Среда, Ноябрь 13Вместе создадим светлое будущее!


Бозор таркиб ва таснифи он.

Бозор – ин маҷмўи муносибатҳо дар байни истеҳсолгарон ва истеъмолгарон оид ба хариду фурўши молу хадамот мебошад. Онро ҳамчун маҷмўи пешниҳодоту молу хадамот ва талаботи қобили харидорӣ доштаи истеъмолгарон низ шарҳ додан мумкин аст.
Бозор аз се унсур иборат мебошад: тақозо, пешниҳодот (таклифот) ва нарх.
Бозор – ин маҷмўи муносибатҳо дар байни истеҳсолгарон ва истеъмолгарон оид ба хариду фурўши молу хадамот мебошад. Онро ҳамчун маҷмўи пешниҳодоту молу хадамот ва талаботи қобили харидорӣ доштаи истеъмолгарон низ шарҳ додан мумкин аст.
Бозор аз се унсур иборат мебошад: тақозо, пешниҳодот (таклифот) ва нарх.
Тақозо – ин талаботест, ки бо пул ифода ёфтааст ва ба ҷобилияти харидорӣ зич алоқаманд аст.
Пешниҳодот (таклифот) – ин ҳамаи он чизҳоест, ки бо мақсади хариду фурўш ва қонеъ гардонидани эҳтиёҷоту дархост ба бозор пешкаш карда мешавад.
Нарх- ин ифодаи пули арзиши мол буда, дар шакли пул аз ҳар як воҳиди мол ҳангоми фурўши он ба даст оварда мешавад:
Рақобат -ин мусобиқаи байни шахсони воқеию ҳуқуқӣ дар ҷодаи муайян, барои комёб шудани мақсади ягона. Аз нуқтаи назари корхонаи тиҷоратӣ ин мақсад: зиёд кардани фоида аз ҳисоби ҷалб кардани истеъмолгарон мебошад.
Омилҳои рақобатпазирӣ: сифати мол, нарх, реклама, сервис, намуди зоҳирии мол, ҳавасмандгардонии фурўш ва ғ.
Бозор аз рўи аломатҳои зерин тасниф карда мешавад:
1. Аз мавқеъи унсурҳои бозор.
2. Аз рўи хосияти мол.
3. Вобаста ба хусусияти муносибатҳои мутақобилаи фурўшанда ва харидор.
4. Аз рўи миқёси мавқеъи муомилоти мол.
Вобаста аз мавқеи унсурҳои бозор – бозор ба намудҳои зерин ҷудо карда мешавад:
а) Бозори фурўшанда – ин бозори комёб буда, дар он тақозо нисбат ба пешниҳодот зиёд аст.
б) Бозори харидор – ин бозори ғанӣ буда, дар он тақозо нисбат ба пешниҳодот камтар аст.
в) Бозори мувозинатӣ-ин бозорест, ки дар он тақозо ва пешниҳодот
баробар аст.
Вобаста ба хосияти мол бозорҳои зеринро ҷудо намудан мумкин аст:
1. Бозори молҳо дар шакли моддӣ – ашё
2. Бозор хадамот.
3. Бозори қувваи коргарӣ ва қобилияти соҳибкорӣ.
4. Бозори қоғазҳои қиматнок.
5. Бозори маҳсулоти иттилоотию иновационӣ (навоварӣ).
Вобаста ба хусусиятҳои муносибатҳои мутақобилаи фурўшандаю харидор чунин бозорҳо вуҷуд доранд: ин бозорҳои озод, пўшида ва танзимшаванда мебошанд.
Аз рўи миқёси мавқеъи муомилоти мол чунин намудҳои бозор ҷой доранд: ин бозорҳои маҳаллӣ, дохилӣ, миллӣ ва ҷаҳонӣ мебошанд.
2. Вазъ ва ғунҷоиши бозор, муайянкунии он.
Вазифаи тадқиқоти бозор – ин муайян намудани конъюктура (вазъ), ғунҷоиши бозор ва ба банд (сегмент) – ҳо ҷудо кардани он мебошад.
Конъюктура (вазъи) бозор – ин таносуби миқдорӣ ва сифатии байни тақозою пешниҳодот ва вобаста бо он сатҳи воқеъии нархҳои бозорӣ мебошад.
Усулҳои омўзиш ва пешгўи кардани вазъи бозор дар амалияи фаъолияти маркетинг истифода бурда мешаванд, инҳоянд:
1. Пешгўи дар асоси райъпурсии савдогарони маҳалли перомуни ояндаи сохтори тақозо дар қисматҳои мувофиқи бозор.
2. Муайянкунии инкишофи ояндаи бозор дар асоси райъпурсии истеъмолгарони моли мувофиқ.
3. Муайянкунии пешомади бозор дар асоси таҳлили маълумоти оморӣ.
4. Усули серамалиёти таҳлил ва таҳияи пешгўии вазъи бозор бо назардошти тадқиқи инкишофи бозорҳо дар гузашта ва бо ҳисоби таъсиррасонии омилҳои силсилавӣ ва ғайрисилсилавӣ.
5. Усули риёзиёти пешгўӣ кардани инкишофи вазъи бозорҳои молӣ.
Ғунҷоиши бозор – ҳаҷми имконпазири молро, ки дар мўҳлати муайяни вақт дар бозор фурўхта мешавад, ифода мекунад,
Ғунҷоиши бозор бо воситаи формулаҳои зерин ҳисоб карда мешавад:
1.Ғб = Им+ B- C+3, дар инҷо:
Ғб – ғунҷоши бозор
Им – ҳаҷми истеҳсоли моли мушаххас дар бозори мушаххас
(ё сегменти он).
B – ҳаҷми воридоти моли мушаххас.
С – ҳаҷми содироти моли мушаххас.
З – бақияи захираи мол дар анборҳои тавлидгарон.
2. Ғб= Ши Шм,
дар онҷо:
Ши – шумораи истеъмолгарони моли мушаххас дар бозори алоҳида.
Шм – шумораи моли мушаххаси дар як сол истеъмолкардашуда.
Ду шакли таҳлили бозорҳои молӣ мавҷуд аст: яъне макротаҳлил ва микротаҳлили бозорҳои молӣ.
Макротаҳлили бозори моли – ин омўзиши бозорҳои молҳои алоҳидаро дар миқёси ноҳияҳо шаҳрҳо, вилоятҳо ва умуман ҷумҳурӣ ифода намуда, дар бар мегирад.
Мақсади макротаҳлили бозори молӣ дар он аст, ки – ташаккули пояи иттилоотии бозорҳои ноҳиявӣ мебошад.
Микротаҳлили бозори молӣ – ин омўзиши бозорҳои алоҳидаи молиро дар сатҳи корхонаю соҳаҳо дар бар мегирад.
Мақсади микротаҳлили бозорҳои молӣ дар он аст, ки дастрас кардани ахборот оид ба вазъ ва инкишофи ояндаи унсурҳои бозор ва маркетинг мебошад.


Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *


Уважаемые читатели! Просим вас, оставляя комментарии, уважать друг друга и не злоупотреблять свободой слова.
Администрация сайта будет удалять:
1. Комментарии с грубой и ненормативной лексикой.
2. Оскорбления, угрозы и непристойные высказывания.
3. Высказывания, разжигающие национальную, религиозную и прочую рознь и вражду.
4. Комментарии, содержащие другие нарушения законодательства и прав граждан.
5. Комментарии, рекламирующие и продвигающие другие веб-ресурсы, товары и услуги, а также комментарии, не имеющие отношения к дискуссии.

Пользователи, которые нарушают эти правила грубо или систематически, будут заблокированы.