Воскресенье, Ноябрь 17Вместе создадим светлое будущее!


Сохторҳои миёнаравӣ- тиҷоратӣ дар фаъолияти тиҷоратӣ

1. Мафҳум ва аҳамияти миёнаравӣ- тиҷоратӣ
2. Намудҳои миёнаравҳои тиҷоратӣ ва вазифаҳои онҳо.

Адабиётҳо: 1) Л.В.Осипова, И.М. Синяева «Основы коммерческой деятельности» Юнити, М. 2000г.
2) Ф.П. Половцева «Коммерческая деятельность» Инфра.М,М, 2003с.
1. Мафҳум ва аҳамияти миёнаравӣ- тиҷоратӣ
2. Намудҳои миёнаравҳои тиҷоратӣ ва вазифаҳои онҳо.

Адабиётҳо: 1) Л.В.Осипова, И.М. Синяева «Основы коммерческой деятельности» Юнити, М. 2000г.
2) Ф.П. Половцева «Коммерческая деятельность» Инфра.М,М, 2003с.

1.Мафҳум ва аҳамияти миёнаравӣ- тиҷоратӣ

1.Фаъолияти миёнаравӣ- ин фаъолият оид ба ташкили хариду- фурўш, хизматрасонӣ, соҳаи ёрирасон ба молтаъминкунандагон ва харидорон, ки фоидаи даркориро таъмин намуда соҳиби фоидаи худ мегарданд.
Аҳамияти миёнаравҳо дар он аст, ки дар вақти интихоби хамкори тиҷоратӣ ва ташкили амалиётҳои тиҷоратӣ, вақт ва хароҷотҳо сарфа шуда таваккали тиҷоратӣ паст гардонида мешавад.
Дар раванди ташкили ҳаракати мол истифодабарии миёнаравҳое,ки воситаҳои нақлиётӣ, анборҳо ва кадрҳои баландихтисос доранд аҳамияти бузург доранд.
Соҳаи миёнаравӣ барои тарақиёти фаъолияти тиҷоратӣ, ғанӣ гардонидани бозори истеъмолӣ ва қонеъ гардонидани талаботи истеъмолкунандагон саҳми арзанда мегузоранд:
[ташкили амалиётҳои воридоту содирот, ташкили ярмаркаҳо, намоишгоҳҳо ва ғ.]
Вазифаҳои миёнаравҳо:
– омўхтани бозор ва талаботи истеъмолкунандагон
– ҷамъ ва таҳлили ахбори тиҷоратӣ оид ба молтаъминкунандагон ва харидорони яклухт.
– ташкили хариду фурўш (бастани шартномаҳо, иҷроиши он, ҳуҷҷатгузорӣ,ҳис. китоб)
– ташкили амалиётҳои воридотӣ
– Хизматрасонӣ (нақлиётӣ, нигоҳ доштани мол, тайёр намудани мол ба фурўш)
– рекломнигорӣ
– ташкили намоишгоҳҳо, ярмаркаҳо, музояда
– хизматрасонии машваратӣ(консалтинг)

2. Миёнаравҳоро вобаста бо хусусиятҳои зерин фар кардан мумкин аст :
– бо номгўи моле, ки савдо менамоянд;
– бо амалиётҳои тиҷоратӣ
– бо намуди хадамот.

2.Намудҳои миёнаравҳои тиҷоратӣ ва вазифаҳои онҳо

1. Ширкатҳои миёнаравии тиҷоратӣ- ин миёнаравҳои тиҷоратии мустақил, ки бо истеҳсолкунандаҳо дар асоси шартномаҳо молҳоро харидорӣ карда бо нархи бозоргонӣ савдо менамоянд. Ширкатҳои бузурге, ки анбор, нақлиёт, таҷҳизотҳои борбардорию борҷомакунӣ доранд. Вазифаи асосииашон хариду- фуруши яклухт.
2. Дистрибютор- миёнарав баъди баста шудани шартнома намояндаи истеҳсолкунанда мешаванд. Бозор, нарх, мўҳлати фурўш ва ҳисобу китоби фоидаро молтаъминкунанда муайян менамояд.
3. Дилер- миёнарави тиҷоратие, ки молро дар асоси шартномаи хариду-фурўш харида, соҳибмулки он мешавад. Объекти фаъолияти ў нақлиёт ва таҷҳизоте, ки талаботи оммавӣ доранд.[мебели тиҷоратӣ, яхдонҳо ва ғ.] м/д Мол бо кафолатҳои мўҳлатӣ, қисмҳои эҳтиётӣ таъмин карда мешавад. [Фоида фарқияти нархи хариду-фурўш]
4. Комиссионер- миёнарав дар асоси шартномаи комиссия, бо супориши молтаъминкунанда- комитент, молро савдо карда фоизи муайяни худро мегирад. Бисьёр вақт онҳо анбор доранд дар он молҳо нигоҳ дошта мешаванд.
5. Консигнатор – як намуди комиссионер буда, молҳоро дар асоси шартномаи консигнация савдо менамояд. Миёнарав аз номи худ ва аз ҳисоби консигнант (молтаъминкунанда фурўшанда) молҳоро реклама карда ба савдо мебарорад. Ин миёнаравҳо дар ҳолате, ки ба бозор моли наве, ки ба истеъмолкунанда маълум нест истифода бурда мешавад.
6. Агентҳо- фаъолияти миёнаравии худро ба манфияти шахси дигар (принципал) ташкил менамоянд. Дар шартнома намуди амалиётҳои тиҷоратӣ оид ба хариду-фурўши ва молтаъминкунӣ, фоизи муайяне, ки аз иҷро шудани хариду – фурўш миёнарав мегирад акс ёфтааст. Агент мустақилона амал карда дар пеши принципал ҳисобот мешуданд.
7. Брокер- вазифаи асосиаш пайдо намудан ва вохўрондани харидорон ва фурўшандаҳо мебошад.Ў ба манфияти ҳар ду тараф амал намуда ва соҳиби пайдоиши хизмат мешавад. Бо мақсади ташкили самараноки худ брокерҳо бозор ва истеъмолкунандаҳоро омўхта, ахбори тиҷоратӣ ҷамъ менамоянд.


Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *


Уважаемые читатели! Просим вас, оставляя комментарии, уважать друг друга и не злоупотреблять свободой слова.
Администрация сайта будет удалять:
1. Комментарии с грубой и ненормативной лексикой.
2. Оскорбления, угрозы и непристойные высказывания.
3. Высказывания, разжигающие национальную, религиозную и прочую рознь и вражду.
4. Комментарии, содержащие другие нарушения законодательства и прав граждан.
5. Комментарии, рекламирующие и продвигающие другие веб-ресурсы, товары и услуги, а также комментарии, не имеющие отношения к дискуссии.

Пользователи, которые нарушают эти правила грубо или систематически, будут заблокированы.