Среда, Ноябрь 20Вместе создадим светлое будущее!


ИНТИҚОЛИ БАЙНАЛХАЛҚИИ ТЕХНОЛОГИЯҲО

Дар иқтисодиёти байналхалқӣ ҳаракати байналхалқии технологияро ҳамчун савдои байналхалқии моли махсус ва ҳаракати байналхалқии омили истеҳсолот, яъне захирае, ки барои истеҳсоли моли дигар лозим аст баррасӣ карда мешавад.1. Назарияҳои таъсири прогресси техникӣ ба савдои байналхалқӣ
2. Механизмҳои интиқоли байналхақии технология

Назарияҳои таъсири прогресси техникӣ ба савдои байналхалқӣ
Дар иқтисодиёти байналхалқӣ ҳаракати байналхалқии технологияро ҳамчун савдои байналхалқии моли махсус ва ҳаракати байналхалқии омили истеҳсолот, яъне захирае, ки барои истеҳсоли моли дигар лозим аст баррасӣ карда мешавад. Технологияро мисли меҳнат захираи мустақилона ё бо захираҳои амволӣ якҷояшудаи (замин ва сармоя) инсонӣ, ки барои истеҳсоли молҳо истифода мешавад, ҳисобидан мумкин аст.
Технология (technology) – усулҳои илмии бадастории мақсадҳои амалӣ. Ба маҳфуми технология одатан се маҳфум дохил мешаванд: технологияи маҳсулот, технологияи ҷараёнҳо ва технологияи идоракунӣ.
Технологияи нав, ки ба кам кардани арзиши истеҳсолот мусоидат менамояд, бо зиёд намудани иқтидори истеҳсолӣ, яъне афзоиши дигар омилҳои истеҳсолот эевивалент мебошад. Он қадаре, ки ҷорикунии технологияи нав ҳосилнокии меҳнатро баланд намояд, вайро ҳамчун тарзи зиёднамоии омилҳои истеҳсолоти дигар ё ин, ки ҳамчун омили мустақили истеҳсолот ҳисобидан мумкин аст. Агар технология ҳамчун тарзи зиёднамоии омилҳои истеҳсолоти дигари истеҳсолот ҳисобида шавад, он гоҳ таҳлили таъсири он ба савдои байналхалқӣ бо модели Хекшер – Олин тасвир меёбад. Ҷорикунии технологияи нав бо он омили истеҳсолот эвивалентнок аст, ки ҳосилнокии кадоме бо ин технология баланд мешавад.
Агар технология ҳамчун омили мустақили истеҳсолот ҳисобида шавад аз як тараф вай ба тағйирёбии шарти савдои моли мамлакат, ки бо ин технология истеҳсол шудааст таъсир мерасонад, аз тарафи дигар худи технология ҳамчун предмети савдои байналхалқӣ баромад менамояд. Интиқоли байналхалқии технология ҳам дар шакли соф (савдои шаҳодатномаҳо, ҷавозномаҳо, «ноу-хау») ва ҳам дар намуди савдои молҳои ғунҷоиши технологиашон баланд ба амал тадбиқ карда мешаванд. Дар ҳолати дуввум ҳаракати байналхалқии технология ҳамчун омили истеҳсолот аз нуқтаи назари оморӣ аз савдои дигар молҳо фарқ надорад.
Интиқоли байналхалқии технология (international technology transfer) – ҳаракати байнидавлатии дастовардҳои илмӣ-техникӣ дар асоси тиҷоратӣ ё ройгон мебошад.
Дар иқтисодиёти байналхалқӣ интиқолдиҳандаи технология молҳо ва дигар омилҳои истеҳсолот баромад карда метавонанд: молҳо – дар ҳолати савдои байналхалқии молҳои дорои технологияи баланд; сармоя – дар ҳолати савдои байналхалқии молҳои сармояталаби дорои технологияи баланд; меҳнат – дар ҳолати муҳоҷирати байналхалқии ашхосҳои баландихтисоси илмӣ-техникӣ; замин – дар ҳолати савдои захираҳои табиӣ, ки барои коркардашон дастовардҳои илмӣ-техникии навтарин истифода шудааст. Мисли дигар омилҳои истеҳсолот дар асоси ҳаракати байналхалқии технология тақсими байналхалқии ў, яъне таърихан бавуқўъ пайваста ё дар асоси ҷамъ кардани намудҳои алоҳидаи он дар мамлакатҳои мухталиф, ки ҳамчун заминаи истеҳсолоти моли муайян, ки аз дигар мамлакатҳо аз нуқтаи назари иқтисодӣ самаранок аст баромад намуда ба даст оварда шудааст. Тақсимоти байналхалқии технологӣ ин натиҷаи фарқияи сатҳи рушди прогресси илмӣ-техникӣ, ки дар мамлакатҳои алоҳида ба даст оварда шудааст, ба ҳисоб меравад, ва як қадар ҳамчун натиҷаи фарқияти таъминнокии чунин омилҳои истеҳсолот, ба монандӣ: меҳнат ва сармоя баромад менамояд. Вай инчунин гуногун таъминии мамлакатро бо захираи дониш, яъне суммаи ахборотҳои илмӣ-техникӣ, ки дар муассисаҳои илмӣ, адабиёт ва ғ. сарҷамъ карда шудаанд, фаро мегирад.

Механизмҳои интиқоли байналхақии технология
Ба ивази байналхалқии технологӣ ҳар чор соҳаи фаъолияти инсонӣ – илм (қонуниятҳои назариявии дарки табиат), техника (таҷрибаи дигаргунсозии табиат), истеҳсолот (офариниши неъматҳои моддӣ) ва идоракунӣ (амал барои ҳалли вазифаҳои истеҳсолӣ ва монанди ин). Бинобарон, ки технология ҳангоми таҷассум ба мол ҳадду канор надорад, асоси интиқоли он байни мамлакатҳо бо ҳимояи ҳуқуқӣ таъмин карда мешавад.
Шаклҳои ҳуқуқии ҳимояи технологияҳо
Дар бештари мамлакатҳо технологияи нав бо як ё якчанд олотҳои ҳуқуқӣ – шаҳодатнома (патент), ҷавознома (литсензия), копирайт, тамғаи молӣ ҳимоя карда мешавад.
Патент – шаҳодатномаест, ки аз тарафи мақомоти салоҳиятдоштаи ҳоқимият ба ихтирокор дода мешавад ва ҳуқуқи монополии вайро дар истифодаи ин ихтироот тасдиқ менамояд. Патент ба соҳибаш ҳуқуқи моликиятиро ба ихтирооте, ки одатан бо бақайдгирии тамғаи молӣ ва намунаи саноатӣ мустаҳкам карда мешавад. Тахмин наздик ҳамаи молҳе, ки ба бозор гузошта мешаванд, патентнок карда шудаанд. Одатан мўҳлати амали патент бо 15-20 сол маҳдуд шуда, танҳо дар дохили он мамлакате, ки вайро додааст амал мекунад. На ҳамаи ихтироотҳо бо патент ҳимоя карда мешавад. Қобили патент будани ихтироот онро мефаҳмонад, ки вай ҳалли масъаларо бо воситаи сохтани мошини нав ё ҷараёнҳои технологӣ, ки дорои навкорӣ буда, аз сатҳи қарорҳои муҳандисии оддӣ дар ҳалли масъалаҳои техникӣ баланд ва дар амал тадбиқ шуданаш мумкин аст. Барои дар қувва нигоҳ доштани патент аз тарафи дорандаи ў бояд ҳарсола боҷи патент ба манфиати давлат пардохт карда шавад. Аз ин лиҳоз, соҳиби патент гоҳ гоҳ ҳуқуқ ба патентро ба манфиати давлат мегузорад, ки кадоме дар навбати худ бо тариқи тиҷоратӣ истифода намуда метавонад.
Ҷавознома – иҷозати соҳиби диҳандаи технология (литсензиар), ки бо патент ҳамоя карда шудааст ё нашудааст ба тарафи ҳавасманд (литсензиат) оиди истифодаи ин технология дар мўҳлати муайяни вақт ва пардохти муаян мебошад.
Копирайт (ҳуқуқи такроркунӣ) – ҳуқуқи муаллифии асарҳои адабиётӣ, аудио ва ё видео эъҷодиётҳо ба намоиш ва такрори кори худ мебошад.
Тамғаи молӣ – рамзи ташкилоти муаяйн, ки барои фардӣ кунонии истеҳсолкунандаи мол истифода шуда, кадоме аз тарафи ташкилотҳои дигар бе иҷозати расмии соҳибаш номумкин аст. Ин одатан расм, тасвири граффикӣ, вобастагии ҳарфҳо, номи асосгузор ё соҳиби ширкат мебошад. Тамғаи молӣ дар ҳолати аз тарафи ягон кас мубоҳиса карда нашуда бошад дар мўҳлати муайян, ки қонунгузорӣ муайян карда аст истифода шуданаш мумкин аст. Ҳангоми содироти мол тамғаи молӣ одатан дар мамлакати содиркунанда аз қайд гузаронида мешавад.

Шаклҳои интиқоли технология
Интиқоли байналхалқии технология дар шаклҳои зерин амалӣ шуданаш мумкин аст:
Созиши патентӣ – созиши савдои байналхалқиест, ки мувофиқи он соҳиби патент ҳуқуқи худро оиди истифодабарии ихтироот ба харидори патент медиҳад.
Созиши ҷавозномавӣ – созиши савдои байналхалқиест, ки мувофиқи он соҳиби ихтироот ё донишҳои техникӣ ба тарафи дигар иҷозати истифодабарии ин моликияти худро дар ҳудуди салоҳияти худ медиҳад.
«Ноу-хау» – пешниҳоди таҷрибаи техникӣ ва сири истеҳсолот, ки хусусиятҳои технологӣ, иқтисодӣ, маъмурӣ ва молявиро дар бар гирифта истифодаашон бартарияти муайянро таъмин менамояд. Дар чунин ҳолат одатан предмети хариду фурўш ихтирооти патенткарданашуда, ки арзиши тиҷоратӣ дорад, мебошад.
Инҷиниринг – пешниҳоди донишҳои техникӣ, ки барои соҳиб шудан, монтаҷ кардан ва истифодаи мошинаҳо ва дастгоҳҳои харидашуда ё ба иҷора гирифташуда лозиманд, мебошад. Онҳо чораҳои комплексии васеъро оиди омодасозии асосноккунии техникию иқтисодии лоиҳаҳо, амалисозии машварат, назорат, лоҳиҳакашӣ, санҷиш, хизмати кафолатӣ ва баъди кафолатиро дар бар мегирад.
Ба ғайр аз ин, бо тариқи тиҷоратӣ технология байни мамлакатҳо дар чорчўбаи созишномаҳо оиди ҳамкории саноатӣ, кооператсияи илмӣ-техникӣ ва истеҳсолӣ, оиди ҳамкориҳои сармоягузорӣ ва дигар шаклҳои ташкилиб ҳуқуқӣ интиқол дода мешавад. Дар шакли ғайритиҷоратӣ интиқоли байналхалқии технология бо чунин чорабиниҳо ба монандӣ: намоишҳо, конфронсҳои илмӣ, симпозиумҳо, ивази нашрияҳо ва ғ. амалӣ мешавад.


Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *


Уважаемые читатели! Просим вас, оставляя комментарии, уважать друг друга и не злоупотреблять свободой слова.
Администрация сайта будет удалять:
1. Комментарии с грубой и ненормативной лексикой.
2. Оскорбления, угрозы и непристойные высказывания.
3. Высказывания, разжигающие национальную, религиозную и прочую рознь и вражду.
4. Комментарии, содержащие другие нарушения законодательства и прав граждан.
5. Комментарии, рекламирующие и продвигающие другие веб-ресурсы, товары и услуги, а также комментарии, не имеющие отношения к дискуссии.

Пользователи, которые нарушают эти правила грубо или систематически, будут заблокированы.