Суббота, Ноябрь 23Вместе создадим светлое будущее!


МУНОСИБАТҲОИ БАЙНАЛХАЛҚИИ АСЪОРИ-ҚАРЗИ ВА МОЛИЯВӢ

Муносибатҳои байналхалқии асъор яке аз шаклҳои бонуфузи муносибатҳои иқтисодии байналхалқӣ буда, дар шароити истифодабарии пул ва алоқаҳои ҷаҳонии хоҷагӣ ба вуҷуд омада, намуди махсуси муносибати иқтисодиро мегиранд.Муносибатҳои байналмиллалии асъор
Таҳаввулоти системаи ҷаҳонии асъор
Асъор ва курси асъор
1. Муносибатҳои байналхалқии асъор
Муносибатҳои байналхалқии асъор яке аз шаклҳои бонуфузи муносибатҳои иқтисодии байналхалқӣ буда, дар шароити истифодабарии пул ва алоқаҳои ҷаҳонии хоҷагӣ ба вуҷуд омада, намуди махсуси муносибати иқтисодиро мегиранд. Дар аксар мавридҳо мубодилаи мутақобилаи натиҷаҳои фаъолияти хоҷагӣ ва ҳисоботҳои байналхалқии ба он алоқаманд дар шакли пул ба амал бароварда мешаванд. Аз ин рў, воҳиди пулии мамлакат ба воҳиди пули мамлакати дигар муқобил меистад. Пули миллӣ дар дохили худи мамлакат воҳиди пулии миллӣ буда, вақте ки он бо сабабҳои гуногун аз ҳудуди миллӣ берун меравад, сифати нав пайдо мекунад, яъне ба асъор табдил меёбад. Истифодаи воҳиди пулӣ дар соҳаҳои гуногун сабаби бисёрмазмунии ибораҳои асъор гардида бо:
– воҳиди пулии ҳамин мамлакат;
– аломат (тамғаҳо)-и пули давлати хориҷӣ;
– воҳидҳои байналхалқии ҳисобҳои асъорӣ ифода карда мешаванд.
Муносибатҳои асъорӣ ҷамъи муносибатҳои пулии амалиётҳои пардохти ҳисобҳои байни хоҷагиҳои миллии муайянкунанда буда, онҳо ба вазъиятҳои муносибатҳои иқтисодии байналхалқӣ ба ҳам алоқаманд мебошанд. Ҳама гуна тағйиротҳо дар шаклҳои он ба муносибатҳои асъорӣ таъсир мерасонад. Вале анъанаи баръакс мавҷудаст. Барои танзими муносибатҳои асъории дар байни мамлакатҳо ба вуҷуд омада системаи асъорие зарур аст, ки ин система аз кулли муносибатҳои пулӣ-қарзии дар байни субеъктҳои хоҷагии ҷаҳон дохил гардида (дар чорчўбаи интернатсионалигардонии ҳаёти хоҷагӣ ва инкишофи бозори ҷаҳон) ва дар созишномаҳои байналхалқию нормаҳои давлатӣ-ҳуқуқӣ мустаҳкамгардидаро ба тартиб дарорад.
Баробари интернатсионалонии алоқаҳои хоҷагӣ системаи асъории миллӣ, ноҳиявӣ ва ҷаҳонӣ ташкил меёбанд.
Сарнахуст системаи асъории миллӣ пайдо гардида, он шакли ташкили муносибатҳои асъории мамлакатро, ки таърихан ташкилёфтаю ба қонуни миллӣ ва урфу одатҳои ҳукуқи байналхалқӣ мустаҳкамгардида мебошад, ташкил менамояд.
Системаи асъории миллӣ тамсили системаи пулии дохилӣ буда, бо аломатҳои хоси он система мусоидат менамояд, дар ҳамон замон вай мустақшгаяти нисбӣ дошта, аз доираи миллӣ берун меравад.
Системаи асъори миллӣ якчанд вазифаҳоро иҷро менамояд:
Ташкилу истифодаи захирадои асъорӣ; таъмин намудани алоқаҳои иқтисодии берунаи мамлакат; таъмин намудани шароитҳои муътадили амали хоҷагии миллӣ ва ғайра.
Системаи асъории минтақавию ҷаҳонӣ симои байналхалқӣ дошта, бо мубодилаи тарафайни натиҷаҳои фаъолияти субъектҳои иқтисодиёти миллӣ хизмат мерасонанд.
Системаи асъори минтақавӣ шакли ташкили муносибати асъории як қатор давлатҳои минтақаи муайян буда, дар созишномаҳои байнидавлатӣ ва таъсиси институтҳои молиявӣ-қарзни байнидавлатӣ мустақкам карда шудааст. Мисоли равшан ин система системаи аврупоии асъор мебошад.
Системаи ҷаҳонии асъор шакли глобалии ташкили муносибатҳои асъорӣ дар доираи хоҷагии ҷаҳонӣ мебошад, ки он дар шзишномаҳои чандинтарафаи байнидавлатӣ мустаҳкам карда шуда, аз ҷониби ташкилотҳои байналхалқии асъорию қарзӣ ва молиявӣ танзим карда мешавҳд. Ин система муносибатҳои асъорӣ ва механизми асъориро дар бар мегирад. Муносибатҳои асъорӣ дар асл ҳамчун равобити субъектҳои иқтисодӣ: шахсони алоҳида, фирмаю бонкҳо дар бозорҳои пулию асъорӣ, ба мақсади дар амал тадбиқ намудани ҳисобкуниҳои байналхалқӣ, амалиётҳои қарзию асъорӣ ба роҳ монда мешаванд. Механизми асъорӣ аз нормаҳои ҳуқуқӣ ва воситаҳои онҳо, чӣ дар сатҳи миллӣ ва чӣ дар сатҳи байналхалқӣ амал менамояд.
Системаи ҷаҳонии асъор дар иҷрои вазифаи хоҷагии ҷаҳонӣ таҷассум меёбад, ки онҳо чунинанд:

Ғайримустақим гардонии алоқаҳои иқтисодии байналхалқӣ;
таъмин намудани муомилоти пардохтӣ-ҳисобӣ дар доираи хоҷагии ҷаҳон;
таъмин намудани шароитҳои зарурӣ оид ба раванди мўътадили такрористеҳсол ва муомилоти доимии молҳои истеҳсолкарда шуда;
танзим ва боҳам мутобиқгардонии тартиботи системаи асъори миллӣ;
умумӣ ва стандартигардонии услубҳои муносибатҳои асъорӣ.
Баробари интернатсионалонии ҳаёти хоҷагӣ ҳудуди байни системаҳои асъории миллию ҷаҳонӣ аз байн меравад. Номуозинӣ дар системаи асъории алоҳидаи миллӣ бо системаҳои минтақавию ҷаҳонии асъор таъсири номатлуб расонида, зарурияти ислоҳотро дар системаи асъории минтақавӣ ё худ дар системаҳои миллии гуногун ва системаи ҷаҳонӣ ба вуҷуд меорад.

2. Таҳаввули системаи ҷаҳонии асъорӣ
Системаи ҷаҳонии асъор дар ташаккул ва инкишофи худ давраҳои зиёдеро аз сар гузаронидаасту ҳар яке аз ин давраҳо тибқи услубҳои амали худ аз ҳам дигар фарқ доранд. Одатан чунин давраҳои инкишофи системаи асъорро фарқ мекунанд:

Системаи асъори Париҷ (аз соли 1867 то соли 1920);
Системаи Генуэз (аз соли 1922 то соли 1930);
Системаи Бреттон-Вуд (аз соли 1944 то соли 1976);
Системаи Ямайка (аз соли 1976 то ин ҷониб).
Системаи асъории Париҷӣ ба таври худ ба худ, тавассути инқилоби саноатии асри ХIХ, дар базаи васеъшавии савдои байналхалқӣ, дар шакли стандарти пули тиллоӣ ташкил ёфтааст. Дар ин давра системаҳои асъории миллию ҷаҳонӣ аз ҳам ҷудо буда, фақат тилло вазифаи пули ҷаҳониро иҷро менамуд ва дар бозор нақши пардохтро аз рўи вазн иҷро менамуд.
Дигаргунсозиҳои таркибии тараққиёти капитализм дар охири асри ХIХ ва ибтидои ХХ, буҳронҳои иқтисодии ҷаҳонӣ ва ҳолати инқилобӣ дар як қатор мамлакатҳо сабаби аз байн рафтани системаи асъори Париж гардид. Соли 1922 ба ҷои он системаи асъори Генуэз қабул гардид, ки он дар асоси стандарти тилло-девизӣ (илова ба тилло девизҳо – асъорҳои хориҷӣ истифода бурда мешуданд) асос гирифт. Афзалиятҳои тиллоӣ нигоҳ дошта шуданд. Як чанд вақт дар мамлакатҳои алоҳида (ИМА, Англия, Фаронса) низ стандарти тиллоӣ истифода мешуд. Системаи Генуэт дер давом накард. Дар нимаи аввали солҳои 30-юмин системаи ҷаҳонии асъор ба ларзиши пурзўр дучор омад, ки онро буҳрони иқтисодии ҷаҳонӣ сабаб шуда буд. Ин буҳрон соҳаи пуллию қарзиро низ ба коми худ кашид. Стандарти тиллодевизӣ ба ҳолатӣ аз байнрафтан гирифтор шуд. Дар интиҳои Ҷанги дуюми ҷаҳон ивази банкнот ба тилло дар ИМА гузаронида шуд.
Дар рафти Ҷанги дуюми ҷаҳон таносуби иқтисодии қувваҳои ҷаҳон ба дигаргуниҳои куллӣ дучор омад. ИМА давлати пурқудраттарини ҷаҳон гаридида, мавқеи Англияю Фаронса суст ва иқтиседиёти Олмону Ҷопон валангор гардид. Дар чунин шароит таҳия намудани лоиҳаҳои ислоҳоти системаӣ ҷаҳонии асъор зери таъсири пурзўри ИМА ва Англия сурат гирифт.
Асоси системаи нави асъорро услубҳои зер ташкил доданд:
-нигоҳ дошта шудани стандарти тиллодевизӣ;
– нигоҳ дошта шудани афзалияти тилло, истифода шудани тилло дар шаклҳои гуногун;
– афзалияти тилло дар алоқаи доллари ИМА.
Дар ин асно тилло ба доллар фақат аз ҷониби банкҳои марказӣ иваз карда шуд. Тилло ба сифати воситаи пардохт ва захираҳои байналхалқӣ истифода бурда мешуд. Дар баробари доллар ҳамчун асъори захиравӣ, фунт стерлинги Англия низ иагифода карда мешуд. Дар амалия доллар ягона асъори бо тилло ивазшаванда қадр карда мешуд.
Ин системаро системаи Бреттон-Вуд номидаанд. Зеро ин система дар конфронси байналхалқии дар шаҳри Бреттон-Вуд шуда гузашта, ба таври ҳуқуқӣ (соли 1944) қабул карда шуда буд.
Хусусияти муҳими дигари ин система гузаштан ба системаи курбҳои асъории бақайдгирифта шуда буд, ки онҳо аз ҳудуди муқаррар кардашуда метавонистанд дучори калобишҳое гарданд. Дар натиҷа ду ташкилоти асъорӣ-қарзию молиявӣ – Фонди байналхалқии асъор ва Бонки байналхалқии тараққиёт ва азнавсозӣ таъсис дода шуданд, ки онҳо мебоист ба мамлакатҳои аъзо,- дар аснои камбуди баланси пардохт, гум шудани муътадилии асъори миллӣ ва барои муқаррар намудани назорат аз болои уҳдадориҳои қабулкардаи мамлакатҳои аъзо, қарз диҳанд.
Системаи Бреттон-Вуд пурзўршавии мавқеи иқтисодии ИМА-ро дар солҳои баъдиҷангӣ дар ҷаҳон ифода намуда, каму беш бомувафақият амал мекард. Вале солҳои 60-уми асри XX мавқеи ИМА коста шуда, солҳои 70-ум ба буҳрон гирифторшавии системаи Бреттон-Вуд ба миён омад. Як қатор иқтисоддонҳо ва арбобони сиёсӣ оид ба зарурияти гузаштан ба қурбҳои шиновари асъор пешниҳодҳо ба миён гузоштаанд. Мувофиқи ақидаҳои онҳо ин ҳолат метавонад мустақилияти давлатро оид ба гузаронидани сиёсати қарзию пулӣ таъмин намояд. Зеро дар ин ҳолат зарурияти нигоҳдории қурби муътадили асъор аз байн меравад. Ҷорикунии қурбҳои шиновари асъор дусиметриявӣ будани системаро низ барҳам дод: 1) аз як тараф, фақат ИМА арзаи ҷаҳонии пулро муайян намуд; 2) аз тарафи дигар, мамлкатҳое, ки асъори худро девалватсия карда метавонистанд (нисбати доллар), ИМА аз чунин имконият маҳрум мегардиданд.
Дар охири охирон, қурбҳои шиновари асъор воситаи муътадилгардонии ҳолати гаиританосубӣ буда метавонанд. Аз чумла, онҳо бар зидди таваррум воридотӣ баромад карда метавонистанд. Қатъи назар аз он, ки ин ақидаҳо аз ҷониби умум эътироф нашуда бошанд ҳам, худи раванди айнии ҳодисаҳои пайдоиши буҳрон ва сониян, боиси азбайнравии системаи Бреттон-Вуд гардиданд.

Ҷустуҷўи роҳҳои халосӣ аз буҳрон ва ивазкунии системаи Бреттон-Вуд ба системаи Ямайка оварда расонд.
Созишномаи дар шаҳри Кунчестони Ямайка ба имзо расида (соли 1976), дар соли 1978 қувват пайдо карда, ба тадбиқи ҳуқуқии системаи чоруми ҷаҳонии асъор сабаб гардид.
Ниҳоят ҷои «стандарти тиллодевизиро» «стандарти хуқуқи махсуси қарзгирӣ» иваз намуд, ки он дар охирҳои соли 60-ум таъсис дода шуд ва яке аз активҳои байналхалқӣ дар намуди қайдкунӣ дар китоботи махсус дар Фонди байналхалқии асъор ба шумор мерафт. Арзиши як воҳиди ҳуқуқи махсуси қарзгирӣ дар асоси сабати асъорӣ муайян карда мешуд. Дар таркиби он ҳоло доллари амрикоӣ, фунт-стерлинги англисӣ, иени ҷопонӣ, еврои Аврупои Ғарбӣ дохиланд (ба ҳисоби фоиз). Бо сабаби гузаштан ба ҳуқуқи махсуси қарзгирӣ демонитарикунонии тилло ба охир расид, яъне вазифаи пуллии тилло ба итмом расид. Афзалиятҳои тилло барҳам дода шуданд. Мамлакатҳои аъзои Фонди байналхалқии асъор ҳуқуқи интихоби ҳама гуна тартиботи қурби асъорро пайдо намуданд.
3. Асъор ва қурбҳои асҳорӣ
Ба ҳамагон маълум аст, ки унсури базавии ҳама гуна системаи асъориро асъор ташкил медиҳад.
Мафҳуми асъор на фақат иваз намудани навъи пул, балки тарзи махсуси амали онҳо (пул)-ро ифода мекунад (ҳангоми пулҳои миллӣ воситаи амалиётҳои савдоӣ, қарзӣ, пардохтӣ-ҳисоботӣ будан).
Аз рўи нақшу мақом асъорро ба чунин намудҳо тасниф менамоянд:

миллӣ (воҳиди пуллии ҳамон мамлакат, ки аз рўи қонун муқаррар карда шуда, ҳамчун воситаи қонунии пардохт дар қаламрави мамлакат, амал менамояд);
хориҷӣ (банкнотҳо, тангаҳо ва талаботҳое, ки дар асъори мамлакатҳои дигар ифода ёфтаанд ва воситаҳои қонунии пардохт, ки дар қаламрави мамлакатҳои дигар хизмат мекунад);
байналхалқии шартӣ (СДР)
минтақавии шартӣ (ЭКЮ, аз 1.01.99 – евро);
евроасъор (асъорҳое, ки дар ҳисоботи мамлакатҳои сеюм иштирок намуда, онҳо аз ҷониби ташкилотҳои молиявии мамлакат-эмитент назорат карда намешаванд).
Дар системаи ҷаҳонии асъор як қатор воситаҳо ба таври расмӣ мақоми асъори захиравиро дороянд, ки онро Фонди байналхалқии асъор таъсис додааст. Асҳори захиравӣ (резервӣ) асҳори ивазшаванда буда, вазифаи асъори пардохту захиравиро ичро менамояд ва барои муайянкунии бартарии асҳор ба қурби асҳори дигар мамлакатҳо ва барои гузаронидани сармоягузории асъорӣ ва барои ташкил намудани захираҳои тиллоии асъории давлат истифода бурда мешавад. Таиноти асосии он хизматрасонӣ ба муносибатҳои иқтисодии байналхалқӣ аст. Дар асҳори захиравӣ мамлакат қурбнокии фаъоли худро нигоҳ медорад ва он аз ҳисоби савдои манфии баланси пардохт пўшонида мешавад.
Мувофиқан ба динамикаи курби асъор асъорҳоро бо асъори «баруманд» ва «нотавон» ҷудо мекунанд. Асъоре, ки қурбаш нисбатан ба воҳиди пули миллии дигар бартарӣ дорад ва ё муддати тулонӣ муътадил боқӣ мемонад, бо қурби асъори «баруманд» ва асъоре, ки нисбати дигар асъорҳои миллӣ қурбаш паст мешавад, ба ҷумлаи асъори «нотавон» мансуб медонанд. Дар Амалия ба сифати асъори пурзўр асъорҳои мамлакатҳои фавқулинкишоф ва асъори «нотавон» асъори мамлакатҳои сустинкишофёфта ва иқтисодиёти номуътадил доштаро дохил мекунанд.
Вобаста ба дараҷаи меъёри табдил асъорҳои мамлакатҳои хоҷагии ҷаҳонро ба чунин намудҳо ҷудо мекунанд:

Асъорҳои қобили табдил, ки қобилияти номахдуди ивазшавандагии пурраи дохилию берунӣ доранд ва барои ташкил намудани асъорҳои захиравӣ имконият медиҳанд, онҳоро асъори бо таври озод ивазшаванда меноманд. Мувофиқи амри Фонди байналхалқии асъор доллари амрикоӣ, еврои Иттиҳоди Аврупо, иени Ҷопон, фунт стерлинги англия, франки швейтсария ба ин гурўҳ дохил карда шудаанд.
Асъори қисман ивазшаванда асъорест (дохилӣ ва берунӣ), ки на ба ҳамаи асъорҳои хориҷӣ иваз мешаванд ва ба онҳо маҳдудияти асъориро истифода мебарад;
Асъорҳои ивазнашаванда (сарбаста) асъорҳое мебошанд, ки фақат дар дохили як мамлакат амал карда, дар бозори ҷаҳонии асъор иваз намешаванд.
Унсури дигари системаи асъорро тартиби (реҷими) қурби асъор ташкил медиҳад.
Қурби асъор – нархи воҳиди пулии ҳамон мамлакате мебошад; ки дар воҳиди пули дигар мамлакат ифода меёбад.
Қурби асъор барои барқароркунии таносуби мубодилаи асъор ҳангоми савдои байналхалқии молу хадамот, ҳаракати сармоя дар шакли инвеститсия ва қарзҳо, барои муқоисаи нарх дар бозори ҷаҳонии мол ва нишондиҳандаҳои нархии мамлакатҳои гуногун, аз нав ҳисобкунии ҳисоботҳои фирмаҳо, бонкҳо, ҳукумат, шахсони алоҳида бо асъори хориҷӣ зарур мебошад.
Асоси қурби асъорро афзалияти асъорӣ ташкил медиҳад, ки он аз таносуби байни ду асъор иборат буда, қонунан барқарор карда мешавад. Дар айни замон, афзалиятнокӣ дар мамлакатҳои аъзои Иттиҳоди Аврупо фаъолона ба кор бурда мешавад.
Дар амалия қурбҳои асъор аз рўи афзалиятнокии тасодуфӣ ё дар мўҳлати хело кўтоҳ ба ҳам мувофиқ меоянд (дар аснои баробарии тақозою арза). Қурбҳои асъорӣ дар давраи стандарти тиллоӣ метавонистанд аз афзалиятнокӣ танҳо дар ҳудуди «нуқтаи тиллоӣ», яъне ± 1% ба ҳар кадом тараф майл кунанд. Зеро ҷамъи ҳамаи хароҷотҳо аз рўи фиристодани тилло аз 1% нархи он зиёд набуд. Баъди аз даст додани мавқеи пулии тилло эталони нави асъор СДР қабул шуда буд. Ҳоло қурби асъор на танҳо аз мазмуни тиллоӣ, балки аз як қатор омилҳо вобастагӣ дорад. Ин ҳам бошад:
– қобилияти харидории асъор;
– нишондиҳандаҳои макроиқтисодии мамлакат -МУМ, МУД, ДМ (даромади миллӣ) ва ғайра;

дараҷаи таваррум ва интизориҳои он; -вазъитарози пардохти мамлакат;
сиёсати асъор;
дараҷаи ставкаи фоиз;
тез ва ё сустшавии пардохти байналхалқӣ;
қобилиятпазирии бозори асъор;
дараҷаи боварӣ ба асъор;
омилҳои субъективӣ ва ғайра.
Ба ҳар кадом системаи асъор тартиби қурби асъори худ, яъне механизми муайянкунию тағйирёбии он мувофиқ мебошад.


Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *


Уважаемые читатели! Просим вас, оставляя комментарии, уважать друг друга и не злоупотреблять свободой слова.
Администрация сайта будет удалять:
1. Комментарии с грубой и ненормативной лексикой.
2. Оскорбления, угрозы и непристойные высказывания.
3. Высказывания, разжигающие национальную, религиозную и прочую рознь и вражду.
4. Комментарии, содержащие другие нарушения законодательства и прав граждан.
5. Комментарии, рекламирующие и продвигающие другие веб-ресурсы, товары и услуги, а также комментарии, не имеющие отношения к дискуссии.

Пользователи, которые нарушают эти правила грубо или систематически, будут заблокированы.