Пятница, Ноябрь 22Вместе создадим светлое будущее!


Самтҳои тараққиёти муносибатҳои иқтисодии байналхалқӣ дар замоии ҳозира ва омилҳои он

Таҷрибаи андӯхти ҷаҳонӣ гувоҳӣ медиҳад, ки таракқиёти хоҷагии ҷаҳон ва МИБ бе зиддият имконнопазир аст. МИБ торафт симои бунёдгароӣ пайдо карда, бештар ба ҳалли проблемаҳои глобалӣ нигарон аст ва тобиши рақобатӣ дорад. Рақобат шарти таъмини тараққии минбаъдаи ҳама гуна система аст. Мутахассисон чунин дурнамои тараққиёти МИБ ва омилҳои ба он таъсиррасонро ҷудо мекунанд:Таҷрибаи андӯхти ҷаҳонӣ гувоҳӣ медиҳад, ки таракқиёти хоҷагии ҷаҳон ва МИБ бе зиддият имконнопазир аст. МИБ торафт симои бунёдгароӣ пайдо карда, бештар ба ҳалли проблемаҳои глобалӣ нигарон аст ва тобиши рақобатӣ дорад. Рақобат шарти таъмини тараққии минбаъдаи ҳама гуна система аст. Мутахассисон чунин дурнамои тараққиёти МИБ ва омилҳои ба он таъсиррасонро ҷудо мекунанд:

Суръатнокии пешрафти илмӣ-техникӣ, ки дар паҳнкунии технологияи нав, воситаҳои нави алоқа, боркашонӣ, мусаллаҳшавӣ, компутеригардонии иқтисодиёт зоҳир мегардад. Ҳадафи муҳими тараққиёти МИБ-иттилоотгардонии глобалӣ, ки имконияти гирифтани иттилоотҳои тиҷоратӣ, умумииқтисоди ва махсусро таъмин менамояд.
Дигаргуниҳои глобалӣ дар соҳаи муҳити атроф. Махдуд ва ба охир расидани захираҳои экологии барои истеҳсолоти доимо васеъшаванда истифоданашаванда проблемаҳоро оид ба сарчашмаҳои маблаггузорӣ ба миён меорад. Таъсиррасонии ҷиддии инсон ба муҳити зист бевосита ба шиддатнокии фаъолияти хоҷагии ҷаҳон бурда мерасонад. Воситаҳои барои ҳалли проблемаҳои экологӣ лозим буда асосан аз ҳисоби мамлакатҳои мутараққӣ дарёфт карда мешавад, вале ин боиси тезу тундшавии тафовути байни мамлакатҳои тараққикардаю рӯ ба тараққӣ мегардад. Бо ибораи дигар хароҷотро мамлакатҳои тараққикарда пурра ба зиммаи худ мегиранд, ки ин боиси пастшавии дараҷаи зиндагии ин мамлакатҳо мегардад.
Афзоиш ва ҷойивазкунии доимии барзиёднуфусӣ. Аҳолӣ зери таъсири камбизоатӣ, вазъи номусоиди иқтасодӣ, сиёсӣ ҷои зисти худро иваз мекунад. Ҳиҷрати аз ҳад зиёд аз мамлакатҳои қафомонда ба мамлакатҳои тараққикарда проблемаҳои иқтисодию иҷтимоиро торафт тезу тунд мегардонад.
Зиёдшавии тавофут байни мамлакатҳои бою камбизоат. Аз мустамлика озодшавӣ умеди мамлакатҳоро оид ба тараққии иқтисод қонеъ гардонда натавонист. Ҳуқуқ поймолкунӣ дар МИБ ба кӯшиши нобарори мамлакатҳои рӯбатараққӣ овард ва онҳо тартиби нави иқтисодиро барқарор карда натавонистанд.
Афзоиши алоқамандиҳои тарафайни мамлакатҳои чаҳон ҳатман ба умумияти меъёрҳои ҳуқуқӣ, боигариҳои маданӣ, тарзи ҳаёту рафтор ва ғайра бурда мерасонад ва дигаргунсозии мавқеи гурӯҳҳои мухталифи аҳолиро муайян менамояд. Дар ин ҳолат кӯшиши нигоҳдории аломатҳои хоси аҳолӣ, боигариҳои миллию таърихӣ ва анъанаҳои худро аз даст надодан ба мадди аввал гузошта мешавад. Вале ин масъала тартиботнокии иқтисодиёти ҷаҳон, гуногунии субъектҳои дар он амалкунандаро аз байн бардошта наметавонад.
Пурзӯршавии нақши ташкилотҳои иқтисодии байналхалқӣ, дар ҷодаи нигоҳдории тартиботӣ-дохилӣ (аснои ноўхдабароии сиёсии таъминкунии амнияту таъминоти иҷтимоии аҳолӣ) ва ҳар чӣ бештар суст гардидани танзими давлатии иқтисодӣ.
Афзоиши нақши структураи ғайридавлатӣ (ташкилотҳои ғайридавлатӣ, ШТМ) дар ҳалли масъалаҳои байналхалқӣ, ки масъалаҳои иқтисодӣ ва тағйирдиҳии ҳайати иштирокчиёни асосии гурӯҳҳои байналхалқиро ба миён мегузорад.
Одатан омилҳои ба тараққии МИБ таъсир расонандаро ба 5-гурӯҳ (блок) тақсим мекунанд.
Ба омилҳои гурӯҳи аввалини инкишофдиҳанда тафовути табиӣ-географӣ дохил карда мешавад. Ҳар кадом мамлакати ҷаҳон бо мавҷудияти канданиҳои фоиданок, ҳосилнокии замин, иқлим, мавқеи ҷойгиршавӣ беҳамто аст. Масалан, мамлакатҳои Шарқи Наздик дар иқтисодиёти ҷаҳон бо захираҳои нафт беҳамтоанд (70% еодироти нафт дар бозори ҷаҳон).
Блоки дуюмро саноати мошинӣ ва истеҳсолоти оммавӣ ташкил медиҳанд. Истеҳсолоти оммавӣ боиси зиёдшави ҳосилнокии меҳнат ва интиқоли мол ба бозори ҷаҳонӣ ва дар як вақт ба амал омадани раванди махсусгардонии истеҳсолот гардида, зарурияти мубодилаи тарафайни натиҷаҳои меҳнатро дар байни мамлакатҳо ба миён меорад. Блоки сеюмро ба интиқоли илмию-техникӣ алоқаманд мекунанд. Нимаи дуюми асри XX-револютсия дар соҳаҳои истеҳсолот, пешравиҳо дар соҳаи автоматика, кибернетика, электроника ва ғайра ба вуқӯъ пайваст. Вале бавуҷудории технологияю намудҳои нави маҳсулот хароҷотҳои калони доимоафзояндаро тақозо менамоянд. Аз ҳамин сабаб аксари мамлакатҳои ҷаҳон ё корҳои илмӣ-тадқиқотӣ ва таҷрибавӣ-конструктории (НИОКР)-и худро торафт якҷоя карда, барномаи якҷояро ба амал мебароранд, ё ки ба самти муайяни илмӣ махсус гардонида шуда, натиҷаҳои онро бо ҳамдигар мебинанд.
Блоки 4 дар замони ҳозира дар барқароркунии алоқаҳои берунаи иқтисодӣ дар байни мамлакатҳо: содироти сармоя дар намуди қарзу сармояи соҳибкорӣ нақши ҳалкунандаро мебозад. Дар аснои маблағгузориҳои хориҷӣ субъектҳои асосии истеҳсолоти байналхалқӣ таъсис меёбанд. Қарздиҳиҳои байналхалқӣ шарти асосии протсесси такрористеҳсолкунии ҷаҳони имрӯза мебошанд.
Блоки охиринро проблемаҳои глобалӣ ташкил медиҳанд. Ҳалли ин проблемаҳо аз ҷониби як давлати алоҳида мушкил аст. Ин масоил тамоми тамуддунро фаро мегирад. Мувофиқан, ба ҳамин барҳамдиҳии ин проблемаҳо танҳо баъди таъсис додани иттифоқи тамоми мамлакатҳо (қатъи назар аз дараҷаи тараққиёту самти сиёсиашон) имконпазир мегардад.
Дар охири асри ХIХ ва ибтидои асри ХХ МИБ ба ҳавзаи аз ҳама тез тараққикунандаи фаъолияти иқтисодӣ табдил меёбад.
Савдои байналхалқӣ (шакли муҳими МИБ) аз рӯи суръати афзоиш аз афзоиши истеҳсолоти дохилии субъектҳои хоҷагии ҷаҳон нисбатан суръатнок аст: (1,5%) аз ҷумла дар ИМА – 6%, ИА 4,5%, Ҷопон – 4% (ҳисоби миёнаи солҳои 90-уми асри ХХ).
Савдои байналхалқии хизмат таи ду даҳсолаи охир 3 баробар афзуд (нисбат ба савдои байналхалкии мол).

Динамикаи афзоиши ҳаракати байналхалқии сармоя боз ҳам бештар аст. Фақат афзоиши инвеститсияи бевоситаи хориҷӣ дар солҳои 90-ум асри ХХ аз содироти мол 3 баробар ва аз истеҳсолот 4 баробар зиёд буд.
Кунун моли аз ҳама сермасраф дар бозори ҷаҳонӣ технологияи нав ба шумор меравад. Ҳиссаи молҳо ва хизматҳои аз ҷиҳати технологӣ нав дар содироти ИМА беш аз 20%, Ҷопон -18,5%, Олмону Фаронса – 15%-ро ташкил медиҳанд.
Афзоиши зиёди ҳиҷрати қувваи корӣ мушоҳида карда мешавад. Шумораи муҳоҷирҳо дар соли 1960 3,2 млн. нафар ва соли 2000 беш аз – 40 млн. нафарро ташкил медод.
Дар структураи географии МИБ низ тағйиротҳои назаррас рух додаанд.
Ҳолати шиддатпазирии МИБ дар байни худи давлатҳои тараққикарда (ИМА, Ҷопон, Аврупои Ғарбӣ) ба амал меояд.
Нақши мамлакатҳои рӯбатараққиниҳода торафт дигар мешавад (дар бозорҳои ҷаҳонии молу хизмат, сармоя, қувваи корӣ). Мамлакатҳои рӯ ба тараққӣ дар бозорҳои ҷаҳонӣ нақш ва мақоми худро дар мубодилаи хӯрокворию ашёи хом торафт аз даст медиҳанд. Аз тарафи дигар бошад, дар тамоми бахшҳои бозорҳои нав (мамлакатҳои нави индустриявӣ) мавқеи нави худро дарёфт менамоянд. Масалан, МНИ ҷанубу шарқи Осиё ҳиссаи худро дар содироти ҷаҳонӣ аз 3,3% (соли 1980) то ба 10,5% (ибтидои асри нав) расонидану дар содироти сармояи қарзӣ то ба 12% расонидаанд.
Умуман, дар давраи ҳозира дар системаи МИБ, дигаргунсозиҳои куллӣ ва байни ҳамдигар алоқамандбуда ва ба иқтисодиёти субъектҳо таъсири акс расонанда бештар ба амал бароварда мешаванд.


Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *


Уважаемые читатели! Просим вас, оставляя комментарии, уважать друг друга и не злоупотреблять свободой слова.
Администрация сайта будет удалять:
1. Комментарии с грубой и ненормативной лексикой.
2. Оскорбления, угрозы и непристойные высказывания.
3. Высказывания, разжигающие национальную, религиозную и прочую рознь и вражду.
4. Комментарии, содержащие другие нарушения законодательства и прав граждан.
5. Комментарии, рекламирующие и продвигающие другие веб-ресурсы, товары и услуги, а также комментарии, не имеющие отношения к дискуссии.

Пользователи, которые нарушают эти правила грубо или систематически, будут заблокированы.