Среда, Ноябрь 20Вместе создадим светлое будущее!


Тадқиқи бозор.

1. Бозор таркиб ва таснифи он.
2. Вазъ ва ғунҷоиши бозор, муайянкунии он.
Бозор – ин маҷмўи муносибатҳо дар байни истеҳсолгарон ва истеъмолгарон оид ба ҳариду фурўши молу хадамот мебошад. Онро ҳамчун маҷмуи пешниҳодоту молу хадамот ва талаботи қобили харидори доштаи истеъмолгарон низ шарҳ додан мумкин аст.
1. Бозор таркиб ва таснифи он.
2. Вазъ ва ғунҷоиши бозор, муайянкунии он.
Бозор – ин маҷмўи муносибатҳо дар байни истеҳсолгарон ва истеъмолгарон оид ба ҳариду фурўши молу хадамот мебошад. Онро ҳамчун маҷмуи пешниҳодоту молу хадамот ва талаботи қобили харидори доштаи истеъмолгарон низ шарҳ додан мумкин аст.
Бозор аз 4 унсур иборат мебошад: тақозо, таклифот (пешниҳодот), нарх ва ракобат.
1. Тақозо – ин талаботест, ки бо пул ифода ёфтааст ва ба қобилияти харидори зич алоқаманд аст.
2. Пешниҳодот (таклифот) – ин ҳамаи он чизҳоест, ки бо мақсади ҳариду фурўш ва қонеъ гардонидани эҳтиёҷоту дархост ба бозор пешкаш карда мешавад.
3. Нарх – ин ифодаи пули арзиши мол буда, дар шакли пул аз ҳар воҳиди мол ҳангоми фурўши он ба даст оварда мешавад.
4. Рақобат.
Бозор аз руи аломатҳои зерин тасниф карда мешавад:
1. Аз мавқеъи унсурҳои бозор.
2. Аз руи хосияти мол.
3. Вобаста ба хусусияти муносибатҳои мутақобилаи фурўшанда ва харидор.
4. Аз руи миқёси мавқеъи муомилоти мол.
Вобаста аз мавқеъи унсурҳои бозор – бозор ба намудҳои зерин чудо мешавад:
а)Бозори фурўшанда – ин бозори комёб буда, дар он тақозо нисбат ба пешниҳодот зиёд аст.
б)Бозори харидор – ин бозори ғани буда, дар он тақозо нисбат ба пешниҳодот камтар аст.
в) Бозори мувозинати.
Восита ба хосияти мол бозорҳои зеринро ҷудо кардан мумкин аст:
1. Бозори молҳо дар шакли моддӣ-ашё.
2. Бозор хадамот.
3. Бозори қувваи коргари ва қобилияти соҳибкори.
4. Бозори қоғазҳои қимматнок.
5. Бозори маҳсулоти иттилоотию инноватсионӣ (навоварӣ).
Вобаста ба хусусиятҳои муносибатҳои мутақобилаи фурўшандаю харидор чунин бозорҳо вуҷуд доранд: ин бозорҳои озод, пўшида ва танзимшаванда мебошанд.
Аз руи миқёси мавқеъи муомилоти мол чунин намудҳои бозор ҷой доранд: ин бозорҳои маҳаллӣ, дохили, миллӣ ва чаҳонӣ мебошанд.
2. Вазифаи тадқиқоти бозор – ин муайян намудани конъюктура (вазъ) ғунҷоиши бозор ва ба банд (сегмент)-ҳо ҷудо кардани он мебошад.
Конъюктура (вазъи) бозор – ин таносуби миқдори ва сифатии байни тақозою пешниҳодот ва вобаста бо он сатҳи воқеъии нархҳои бозори мебошад.
Усулҳои омўзиш ва пешгуи кардани вазъи бозор дар амалияи фаъолияти маркетинг истифода бурда мешаванд, инҳоянд:
1.Пешгўи дар асоси райъпурсии савдогарони маҳалли перомуни ояндаи сохтори тақозо дар кисматҳои мувофиқи бозор.
2. Муайянкунии инкишофи ояндаи бозор дар асоси райъпурсии истеъмолгарони моли мувофиқ.
3.Муайянкунии пешомади бозор дар асоси таҳлили маълумоти омори.
4. Усули серамалиёти таҳлил ва таҳияи пешгўии вазъи бозор бо назардошти тадқиқи инкишофи бозорҳо дар гузашта ва бо ҳисоби таъсиррасонии омилҳои силсилавӣ ва ғайри силсилавӣ.
5. Усули риёзиёти пешгўи кардани инкишофи вазъи бозорҳо молӣ.
Ғунҷоиши бозор – ҳачми имконпазирии молро, ки дар муҳлати муайяни вақт дар бозор фурухта мешавад. Ифода мекунад.
Ғунҷоиши бозор бо воситаи формулаҳои зерин ҳисоб карда мешавад:
1. Ғб=Им+В-С+3, дар инчо:
Ғб-ғунҷоиши бозор
Им-ҳаҷми истеҳсоли моли мушаххас дар бозори мушаххас (ё сегменти он)
В-ҳаҷми воридоти моли мушаххас
С-ҳаҷми содироти моли мушаххас
З- бакияи заҳираи мол дар анборҳои тавлидгарон.
2Ғб=ШиШм, дар инҷо:
Ши-шумораи истеъмолгарон моли мушаххас дар бозори алоҳида
Шм-шумораи моли мушаххаси дар як сол истеъмолкардашуда.
Ду шакли таҳлили бозорҳои моли мавҷуд аст: яъне макротаҳлил ва микротаҳлили бозорҳои молӣ.
Макротаҳлили бозори молӣ – ин омўзиши бозорҳои молҳои алоҳидаро дар миқёси ноҳияҳо, шаҳрҳо, вилоятҳо ва умуман ҷумҳури ифода намуда, дар бар мегирад.
Мақсади макротаҳлил бозори моли дар он аст, ки ташаккули пояи иттилоотии бозорҳои ноҳиявӣ мебошад.
Микротаҳлили бозори молӣ – ин омўзиши бозорҳои алоҳидаи молиро дар сатҳи корхонаю соҳаҳо дар бар мегирад.
Мақсади микротаҳлили бозори молӣ дар он аст, ки дастрас кардани ахборот оид ба вазъ ва инкишофи ояндаи унсурҳои бозор ва маркетинг мебошад.

Мавзўъ: Банду баст ва интихоби бозори ба мақсад мувофиқ.
1. Банду басти бозор, мақсад, аҳамият ва намудҳои он.
2. Аломатҳои асосии банду басти бозор ва интихоби бозори ба мақсад мувофиқ.
1. Сегмент (баст)-и бозор – ин гуруҳи муайяни харидороне, ки ба намудҳои алоҳидаи маҳсулот (хизмат) талаботи умуми дошта ба барнома мушаххаси маркетинг (комбинатсияи мол, нарх, хариду фуруш ва намуди реклом) аксуламали тадриҷи пайдо мекунад.
Ба бандҳо ҷудо кардани бозор маънои онро дорад, ки истеъмолкунадагонро ба гуруҳҳои алоҳида мувофиқи чиҳатҳои ба онҳо хос ва муносибати онҳо ба бозору чорабиниҳои маркетинг тақсим карданро дорад.
Объекти банду бастро харидорон, истеъмолгарон ташкил мекунанд.
Мақсади банду басти маркетинг – ин дарёфти бозори ба мақсад мувофиқ ва муайянкунии мавқеъи ширкат дар бозор мебошад.
Бозори ба мақсад мувофиқ – ин теъдоди муштариёне, ки ширкат нияти хизматрасониии онҳоро дорад.
Мавқеъи ширкат дар бозор ин симои маркетинги корхонае, ки ў барои худ дар бозори мақсаднок меофарад.
Ду усули муайян кардани мавқеъ дар бозор мавҷуд аст:
1. Дарёфти банди ҳусуси дар бозор дар натиҷаи тавлиди чунин намуди моле, ки ҳоло дар онҷо мавҷуд нест. Ин усул дар ҳолати мавҷуд будани имкониятҳои васеъи тавлиди маҳсулоти наву тоза истифода бурда мешавад.
2. Дарёфти маскан дар сегменти мақсадноки бозор. Яъне муайянкунии мавқеъи худ дар паҳлуи яке аз рақибони дар бозор амалкунанда.
Маскани бозор – ин мавқеъи бозор аст, дар он ҳоло рақибон амал намекунанд.
Маскани амудии бозор – ин гурўҳи истеъмолгаронро дар бар мегирад, ки ба маҳсулоти якдигарро ивазкунанда тақозо доранд.
Маскани уфуқии бозор – ин тақозои зиёд кардани номгуи маҳсулоти мавчуда ва ҳачми хизматрасонии ба мол иртиботдоштаро дорад.
Дар амалияи маркетинг намудҳои зайли банду баст вучуд доранд:
1. Макробанду баст.
2.Микробанду баст.
3.Банду басти амиқ.
4 Банду басти бовусъат.
5. Банду басти қабли.
6. Банду басти қатъи.
Мувофиқи макробанду басти бозорҳои кабири ноҳияҳои иқтисодӣ ва давлатҳои алоҳида ҷудо карда мешавад. Масалан бозори Осиёи Миёна, мамлакатҳои алоҳида (ШМА, Руссия, Тоҷикистон ва ғайраҳо).
Мувофиқи микробанду баст дар ҳудуди як мамлакат якчанд сегментҳои корбурди бозор ҷудо карда мешавад. Масалан бозори пахтаи тоҷик, бозори матои ш. Душанбе ва ғайраҳо.
Банду басти амиқ – маркетолог банду басти бозорро аз гуруҳи васеъи истеъмологоз намуда, баъд онро маҳдуд мегардонад. Масалан истеъмолгарони қули пойафзол сараввал чудо карда шуда, баъд дар худуди он истеъмолгарони пойафзоли занона, мардона, дуҳтарона, қудақона карда мешавад.
Банду басти бовусъат – маркетолог банду басти бозорро сараввал аз гурўҳи маҳдуди истеъмолгарон оғоз намуда, баъд онро васеъ мегардонад.
Банду басти қабли – ин ибтидои тадқиқоти маркетингиро муайян намуда шумораи зиёди сегментҳои бозори таъиноти омўзишдоштаро дар бар мегирад.
Банду басти қатъи – ин давраи охирини тадқиқоти бозорро муайян карда, сегменти бозори вобаста ба шароити он ва имкониятҳои корхона ташаккул дода мешавад.
2.Бозор дар асоси аломатҳои зерин ба бандҳо ҷудо карда мешавад:
1. Аломатҳои ҷуғрофӣ
2. Аломатҳои демографӣ.
3. Аломатҳои иҷтимои-иқтисодӣ.
4. Аломатҳои психографӣ.
5. Аломатҳои рафтори харидорон.
6. Аломатҳои фарҳанги ва ғайраҳо.
Раванди басту банди маркетинг давраҳои зеринро дар бар мегирад:
1. Ташаккули аломатҳои банду баст.
2. Интиҳоби усул ва амалигардонии банду баст.
3. Шарҳи бандҳои қабулшуда.
4. Интихоби бандҳои бозори ба мақсад мувофиқ.
5. Ҷойгиркунии мол.
6. Коркарди барномаи маркетинг.
Панҷ усули имконпазири интихоби банду басти бозор мавҷуд аст:
1.Ҷалб намудани диққату кушишҳои маркетинг ба банди ягонаи бозор.
2. Руоварии пешниҳодоти моли ба тоқозои харидор.
3. Руоварии пешниҳодоти моли ба гуруҳи истеъмолгарон.
4. Хизматрасонии мақсадноки якчанд бандҳои бозор.
5. Банду басти маркетинг дар асоси инҳисори пурраи бозор.

Мавзўъ: Сиёсати моли.
1. Мол ва сиёсати моли.
2.Се паҳлуи маркетинги мол
3.Давраи бозордоштии мол ва фаъолияти таснифоти мол.
Тарҳрезии маркетингӣ таснифоти мол.
1.Мувофики нишондоди Ф. Котлер: «Мол – ҳамаи он чизҳоест, ки ягон эҳтиёҷот ё талаботро қонеъ мегардонад ва ба бозор бо мақсади ҷалб намудани онҳо пешниҳод шадаанд».
Сиёсати молӣ – ҷузъиёти фаъолияти маркетинги корхона оид ба муайянкунии аломати мол, борҷомабандии он, хизматрасонии бо мол иртиботдошта, ташаккули таснифоти мол, офариниши моли наву тоза, таъмини рақобатноки дар бозор ва дарозкунии давраи бозордоштии мол мебошад.
Меъёри асосии молро ҳамчун пояи моддии бозор шуданро воситаи . қонеъгардонии талаботу тақозои истеъмолгарони охирин ташкил мекунад.
2. Тавсифи мол таҳлили се паҳлуи маркетинги молро дар бар мегирад.
Се паҳлуи маркетинги мол – ин ғояи истеъмолотии мол. Симои тавлидотии мол ва ҳусни муомилотии мол мебошад.
а) Ғояи истеъмолотии мол – ин фикри умумиро дар бораи моли имконпазир, ки корхона ба бозор пешниҳод карда метавонаду он аз нигоҳи истеъмолгар барраси шудааст, ифода мекунад.
б) Симои тавлидотии мол – ин моҳияти воқеъии молро дар иҷроиши амали ифода менамояд ва ҷузъиёти зеринро дар бармегирад:
Сифати мол;
Борҷомаи мол;
Аломати мол;
Навоварии мол.
в) Ҳусни муомилотии мол – ин маҷмуи таъминот, таъмир, имтиёз, қарздиҳи, кафолат ва хадамотро дар бар мегирад, ки дар вақти истифодабарию истеъмоли маҳсулот зарур аст.
Мол ҳамчун ҷузъиёти маркетинг он дар шаклҳои зерин арзи вуҷуд дорад:
1. Молҳои истеъмолии кутоҳмуддат (нон, чой, қанд).
2. Молҳои истеъмолии дарозмуддат (пойафзол, либос, манзилгоҳ ).
3. Молҳои таъиноти тавлидоти (дастгоҳ, бензин ва ғ…).
4. Хадамот (хизматрасониҳои мошини, сайёҳи ва фарҳангӣ).
5. Маҳсулоти иттилооти (ахбори тиҷорати, барномаҳои компютерӣ).
6. Қоғазҳои қимматнок (пули нақд, заюм, аксия, аблигатсия, сертификат ва ғ…).
7. Маҳсулоти инноватсиони (кашфиёт, ихтироъҳо, «ноухау» ва ғ…).
8. Неруи коргари ва қобилияти соҳибкорӣ.
Воситаҳои маркетинги сиёсати молӣ – аломати мол иртиботдошта, таснифоти мол ва навоварии молро дар бар мегирад.
Аломати мол – ин ишораҳои ба тартиби муқарраргардида қайду сабтшудае мебошад, ки дар мол ифода карда шуда, бо мақсади фарқ кардани молҳои якхелаи тавлидгарони мухталиф истифода бурда мешавад.
Борҷомаи мол – ин маснуотест (зарф, халта) , ки вазифаҳои ғунҷоишу ҳифзи мол ва рекломи онро ичро мекунад.
Хизматрасонии ба мол иртиботдошта – харидор ҳангоми интихоби моли якхелаи ширкатҳои мухталиф ба ҳаҷм ва шакли хизматрасони аҳамияти калон медиҳад. Бинобар ин, таҳияи шаклу дараҷаи хизматрасони ҷузъиёти фаъолияти маркетингии тавлидгарон мебошад.
Таснифоти мол – ин гурўҳбандии маҳсулот аз рўи навъ, намуд, шакл ва аломат мебошад
Навоварии мол – ин раванди офариниш ва азхудкунии тиҷоратии моли нав дар бозор мебошад.
Дар низоми маркетинг моли нав дар шаклҳои зерин зоҳир мегардад:
1. Моли навин – ин мол аз нуқтаи назари сифату хосияиҳои техники нав буда, аз молҳои дар бозор қарордошта комилан фарқ мекунад.
2. Моли мукаммал – ин моли ботинан такмилёфта буда , зоҳиран аз молҳои дар бозор буда фарқ мекунад.
3. Моли мутағйир – ин моли зоҳиран таъғирёфта буда, аммо дар бозорҳои фурўш ба сифати моли муқаррари қабул шудааст.
4. Моли тоза – ин моли муқаррарие, ки дар банди нави бозор чун моли нав қабул карда мешавад.
5. Моли соҳаи нави корбурд – ин моли мавҷуда, мукаммал ва навин бо самтҳои нави тадбиқи амалӣ мебошад.
Марҳилаҳои раванди офаринишии молӣ дар зер омаданд.
1. Ташаккул ва интихоби ақидаи моли нав.
2. Офариниши ғояи моли нав ва санҷиши он.
3. Таҳияи стратегияи маркетинг.
4. Таҳлили имконияти истеҳсолот ва муомилот.
5. Офариниши намунаи моли нав.
6. Ташкили фурўши намунаи моли нав.
7. Вусъатдиҳии истеҳсоли тиҷоратии моли нав.
3.Давраи бозордоштии мол – ин як назарияест, ки кўшиши давра ба давра тағйироти фурўши маҳсулот, ҳаҷми даромад аз фурўши он, хусусияти истеъмолгарону рақибон ва усули маркетингиро аз лаҳзаи воридоти мол ба бозор, то бозорро тарк намудани он дар бар мегирад.
Давраи ҳаётии мол – ин аз давраи ғояи истеъмолоти мол оғоз ёфта, то баррасии симои тавлидотию ҳусни муомилоти он давом мекунад.
Давраи бозордоштии мол аз давраи ҳаёти мол дар фосилаи вақт кўтоҳтар мебошаду бевосита ба ҷараёни момилоти мол дар бозор вобаста аст.
Мол ҳангоми муомилот дар бозор чор давраро аз сар мегузаронад: воридот, сабзиш, камолот ва таназзул.
Воридот – ин давраи ҷоришавии маҳсулоти тавлидшуда дар бозор ва мунтазам афзоиши ҳаҷми фурўши он мебошад.
Сабзиш – ин давраи эътирофи мол дар бозор аз тарафи харидорон ва мунтазам афзоиши даромаднокии маҳсулот мебошад.
Камолот – ин давраи устуворшавии суръати афзоиши ҳаҷми фурўши мол мебошад.
Таназзул – ин давраи мунтазам пастшавии суръати даромаднокии мол мебошад.
Давраи бозордоштии молро маркетологҳои хориҷӣ бо усули графикӣ муайян мекунанд. Онҳо барои ҳар як номгўи мавҳсулоти дар бозор муомилакунанда грификӣ алоҳида тартиб медиҳанд. Графики давраи бозордошти мол аз хати амудӣ ва хати уфуқӣ, ки дар ҳамвори бо ҳамдигар пайваст мешаванд, иборат аст. Хати амудии давраи бозордоштии мол таъғироти ҳаҷми фурўш ва даромади маҳсулотро ифода мекунад. Хати уфуқии давраи бозордоштии мол фосилаи таҳлилро (ҳафта, моҳ, солона, нимсола, яксола) ифода мекунанд.
4. Асоси тарҳрезии таснифоти моли бозориро даврахои бозордоштии мол ташкил мекунад.
Раванди тарҳрезии маркетингии таснифоти мол аз марҳилаҳои зерин иборат мебошад:
– Тафриқаи маркетинги таснифоти молӣ.
– Тартиб додани тарҳи тавлидот ва муомилоти маҳсулот.
Барои тафриқаи маркетинги таснифоти молӣ усули қолаби рақобатнокии маҳсулот истифода бурда мешавад.
Тартиб додани тарҳи тавлидот ва муомилоти маҳсулот таҳлили қолаби рақобатнокии маҳсулотро талаб мекунад. Тарҳи тавлидот ва муомилоти маҳсулот аз қисмҳои таркибии зерин иборат мебошанд:
1.Номгў ва истеҳсолоти маҳсулоти мавҷуд;
2. Намуди маҳсулоти такмилдодашаванда;
3. Маҳсулоте, ки аз истеҳсолот гирифта мешавад;
4. Маҳсулоти нав офаридашаванда.
Мавзўъ: Cиёсати нархи.
1. Нарх ва нархгузорӣ дар низоми макетинг.
2. Марҳилаҳои нархгузории маркетингӣ.
3. Стратегияи на рхгузорӣ ва силсилаи нархҳои бозорӣ.
4. Усулҳои ҳисобои нархҳои бозорӣ.
Нарх ин ифодаи пули арзиши мол буда, дар шакли пул аз ҳар як воҳиди мол ҳамгоми фурўши он даст оварда мешавад.
Нархгузорӣ – фаъолиятеро, ки муқарраркунӣ ва гузориши нарх машғул аст, меноманд.
Нархгузории бозорӣ – ин ҷараёни гузоштани чунин нархе ба мол мебошад, ки онро харидор бо хушнудӣ қабул кунад ва тайёр бошад, пули муайяншударо супорида, онро харад.
Сиёсати нархгузорӣ дар низоми маркетинг ҳаллу фасли саволҳои зеринро талаб менамояд:
1. Кадом нархро харидор қобили қабул мешуморад?
2. Чӣ тавр таъғироти нарх ба ҳаҷми фурўш таъсир хоҳад расонд?
3. Хусусияти рақобат дар банди бозор чӣ гуна аст?
4. Ҳадди ақали нарх то чӣ андоза бояд бошад?
5. Чӣ гуна имтиёзҳоро ба харидорон пешбарӣ бояд кард?
6. Оё расонидани мол то ба хона ба афзоиши ҳаҷми фурўши он таъсир мерасонад?
Чӣ гунна мавқеъро нарх дар байни воситаҳои рақобат (сифат, реклом, ҳавасмандгардонии фурўш, хизматрасонӣ) дар ҳар як банди бозор ишғол мекунад?
Кадом усули ҳисоби нархро бояд интихоб кард?
Кадом стратегияи нархгузориро бояд риоя кард?
Нисбат ба маҳсулоти нав чӣ гуна тактикаи нархгузориро бояд интихоб кард?
Вобаста ба давраҳои бозордоштии мол нарх бояд чӣ тавр таъғир ёбад?
Дар раванди ташаккули иқтисоди бозорӣ масъалаи асосии нархгузорӣ дар он аст, ки аз иваз кардани сиёсати нархгузорӣ, яъне аз тарзи нархгузории маъмурӣ ба тарзи нархгузории бозорӣ гузоштан мебошад.
Фарқи байни тарҳрезии маъмурӣ ва бозории нархгузорӣ дар инҷо зоҳир мегардад:
Фарқият дар самти нархгузорӣ ҷой дорад.
Фарқият дар субъекти нархгузорӣ мушоҳида мешавад.
Ҷараёни нархгузорӣ дар низоми маркетинг аз қисматҳои зерин иборат мебошад:
Ҷараёни қабули қарори маркетингии умумӣ, ки дар навбати худ се зинаро – ҷудокунии ҳадафи бозори мақсаднок, интихоби симои аломати молӣ, таҳияи барномаи маркетингиро дар бар мегирад.
Ҷараёни қабули қарори нархгузории хусусӣ дар навбати худ зинаҳои зеринро дар бар мегирад:
-муқаррар кардани ҳадафи нархгузорӣ
– муайян кардани стратегияи нархгузорӣ
-ворид кардани тактикаи нархгузорӣ.
Панҷ марҳилаҳои муайян намудани нархи бозории мол мавҷуд аст:
1. Тавсияи ҳадафи нархгузорӣ.
2. Таҳлили вазъи бозор.
3. Мураттабсозии хароҷот.
4. Муайянкунии ҳадди нархҳои бозорӣ.
5. Гузориши нархи мақсаднок.
Дар амалияи нархгузории маркетиг се ҳадафи асосии нархгузорӣ мавҷуд аст:
1. Ҳадафи фоиданокӣ .
2. Ҳадафи тиҷоратӣ.
3, Ҳадафи рақобатпазирӣ.
Ҳадафи фоиданокиро бо роҳҳои зерин амалӣ кардан мумкин аст:
Зиёдкунии фоидаи ҷорӣ.
Гирифтани даромади софи қаноатбахш таъмини боздеҳи максаднокӣ маблағгузорӣ.
Бо зуддӣ ба даст овардани пулҳои нақд.
Ҳадафи тиҷоратӣ дар ду нишондиҳандаи зерин ифода карда мешавад:
1. Ҳаҷми молфурўшӣ.
2. Ҳиссаи маркетинги коргоҳ.
Таҳлили вазъи бозорро дар самтҳои зерин бурдан лозим аст:
1. Таҳлили тақозои бозорӣ.
2.Таҳлили нарх ва маҳсулоти рақибон.
Тақозои бозорӣ дорои хусусиятҳои эластикӣ ва ғайриэластикӣ мебошад.
Тақозои эластикӣ – ин тақозоест, ки ҳангоми дигаршудани нарх қобилияти дигаршавӣ дорад.
Тақозои ғайриэластикӣ – агар дар таҳти таъсири тағироти ночизи нарх, тақозо ба мол бе таъғир монад, ё кам таъғирёбад, ин гуна тақозоро меноманд.
Мураттабсозии (калькулятсиякунонӣ) – хароҷот – ин тарзи андозгирии арзиши аслӣ тавассути ҷамъбасткунии хароҷоти гуногунтаркиба дар ченаки ягонаи пулӣ ва таснифи онҳо аз рўи намудҳои маҳсулот, кору хизматрасонӣ мебошад.
Аломатҳои зерини таснифи хароҷотро ҷудо кардан мумкин аст:
1. Восита аз ҷўзъҳои хароҷот.
2. Восита аз вазифаи хароҷот.
3. Восита аз муносибат бо маҳсулот ва ғ…
Аз рўи ҷузъҳои хароҷот се намуди онҳоро ҷудо кардан мумкин аст:
Ашё меҳнат (ашёи хом ва масолеҳ, қувваи барқ, сўзишворӣ ва ғ…).
Олоти меҳнат (ҳиссаҷудокунии истеҳсолӣ амортизатсионӣ аз рўи истифодабарии дастгоҳу таҷҳизотҳо).
Меҳнати зинда (музди меҳнати асосӣ ва иловагии коргарон).
Вобаста ба вазифаҳои хароҷот намудҳои онҳоро чунин ҷудо мекунанд:
1. Хароҷоти тавлидот.
2. Хароҷоти тақсимот.
3. Хароҷоти фурўш.
4. Хароҷоти маъмурӣ
5. Хароҷоти ҷорӣ.
Вобаста аз муносибат бо маҳсулот ду намуди хароҷотро ҷудо мекунанд:
1. Хароҷоти доимӣ.
2. Хароҷоти таъғирёбанда.
Сатҳи поёнии нархи бозориро арзиши аслӣ муайян мекунад. Ҷамъи хароҷоти доимӣ ва таъғирёбанда хароҷоти пурра ё арзиши аслии маҳсулотро мефаҳмонанд.
Хусусияти хоси нархгузории маркетинг аз он иборат аст, ки корҳо аз доираи муайян муқарраркарда мешаванду аз ҳадди поёнӣ ва болоӣ иборатанд.
Ҳадди поёнии нарх – ин чунин сатҳест, ки дараҷаи ибтидоии даромаднокии коргоҳҳоро тахмин менамояд.
Ҳадди боли нарх – ин сатҳи тақозои бозорӣ мебошад.
Стратегияи нархгузорӣ – ин рафтори муқарраркунии нарх ба маҳсулоту хизматрасониҳои нав ва мавҷуда мебошад, ки ояндаи беҳтару гардишу фурўши молро, афзун гаштани даромаднокии тавлидоти он ва мустаҳкамкуниии мавқеъи бозории коргоҳро таъмин карда тавонад.
Дар маркетинг якчанд стратегияҳои мухталифи нархгузорӣ истифода бурда мешавад:
1. Стратегияи нархгузории «Қаймоқгирӣ».
2. Стратегияи нархгузории «Воридшавӣ».
3. Стратегияи нархгузории психологӣ.
4. Стратегияи нархгузории мухталиф.
5. Стратегияи нархгузории мавзунӣ.
6. Стратегияи нархгузории чатршакл.
7. Стратегияи нархгузории ҳавасмандкунӣ.
Стратегияи нархгузории «Қаймоқгирӣ» – ин гузориши ҳадди баланди нархи бозорӣ ва аз он ҳар чи зиёдтар ба даст овардани фоида мебошад.
Стратегияи нархгузории «Қаймоқгирӣ» – дар шароитҳои зерин истифода бурда мешавад:
Маҳсулоти нав ё такмилдодашудаи коргоҳ дорои ҳимояи патентӣ бошаду он дар бозор ҳолати монополиро ишғол намояд.
Шумораи зиёди харидороне, ки тайёранд маҳсулоти нав ё такмилдодашудаи коргоҳро харанд.
Нархи баланди муқарраркардашудаи симои баланди сифати мол бошад.
Нархи баланди воридотии мол ба бозор харидорони навро ба худ ҷалб карда тавонанд ва ғ…
Стратегияи нархгузории «Воридшавӣ» – ин гузориши нархҳои нисбатан паст ба маҳсулоти наву такмилдодашуда дар давраи воридоти он ба бозор бо мақсади фатҳи ҳиссаи зиёди бозор мебошад.
Истифодаи он дар ҳолатҳои зерин мувофиқи мақсад аст:
Банди интихобкардашудаи бозор ба нарх муассир буда, нархҳои паст сабаби васеъ шудани банди бозор гардад.
Нархҳои воридотии паст барои рақибони мавҷуда ва имконпазир набояд диққат ҷалбкунанда бошад.
Ба қадри зиёдшудани ҳаҷми тавлидот ва фурўши маҳсулот хароҷоти истеҳсолию муомилотии он тамоюли камшавӣ дошта бошад.
Стратегияи нархгузории психологӣ – истифодабарии нархҳои пурра, бонуфуз, қаторӣ ва якқолабаро дар назар дорад.
Нархҳои нопурра – ин чунин нархҳое мебошад, ки аз қиммати пурраи худ ба як ё якчанд воҳиди пулӣ камтар муқаррар карда мешаванд. Масалан 1с 99д, 398с.
Нархҳои бонуфуз – ин нархҳоест, ки ба маҳсулоти аз ҳад зиёд хушсифат ва аломати молии бонуфуз дошта гузошташуда, дар ҳадди болоии худ муқаррар карда мешавад.
Нархҳои қаторӣ – ин нархҳо ба фурўши маҳсулот дар доираи нарх алоқа доранд, ки ҳар як ҳолати воқеъии нарх, дараҷаи сифати молро инъикос мекунанд. Доираи нарх ҳамчун нархҳои паст, миёна аз миёна зиёдтар, баланд муқаррар карда мешаванд.
Нархҳои якқолаба – нархҳоянд, ки дар сатҳи муқаррар карда шуда, тўли мўҳлати дароз бетаъғир нигоҳдошта мешаванд.
Стратегияи нархгузории мухталиф ду намуди нархҳо: маҳдудкунанда ва имтиёзӣ баррасӣ мекунанд.
Нархҳои маҳдудкунанда – дараҷаи баланди нархро, ки барои фурўши моли муайян дар банди мақсадноки бозор пешбинӣ карда мешавад, ифода мекунад. Ин намуди нархҳо одатан нисбат ба истеъмолгароне, ки моҳияти нархгузории маркетингиро намефаҳманд ё харидоре, ки ба хариди ин маҳсулот омодагии пурра дорад, истифода бурда мешавад.
Нархҳои имтиёзнок – ин нархҳои аз ҳама пасте, корхона моли худро ба фурўш пешниҳод мекунад.
Стратегияи нархгузории мавзунӣ – мувофиқи ин нарх ба таносуби тақозою пешниҳодот фаврӣ паст ё баланд карда мешавад. Асоси ин стратегияро нархҳои мавзуни ташкил медиҳанд.
Стратегияи нархгузории чатршакл – нигоҳдории сатҳи баланди нарх ба маҳсулоти худ то дами омадани рақибон мебошад. Ҳамин, ки рақиб бо нархи нисбатан пасттар моли худро пешниҳод кард, соҳибкор ҳам дарҳол нархи моли худро то ин дараҷа паст мегардонад.
Стратегияи нархгузории ҳавасмандкунӣ – ин стратегия дар шакли нархҳои хариди сершумор, сарварон ва сарвари зиёновар зоҳир мегардад.
Нархи хариди сершумор – нархи фурўши молро тахфиф ҳангоми хариди миқдори зиёди он, дар назар дорад.
Нархи сарварон – ин нархест, ки мувофиқи нархи ширкати пешcафи бозор муқаррар карда шудааст. Корхона стратегияи нархгузории дигар ширкатҳоро (боэътиборро) қабул карда, мувофиқи он дар бозор рафтор мекунад. Нархҳои сарвари зиёновар – нархест, ки нисбат ба ширкатҳои зиёди дар бозор амалкунанда пасттар карда мешавад. Ин гуна нархҳо нисбат ба маҳсулоти якдигарро ивазкунанда истифода бурда мешавад.
4.Усулҳои зерин дар амалияи ҳисоби нархҳои бозорӣ васеъ истифода бурда мешавад:
1. Хароҷот ҷамъи фоидаи миёна.
2. Таҳлили безиёнӣ.
3. Таҳлили сегона.
4. Таҳлили марҷиналӣ.
Хароҷот ҷамъи фоидаи миёна – ин нархи мол дар асоси усули «хароҷот ҷамъи фоидаи миёна» чунин муайян карда мешавад: арзиши аслии ҳар як адади маҳсулот муайян карда шуда ба он болонарх (наценка) зам карда мнешавад.
Таҳлили безиёнӣ – ин чунини усули нархгузориест, мувофиқи он нарх дар асоси муқаррраркунии ҳолати безиёнии фаъолият ва таъмини фоидаи мақсадноки ширкат ҳисоб карда мешавад.
Таҳлили сегона –ин усули нархгузориест, ки дар асоси тадқиқи вобастагии байни ҳолати муайяни хароҷоти умумӣ, таъғироти тақозо ба маҳсулот ва андозаи фмуқоидааррар карда мешавад.
Таҳлили марҷиналӣ – ин усули ҳисоби нархҳои бозориест, ки истифодаи он ба фурўшанда имконияти пасту баландкунии нархи фурўши маҳсулотро вобаста ба ҳаҷми фурўши маҳсулотро вобаста ба ҳаҷми фурўши адади иловагии маҳсулот фароҳам меоварад.


Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *


Уважаемые читатели! Просим вас, оставляя комментарии, уважать друг друга и не злоупотреблять свободой слова.
Администрация сайта будет удалять:
1. Комментарии с грубой и ненормативной лексикой.
2. Оскорбления, угрозы и непристойные высказывания.
3. Высказывания, разжигающие национальную, религиозную и прочую рознь и вражду.
4. Комментарии, содержащие другие нарушения законодательства и прав граждан.
5. Комментарии, рекламирующие и продвигающие другие веб-ресурсы, товары и услуги, а также комментарии, не имеющие отношения к дискуссии.

Пользователи, которые нарушают эти правила грубо или систематически, будут заблокированы.