Вторник, Ноябрь 12Вместе создадим светлое будущее!


Шартномаҳо дар фаъолияти тиҷоратӣ.

1. Мафҳум, тасниф ва меъёрҳои ҳуқуқии шартнома.
2. Тартиби бастан, иҷро намудан ва бекор намудани шартнома.
3. Мазмуни шартномаҳо.(мустаққилона)
Адабиёт: 1, 7(83), 9(198-234), 10(81-110), 20(96-156)
Саволҳо барои КМРУ: 1.Намудҳои шартномаҳои зеринро аз Кодекси граждании ҶТ (модда) муайян намуда, шарҳашро нависед.
2.Дар кадом ҳолат ва бо кадом моддаи КГ ҶТ, шартномаҳо бо қайди нотариус баста мешаванд.
3. Модда ва шарҳи оферта ва аксептро аз Кодекси граждании ҶТ муаян намоед.
1. Мафҳум, тасниф ва меъёрҳои ҳуқуқии шартнома.
2. Тартиби бастан, иҷро намудан ва бекор намудани шартнома.
3. Мазмуни шартномаҳо.(мустаққилона)
Адабиёт: 1, 7(83), 9(198-234), 10(81-110), 20(96-156)
Саволҳо барои КМРУ: 1.Намудҳои шартномаҳои зеринро аз Кодекси граждании ҶТ (модда) муайян намуда, шарҳашро нависед.
2.Дар кадом ҳолат ва бо кадом моддаи КГ ҶТ, шартномаҳо бо қайди нотариус баста мешаванд.
3. Модда ва шарҳи оферта ва аксептро аз Кодекси граждании ҶТ муаян намоед.

1. Мафҳум, тасниф ва меъёрҳои ҳуқуқии шартнома.
Дар шароити иқтисодиёти бозоргонӣ шартнома ҳамчун фишанги ҳуқуқию иқтисодии хоҷагидорӣ ба ҳисоб меравад. Бастани шартномаҳо алоқаи байни тарафҳоро муайян месозад, яъне муносибатҳои тарафҳоро ба танзим медарорад. Он на танҳо созиши субъектҳоро, балки тартиб ва паиҳамии иҷроиши амалҳоро ба танзим медарорад. Шартнома ҳуҷҷати асосӣ дар фаъолияти тиҷоратӣ буда, барои ба расмият даровардани аҳдҳои тиҷоратӣ истифода бурда мешавад.
Мувофиқи моддаи 452 КГ ҶТ
Шартнома – созиши 2 ё якчанд шахс оид ба гузориш, иваз намудан ва қатъи ҳуқуқ ва ўҳдадориҳои гражданӣ мебошад.

Мақсади бастани шартнома:
1. Ҳуқуқи гардонидани муносибати тарафҳо
2. Муайян намудани тартиб, тарз ва паиҳамии иҷроиши ўҳдадориҳои тарафҳо.
3. Пешбини намудани оқибатҳои иҷро нашудани ўҳдадориҳо (муайян намудани ҷаримаҳо)
Мувофиқи Кодекси граждании ҶТ ду намуди шартнома вуҷуд дорад: шифоҳӣ ва хаттӣ. Дар фаъолияти тиҷоратӣ шартномаҳои шифоҳӣ истифода бурда намешаванд.

Намудҳои шартнома
1. Шартномаи хариду – фурўш – 488КГ ҶТ
2. Шартномаи хариду- фурўши чаккана – 528 КГ ҶТ
3. Шартномаи молтаъминкунӣ – 541КГ ҶТ
4. Шартномаи нигаҳдорӣ (анборӣ)
5. Шартномаи ҳамлу- нақл
6. Шартномаи комиссия
7. Шартномаи комиссияи тиҷоратӣ (франчайзинг)
8. Шартномаи кироя (иҷора)
9. Шартномаи иҷораи молиявӣ(лизинг)
10. Шартномаи меҳнатӣ.

2. Тартиби бастан, иҷро намудан ва бекор намудани шартнома.
Шартнома аз лаҳзае, ки ба он имзо ва мўҳри тарафҳо гузошта мешавад, қонуни гашта амал менамояд.

Тарзи бастани шартномаҳо:
Шартномаҳо бо 2- тарз баста мешаванд:
1. Бастани шифоҳии шартномаҳо- ба воситаи гузаронидани гуфтушунидҳои расмӣ, то он вақте, ки байни тарафҳо оид ба ҳамаи шартҳои он ҳамфикрӣ ба миён меояд.
2. Бастании хатии шартномаҳо – ба воситаи мактубҳои расмӣ:
Оферта- пешниҳоди тиҷоратие, ки барои бастани шартнома ба як ё якчанд шахсҳо фиристода мешавад.
Аксепт – ҷавоби мусбӣ ба оферта мебошад.
Дар офферта ҳамаи шартҳои шартнома гузошта мешавад.
Офферта байни тарафҳо, барои бастани шартнома, то он вақте, ки оид ба шартҳои шартнома ҳамфикрӣ пайдо мешавад – равона карда мешавад. Тарафе, ки бо шартҳо розӣ мешавад- аксепт мефиристонад. Субъектҳо вохўрда, шартномаро ба имзо мерасонанд.
Дар ҳолати нанавиштани ҷавоби оферта, дар муддати 3 рўз- маънои раъд кардани пешниҳоди тиҷоратиро дорад.

Пролонгатсия- ҳуҷҷати дароз намудани мўҳлати шартнома, бе ивази дигар шартҳо мебошад.

Ҳолатҳои бекор намудани шартнома:
1. Бо розигии тарафайн шартнома бекор карда мешавад. (Мисол:Дар ҳолате, ки ҳарду тараф аз шартнома фоида намегиранд)
2. Дар ҳолате, ки як тараф розӣ нест, бо дахолати суди иқтисодӣ шартнома бекор карда мешавад(Мисол: як тараф ўҳдадориҳои худро иҷро намекунад).
3. Дар ҳолате, ки яке аз тарафҳо муфлис мешавад, шартнома бекор карда мешавад.

3.Мазмуни шартнома
Шартнома аз қисмҳои зерин иборат аст:
I.Муқаддима
1. Номи шартнома
2. санад ва ҷои имзо шудани шартнома
3. номи ширкат, ва ному насаби шахси масъули тарафҳо
4. номи тарафҳо аз рўи шартнома
II. Предмети шартнома
1. Мол ва номгўи пурра (спецификация)
2. Сифати мол (сертификат, стандарт)
3. Борҷома (сифат), бастубандкунӣ, тамғазании мол
4. Миқдор(вазн), бо ченакҳои байналхалқӣ
5. Нархи мол ва шартнома
III. Ўҳдадориҳои тарафҳо
1. Ўҳдадории фурўшанда
2. Ўҳдадории харидор
3. Мўҳлати иҷро шудани ўҳдадориҳо
4. Тарзи иҷро шудани ўҳдадориҳо.
IV. Шартҳои иловагии шартномаҳо.
1. Мўҳлати амали шартнома
2. ҷавобгарии тарафҳо (ҷаримаҳо)
3. шартҳои пеш аз мўҳлат бекор кардани шартнома.
4. шартҳои махфӣ гардонидани ахбори тиҷоратӣ оид ба(шартнома)
5. тарзҳои ҳалли баҳс ва нофаҳмиҳо (суди иқтисодӣ)
6. ҳолатҳои «форс -мажорӣ» – ҳолатҳои фавқулода (ҳодисаҳои табии- заминҷумбӣ, обхезӣ…)
V. Шартҳои дигари иловагӣ [прочие]
1. ба ғайр аз шартнома боз кадом ҳуҷҷат муносибати тарафҳоро ба танзим медарорад (Кодекси гражданӣ)
2. шартҳои ба алоқа баромадани тарафҳо (№ телефон, факс, почтаи электронии шахси масъул)
3. шартҳои ислоҳи матни шартнома.
4. реквизитҳои тарафҳо: суроғаи офис, суратҳисоб ва суроғаи банк, суроғаи анборҳо.
5. миқдори нусхаи шартнома
6. забони шартнома.
7. имзо ва мўҳри тарафҳо

Имзо ва мўҳри тарафҳо дар ҳар як саифаи шартнома гузошта мешавад.


Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *


Уважаемые читатели! Просим вас, оставляя комментарии, уважать друг друга и не злоупотреблять свободой слова.
Администрация сайта будет удалять:
1. Комментарии с грубой и ненормативной лексикой.
2. Оскорбления, угрозы и непристойные высказывания.
3. Высказывания, разжигающие национальную, религиозную и прочую рознь и вражду.
4. Комментарии, содержащие другие нарушения законодательства и прав граждан.
5. Комментарии, рекламирующие и продвигающие другие веб-ресурсы, товары и услуги, а также комментарии, не имеющие отношения к дискуссии.

Пользователи, которые нарушают эти правила грубо или систематически, будут заблокированы.