Четверг, Ноябрь 21Вместе создадим светлое будущее!


Маблағгузорӣ ва таъминоти модди – техники фаъолияти тиҷоратӣ.

1. Маблағгузорӣ ҳамчун сарчашмаи тараққиёти базаи модди – техникӣ.
2. Таъминоти модди – техники фаъолияти тиҷоратӣ.

Адабиётҳо

1. Маблағгузорӣ ҳамчун сарчашмаи тараққиёти базаи модди – техникӣ.

Дар шароити (гузориш) ба иқтисодиётибозоргонӣ барои самаранок ташкил кардани фаъолияти тиҷоратӣ маблағҳое заруранд. Яке аз роҳои маблағгузори дар фаъолияти тиҷоратӣ:
1. Гирифтани қарз , ки бевосита аз ташкилотҳои қарзӣ дастрас кардан мумкин аст. Яке аз ин гунна ташкилотҳо – бонкҳо мебошанд.
1. Маблағгузорӣ ҳамчун сарчашмаи тараққиёти базаи модди – техникӣ.

Дар шароити (гузориш) ба иқтисодиётибозоргонӣ барои самаранок ташкил кардани фаъолияти тиҷоратӣ маблағҳое заруранд. Яке аз роҳои маблағгузори дар фаъолияти тиҷоратӣ:
1. Гирифтани қарз , ки бевосита аз ташкилотҳои қарзӣ дастрас кардан мумкин аст. Яке аз ин гунна ташкилотҳо – бонкҳо мебошанд.
Бонкҳо – ташкилоти қарзӣ буда, ҳуқуқи фавқулодаи гузаронидани амалиётҳои зерин дорад:
1. Ҷалб кардани воситаҳои пули шахсони ҳуқуқи ва воқеи бо мўҳлати муайян бо шарти баргардондан.
2. Ҷойгир ва истифода бурдани ин маблағҳо дар дигар корхона бо мақсад гардонидани фоида.
3. Ташкили суратҳисобҳои мизоҷон
4. Бо фармоиши мизоҷон гузаронидани амалиётҳои бонкӣ
5. Хариду фурўши арзҳои хориҷӣ
6. Инкассакия воситаҳои пулӣ
7. Интиқоли воситаҳои пулӣ.
Бонкҳо бо арзҳои миллӣ амалиётҳо гузаронида, танҳо баъд аз гирифтани лицензия бо арзҳои хориҷӣ фаъолият карда метавонанд. Бонкҳои шахсӣ барои ўҳдадориҳои бонки миллӣ ва давлатӣ ҷавобгўй нест ва баракс.
Бонкҳо барои нигоҳ доштани махфии тиҷоратӣ кафолат медиҳад.
Муомилаи байни бонк ва мизоҷон бо шартнома ба танзим дароварда мешавад ва ду намуди шартнома вуҷуд дорад.
1. Шартномаи пасандозҳои бонкӣ (депозит) – бонк аз мизоҷон ба мўҳлати муайян маблағро (гирифта) бо шарти бо фоиз баргардонидан мегирад.
2. Шартномаи ҳисобии бонкӣ (б.счет) – бонк бо фармоиши мизоҷон амалиётҳои бонки мегузаронад.
Дар шартнома чунин шартҳо гузошта мешавад.
1. тарафҳо
2. уҳдадори тарафҳо
3. мўҳлат
4. фоиз

2. Маблағгузорӣ дар фаъолияти тиҷоратӣ(гузаронидани инвестиция), яъне ташкили корхонаҳои муштарак. Барои ташкили маблағгузаронӣ бояд шароитҳои махсус-«иқлими инвестиционӣ» дар давлат фароҳам бошанд:
-ҳолати сиёсии давлат
-танзими қонунгузорӣ
-фароҳамии захираҳои табии
-қобили бадали асъор(конвертируемость)
-мавҷудияти коммуникация(роҳ, барқ, алоқа ва ғ.)
-мавҷудияти қувваи коргарӣ
3. Грантҳои давлатӣ
Аз тарафи давлат ташкил кардани грантҳо, яъне маблағгузорӣ барои рушди тиҷорат.Дар Тоҷикистон Гранти «Рушди бизнеси хурд ва миёна»
Амал карда истодааст.

2. Таъминоти модди – техники фаъолияти тиҷоратӣ.

Зарурият ва аҳамияти таҷҳизоти корхонаҳои савдо
1. Сарфаи вақт
2. Осон гардонидани меҳнати дастӣ
3. Дақиқияти ҳисобиҳои тиҷоратӣ
4. Нигоҳдории сифати молҳо
5. Ҷобаҷогузории молҳо дар анборҳо ва толорҳои фурўш
6. Муҳофизати мол аз дузди
7. Барои гузаронидани амалиётҳои савдо
8. Рекломи мол
9. Назорати маъмурию давлатӣ

Таснифоти таҷҳизоти корхонаи савдо

1. Таҷҳизоти борҷомакунӣ ва қадоқкунии мол.
2. Таҷҳизоти борбардории нақлиётӣ
3. Таҷҳизоти барои нигоҳ доштани мол дар анборҳо
4. Таҷҳизоти яхдонӣ
5. Таҷҳизоти ченкунандаи тиҷоратӣ
6. Мебели тиҷоратӣ
7. Асбобу анҷоми тиҷоратӣ
8. Автоматҳои тиҷоратӣ
9. Таҷҳизоти назорати – хазинавӣ
10.Таҷҳизоти зиддидуздӣ

Танзими давлатии фаъолияти тиҷоратӣ

1. Ҳимояи ҳуқуқи истеъмокунандагон.
2. Ташкили назорати давлатии савдо.

Адабиётҳо: А.Х.Катаев, Р.К. Раджабов «Экономика таможенного дело». Уч. Пособ. Душанбе ТГУК 2001с.

1. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор қонунҳо ва қарорҳои ҳукумат қабул шудаанд, ки алоҳидаи қонунгузории оид ба истеъмолкунандаҳоро ба танзим медароранд.
Меъёрҳои ҳуқуқӣ оид ба ҳифзи истеъмолкунандаҳо на танҳо дар қонунҳо балки дар соҳаҳои гуногуни қонунгузорӣ инъикос ёфтаанд:
Дар сарқонуни ҶТ ҳуқуқҳои шаҳрвандон эътироф шуда, кафолати иҷрошавии қонунҳо оид ба истеъмолкунандаҳо қайд шудааст.
Дар боби 27 ҚТ. ҶТ «Ҷиноятҳо дар соҳаи иқтисодиёт» дар моддаҳои 259 – 260 «Соҳибкории ғаёриқонунӣ» ва «Соҳибкории сохта» дар бораи ба ҷавобгарӣ кашидан оварда шудаанд.
Ҷавобгарӣ барои қонуншиканӣ оид ба ҳифзи ҳуқуқи истеъмолкунандаҳо дар кодекси ҷиноятҳои маъмурӣ инъикос ёфтааст. Танзими асосии муомилаи истеъмолкунандаҳо дар кодекси шаҳрвандӣ ва қонуни ҶТ «Дар бораи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагондар ҶТ» иҷро мешаванд. Қонун бо қарори Ҳукумати ҶТ аз 16.03.99с №97 ба имзо расидааст.
Назорати давлатии савдо аз тарафи Вазорати иқтисодиёт ва савдои ҶТ иҷро карда мешаванд.
II. Агенти стандартизация, метрология, сертификатция ва инспекцияи савдои назди Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҶТ – Агентии «Тоҷикстандарт» ба танзим дароварда мешаванд.
Тоҷикстандарт назди Ҳукумати ҶТ таъсис ёфта, фаъолияти худро дар соҳаи стандартизация, метрология, сертификатция, аккред – я назорати давлатӣ барои ҷорӣ ва нигоҳ доштани талаботи стандартҳо, сифати ашъё, маҳсулот, мол, таъмини ченаки ягона ва қоидаҳои савдо дар ташкилоту корхонаҳои истеҳсолкунанда, тайёркунанда, таъминкунанда, фурўшанда ва дигар субъектҳои ҶТ новобаста аз шакли моликият ва тобеияти идораашон амалӣ менамояд.
Иҷрои қонунҳои ҶТ «Дар бораи стандартонӣ», «Дар бораи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон», «Дар бораи сертификатсияи маҳсулот ва хизматрасонӣ», «Дар бораи сифат ва бехатарии маҳсулоти хўрокворӣ».
Барои пурзўр гардонидани назорати давлатӣ оид ба сифати молҳои воридшуда, барои пешгири кардани вориди маҳсулот ва молҳои хўрокаи ба стандартҳои ҷаҳонӣ ҷавобгўй набуда ва ба саломатии истеъмолкунандаҳо зараровар қарори Президенти ҶТ оид ба «Ҳифзи ҳимояи истеъмолии ҶТ» аз 20.11.98с. №4 ва Қабули Гузориши Ҳукумати ҶТ «Ҳимояи бозори истеъмолии ҶТ аз вориди молҳои бесифат» ки 16.03.99с №97 ба имзи расидааст.
Қонуни мазкур муносибатҳои байни истеъмолкунандагон ва истеҳсолкунандагон, иҷрокунандагон, фурўшандагонро ҳамгоми фурўши мол (иҷрои кор, хадамот) ба танзим дароварда, ҳуқуқи истеъмолкунандагонро барои харидани мол, дорои сифати муносиб ва барои ҳаёту саломатии истеъмолкунандагон бехатар, гирифтани маълумот оид ба мол (хадамот) ва истеҳсолкунандагони (фурўшандагони) он, ҳимояи давлатӣ ва ҷамъияти манфиати онҳоро муқаррар ва тарзи татбиқи ин ҳуқуқро муайян мекунад. Қонун аз 4 -боб ва аз модда иборат аст.


Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *


Уважаемые читатели! Просим вас, оставляя комментарии, уважать друг друга и не злоупотреблять свободой слова.
Администрация сайта будет удалять:
1. Комментарии с грубой и ненормативной лексикой.
2. Оскорбления, угрозы и непристойные высказывания.
3. Высказывания, разжигающие национальную, религиозную и прочую рознь и вражду.
4. Комментарии, содержащие другие нарушения законодательства и прав граждан.
5. Комментарии, рекламирующие и продвигающие другие веб-ресурсы, товары и услуги, а также комментарии, не имеющие отношения к дискуссии.

Пользователи, которые нарушают эти правила грубо или систематически, будут заблокированы.