класикии бозорӣ маҳз ба анъанаҳои моликияти шахсӣ ба замин, ҳамчун захираи хоҷагидорӣ марбут мебошанд. Нигоҳ доштани чунин анъанаҳо дар бисёр мамлакатҳо ба муқобилиятҳои иқтисодӣ байни обшинаҳо ва дигар шаклҳои заминдории хурд оварда мерасонад.

Добавить комментарий


Уважаемые читатели! Просим вас, оставляя комментарии, уважать друг друга и не злоупотреблять свободой слова.
Администрация сайта будет удалять:
1. Комментарии с грубой и ненормативной лексикой.
2. Оскорбления, угрозы и непристойные высказывания.
3. Высказывания, разжигающие национальную, религиозную и прочую рознь и вражду.
4. Комментарии, содержащие другие нарушения законодательства и прав граждан.
5. Комментарии, рекламирующие и продвигающие другие веб-ресурсы, товары и услуги, а также комментарии, не имеющие отношения к дискуссии.

Пользователи, которые нарушают эти правила грубо или систематически, будут заблокированы.