Четверг, Ноябрь 21Вместе создадим светлое будущее!


Мафҳум ва аҳамияти психология ва ахлоқи тиҷорат.

Психология- аз калимаи юнони гирифта шуда маънояш псьюхе-рўҳ, логос – илм, таълимот ва ғ.мебошад.
Психология-илм, таълимот дар бораи ҳолати рўҳии инсон мебошад.
Пешравии фаъолияти тиҷоратӣ на танҳо аз саводи касбӣ, балки аз донистани психологияи тиҷорат вобастагӣ дорад.
Психология- аз калимаи юнони гирифта шуда маънояш псьюхе-рўҳ, логос – илм, таълимот ва ғ.мебошад.
Психология-илм, таълимот дар бораи ҳолати рўҳии инсон мебошад.
Пешравии фаъолияти тиҷоратӣ на танҳо аз саводи касбӣ, балки аз донистани психологияи тиҷорат вобастагӣ дорад.
Психологияи тиҷорат(барои кормандони соҳаи савдо) – ин ташкили фурўш ва хизматрасонӣ бо назардошти психологияи харидорон мебошад, яъне муайян намудани далелнокии(сабаби) харид, дар вақти хариди мол кадом омилҳо таъсир мерасонанд: синну сол , ҷинс, миллат, ҷои зист ва ғ., таъсири психологии реклама, психологияи мўд ҳамчун омили таъсиррас ба тақозо ва таклифот ва ғ.
Психологияи тиҷорат инчунин маҳорати гузоштани таасуроти мусоид ба ҳамкорони тиҷоратӣ, молтаъминкунандагон, харидорон ва ҳатто бо рақибон созгор буданро пешниҳод менамояд. Ба мафҳуми психология низ мафҳумҳои этика, этикет пайваста аст.
Этика- аз калимаи юнонии ethos гирифта шуда маънояш урфу одат, таомул, хулқ, феъл, табиат мебошад.
Этика- ин усули меъёрҳои ахлоқи рафтору кирдори инсон, ё ягон гурўҳи касбӣ(профессионалӣ) мебошад.
Этикаи корӣ- маҷмўъи меъёрҳои рафтору кирдор ва арзишҳои маънавӣ, донишҳои махсус ва малакаҳое, ки дар ҷараёни фаъолияти хоҷагидорӣ пайдо шуда дар оянда, дар рафти кор истифода бурда мешаванд.
Этикаи корӣ унсури асосии маданияти иқтисодӣ мебошад.
Этикаи касбӣ(профессионалӣ) – низоми меъёрҳои маънавию ахлоқии ягон гурўҳи касбӣ мебошад.
Этикет- рафтору кирдори муайян дар ҷойи муайян мебошад.
Намудҳои этикет: умумибашарӣ, дипломатӣ, дарборӣ, ҳарбӣ, корӣ(касбӣ) мебошанд.

2.Талаботҳои шахсӣ ва касбӣ ба тоҷирон-соҳибкорон.
Асоси соҳибкории тиҷоратиро фаъолияти тиҷоратӣ ташкил менамояд, пас тоҷир фигураи асосӣ дар раванди амалиётҳои тиҷоратӣ мебошад.
Сифати касбии нодири тоҷир ин бастани шартномаҳои ба ҳарду тараф фоидаовар мебошад. Ин сифати тоҷир аз хислатҳои шахсӣ ва касбии ў вобастагӣ дорад.
Аз нуқтаи назар талаботи касбӣ ҳар як тоҷир дар илмҳои зерин дониш ва малака дошта бошад.
– хариду – фурўши мол, инчунин фаъолияти иқтисодии берунмарзӣ
– маркетинг
– менеҷмент
– ҳуқуқ
– баҳисобгирии бухгалтерӣ ва аудит
– молия
– андоз
– фаъолияти гумрук

Талаботҳои шахсӣ:
1. Ба таваккали тиҷоратиӣ роҳ надодан ва ҷавобгарӣ ба он
2. Фаъолияти тиҷоратиро на танҳо манбаи боигарӣ, балки хизмат ба кори худ донистан.
3. Талаботи баланди маънавию ҷисмонӣ
4. Бовиҷдон, боэтимод будан.
5. Пешво будан
6. Ташкилотчӣ будан
7. Боҷуръатӣ, тезкорӣ
8.Суботкори, бо мақсад амал кардан

2. Кодекси ахлоқии тоҷир- соҳибкор ва қоидаҳои гузаронидани вохўрии расмӣ.
Яке аз сабабҳои дигарӣ ба вуҷуд омадани психология ва ахлоқи тиҷоратӣ- ин дар вақти ташкили савдои байналхалқӣ халқҳо урфу одатҳои худро истифода бурда боиси нофаҳмиҳо аз тарафи халқи дигар шуданаш мумкин аст.

Кодекси(ҷамъи қонунҳо) этикии тоҷир- меъёрҳои касбии ахлоқро дар бар мегирад.

Кодекси ахлоқии (этикии) тоҷир аз чунин амалиётҳо иборат аст:
1. Қоидаҳои пешвоз ва шиносоӣ:
Барои изҳори ҳурмати худ ба ҳамсўҳбат бояд аввал салом дода, мувофиқи миллати он бо калимаҳои «мистер», «господин», «оғо», «сэр» ва ному насаби он муроҷиат кардан лозим аст. Ҳатман бо атрофиён «Шумо» гуфта муроҷиат кардан лозим аст. Дар ҳолати ба ягон корхона ворид шудан ному насаб ва мақсади омаданатонро изҳор намоед. Дар ҷаҳони расмӣ шиносоии ду нафар бо ёрии шахси сеюм ташкил карда мешавад, яъне аввал номи мардро ба зан ва номи хурдсолро ба калонсолон пешкаш менамоянд.
2. Қоида гузаронидани сўҳбати расмӣ
– гуфтори кўтоҳ
– манн- мани накардан
– аз рўи далел(факт) сухан рондан
– майдагапӣ накардан
– насиҳатгўи накардан
– аз тезу тунд шудани сўҳбат эҳтиёт шудан
– гузашт кардан
3. Қоидаи навиштани мактуби расмӣ ва гуфтор бо телефон:
Мактуб дар варақи олисифат навишта шуда, қат карда намешавад, ё як маротиба қат карда мешавад. Бештар мактубҳои электронӣ навишта мешаванд, чун дар вақти мулоқот, вақт сарфа карда мешавад.
Мактубро кўтоҳ ва фаҳмо навишта, бо суханҳои «мўҳтарам» сар карда, бо «эҳтиром» тамом кардан лозим аст.
Гуфтор бо телефон: дар ҳолате, ки ба ягон корхона занг зада мешавад, аввл ному насаб, ширкат ва мақсади занг заданро гуфтан лозим аст.
4. Талаботҳо ба намуди зоҳирӣ, рафтору кирдор.
Тоҷир ҳама вақт бояд либосу пойафзоли тоза ва дарзмол карда пўшида бошад. Мўи сари паст, риш гирифта, атрҳои бўяш пастро истифода бурдан лозим аст. Ба мардҳо костюм(пиджак,шим), куртаи сафед, галстуки мувофиқ тавсия карда мешавад. Ба занҳо зару зеварва рангу бори кам, либоси оддӣ, дарозии курта на кам аз 51 см тавсия карда мешавад.
5.Қоидаи тартиб додани протоколи корӣ.
Протоколи корӣ- тартиби гузаронидани вохўриҳои расмӣ.

3.Қоидаҳои гузаронидани вохўрии расмӣ.
Гуфтушунидҳои расмӣ байни ҳамкорон барои тайёр намудан ва ба имзо расонидани шартномаҳо, ташкил карда мешаванд. Оид ба ҳар як қисми шартнома байни ҳамкорон бояд ҳамфикрӣ пайдо шавад. Имзои шартнома бояд ба ҳар ду тараф фоидаи калонтаринро таъмин намояд.
Оид ба гузаронидани вохўрии расмӣ пеш аз 2-3 рўз хабар додан лозим аст.
Вақти саршавӣ(ибтидо) ва ва охири (интиҳои) вохўрӣ ҳатман муайян карда мешаванд.
Саволҳои муҳокимашаванда пешаки муайян карда мешаванд, то ки ҳамкорон дар ширкатҳои худ тайёри бинанд.
Ба вохўрӣ дер мондан ё пеш аз вақти муайян омадан манъ аст.(дер монед огоҳ кунед). Дар ҳолате, ки ба вохўри омада наметавонед, бояд ба ширкати худ занг зада ба ивази худ шахси дигареро фиристонед.
Вохўрӣ дар ҳуҷраи махсус тайёр карда шуда гузаронида мешавад.
Дар рўи миз карточкаҳо бо ному насаб ва ширкати иштирокчиён гузошта мешавад. Инчунин лавозимоти навиштаҷот ва нўшокиҳо гузошта мешавад.


Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *


Уважаемые читатели! Просим вас, оставляя комментарии, уважать друг друга и не злоупотреблять свободой слова.
Администрация сайта будет удалять:
1. Комментарии с грубой и ненормативной лексикой.
2. Оскорбления, угрозы и непристойные высказывания.
3. Высказывания, разжигающие национальную, религиозную и прочую рознь и вражду.
4. Комментарии, содержащие другие нарушения законодательства и прав граждан.
5. Комментарии, рекламирующие и продвигающие другие веб-ресурсы, товары и услуги, а также комментарии, не имеющие отношения к дискуссии.

Пользователи, которые нарушают эти правила грубо или систематически, будут заблокированы.