Вторник, Ноябрь 12Вместе создадим светлое будущее!


Фаъолияти тиҷоратӣ оид ба хариди яклухти молҳо.

1. Мафҳум ва вазифаҳои савдои яклухт.
2. Моҳият ва аҳамияти хариди яклухти молҳо.
3. Ташкили хариди яклухти молҳо.
1. Мафҳум ва вазифаҳои савдои яклухт.
2. Моҳият ва аҳамияти хариди яклухти молҳо.
3. Ташкили хариди яклухти молҳо.

Адабиёт: 1, 5(202-208), 7(63), 9(235), 10(148-156)
Саволҳо барои КМРУ:

1. Мафҳум ва вазифаҳои савдои яклухт.

Савдои яклухт – зерсохтори фаъолияти тиҷоратӣ буда дар он молҳо бо партияҳои калон бо мақсади фурўши оянда ва ба даст овардани фоида ташкил карда мешавад.
Дар шароити Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки соҳаи истеҳсолот на онқадар тарақи ёфтааст, бозорҳои истеъмолиро бо молҳои хушсифат асосан савдои яклухт ғанӣ мегардонад.

Вазифаҳои савдои яклухт:
1. Ташкили хариду фурўш бо партияҳои калон.
2. Омўзиши бозор ва истеъмолгарон.
3. Ташкили ҳаракати мол.
4. Тайёр кардани мол ба фурўш.
5. Ҷамъ ва нигоҳдории захираҳои молӣ.
6. Ташкили партияҳои молӣ.
7. Ташкили реклама.
8. Ҷамъ ва коркарди иттилооти тиҷоратӣ.
9. Хадамоти машваратӣ.
10. Гирифтани як қисми таваккали тиҷоратӣ.

2. Моҳият ва аҳамияти хариди яклухти молҳо.
Аз хариди яклухти мол ташкили фаъолияти тиҷоратӣ ибтидо мегирад. Чун барои фурўши мол ва ба даст овардани фоида, аввал молро дастрас кардан лозим аст.
Вазифаи асосии муомилоти моли ба ивази шакли арзиш аз рўи формулаи
П – М М – П1
Ин формула моҳияти хариди яклухтро мекушояд.
Аз вазифаи асосии муомилоти молӣ бармеояд, ки фаъолияти тиҷоратӣ аз хариди яклухти молҳо ибтидо мегирад.
Аз дуруст ташкил кардани хариди яклухт, самаранокии фаъолияти тиҷоратӣ вобастагӣ дорад.
Дар ташкили раванди хариди яклухт чунин субъектҳо вуҷуд доранд:
1. Молтаъминкунандагон:
а) Истеҳсолкунандагон
– хоҷагии қишлоқ
– заводу фабрика
– ширкатҳои алоҳидаи истеҳсолӣ
– истеҳсолкунандагони инфиродӣ (индивидуалӣ)
-истеҳсолкунандагони кооператсияи матлубот
б) Миёнаравҳо:
– корхонаи савдои яклухт ( базаҳои молӣ, анбор)
– мийнаравҳои алоҳида (дилер, дистрибютор)

в) Ташкилкунандагони гардиши яклухт
– бозорҳои яклухт
– ярмаркаҳо
– биржаҳои молӣ
– музояда
2. Харидорони яклухт
1. Тоҷирони алоҳида
2. Миёнаравҳо
3. Корхонаҳои савдои чакана

3. Ташкили хариди яклухти молҳо.

Барои ташкили хариди яклухти молҳо чунин амалиётҳо иҷро карда мешаванд:
Амалиётҳои фаъолияти тиҷоратӣ оид ба хариди яклухти молҳо:
1. Омўзиши бозор
2. Интихоб ва омўзиши молтаъминкунанда
3. Танзими алоқаҳои хоҷагӣ.
4. Тартиб додан ва бастани шартномаҳо.
5. Ташкили хариди яклухт.
6. Ҳисобу ҳасади хароҷотҳо.
Алоқаҳои хоҷагидорӣ- ин муносибатҳои иқтисодӣ, ташкилӣ, тиҷоратӣ, молиявӣ, маъмурию ҳуқуқӣ, ва ғ., ки байни молтаъминкунандаю харидор дар ҷараёни хариду фурўш ба вуҷуд меоянд, мебошад.

Интихоб ва омўзиши ҳамкорони тиҷоратӣ(молтаъминкунанда ё харидор)
1. Тартиб додани рўихати ширкатҳо аз рўи воситаҳои рекломӣ.
2. Муайян намудани қайди давлатӣ. (Вазорати адлия)
3. Ҷамъ овардан ва таҳлили маълумотҳо оид ба ҳолати молияви ширкат.
4. Таҳлили маълумот оид ба обрўи ширкат.
5. Сифати мол.

Фаъолияти тиҷоратӣ оид ба фурўши мол.

1. Фаъолияти тиҷоратӣ оид ба фурўши яклухти молҳо.
2. Фаъолияти тиҷоратӣ оиди фурўши чаканаи молҳо.

Адабиёт: 1, 5(202-208), 7(63), 9(235), 10(148-156)
Саволҳо барои КМРУ: Ташкили фурўши мол дар бозорҳои яклухтфурўшӣ. Ташкили савдо дар мағозаҳои «КЭШ энд карри» (cash & carru) «бихар ва бубар».

Ташкил ва технологияи фурўши (яклухт ва чаканаи) мол яке аз объектҳои муҳими фаъолияти тиҷоратӣ ва маркетинги корхонаҳои тиҷорат

Фурўши яклухти молҳо вобаста аз тадқиқоти маркетингӣ (тақозо, нархҳо, бозор) ва фармоишҳою дархостҳои савдои чакана ташкил карда мешавад.
Фаъолияти тиҷоратӣ оид ба фурўши яклухти молҳо аз чунин амалиётҳо иборат аст:
– интихоби харидорони яклухтфурўш
– бо онҳо мустаҳкам кардани алоқаҳои хоҷагӣ
– тартиб додан ва бастани шартномаҳо
– ташкили амалиётҳои технологии фурўши яклухт (ҳуҷҷатгузори, боркашонӣ,ҷобаҷойгузорӣ дар анборҳо ва ғ)
-ҳисобу ҳасади хароҷотҳо ва фоида
Фурўши яклухти молҳо бо 2 роҳ ташкил карда мешавад:
1. транзитӣ- бевосита аз таҳвилгар мол ба мағоза расонида мешавад
2. анборӣ – корхонаҳои савдои яклухт дар анбори худ ҷойгир намуда, баъд ба корхонаҳои савдои чакана мекашонанд.

Тарзҳои фурўши яклухти молҳо:
1. Интихоби шахсии харидорон (барои номгўи моли мураккаб дар толори намоишӣ)
2. Фурўши мол бо воситаи телефон, телефакс, почтаи электронӣ.
3. Ба воситаи молшинос (коммивояжер).
4. Ҳуҷраҳои ҳаракаткунандаи намунаҳои мол.
5. Ба воситаи Интернет.
6. Автоанборҳо – аз рўи нақша ба мағозаҳо кашонидани молҳо.
Фармоиш- ин ҳуҷҷати
Хизматрасонии савдои яклухт.
1. технологӣ – нигоҳдории мол, ба навъҳо ҷудо кардан , борҷома кардан.
2. тиҷоратӣ- реклом, миёнаравӣ…
3. машваратӣ- мусоҳиба оид ба сифат, истифодабарӣ…


Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *


Уважаемые читатели! Просим вас, оставляя комментарии, уважать друг друга и не злоупотреблять свободой слова.
Администрация сайта будет удалять:
1. Комментарии с грубой и ненормативной лексикой.
2. Оскорбления, угрозы и непристойные высказывания.
3. Высказывания, разжигающие национальную, религиозную и прочую рознь и вражду.
4. Комментарии, содержащие другие нарушения законодательства и прав граждан.
5. Комментарии, рекламирующие и продвигающие другие веб-ресурсы, товары и услуги, а также комментарии, не имеющие отношения к дискуссии.

Пользователи, которые нарушают эти правила грубо или систематически, будут заблокированы.