Среда, Ноябрь 20Вместе создадим светлое будущее!


ХАВФ ДАР СОҲИБКОРӢ ВА ТАҲДИДИ МУФЛИСШАВӢ

Дар шароити иқтисодиёти бозоргонӣ вуҷуд доштани рақобатнокӣ ва ба вуқӯъ омадани ҳолатҳои пешгӯинашаванда фаъолияти ҳоҷагидорӣ, истеҳсолӣ ва тиҷоратӣ бе хавф намебошад.Хавф ва намудҳои он;
Тарз ва усулҳои паст намудани сатҳи хавф;
Мафҳуми муфлисшавии корҳона ва тартиби он.
Дар шароити иқтисодиёти бозоргонӣ вуҷуд доштани рақобатнокӣ ва ба вуқӯъ омадани ҳолатҳои пешгӯинашаванда фаъолияти ҳоҷагидорӣ, истеҳсолӣ ва тиҷоратӣ бе хавф намебошад.
Тамоми корҳонаҳо фаъолияти хавфнок доранд, ки бо фаъолияти истеҳсолӣ, тиҷоратӣ, молиявӣ ва инвеститсионӣ вобастагӣ дорад, ҳар як соҳибкор барои оқибатҳои қабули қарори идоракунӣ ҷавобгар аст. Омили хавф соҳибкорро маҷбур месозад захираҳои моддӣ ва молиявиро сарфа кунад, ба ҳисобу китоби самаранокии лоиҳаҳои нав ва бастани шартномаҳои тиҷоратӣ диққати махсус диҳад. Аз ҳамин лиҳоз соҳибкор бояд қарорҳои асоснокро қабул намояд. Ҳангоми номураттабии вазъи иқтисодиёт, сатҳи таваррум ва фоизи баланди кредити бонкӣ омили хавф дар фаъолияти соҳибкорӣ ба дараҷае меафзояд.
Хавфи соҳибкорӣ – ин эҳтимолӣ пурра ё қисман аз даст додани захираҳои истеҳсолӣ, нагирифтани даромади банақшагирифташуда ва ё ба вуҷуд омадани хароҷотҳои иловагӣ дар натиҷаи бурдани фаъолияти корҳона мебошад.
Хавф аз рӯи нишонаҳои гунгун тавсиф карда мешавад. Вобаста аз муҳити ба вуқӯъ омадан хавфи табиӣ, экологӣ, сиёсӣ, интиқолӣ ва молу мулкиро аз ҳамдигар фарқ мекунанд.
Ба хавфи табиӣ хавфу хатарҳое дохил мешаванд, ки бо зоҳир шудани ҳолатҳои табиӣ вобастагӣ доранд (заминларза, сӯхтор, обхезӣ, тӯфон ва ғайра).
Хавфи экологӣ бо ифлосшавии муҳити атроф, ки аз меъёри муқарраргардида зиёд мебошад, вобастагӣ дорад.
Хавфи сиёсӣ вобаста аз вазъияти умумии сиёсӣ ва тарзи танзими идоракунии давлатии ҷараёнҳои иқтисодӣ муайян карда мешавад.
Хавфи интиқолӣ барои кашонидани бор бо нақлиёти автомобилӣ, обӣ, роҳи обан ва авиатсионӣ ҳос аст.
Хавфи молу мулкӣ – ин хавфе, ки бо эҳтимолияти аз даст додани моликият бо сабабҳои дуздӣ, нобудшавӣ ва зарар расидан дар натиҷаи хунукназарии коргарон вобаста аст.
2. Ҳамин тавр фаъолияти корҳона бо хавф вобастагӣ дорад. Яке аз вазифаҳои роҳбарияти корҳона ин пешгирӣ ва паст намудани сатҳи хавф мебошад. Барои ин як чанд роҳу усулҳо истифода мегарданд: диверсификатсия, суғуртакунонӣ, муқаррар намудани ҳад (лимиткунонӣ), захираи воситаҳои барои пӯшонидани хароҷотҳои пешбининашуда, тақсимоти хавф, дарёфти ахборот оиди интиҳобҳои оянда ва натиҷаи он.
Диверсификатсия – ин тақсимоти маблағгузорӣ байни намудҳои фаъолияти гуногун, ки натиҷаи онҳо бевосита алоқаманд нестанд. Дар ин ҳолат корҳона шояд аз як намуди фаъолият зарар мебинад, лекин аз фаъолияти дигар фоида ба даст меорад.
Суғуртакунӣ – ин супоридани хавф ба ширкатҳои суғуртавӣ. Барои паст намудани сатҳи хавф суғуртаи молу мулкӣ ва суғурта аз ҳолатҳои нохуш истифода бурда мешавад.
Лимиткунонӣ – муқарраркунии ҳадду ҳудудҳоро пешбинӣ менамояд, яъне муқарраркунии ҳадди хароҷот барои фурӯши мол ба кредит, ҳаҷми маблағгузориҳо ва ғайраҳо.
Захиракунии воситаҳо барои пӯшонидани хароҷотҳои пешбининашуда, ин тарзи паст намудани сатҳи хавф одатан ҳангоми иҷрои лоиҳаҳои гуногун истифода мегардад. Умуман, воситаҳои захирашуда барои маблағгузории корҳои иловагӣ, ҷуброни тағирёбии ғайричашмдошти хароҷотҳои моддӣ ва қувваи корӣ ва дигар хароҷотҳо, ки дар ҷараёни дар амал татбиқ кардани лоиҳа ба вуқӯъ меоянд.
Тақсимоти хавф – ин тарзи паст намудани сатҳи хавф, тақсим намудани хавфро байни иштирокчиёни лоиҳа пешбинӣ мекунад.
Тамоми қарорҳои идоракунии бо фаъолияти корҳона вобаста буда, дар шароите қабул мегарданд, ки натиҷаҳо номуайян ва ахборот маҳдуд аст. Ҳамин тарз, агар ахборот нисбатан пурра бошад, он гоҳ пешгӯикунӣ ва паст намудани сатҳи хавф беҳтар мегардад.
Ба принсипҳои умумии паст намудани сатҳи хавф ҳолатҳои зеринро номбар кардан мумкин аст:

Таваккал накардан, нисбат ба имконияти сармояи худӣ;
Фаромӯш накардани оқибатҳои таваккалӣ
Ба ҳотири кам бо бисёр таваккал накардан.
Тибқи қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муфлисшавии корҳонаҳо» муфлисшавӣ чунин маъно дорад, ки қарздор қобилияти сари вақт ва пурра қонеъ гардонидани талаботи қарздитандагонро надошта, аз ӯҳдаи иҷрои ӯҳдадориаш дар назди буҷет намебарояд.
Нишонаи асосии муфлисшавии корҳона – ин қатъ гардидани пардохтҳои ҷорӣ мебошад, яъне корҳона иҷрои ӯҳдадориҳоро дар назди қарздиҳандагон дар давоми се моҳ аз таърихи фарорасии мӯҳлати ба иҷро расонидани онҳо, таъмин намекунад, ё ки ба иҷрои ӯҳдадориҳояш қодир нест.
Бо гузаштани мӯҳлати семоҳаи мазкур, қарздиҳандагони корҳонаи қарздор ҳуқуқ пайдо мекунанд, ки ба додгоҳи ҳокимият дар хусуси муфлси эътироф кардани корҳона бо ариза муроҷиат намоянд.
Додгоҳи ҳокимият (суди иқтисодӣ, арбитраҷӣ) дар мавриди мавҷуд будан нишонаҳои зерин корҳонаро муфлис эълон мекунад:

Афзун будани ӯҳдадориҳои қарздор бар дороиҳо (ин ҳолатро тарозномаи корҳона тасдиқ карда метавонад) ё таркиби ғайриқаноатманди тарознома;
Сатҳи фурӯши моли корҳона, ки имконияти сари вақт пардохт намудани ӯҳдадориҳоро дар назди қарздиҳандагон таъмин намесозад, яъне арзиши умумии молу мулки корҳона бо маблағи умумии ӯҳдадориҳо баробар нест;
Қодир набудани корҳона барои қонеъ сохтани талаби қарздиҳандагон бинобар мавҷуд набудани маблағҳо.
Муваффақият ва нобарориҳои фаъолияти корҳона ин натиҷаи таъсири мутақобили як қатор омилҳо мебошад:

Беруна – ин омилҳое, ки корҳона ба онҳо умуман таъсир расонида наметавонад ё таъсири нисбатан таъсири кам мерасонад;
Дохила – ин омиле, ки аз ташкили кори худи корҳона вобастагӣ дорад.
Ба шумораи омилҳои беруна, ки ба фаъолияти корҳона таъсир мерасонанд, одатан ҳаҷм ва сохтори талабот, сатҳи даромад ва пасандози аҳолӣ, устувории сиёсӣ, рушди илм, техника ва сатҳи маданият.
Дар ҷараёни ҳоҷагидорӣ омилҳои гуногун корҳонаро ба муфлисшавӣ оварда мерасонанд. Муфлисшавии корҳонаро одатан ба гурӯҳҳои зерин тақсим менамоянд:

Муфлисшавӣ, ки бо идоракунии бесамари корҳона ва стратегияи маркетингии ноандешида вобаста аст;
Муфлисшавӣ, ки бо норасогии маблағгузориҳо барои рушди корҳона зоҳир мегардад;
Муфлисшавии корҳона, ки бо истеҳсоли маҳсулоти рақобат нопазир вобастагӣ дорад;
Дигар намудҳои муфлисшавӣ.


Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *


Уважаемые читатели! Просим вас, оставляя комментарии, уважать друг друга и не злоупотреблять свободой слова.
Администрация сайта будет удалять:
1. Комментарии с грубой и ненормативной лексикой.
2. Оскорбления, угрозы и непристойные высказывания.
3. Высказывания, разжигающие национальную, религиозную и прочую рознь и вражду.
4. Комментарии, содержащие другие нарушения законодательства и прав граждан.
5. Комментарии, рекламирующие и продвигающие другие веб-ресурсы, товары и услуги, а также комментарии, не имеющие отношения к дискуссии.

Пользователи, которые нарушают эти правила грубо или систематически, будут заблокированы.