Среда, Ноябрь 13Вместе создадим светлое будущее!


Ташкили савдо дар музояда

1. Моҳият ва шаклҳои ташкили музояда
2. Тартиби гузаронидани музояда
3. Ташкили музояда.

Адабиёт:

1. Моҳият ва шаклҳои ташкилии музояда

Барои фаъолияти самараноки корхонаҳои тиҷоратӣ дар соҳаи муомилаи бозаргонӣ, ки фоидаи калонтаринро ба даст меорад, воситаҳори ташкилию иқтисодиро истифода бурдан лозим аст. Яке аз ин воситаҳо музояда мебошад.
1. Моҳият ва шаклҳои ташкили музояда
2. Тартиби гузаронидани музояда
3. Ташкили музояда.

Адабиёт:

1. Моҳият ва шаклҳои ташкилии музояда

Барои фаъолияти самараноки корхонаҳои тиҷоратӣ дар соҳаи муомилаи бозаргонӣ, ки фоидаи калонтаринро ба даст меорад, воситаҳори ташкилию иқтисодиро истифода бурдан лозим аст. Яке аз ин воситаҳо музояда мебошад.
Музояда аз калимаи арабӣ гирифта шуда маънояш афзудан , зиёд шудан мебошад.
Аукцион аз калимаи лотини auctio пайдо шуда маънояш афзудан мебошад.
Музояда -бозори махсусе, ки дар вақти муайян ва ҷойҳои муайян барои фурўши оммавии молҳо ташкил карда мешаванд.Ин фурўши оммавӣ буда, мол ба фарде, ки нархи баландтаринро мегузорад харидорӣ карда мешавад.
Иштирокчиёни музояда – аукционерҳо
Фарде, ки фурўшро мегузаронад – аукционист номида мешавад.
Дар музояда чунин молҳо савдо карда мешавад. Молҳои мўина, чой, пашм,мева, сабзавот, гулҳо, асп, лавозими қадимӣ (антиквариат), санъати тасвирӣ, ҷавоҳирот, автомобиль, молҳои ғайри манқул, молҳои исклюзивӣ
Музояда ду хел мешавад:
1. Маҷбурӣ – аз тарафи ташкилотҳои давлатӣ бо мақсади фурўши молҳои мусодирашуда гузаронида мешавад.
2. Ихтиёрӣ – бо ташабусси тоҷирон барои гирифтани фоида гузаронида мешавад.
Сохти ташкилии музояда:
1. Корхонае, ки фаъолияти асосиаш ташкил ва гузаронидани музояда меноманд.
2. Корхонаҳое, ки фаъолияти асосиашон гузаронидани музояда набуда дар оинномаашон ҳуқуқи ташкил қайд шудааст. (музей, биржа, намоишгоҳ)
3. Ширакатҳои миёнаравӣ(брокерӣ) – ташкили музоядаро аз номи мизоҷон ва аз ҳисоби пардохти фоизи комиссионӣ ташкил мекунад.

II. Тарзҳои гузаронидани музояда.
1. Мутобиқӣ – фурўш аз эълон кардани нархи аввала ва илова пулие ба нарх зам мешавад сар мешавад. Харидорон паи ҳам нархи афзударо баланд эълон мекунанд.
2. Беовоз – нарх бо ауксионист эълон карда мешавад, харидорон бо ишора нархро баланд кардан мегиранд.
3. Музояда бо паст кардани нарх – нархи баландтарин эълон карда мешавадва баъд паст кардан мегиранд то он даме, ки ягон харидор розӣ шавад. (мева, сабзавот, моҳӣ).
4. Fоибона- харидор пешниҳоди иштирок ва нархе, ки барои мол пардохт кардан мехоҳад дар лифофаи махкам фиристода мешавад. Дар вақти савдо лифофаҳо кушода мешаванд, харидоре, ки нархи баландтаринро менависад, соҳиби мол мешавад.

III.Ташкили музояда.

Барои ташкили музояда чунин амалиётҳо ташкил карда мешавад:
1. Тартиб додани пешниҳоди тиҷоратӣ ва реклама барои фурўшандаҳо
2. Экспертизаи мол ва нархгузории мол
3. Имзои аҳди музояда бо соҳиби мол
4. Тартиб додани маълумотномаи музояда (аукционная ведомость) Маълумоти пурра дар бораи мол акс меёбад.
5. Тақсими молҳо ба лотҳо. ЛОТ-воҳиди мол дар музояда.
6. Тартиб ва чопи каталог(воситаи рекломӣ)
7. Ташкили реклама барои харидорон
8. Ташкили намоишгоҳ
9. Фурўши чиптаҳо барои харидорон ва тамошобинон


Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *


Уважаемые читатели! Просим вас, оставляя комментарии, уважать друг друга и не злоупотреблять свободой слова.
Администрация сайта будет удалять:
1. Комментарии с грубой и ненормативной лексикой.
2. Оскорбления, угрозы и непристойные высказывания.
3. Высказывания, разжигающие национальную, религиозную и прочую рознь и вражду.
4. Комментарии, содержащие другие нарушения законодательства и прав граждан.
5. Комментарии, рекламирующие и продвигающие другие веб-ресурсы, товары и услуги, а также комментарии, не имеющие отношения к дискуссии.

Пользователи, которые нарушают эти правила грубо или систематически, будут заблокированы.