Пятница, Ноябрь 22Вместе создадим светлое будущее!


Идораи захираҳои молӣ дар корхонаҳои захираҳои молӣ

Захираҳои молӣ- ин ҳамаи молҳое, ки дар анборҳо ва толори фурўш вуҷуд доранд.
Аз рўи истифодабарии захираҳои молиро ба чунин гурўҳҳо тақсим мекунанд.
1. Захираи моли ҷорӣ- ҳар рўз фурўхта шуда тез-тез пурра карда мешавад.
2. захираи моли мавсимӣ
3. захираи моли мўҳлатӣ
Захираҳои молӣ- ин ҳамаи молҳое, ки дар анборҳо ва толори фурўш вуҷуд доранд.
Аз рўи истифодабарии захираҳои молиро ба чунин гурўҳҳо тақсим мекунанд.
1. Захираи моли ҷорӣ- ҳар рўз фурўхта шуда тез-тез пурра карда мешавад.
2. захираи моли мавсимӣ
3. захираи моли мўҳлатӣ
Барои назорат кардани ва самаранокии фаъолияти тиҷорат ҳатман захираҳои моли идора карда мешаванд.[то ин ки анборҳо бо молҳои ба фурўш нарафта банд набошанд ва раванди хариду– фурўш канда нашавад]
Идораи захираҳои молӣ аз чунин амалиётҳо иборат аст.
1. Назорати миқдори захираҳои молӣ дар анборҳо
2. Муайян намудани ҳаҷми мўътадили молҳо
3. Муайян намудани даврияти таъмини анбор
4. Пурзўр кардани амалиётҳо тиҷоратӣ
Дар ҳолати кам шудани ҳаҷми захираҳои моли:
– зиёд кардани миқдори молҳо вобаста ба талабот дар дархостҳо
– хариди иловагӣ(шартномаҳои нав)
– харид дар биржаҳои молӣ, ярмаркаҳо, бозоҳои яклухт ва ғ.
Дар ҳолати барзиёди меъери захираҳои молӣ:
– кам кардани кашонидани мол аз молтаъминкунанда
– ташкили намоишгоҳ- фурўш, ярмаркаҳо
– пурзўр кардани реклама
– ҳавасмандгардонии фурўш (тахфив, лоторея, тўҳфаҳо ва ғ.)
– иваз намдани намуди зоҳири мол (борҷома, тўҳфаҳо)
– паст намудани нархи андозаҳои нофурўшӣ аз ҳисобӣ андозҳои фурўшӣ.
Реклама дар фаъолияти тиҷоратӣ

1. Мафҳум ва меъёрҳои ҳуқуқии реклама
2. Принцип ва мақсади фаъолияти рекломӣ.
3. Таснифи воситаҳои рекломӣ.

1. Мафҳум ва меъёрҳои ҳуқуқии реклама
Реклама аз калимаи лотини reclamare гирифта шуда маънояш- баланд дод задан мебошад.
Реклама- ҳамаи намуди пешниҳоди ғайришахсии пулии фикр, мол, хадамот аз номи ҳомии машҳур мебошад.
(Асотсиасияи амрикоии маркетол)
Реклама- пешкаши оммавии маълумот дар бораи молу хадамот бо воситаи тарзҳои бадеӣ, техникӣ ва психологӣ бо мақсади ҳавасманд кардани харидор.
«Қонун дар бораи реклама» дар Тоҷикистон 1.08.2003.ба имзо расидааст.

Афзалиятҳои реклама:
– тавваҷўҳи аудиторияи калонро ҷалб менамояд.
– истифодаи қуллаи ВАО
– шароити хуби дигаргунсозии маълумот вобаста аз ивазшавии вазъи бозор.
– пешаки пайдо- кунонидани ниёз ба мол
– ташкили ҷои кор барои рассомон, менеджерҳо, дизайнерҳо.
-реклама ба истеъмолкунанда ва умуман ба ҷамъият таъсир —-карда,доираи васеъи пурзўрӣ иттилоотиро дар бораи молу хадамот ташкил менамояд.
Камбудиҳои реклама:
– Муроҷиати рекломӣ бо вақт маҳдуд аст
-дар реклама талаботҳои шахсии мизоҷонро ба назар гирифта намешавад.
– Реклама ҳама вақт бо реламаи рақибон пахш мешавад.
– маблағҳои калонро талаб менамояд.
– хароҷоти реклама нархи молро зиёд мекунад.
– нархи ҷойгиркунии реклама дар ВАО, ба камкардани масоҳати ҷойгиркунӣ ва паст шудани самаранокии он мегардад.
– реклама хашми тамошобинро меорад.

Соҳаҳои истифодабарии реклама:
1. Иқтисодиёт : истеҳсолот, савдо, молия, хадамот
2. Хадамоти ҷамъиятӣ: тиб, маориф.
3. Сиёсат
4. Дин
5. Ҳуқуқ
6. Илм
7. Экология
8. Шахсият
9. Оила
10.Хайрия
11. Санъат
Намудҳои реклама:
Вобаста ба объекти реклама
Рекламаи сиёсӣ
Рекламаи иҷтимоӣ
Рекламаи молӣ

Вобаста ба вазифа
1. Иттилоотӣ – шиносои, маълумот дар бораи мол, нарх, ҷои фурўш
2. Тарғиботӣ- шарҳӣ- афзалиятҳои молро қайд менамояд
3. Рекламаи тамғаи мол-маълумот дар бораи мавқеи мол дар бозор, аломати мол
4. Рекламаи мадҳалӣ- рекламаи моли нав
5.Рекламаи нуфузӣ- имидж-баланд бардоштани обрўю эътибори корхона
6. Рекламаи молҳои арзоншуда

2. Принцип ва мақсади фаъолияти рекломӣ
Принципҳои реклама
1. Реклама ҳама вақт ба аудиторияи калон муроҷиат менамояд.
2. Реклама аз рўи қонун амал карда бояд ростқавл бошад.
3. Реклама бояд диққат ҷалбкунанда бошад.
4. Реклама бояд шинохташаванда ва такроршаванда бошад.
5. Реклама ҳама вақт ба манфиати рекломдиҳанда амал менамояд.

Вазифаҳои реклама
1. Маркетингӣ- аз истифода бурдани реклама тақозо зиёд мешавад
2. Коммуникативӣ- ташкили доираи иттилоотӣ оид ба молу хадамот
3. Иқтисодӣ- аз истифодаи реклама сатҳи фурўш баланд мешавад
4. Иҷтимоӣ- таъсири реклама ба ҷамъият
5. Таълимӣ- реклама ҳамчун воситаи таълимӣ

Мақсадҳои реклама:
1. Иттилоотӣ
-ахборот дар бораи молу хадамоти нав
– тарзи истифодабарӣ
– дигаргуншавии нарх
– дигаргун кардани таасуроти хатои истеъмолкунанда

2. Боварикунанда
– гузаронидани таваҷҷўҳи харидор ба моли шумо
– боварӣ кунонидани истеъмолкунанда, ки моли шумо беҳтарин аст.
– афзалиятҳои молро қайд кардан
– муқоиса бо дигар мол

3. Хотиррасонӣ
– хотиррас. дар бораи ҷои фурўш
– хотиррас. дар бораи фурўши молҳои арзоншуда
– хотиррас. дар бораи ташкили ярмаркаҳо

III. Таснифи воситаҳои рекломӣ:

Воситаҳои рекломӣ – воситаҳое, ки бо он реклама пахш карда мешавад.
1. Рекламаи чопӣ:
– мактуби ахборотӣ – (адресат)
– Варақаи рекломӣ – барои меҳмонони ширкат, барои фиристодан
– буклет – варақаҳои дарози қаткардашуда, бо тасвир, маълумот
– проспект – ҳаҷман аз буклет калонтар мебошад.
– брошюра – китобчае, ки на аз 20 саҳифа камтар иборат аст, маълутоти муфасал.
– каталог- маълумоти пурра бо нарх ва тасвири рангаи мол барои ташкили фурўш аз рўи фармоиш
– пресс релиз- маълумот ё барномаи маъракаи рекломи барои маърўзанигорҳо
– календарь
– открытки
2. Реклама дар ВАО
– газета
– маҷала
– радио
– телевизион
3. Рекламаи беруна
– плакат
– афиша- реклама дар соҳаи санъат
– транспорант (банер)- плакате, ки бо воситаҳои техникӣ ороиш дода шудааст
– нақлиётӣ
4. Рекламаи барқӣ
5. Реклама дар борҷомаи молҳо
6. Рекламаи интерактивӣ- дар Интернет, дар компакт-диск
7. Маъракаҳои рекломӣ – намоишгоҳҳо, призентатсия…

Одамҳои қадим – дар кўҳҳо
Аз Миср- папирус, фурўши ғуломҳо.
Месопатамия- эмблема, аломати мол дар молҳо
Финҳо дар роҳҳои тиҷоратӣ.
Юнон- тахтасангҳо, мис.
Рими қадим- альбымс- деворҳо бо эълон.
Проко- шахсе, ки дар зада реклама мекунанд.
Англ- Франц.- «Ҳодисаҳои ҳамарўза»
Роҳҳои абрешим – печона, таблиғи мол, пешниҳоди тоҷир.
Россия X-XI- разнощики – офени.

Хадамот дар фаъолияти тиҷоратӣ.

1. Мафҳум ва моҳияти хадамот.
2. Таснифи хадамот ва хусусиятҳои онҳо.

1. Хадамот – ҳама намуд чорабинӣ ё нафъе, ки як тараф ба дигар тараф қонеъ гардонидани талабот пешкаш менамояд.
Хусусиятҳои фарқкунандаи хадамот.
1. Ҳиснашавандагии (ламсношаванда) хадамот – яъне шакли предметӣ надошта, онро дидан, чашидан, ҳамлунақл ва борҷома карда намешавад.
Проблемаи харидор – ба хадамот пеш аз харид баҳо додан номумкин аст раванди таъмир ноаён аст, танҳо боварӣ
Проблемаи фурўшанда – сифати хадамотро нишон додан номумкин аст.
2. Ҷудонопазирии истеҳсол ва истеъмоли хадамот – пешаки тайёр намудан номумкин аст, аввал мизоҷон – фармоиши хадамот.
3.Таъғирёбӣ, дигаргуншавии хадамот – сифати хадамот аз иҷрокунанда кай ва дар куҷо пешкаш карда мешавад вобастаги дорад. [Дар ҳар меҳмонхона сифати ками хадамот гуногун аст, ё як причёска дар як усто ҳар хел мебарояд.] стандартҳо нестанд.
4.Захира нашавандагӣ, имконияти нигоҳ доштан надорад – талаботи баландро қонеъ гардорнидан номумкин. (ҷой дар меҳмонхона) талаботи паст фоида намешавад.
Талабот аз мавсим вобастагӣ дорад

2. Таснифи хадамот
1. Амалҳои ҳисшавандае, ки ба ҷисми инсон равона карда шудааст:
– тиб
– нақлиёти мусофиркашонӣ
– сартарошхона
– варзиш
– тарабхона, кафе
2. Амалҳои ҳисшавандае, ки ба мол ва дигар объектҳо равона карда шудааст:
– нақлиёти боркашӣ
– таъмири таҷҳизот
– (охрана)
– нигоҳ доштани тозагӣ ва тартиб
– хушкашўи ва либосшўи
– байтор, (духтури ҳайвон)
3. Амалҳои ҳиснашавандае, ки ба тафаккури инсон равона карда шудааст:
– маориф
– радио
– телевизион
– хадамоти иттилооти
– театр, музей.
4. Амалҳои ҳиснашавандае, бо активҳои ҳиснашаванда.
– бонкҳо
– хадамоти ҳуқуқӣ ва машваратӣ
– суғурта
– амалиётҳо бо қоғазҳои қимматнок

Хадамоти бепул (қисман)
1. Тиб
2. маориф.
Хадамоти пулакӣ
1. Маишӣ
2. Нақлиёти мусофиркашӣ
3. Алоқа
4. Коммуналӣ – манзилӣ
5. Маданият
6. Варзиш
7. Санатории табобатӣ
8. Ҳуқуқӣ
9. Тиб
10. Маориф.

Маишӣ:
1. Таъмир ва дўхти пойафзол
2. таъмири либос, бофтани либос
3. таъмири асбобҳо ва мошин маишӣ (ҷомашўӣ, тефаль, пылесос)
4. Таъмин ва воситаҳои нақлиётӣ
5. таъмир ва сохтани мебель
6. Хушкашўӣ ва рангуборӣ
7. Ҷомашўи
8. таъмир ва сохтони манзил
9. Суратгирӣ
10. Ҳамом, сауна.
11. Сартарошхона, салони зебои
12. Прокат
13. Хадамоти экспедиторӣ – нақлиётӣ
14. Хадамоти урфу одатӣ (тўӣ…)
15.
Хадамоти маишӣ: 1) сарфаи вақт барои иҷрои [зиёд шуд вақт барои дамгирӣ]

2) ҷои кор


Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *


Уважаемые читатели! Просим вас, оставляя комментарии, уважать друг друга и не злоупотреблять свободой слова.
Администрация сайта будет удалять:
1. Комментарии с грубой и ненормативной лексикой.
2. Оскорбления, угрозы и непристойные высказывания.
3. Высказывания, разжигающие национальную, религиозную и прочую рознь и вражду.
4. Комментарии, содержащие другие нарушения законодательства и прав граждан.
5. Комментарии, рекламирующие и продвигающие другие веб-ресурсы, товары и услуги, а также комментарии, не имеющие отношения к дискуссии.

Пользователи, которые нарушают эти правила грубо или систематически, будут заблокированы.