Пятница, Ноябрь 22Вместе создадим светлое будущее!


СИЁСАТИ САВДОИ ХОРИҶӢ

Добавил (а): Ахмедов Бахром

Сиёсати савдои хориҷӣ гуфта, пеш аз ҳама фаъолияти мақсадноки таъсиркунандаи давлатро оиди инкяшофи муносибатҳои тиҷоратӣ бо давлатҳои дигари дунё мадди назар доранд.Моҳият ва мақсадҳои сиёсати савдои хориҷӣ
Самтҳои сиёсати савдои хориҷӣ
Воситаҳои сиёсати савдои хориҷӣ
Моҳият ва мақсадҳои сиёсати савдои хориҷӣ
Сиёсати савдои хориҷӣ гуфта, пеш аз ҳама фаъолияти мақсадноки таъсиркунандаи давлатро оиди инкяшофи муносибатҳои тиҷоратӣ бо давлатҳои дигари дунё мадди назар доранд.
Мақсадҳои асосии сиёсати савдои хориҷӣ иборат аст аз:

тағйир додани сатҳ ва роҳҳои пайвастани мамлакатҳо ба тақсимоти байналмилалии меҳнат;
тағйир додани ҳаҷми содирот ва воридот;
такмили таркибии савдои хориҷӣ;
таъмини мамлакат бо сарватҳои зарурӣ (ашёи хом, нерўи барқ ва ғайра);
тағйир додани таносуби нархҳои содиротӣ ва воридотӣ, иборат мебошад.

Самтҳои сиёсати савдои хориҷӣ
Дар замони муосир сиёсати савдои хориҷӣ аз рўи ду самти муҳими иқтисоди ҷаҳон фаъолият менамояд: самти якум – сиёсати тиҷорати озод; самти дуюм – сиёсати ҳимоятгарой (протексионистӣ).
Сиёсати тиҷорати озод маънои онро дорад, ки давлат аз дахолат кардан ба тиҷорати хориҷӣ худдорӣ намуда то як ҳудуди муайян масъалаҳои хариду фурўши молҳоро дар асоси қоидаю талаботҳои муносибатҳои озоди иқтисоди бозорӣ ба роҳ мемонад.
Сиёсати химоятгароӣ (протексионистӣ) бошад, пеш аз ҳама барои ҳифз намудани манфиатҳои иқтисодиёти миллӣ, аз рақобати оштинопазири хориҷӣ, равона карда шудааст. Дар ин маврид, нақши танзими давлатӣ дар амалӣ гардидани чораю тадбирҳо оиди рушди тиҷоратӣ хеле назаррас мебошад.

3. Воситаҳои сиёсати савдои хориҷӣ
Воситаҳои асосии анъанавии сиёсати тиҷорати хориҷӣ, ки аз тарафи давлат мавриди истифодаи доимӣ қарор дорад, тарифҳои гумрукӣ ва монеаҳои ғайритарифӣ дар доираи қонунҳои амалкунанда, татбиқи воқеӣ меёбанд.
Тарифи гумрукӣ гуфта чиро меноманд?
Тарифи гумрукӣ – он одатан номгўи ба низом даровардашудаи арзиши боҷу хироҷи гумрукӣ ба молҳо мебошад. Боҷу хироҷи гумрукӣ, андоз аз воридот он ба ҳамон молҳое дахл доранд, ки аслан дар натиҷаи аз сархади давлатии як мамлакат гузаштан, пурра аз ҳисоби соҳибони мол ситонида мешаванд.
Андозҳои гумрукӣ одатан, аз рўи чунин меъёрҳо тасниф мешаванд:

самти ҳаракати молҳо – андозҳои гумрукӣ мешаванд содиротӣ, воридотӣ ва транзитӣ;
усулҳои муайянкунандаи боҷу хироҷҳо – андозҳои гумрукии адвалорӣ, махсус ва омехта.
Роҳи ҳисобу китоби андозҳои мазкур чунинанд: боҷу хироҷи адвалорӣ ба ҳисоби фоиз нисбат ба нархи мол яъне 5 % аз 100 доллари ИМА (100 х 5 % : 100 + 5 дол.ИМА), боҷу хироҷи махсус бошад ба ҳисоби ченаки мутлақ ба як воҳиди андоза (дона, литр, кило ва г.), омехта бошад қисман бо роҳи андози адвалорӣ ва ҳиссаи дигари он бо роҳи муайян кардани андози махсус, ҳисоб карда мешавад;
3. ҳақи (ставкаи) андозҳо – (он аз ҷониби Ҳукумати ҶТ ва мақомоти дахлдори он ҳар сол бо баъзе тағйироту илова муқаррар карда мешавад);

самти ҳаракати андозҳо – андозҳои гумрукии преференсиалӣ,. дискриминатсионӣ (махдудкунии ҳуқуқӣ) – ҷавобӣ, ҷубронӣ, зиддидемпингӣ ва ғайра;
тавсифи иқтисодӣ – андозҳои гумрукии фискалӣ, протексионистӣ ва экспансионистӣ.
Қисмати дигари воситаҳои вусъатдиҳандаи тиҷорати хориҷӣ ин монеаҳои ғайритарифӣ мебошанд, ки дар амалияи бозори ҷаҳонии молҳо (кору хадамот) ҳоло ҳам мавриди истифода қарор доранд.
Монеаҳои ғайритарифӣ аслан дар фаъолияти робитаҳои иқтисодии хориҷии мамлакатҳо дар кадом шакл зоҳир мегарданд?
Монеаҳои гайрипгарифӣ – онҳо ҳоло дар тиҷорати хориҷӣ маъмулан дар се шакли асосӣ ба назар мерасанд:
Якум, тадбирҳое, ки мустақиман дар фаъолияти оридоти мол бо мақсади ҳимояи соҳаҳои мухталифи стеҳсолоти миллӣ равона карда шудаанд: квотаҳо, итсензияҳо, хироҷҳои ҷубронӣ, депозитҳои воридотӣ, ндозҳои зиддидемпингӣ, ғайра;
Дуввум, тадбирҳои маъмурие, ки ба фаъолияти асосии иҷорати хориҷӣ равона карда шуда, онҳо маҳдудиятҳои мушаххас мебошанд, ки танҳо дар ҳолатҳои зарурӣ ба ягон натиҷа оварда мерасонанд: асноди расмии гумрукӣ, меъёрҳо ва стандартҳои беҳдоштию техникӣ, талаботу дархостҳо доир ба тамғакунӣ ва коғазпечкунии молҳо ва ғайра;
Саввум, тадбирҳои дигаре, ки хоҳу нохоҳ гарчанде истифодаи онҳо ба маҳдудкунии фаъолияти тиҷорати хориҷӣ равона нашуда бошанд ҳам, вале баъзан мавриди истифода қарор мегиранд.
Монеаҳои ғайритарифиро маъмулан аз рўи мазмуну таъиноташон ба ҳафт гурўҳ чудо мекунанд. ки ба катори онҳо шомиланд:

тадбирҳои паратарифӣ;
назорати нархҳо;
тадбирҳои молиявӣ;
танзими миқдорӣ;
литсснзияҳои автоматӣ ё худ махсуси имтиёздор;
инҳисорияти давлатӣ;
монеаҳои техникӣ.


Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *


Уважаемые читатели! Просим вас, оставляя комментарии, уважать друг друга и не злоупотреблять свободой слова.
Администрация сайта будет удалять:
1. Комментарии с грубой и ненормативной лексикой.
2. Оскорбления, угрозы и непристойные высказывания.
3. Высказывания, разжигающие национальную, религиозную и прочую рознь и вражду.
4. Комментарии, содержащие другие нарушения законодательства и прав граждан.
5. Комментарии, рекламирующие и продвигающие другие веб-ресурсы, товары и услуги, а также комментарии, не имеющие отношения к дискуссии.

Пользователи, которые нарушают эти правила грубо или систематически, будут заблокированы.