Среда, Ноябрь 20Вместе создадим светлое будущее!


МУХОҶИРОТИ БАЙНАЛХАЛҚИИ КУВВАИ КОРӢ

Таърихи башарият аз он гувоҳӣ медиҳад, ки ҳаракатҳои бузурги байналхалқӣ ва дохили мамлакатии аҳолӣ захираҳои меҳнатиро низ ба раванди интернаситоналикунонию демократикунонии ҳаёти хоҷагӣ ва иҷтимоӣ-мадании инсоният ва ҳам боиси зиддиетҳои байнимиллӣ, задухурдҳои байни мамлакатҳо, ҳолатҳои фавқулодаю офатҳои зиёде мегардандМухочирати байнидавлатии аҳолӣ ва захираҳои меҳнатӣ
Мухочирати байналхалқии қувваи корӣ ҳамчун шакли муносибатҳои иқтисодии байналхалқӣ ва омилҳои он
1. Мухочирати байнидавлатии аҳолӣ ва захираҳои меҳнатӣ
Таърихи башарият аз он гувоҳӣ медиҳад, ки ҳаракатҳои бузурги байналхалқӣ ва дохили мамлакатии аҳолӣ захираҳои меҳнатиро низ ба раванди интернаситоналикунонию демократикунонии ҳаёти хоҷагӣ ва иҷтимоӣ-мадании инсоният ва ҳам боиси зиддиетҳои байнимиллӣ, задухурдҳои байни мамлакатҳо, ҳолатҳои фавқулодаю офатҳои зиёде мегарданд. Муҳоҷирони ихтиёрӣ, гурезаҳо, муҳоҷирҳои маҷбурӣ дар таърих бисёр ба қайд гирифта шудаанд. Миқёси зиёди онҳо дар давраҳои алоҳидаи таърихӣ боиси пайдоиши масоили глобалӣ гардидаанд.
Ҳиҷрати байнимамлакатии аҳолӣ ва захираҳои меҳнатӣ дар аснои мавҷудиёти фарқиятҳои зиёди дараҷаи тараққиёти иқтисодию иҷтимоӣ ва суръати афзоиши табиии демографӣ дар мамлакатҳо пайдо мешавад. Аз нигоҳи географӣ марказҳои ҳиҷрат (воридшавӣ) мамлакатҳои тараққикарда ба мисли ИМА, Канада, Австралия, аксари мамлакатҳои Аврупо, инчунин мамлакатҳои аз нефт даромади калон гиранда – Арабистони Саудӣ, Баҳрайн, Қувайт, Аморатҳои Муттаҳидаи Араб ва ғайраҳо мебошанд.
Ҳиҷрати (ҳаракати, ҷойивазкунии) берунаи меҳнатӣ аз раванди ҷойивазкунии қувваи корӣ аз мамлакатҳои сусттараққикарда ба мамлакатҳои тараққикарда ба мақсади ба даст овардани кори муваққатӣ иборат аст.
Таҷрибаи ҷаҳонӣ собит намуд, ки ҳиҷрати меҳнатӣ ҳам ба мамлакати эммигратсия (содиркунандаи қувваи корӣ) ва ҳам ба мамлакати иммигратсия (воридкунандаи кувваи корӣ) афзалиятҳо медиҳад. Вале ин ҳолат проблемаҳои тезу тунди иҷтимоӣ-иқтисодиро низ тавлид месозад.
Оқибатҳои фоидабахши ҳиҷрати меҳнатӣ муътадилшавии дараҷаи бекорӣ, сарчашмаи иловагии воридшавии асъори хориҷӣ ва соҳиби донишў таҷрибашавии муҳоҷирон буда, оқибатҳои нохуши он дар тамоюли афзоиши истеъмояи воситаҳои дар хориҷа ба даст омада, майли пинҳондории даромади ба даст омада, аз даст додани «ақлу хирад», баъзан пастшавии дараҷаи касбии муҳоҷирони коркунанда зуҳур меёбад.
Барои бартарафкунии оқибатҳои нохуш ва пурзўркунии самараи мусбӣ аз воситаҳои сиёсати давлатӣ истифода мебаранд. Хатогиҳо дар интихоби сиёсати ҳиҷратӣ реаксияи нохушро ба миён меоранд, ки он дар ҳиҷрати ғайрирасмӣ ва минбаъд фаъолгардонии иҷтимоии мигрантҳои баргашта ва ғайра зоҳир мегардад. Дар ин ҷода махсусан чораҳои сахти бесамару директивӣ ва зарурияти таъсиротҳои бавоситаи координатсионӣ аз ҷониби давлат ва ҳукумат шоҳиданд.

2. Мухоҷирати байналхалқии қувваи корӣ ҳамчун шакли муносибатҳои иқтисодии байналхалқӣ ва омилҳои он
Чи тавре ки маълум аст, ба нимаи дуюми асри ХХ ҳиҷрати омавии аҳолӣ хос аст. Дар баробари бозори молу хизмат, сармоя бо якҷоягии онҳо бозори байналхалқии қувваи корӣ пайдо шуда, амал мекунад. Қувваи корӣ аз як мамлакат ба мамлакати дигар рафта, худро ба сифати мол пешниҳод мекунад. Ҳамин тариқ, ҳиҷрати байналхалқии меҳнатӣ ба амал бароварда мешавад ва он ба қисми муносибатҳои иқтисодии байналхалқӣ табдил мегардад. Ҳиҷрати байналхалқии қувваи корӣ ҷойивазкунии аҳолӣ ба воситаи сарҳади қаламрави муайян (ивазкунии ҷои истиқомат ё баргаштан ба онҷо) бо мақсади ҷустуҷўи ҷои кор мебошад.
Ҳама гуна ҷойивазкунии аҳолӣ нисбати ҳар кадом қаламрав аз селаҳои эммигратсия ва иммигратсия иборат аст. Шакли махсуси ҳиҷрати байналхалқӣ- реэмигратсия вуҷуд дорад, ки он ба ватан баргаштани эмигранти пешина мебошад. Айни ҳол дар амалияи ҷаҳонӣ чунин таснифоти мигратсия пешниҳод карда шуданд:
1) Аз рўи самт:
ҳиҷрат аз мамлакатҳои рў ба тараққию собиқ сотсиалистӣ ба мамлакатҳои тараққикарда; ҳиҷрат дар доираи мамлакатҳои тараққикарда; ҳиҷрати қувваи кории баландихтисос аз мамлакатҳои тараққикарда ба мамлакатҳои рў ба тараққӣ.
2) Аз рўи фарогирии қаламрав:
байниқитъавӣ; дохилиқитъавӣ.
3) Аз рўи дараҷаи касб:
қувваи кории баландихтисос; қувваи кории пастихтисос.
4) Аз рўи вақт:
барнагарданда (байниқитъавӣ);
муваққатӣ (дохилиқитъавӣ); мавсимӣ (ба муздикорёбии ҳарсола равоншуда); маятникӣ (ақрабакӣ) – рафту ои ҳаррўза ба ҷои кор берун аз ҳудуди ҷои истиқомат, мамлакат.
5) Аз рӯи дараҷаи қонунӣ: расмӣ, ошкор; ғайрирасми, ғайри ошкор Шумораи муҳоҷирон дар соли 1960 – 3,2 млн. нафар, соли 1995 – 35 млн., соли 2005 беш аз 45 млн. нафарро ташкил доданд. Агар ба ҳар як муҳоҷири меҳнатӣ 3 нафар хуранда рост ояд, пас шумораи муҳоҷирони охири солҳои 90-ум аз 120 млн. нафар мегузарад. Қисми асосии муҳоҷиронро коргарон ва қисман зиёиён ташкил мекунанд.
Дар амалия ноҳияҳои муайяни географии мигратсияро ҷудо кардаанду онро марказҳои ҷалби коргарон номидаанд ва онҳоро ба марказҳои анъанавию нав ҷудо кардаанд.
Марказҳои анъанавии ҷалби қувваи корӣ:
а) дар қисми ғарби Аврупо – 13 млн. нафар мигрантҳо бо аҳли оилаашон (Олмон, Фаронса, Англия, Швейтсария, Белгия, Шветсия). Ба ин мамлакатҳо асосан коргарони Туркия, Италия, мамлакатҳои шарқии Аврупо, Шарқи Наздиқ, шимоли Африқо меоянд. Дар Аврупои Ғарбӣ бозори ягонаи меҳнат ташкил ёфтааст.
б) ИМА. Шумораи солонаи иммигрантҳо ба ин мамлакат аз соли 1995 дар доираи 650 ҳазор нафар муқаррар карда шудааст. Ба ин ҷо қариб аз тамоми мамлакатҳои ҷаҳон ҳиҷрат доранд; Аҳолии мексикагиҳо 5% қувваи кории мамлакатро ташкил медиҳанд.
в) Австралия. Қариб 200 ҳазор нафар коргарони хориҷа истифода карда мешаванд. Онҳо асосан аз шарқ ва ҷанубу шарқи Осиё, марказу шарқи Аврупо ширкат меварзанд. Аз соли 1982 инҷониб дар мамлакат сиёсати ҳиҷратӣ гузаронида мешавад ва дар навбати аввал касоне қабул карда мешаванд, ки онҳо дар иқтисодиёти мамлакат сармоягузорӣ менамоянд. Дар ибтидои солҳои 90-уми асри ХХ ба иқтисодиёти мамлакат 1,2 млрд. долл. дохил шуда буд, 9 ҳазор инвесторон ва 28 ҳазор нафар аъзоёни оилаи онҳо рухсатнома гирифтанд.
Дар охири солҳои 60-ум ва авали солҳои 70-уми асри ХХ марказҳои нави ҷалби қувваи корӣ пайдо шуданд. Хусусияти хоси ин марказҳо суръати баланди афзоиши иқтисодӣ, тараққии саноати маснуотбарорӣ, ҳаҷми ,$иёди ҷалби инвеститсияи хориҷӣ бо ташкили филиалҳои ширкатҳои транснатсионалӣ мебошанд.
Ба ин марказҳо дохил мешаванд:

Мамлакатҳои минтақаи Осиё-Уқёнуси Ором, ки воридотчиёни асосӣ Бруней, Ҷопон, Гонконг, Малайзия, Покистон, Сингапур, Тайван, Кореяи Ҷанубӣ мебошанд.
Истихроҷкунандагони нафти Шарқи Наздик, ки дар ибтидои солҳои 90-ум 4,5 млн. коргари хориҷӣ доштанд (коргарони маҳаллӣ – 2 млн. нафар). Коргарони хориҷа дар шумооаи умумии коргарони Аморатҳои муттаҳида Араб 97%, Қатар 95,6%, Қувайт – 86,5%-ро ташкил медиҳанд. Содиротчии асосии қувваи корӣ дар ин ҷо Миср аст. Аз Ливан, Сурия, Урдун, Ҳиндустону Покистон, Филипинҳо ва ғайраҳо низ коргарони зиёд меоянд.
Мамлакатҳои Амрикои Лотинӣ, ки шумораи мигрантҳояшон 3 млн. нафар аст. Ин ҷо асосан ҳиҷрати мавсимии кишоварзӣ паҳн шуда, ҳиҷрати кўтоҳмуддат дар филиалҳои ширкатҳои транснатсионалии «Ҷенерал Моторс», «Фолксваген», «Фиат», «Нестле» дида мешаванд.
Мамлакатҳои Африқо, ки ба он ҳиҷрати дохилӣ хос асту миқдори муҳоҷирон 2 млн. нафар буданд. Воридочиёни асосӣ мамлакатҳои шимоли Африқо ва ҶАҶ буда, копарон дар истихроҷи алмос, тилло, уран ширкат меварзанд.
Россия. Аз иллати тавлиди кам ва фавти зиёди солҳои охир ин мамлакат ба воридкунандаи қувваи корӣ табдил ёфтааст. Иммигрантҳои Россияро асосан хориҷиёни наздик ташкил медиҳанд. Шумораи умумии онҳо 1,2 млн. нафар (аввали соли 1997), аз ҷумла 530 ҳазор нафар аз хориҷи дур, буданд. Шумораи гурезагон 703 ҳазор нафарро ташкил медиҳад.


Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *


Уважаемые читатели! Просим вас, оставляя комментарии, уважать друг друга и не злоупотреблять свободой слова.
Администрация сайта будет удалять:
1. Комментарии с грубой и ненормативной лексикой.
2. Оскорбления, угрозы и непристойные высказывания.
3. Высказывания, разжигающие национальную, религиозную и прочую рознь и вражду.
4. Комментарии, содержащие другие нарушения законодательства и прав граждан.
5. Комментарии, рекламирующие и продвигающие другие веб-ресурсы, товары и услуги, а также комментарии, не имеющие отношения к дискуссии.

Пользователи, которые нарушают эти правила грубо или систематически, будут заблокированы.