Вторник, Ноябрь 12Вместе создадим светлое будущее!


МОЛИЯИ КОРҲОНА

Молия дар муносибатҳои иқтисодӣ нақши муҳимро мебозад. Хусусиятҳои молия дар он инъикос мегардад, ки онҳо танҳо дар шакли пулӣ баромад мекунанд.
Захираҳои молиявии корҳона аз маблуғҳои пулие, ки дар идоракунӣ ё сариштакории субъекти ҳоҷагидорӣ мавҷуд аст, таркиб ёфта, ҷараёни ташаккул, тақсимот ва истифодабрии онро инъикос мекунад.Нақши молия ва сарчашмаҳои ташаккули он;
Шаклҳои таъмини молиявии корҳона;
Тавсифи умумии андозҳое, ки корҳона пардохт мекунад.
Молия дар муносибатҳои иқтисодӣ нақши муҳимро мебозад. Хусусиятҳои молия дар он инъикос мегардад, ки онҳо танҳо дар шакли пулӣ баромад мекунанд.
Захираҳои молиявии корҳона аз маблуғҳои пулие, ки дар идоракунӣ ё сариштакории субъекти ҳоҷагидорӣ мавҷуд аст, таркиб ёфта, ҷараёни ташаккул, тақсимот ва истифодабрии онро инъикос мекунад.
Захираҳои молиявии корҳона гирдгардиши сармояи асосӣ ва гардон, муносибат бо буҷаи давлатӣ, мақомоти андоз, бонкҳо ва дигар ташкилотҳоро таъмин менамояд.
Маблағгузории фаъолияти корҳона метавонад аз ҳисоби воситаҳои худӣ ва қарзӣ ба амал бароварда шавад.
Захираҳои молиявии худӣ аз ҳисоби сармояи оинномавӣ, фоида, фонди амортизатсионии корҳона, маблағҳои хайриявӣ ва сарпарастӣ ва дигар сарчашмаҳо ташаккул меёбад.
Воситаҳои қарзӣ – ин кредит, қарзҳо, ки аз ҷониби бонкҳо ва дигар ташкилотҳо пешкаш гардиданд, ёрии молиявии дигар корҳонаҳо барои мӯҳлати муайян, эмиссияи қоғазҳои қимматнок ва дигар сарчашмаҳо.
Тарзи ташаккули сармояи оинномавӣ аз шакли ташкилӣ-ҳуқуқии корҳона вобаста аст. Воситаҳои сармояи оинномавӣ барои харидорӣ намудани фондҳои асосӣ ва ташкил кардани воситаҳои гардон дар ҳаҷме, ки барои фаъолияти мунтазами истеҳсолӣ-ҳоҷагидорӣ зарур аст, равона карда мешаванд. Инчунин ин сармоя метавонад барои харидани иҷозатнома (литсензия), патент, ноу-хау ва ғайра сарф карда шавад.
Равона намудани воситаҳои пулии корҳона метавонад ҳам ба фаъолияти асосии корҳона (истеҳсоли маҳсулот, хизматрасонӣ ва иҷрои кор) ва ҳам ба сармоягузории молиявӣ алоқаманд бошад. Барои гирифтани даромади иловагӣ корҳона ҳуқуқ дорад қоғазҳои қимматноки дигар корҳонаҳо ва давлатиро харидорӣ намояд, инчунин ба сармояи оинномавии корҳонаҳои навташкилшаванда ва бонкҳо маблағгузорӣ кунад. Воситаҳои пулии маваққатан озодро ба суратҳисоби депозитӣ дар бонкҳо метавонад нигоҳ дорад.
Таъсирбахшии системаи молиявии корҳона аз кори мунтазам ва ботартиби он муайян карда мешавад.
Вазифаҳои асосии хадамоти молиявии корҳона ин:

Бо захираҳои молиявӣ таъмин намудани вазифаҳои муайян намудаи истеҳсолӣ, ҷорӣ намудани техникаи нав, корҳои илмӣ – тадқиқотӣ ва дигар хароҷотҳои ба нақша гирифташуда;
Иҷро намудани ӯҳдадориҳои молиявии худ дар назди буҷа, бонкҳо, таъминотчиён, инчунин ӯҳдадории музди меҳнат дар назди кормандон ва дигар ӯҳдадориҳо;
Дар мӯҳлати муқарраргардида ва бо сифат таҳлил намудани фаъолияти истеҳсолӣ – ҳоҷагидории корҳона ва воҳидҳои он, ҷустуҷӯи роҳҳои баланд бардоштани сатҳи фоида ва даромаднокии истеҳсолот;
Назорат аз болои мақсаднок истифодабарии захираҳои молиявӣ ва тезонидани гирдгардиши воситаҳои гардон.
2. Шаклҳои таъмини молиявии корҳона
Чунон, ки таҷриба нишон медихад, ба маблағҳои молиявӣ дар нақшаҳои кӯтоҳмуддат ва дарозмуддат эҳтиёҷ меафтад. Сарчашмаҳои асосии онҳо маблағҳои худӣ ва қарзӣ шуда метавонанд.
Маблағҳои худӣ шомили сармояи оинномавӣ, сармояи изофӣ, сармояи захиравӣ, фонди захиравӣ, фондҳои андӯхт, маблағгузориҳову воридоти ҳадафманд, маблағҳо аз ташкилот ва ашҳоси дигар, ӯҳдадориҳои иҷоравӣ, фоидаи тақсимнашудаи солҳои гузашта, фоидаи истифодашуда ва тақсимнашудаи соли мавриди хисобот, мебошад.
Маблағҳои ба қарз гирифташуда аз қарзҳои дарозмуддати бонкҳо, қарзҳои дарозмуддат, қарзҳои кӯтоҳмуддати бонкҳо, қарзи бонкҳо барои кормандон ва қарзҳои кӯтоҳмуддат иборат мебошад. Дар дақарзи фаъолияти ҷорӣ маблағҳои молиявӣ мумкин аст, барои пур кардани захираи анбор ё пардохти хароҷоти пешбинишуда лозим шаванд. Ин эҳтиёҷот хислати кӯтоҳмуддатро дошта ва ба шакли таъмини молиявии кӯтоҳмуддат мансуб дониста мешавад. Дар амалия якчанд шакли таъмини молиявии кӯтоҳмуддат таҳия шудааст:
Қарзи тиҷорати, қарзи бонкӣ, факторинг – истифода аз санадҳои пардохтшавандаи мизоҷон, варакаҳои тиҷоратии кимматнок, сарчашмаҳои дохилӣ, қарзи кӯтоҳмуддат зери гарави қарздорӣ ва захираҳои молу ашё.
Шакли аз ҳама бештар паҳнгардида қарзи тиҷоратӣ мебошад, ки одатан, таъминкунандагони ашёи ҳом медиҳанд. Дар ин маврид ингуна қарз шакли аз ҳама арзони таъмини молиявии раванди бунёди захираҳои моливу моддии корҳона ба хисоб меравад. Бартарии он боз дар осонии дастрасӣ ба он низ ифода меёбад, онро ҳамавақт аз таъминкунандагони ашёи ҳом гирифтан мумкин аст, зеро онҳо манфиатдор ҳастанд, ки бо тавлидкунандагони махсулоти тайёр алокаҳои устувор баркарор намоянд.
Таҷрибаи ҳориҷиён дар истифодабари аз ин навъи қарз нишон медиҳад, ки ҳангоми ба кор бурдани он фоизи ҳисобкардашуда миқдори камтаринро ташкил медиҳад.
Ба шаклҳои таъмини молиявии бонки мансубанд: қарзи бегардиш, хати кредит, эътиборнома, қарзи худ ба худ таҷдидшаванда, қарз бо пардохти мухлатдор.
Қарзҳои кӯтоҳмуддате, ки зери гарав дода мешавад. Дар тачрибаи чаҳони зери гарав амволи гайри модди ва варакаҳои кимматдор низ мумкин аст ба ин максад истифода гардад. Агар қарзгиранда ба пардохти қарз кудрат надошта бошад, он гох амволи ба гарав мондашуда ба моликияти қарздиханда табдил меёбад. Хисобҳои қарздорон низ мумкин аст ба гарав гузошта шаванд. Дар ин ҳолат пулҳое, ки барои пардохти баҳои мол гирифта шудаанд, ба бонк ба хисоби қарздиханда гузаронида мешаванд. Чихати мусбии ин намуди таъмини молияви нисбати камтар будани фоида барои гирифтани қарз дар мукоиса бо қарзҳои бегардиш мебошад.
Хатти қарз. Бонк ба ширкат маблағи муайяни андозаи муайяндоштаро такрор ба такрор ба мухлати кӯтоҳ (одатан то як сол) ба шарте, ки бонк маблағҳои озод дошта бошад, медихад. Хадафи хатти қарз аз он иборат аст, ки тартиби гирифтани қарз тезонида шавад ва ширкатро хар бор арзнома пешниҳод намудан барои барраси лозим наояд.
Эътиборнома (аккредитив) – санадест, ки бонк онро содир намуда тавассути он ба пардохти вексел (васика)- и муштариён ба маблағи муайян ва дар муддати нишондодашуда кафолат медиханд. Дар амал қарзи бонк ба қарзи харидор табдил дода мешавад, дар ин ҳолл эхтимолияти хатар (риск)-и фурухташаванда то хадди камтарин поён оварда мешавад. Пардохт намудан мумкин аст бо пешниҳод намудани далели фиристода шудани бар ё баъди ичрои шартҳои дигар, ба амал бароварда шавад. Эътиборномаҳо аксар дар тиҷорати байналхалки мавриди истифода карор мегиранд. Намудҳои гуногуни эътиборнома мавчуданд, масалан, эътиборномаи моли, ки одатан бар нафъи тарафи сеюм содир карда мешавад, ё эътиборномаи тасдикшуда, ки аз тарафи бонки коргузор пешниҳод гардида, замонати онро бонки содиркунанда медихад.
Бартарии чунин намуди таъмини молияви аз он иборат аст, ки дар ин ҳол аз ширкат ба амал баровардани пешпардохтҳо барои тахвили мол бо истифода аз маблағҳое, ки метавонанд дар муомилаи тиҷоратии дигаре ба кор раванд, талаб карда намешаванд.
Қарзи худ ба худ тачдидёбанда – созишномаест байни бонк ва қарзгиранда, ки тибки он бонк ухдадори мегирад, ки қарзи кӯтоҳмуддате ба маблағи умумии муайяншударо дар муддати мувофикшуда, пешкаш кунад, дар ин ҳол васикаҳо (векселҳо) кӯтоҳмуддат (одатан 90 руза) мебошанд. Хангоме, ки қарз дода мешавад, мабалгҳои пули дар хачми баробар ба маблағи додашуда мумкин аст, бар асоси хамон созишнома аз нав ба қарз гирифта шавад. Бартарии чунин намуди қарз имкони қарзгирии бетаъхир ва махдудиятҳои камтарин (дар мукоиса бо хатти қарзи) мебошанд, аммо камбудии асосии он махдудиятест, ки бонк мегузорад.
Факторинг – яке аз сарчашмаҳои аз ҳама гаронкиммати таъмини молияви мебошад. Мазмуни он иборат аст, аз фуруши хисобҳои қарздории корҳона бо гузаштҳои калон, ки андозаи ин гузаштҳо ба тулии муддати қарздориро (қарздориҳои боз пардохтнашуда) вобаста мебошад. Ба хисобҳои дохилии таъмини молияви одатан тезонидани инкассо – гирдоварии хисобҳои қарздори ва кам кардани қарзҳоро мансуб медонанд.
Таъмини молиявии дарозмуддат чун коида, барои харидории воситаҳои вусъат додани воситаҳои истехсолот ба кор бурда мешавад. сарчашмаҳои он иҷора лизинг, фоидаи таксимнашуда андухтҳои истехлоки ба шумор мераванд.
Иҷора лизинг шакли махсуси таъмини молияви мебошад. Одатан вай ба шохаҳои амалиёти ва молияви чудо мешавад. Аввали, дар мавриде истифода мешавад, ки тавлидкунанда ё фурушанда ин ё он унсури сармояи асосиро ба иҷора месупорад. Дар ин маврид, иҷорасупор вазифаи хизматрасонаи тахники ва таъмири объекти муомиларо ба ухда гирифта ва барои он ҳамаи масъулиятро бардуш мегирад. Дуввум, замоне ба кор меравад, ки карордоди иҷора лизинг байни фурушандаи маблағҳои пули ва корҳона, ки ин ё он объектҳоро мавриди истифода карор медихад, баста мешавад, то ки харидории ин объектро таъмини моли кунад. Дар ин ҳолат иҷорагир ҳамаи харочоти хизматрасониҳои техники ва таъмири объект ва бимаи онро мепардозад.
Қарзҳои дарозмуддат одатан аз қарзҳои кӯтоҳмуддат гаронкимматтар мебошанд, чун ки дар қарз маблағи бештари мукобили мулохизарафта, таъсири бозпардохти пул ба муддати зиёдтар тул мекашад. Қарзҳои дарозмуддат одатан, бо замонати муайяни таъмин (амволи гайриманкул, тачхизот, варакаҳои кимматнок) дода мешаванд. Агар ширкат барои гирифтани пул аз ташкилотҳои молияви кодир набошад, метавонад вомбаргҳоро барои фуруш содир намояд. Ин вомбаргҳо ба хайси баёноти қарздории ширкат ҳоханд буд.
Сармояи худи аз хисоби фуруши сахмияҳо ташаккул меёбад. Сахмияҳои нав чунон ки тачрибаи кишварҳои ҳоричи шаҳодат медихад, одатан, ба арзиши бештар аз сахмияҳои кухна содир карда мешаванд. Чунин шуморида мешавад, ки дар тулии муддати муайян корҳона ва самарабахши босуботи кори худ муваффак мешавад, аз хамин ру арзиши сахмияҳои вай бояд аз аввала бештар бошад. Аммо вакте, ки барои содир кардани сахмияҳои нав тасмим гирифта мешавад, лозим аст, ки нукоти зерин ба назари эътибор гирифта шавад. Азбаски хаккусахмия (дивидент)- ҳо аз фоидаи андозбандишаванда тарх карда намешаванд, аз ин ҳотир, фоидаи мазкур ба андозаи маблағи хаккусахмияҳо кам мегардад ва чунин натича, мумкин аст чунин вазъияте руй дихад, ки қарз гирифтан манфиати бештар ҳохад овард вале қарз гирифтан ба маблағи зиёди пули на ҳама вакт муяссар мешавад.
Аз гуфтаҳои боло бар меояд, ки сарчашмаҳои гуногуни таъмини молияви мавчуд мебошад. Дар робита бо ин вазифаи рохбарони корҳона аз чустучуи чунин сарчашмаҳои молияви иборат мебошад, ки тавонанд гирифтани маблағҳои пулиро бо арзиши камтарин таъмин намуда, фоидаи истифода аз онҳоро ба хадди бешина расонанд.

Тавсифи умумии андозҳое, ки корҳона пардохт мекунад.
Андоз – ин маблағҳои ҳатман пардохтшавандаи андозсупорандагон ба буҷа ва фондҳои ғайрибуҷавӣ мебошад, ки дар ҳаҷми муқаррарнамудаи қонун ва дар мӯҳлатҳои муайяншуда сурат мегирад.
Низоми андоз – маҷмӯи анвои гуногуни андоз аст, ки дар тартибоварӣ ва усулҳои ҳисобкунии онҳо принсипҳои зерин ба амал бароварда мешаванд:

Ҳамгун будан – яъне, як маблағи андоз, ки танҳо як маротиба ситонида шавад, вале дар амал бисёр вақтмуҳолифи ин принсип рафтор карда мешавад. Мисоли равшани андозбандии ду карата мавриди ба саҳмдорон пардохтани дивидент мебошад. Ин пардохтҳо баъди аз фоида пардохтани андоз сурат мегирад, сипас қисме аз ин фоида ба саҳмдорон ба сифати дивидент дода мешавад, ки аз он низ андози даромад медиҳанд.
Муносиб будан – яъне, муносибати якхелаи давлат ба андозсупорандагон аз нуқтаи назари ҳамагонӣ будан ва қоидаҳои ягона доштан.
Муайян будан – яъне, муайян будани тартиби андозбандӣ (миқдор, мӯҳлат, асоси ҳисобкунии андоз), ки қаблан муқаррар карда мешавад.
Беиваз будан – яъне давлат ба андозсупорандагон бар ивази маблағҳои ба буҷа гузаронидашаванда ҳеҷ гуна ивазе намедиҳад.
Мувофиқи кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон андозҳо ба ду дараҷа ҷудо мешаванд; андозҳои ҷумҳуриявӣ ва андозҳои маҳаллӣ.

Андозҳои ҷумҳуриявие, ки корҳона пардохт мекунанд:
Андоз аз фоида – 30%
ААИ – 20%
Аксизҳо
Пардохти иҷтимоӣ – 25% ва 1%
Андози замин
Андоз барои истифодаи захираҳои табии
Андоз аз истифодабарандагони роҳҳои автомобилгард
Боҷи гумрукӣ ва дигар пардохтҳои гумрукӣ
Андози амволи корҳона – 1%
Андозҳои маҳаллӣ
Андоз аз фурӯши чакана – то 5%
Андоз барои нигоҳдории нақлиёти ҷамъиятии мусофиркаш.


Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *


Уважаемые читатели! Просим вас, оставляя комментарии, уважать друг друга и не злоупотреблять свободой слова.
Администрация сайта будет удалять:
1. Комментарии с грубой и ненормативной лексикой.
2. Оскорбления, угрозы и непристойные высказывания.
3. Высказывания, разжигающие национальную, религиозную и прочую рознь и вражду.
4. Комментарии, содержащие другие нарушения законодательства и прав граждан.
5. Комментарии, рекламирующие и продвигающие другие веб-ресурсы, товары и услуги, а также комментарии, не имеющие отношения к дискуссии.

Пользователи, которые нарушают эти правила грубо или систематически, будут заблокированы.