Четверг, Ноябрь 21Вместе создадим светлое будущее!


Тавакали тиҷоратӣ дар фаъолияти тиҷоратӣ.

1. Риск (таваккал)- аз калимаи португали – испониёни гирифта шуда маънояш «кўҳҳои зери обӣ» мебошад.
Таваккали тиҷоратӣ- зарар ва талафотҳое, ки дар рафти ташкили фаъолияти тиҷоратӣ пайдо шуданашон мумкин аст.
Таваккали тиҷоратӣ дар чунин ҳолатҳо пайдо шуданаш мумкин аст.
– бо амали рақибон
– бо ивазшавии нархи бозор
– вазъияти сиёсии давлат
– аз даст додани мол аз сўхтор ва дигар ҳодисаҳои табии
– талафотҳо дар вақти боркашони
– аз беэҳтиёти ва бевиҷдонии коргарони корхона
– иҷро нашудани ўҳдадориҳои шартнома
– муввақатан бекор шудани корхона.
1. Мафҳуми таваккали тиҷоратӣ ва муайян намудани дараҷаи он.
2. Роҳҳои паст кардани таваккали тиҷоратӣ
Адабиёт
1.Мафҳуми таваккали тиҷоратӣ ва муайян намудани дараҷаи он.

1. Риск (таваккал)- аз калимаи португали – испониёни гирифта шуда маънояш «кўҳҳои зери обӣ» мебошад.
Таваккали тиҷоратӣ- зарар ва талафотҳое, ки дар рафти ташкили фаъолияти тиҷоратӣ пайдо шуданашон мумкин аст.
Таваккали тиҷоратӣ дар чунин ҳолатҳо пайдо шуданаш мумкин аст.
– бо амали рақибон
– бо ивазшавии нархи бозор
– вазъияти сиёсии давлат
– аз даст додани мол аз сўхтор ва дигар ҳодисаҳои табии
– талафотҳо дар вақти боркашони
– аз беэҳтиёти ва бевиҷдонии коргарони корхона
– иҷро нашудани ўҳдадориҳои шартнома
– муввақатан бекор шудани корхона.
Барои муайян намудани дараҷаи таваккали тиҷоратӣ 2-роҳ истифода бурда мешавад.
1. Оморӣ – амалҳои омори математики – ҳисоби вариоционӣ, дисперсионӣ, тамоили стандартӣ (стандартное отношение)
2. Экспертӣ – дар асоси ҳисоби миёнаи натиҷаҳои экспертии таваккал мебошад.
Омилҳои таваккал
1. гурўҳи эҳтимолии таваккал- ҳолатҳои маълум ва чашмдошт
2. гурўҳи эҳтимоли пасти таваккал – ҳолатҳои маълуме, ки дараҷаи рўй доданашон хело паст аст.
3. омили тасодуфии таваккал – омилҳое, ки бо экспертҳо ба назар гирифта намешавад.
Дараҷаи таваккали тиҷоратӣ
1. таваккали имконпазир – эҳтимолияти аз даст додани фоида
2. тавакали хатарнок- эҳтимолият ва қисми даромад
3. тавакали ҳалокатовар – имконияти муфлисшавӣ
[Барои паст кардани дараҷаи таваккал ҳисоби омехта стат+экс]
2.Роҳҳои паст кардани таваккали тиҷоратӣ.
1. интихоб ва омўзиши дақиқи ҳамкорони тиҷоратӣ
(қайди давлатӣ, ҳолати молиявӣ, мизоҷон,сифати мол ва ғайра)
2. Гузаронидани тадқиқотҳои маркетинги ё муроҷиат ба ширкатҳои эксперти- машваратӣ.
(ахбороти тиҷоратӣ: тақозо, нарх, рақибон, ва ғ.)
3.Ташкили фонди иловагӣ аз ҳисоби фоида.
4. Суғуртаи ширкат ё амалиётҳои алоҳидаи тиҷоратӣ.

Ташкил ва идораи раванди ҳаракати мол

1. Мафҳум ва аҳамияти раванди ҳаракати мол
2. Омилҳои ба раванди ҳаракати мол таъсиррасанда.
3. Ташкил ва идораи ҳаракати мол.

Адабиётҳо: 15,19.
1.Мафҳум ва аҳамияти раванди ҳаракати мол

Раванди ҳаракати мол ин – расонидани мол аз соҳаи истеҳсолот то ба соҳаи истеъмолот ба воситаи савдои яклухт ва чакана мебошад.
Ҳаракати мол аз истеҳсолкунанда то ба истеъмолкунанда чанд даврро мегузарад: 1) савдои яклухт, 2) савдои чакана.
Савдои яклухт- зерсохтори фаъолтяти тиҷоратӣ буда дар он хариду фурўши молҳо бо партияҳои калон бо мақсади бозфурўшӣ, ташкил карда мешавад.
Савдои чакана-зерсохтори фаъолияти тиҷоратӣ буда дар он молҳо ба истеъмолкунанда барои истифодаи шахсӣ фурўхта мешаванд.
Аз самаранок ташкил кардани раванди ҳаракати мол рақобатпазирии мол вобастагӣ дорад.
Барои он, ки хароҷотҳои савдои яклухт ва чакана ба хароҷотҳои нақлиётӣ ва истеҳсолӣ зам шуда нархи молро гарон менамоянд. Чӣ қадар, ки хароҷот паст бошад ҳамон қадар мол арзонтар мешавад.

2. Омилҳои ба раванди ҳаракати мол таъсиррасанда
Барои ташаккули раванди ҳаракати мол омилҳои зерин таъсир мерасонанд.
1. истеҳсолӣ
а) ҷойгиркунии истеҳсолот
б) махсусгардонии корхонаҳои истеҳсолӣ
в) истеҳсоли мавсимӣ.
2. нақлиётӣ
а) роҳҳо
б) хароҷотҳои нақлиёт
3. иҷтимоӣ
а) зичии аҳолӣ
б) даромади аҳолӣ
в) омилҳои ба талабот таъсиркунанда (миллат, дин, ҷои зисту истиқомат, статус)
4. тиҷоратӣ
а) намуд, масоҳати корхонаи савдо
б) ҷойгиршавии корхонаи савдо
в) махсусгардонии корхонаи савдо
г) дараҷаи мураккабии номгўи молҳо
д) дараҷаи таъминоти корхонаи савдои чакана

3.Ташкил ва идораи ҳаракати мол.

Ташаккули раванди ҳаракати молӣ фоидаовар дар асоси чунин принсипҳо тартиб дода мешавад.
1. истифодаи роҳҳои кўтоҳтарини ҳаракат
2. муайян кардани сохти боркашонии муттамарказӣ.
3. интихоби воситаҳои нақлиётӣ ва истифодаи самараноки онҳо.
4. истифодаи таҷҳизоти борҷомавӣ ва борбардорӣ- нақлиётӣ.
5. ҳисоби таваккали тиҷоратӣ

Ду шакли ҳаракати мол вуҷуд дорад:
1. транзитӣ- аз истеҳсолкунанда ба корхонаи савдои чакана бевосита расонида мешавад. Афзалиятҳои он: сарфаи вақт, хароҷотҳои меҳнат ва талафот кам мешавад, суръати гардиши пулро тез мегардонад.
2. анборӣ – аз корхонаи истеҳсолӣ ба анборҳои корхонаи савдои яклухт, баъд ба корхонаи савдои чакана равона карда мешавад
Роҳҳои тақсимоти мол:
Раванди ҳаракати молро бо чунин роҳҳо ташкил кардан мумкин аст:
1. истеҳсолкунанда —> истеъмолкунанда- кашонидани бевосита
2. истеҳсолкунанда —> корхонаи савдои чакана—>истеъмолкунанда-кашонидани муттамарказӣ
3. истеҳсолкунанда —> корхонаи савдои яклухт—>корхонаи савдои чакана —> истеъмолкунанда.
4. истеҳсолкунанда —> корхонаи савдои яклухт —> корхонаи савдои майдаяклухт —> корхонаи савдои чакана —> истеъмолкунанда.


Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *


Уважаемые читатели! Просим вас, оставляя комментарии, уважать друг друга и не злоупотреблять свободой слова.
Администрация сайта будет удалять:
1. Комментарии с грубой и ненормативной лексикой.
2. Оскорбления, угрозы и непристойные высказывания.
3. Высказывания, разжигающие национальную, религиозную и прочую рознь и вражду.
4. Комментарии, содержащие другие нарушения законодательства и прав граждан.
5. Комментарии, рекламирующие и продвигающие другие веб-ресурсы, товары и услуги, а также комментарии, не имеющие отношения к дискуссии.

Пользователи, которые нарушают эти правила грубо или систематически, будут заблокированы.