Вторник, Ноябрь 12Вместе создадим светлое будущее!


ҲИСОББАРОБАРКУНИИ БАЙНАЛХАЛҚӢ

Асъори миллӣ, пеш аз ҳама, барои ба амалбарории пардохти берунӣ дар аснои пайдошавии ўҳдадорӣ дар назди шахсони ҳуқуқӣ ва фардӣ, ба асъори хориҷӣ иваз карда мешавад. Аз нигоҳи дигар, роҳи (канали) асосии воридоти асъори хоиҷӣ ба мамлакат пардохти аз хориҷа омада мебошад.Асъори миллӣ, пеш аз ҳама, барои ба амалбарории пардохти берунӣ дар аснои пайдошавии ўҳдадорӣ дар назди шахсони ҳуқуқӣ ва фардӣ, ба асъори хориҷӣ иваз карда мешавад. Аз нигоҳи дигар, роҳи (канали) асосии воридоти асъори хоиҷӣ ба мамлакат пардохти аз хориҷа омада мебошад.
Талабу ўҳдадориҳои пулӣ ба асъор дар асоси муносибатҳои иқтисодӣ, сиёсӣ, маданӣ, илмию техникии байни давлатҳо, шахсони ҳуқуқию фардии дар қаламрави мамлакатҳои гуногун буда пайдо мешаванд. Ҳисобҳои байналхалқӣ аз ташкилу танзими пардохтҳо оид ба талабу ўхдадориҳои номбаршуда иборатанд.
Ҳисобҳои байналхалқӣ ҳамчун фаъолияти ҳаррўзаи бонкҳои ба хориҷа дар асоси шарту нормаҳо ва тартиботи баамалбароии ҳисобҳо, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ тартиб дода, онҳоро аксари мамлакатҳои ҷаҳон қабул кардаанд, ба роҳ монда мешаванд. Фаъолияти бонкҳо дар соҳаи ҳисоби байналхалқӣ объекти танзими давлатӣ мебошад.
Асосан ҳисоби байналхалқӣ бо роҳи ғайринақдӣ ба воситаи бонкҳо бо роҳи муқаррар кардани муносибатҳои корреспондентӣ (шартномавӣ) байни муассисаҳои қарзии мамлакатҳои гуногун ба амал бароварда мешаванд. Бо ҳамин мақсад бонкҳо бо ҳамдигар созишномаҳои корреспондентӣ (оид ба кушодани ҳисобот) мебанданд (ностро – ҳисоботи бонки мазкур дар бонкҳои дигар ва лоро – ҳисоботи дигар бонкҳо дар бонки мазкур), ки дар онҳо тартиби ҳисобҳо, ҳаҷми подоши комиссионӣ, инчунин методҳои пуркунии ҳисоби корреспондентӣ бо баробари харҷи воситаҳо нишон дода шудаанд. Бонкҳо метавонанд ҳисоботи байналхалқиро ба воситаи филиалҳо ва шўъбаҳои хориҷии худ ба амал бароранд.
Вобаста ба шарти созишномаҳои савдои берунӣ, дараҷаи ивазшавию мавқеи асъорҳои миллию хориҷӣ шаклҳои гуногуни ҳисоботҳои байналхалқӣ ба кор бурда мешаванд.
Амалияи ҷаҳонӣ чунин шаклу методҳои ҳисоботро ба мисли: инкассо, аккредитив, пул гузарониҳои бонкӣ, ҳиеоботҳои авансӣ, ҳисобу китоб аз рўи ҳисобкуниҳои кушод, инчунин ҳисобҳо дар шакли вексел, чекҳо, варақаҳо ба кор бурда мешаванд.
Инкассо ва аккредитив шакли асосии ҳисоби байналхалқӣ мебошад.
Шакли ҳисоббаробаркуниҳои тибқи инкассо. Моҳияти ин шакл аз он иборат аст, ки бонк бо супориши мизоҷи худ (содиротчӣ ё қарздеҳ) аз воридотгар пардохтро қабул мекунад (баъди фиристонидани мол ва адои хизмат). Воситаҳои гирифташудаи дар ҳисоби бонк будаи мизоҷ навишта мешаванд. Дар ин асно пардохт аз воридотчӣ дар асоси фақат ҳуҷҷатҳои молиявии ҳамсафдоштаи тиҷоратӣ, ё фақат тиҷоратӣ (инкассои ҳуҷҷатӣ) рўёнида мешавад.
Схемаи ҳисоббаробаркунии инкассавӣ чунин аст. Баъди бастани шартнома дар он бо воситаи кадом бонк баамалборории ҳисоббаробаркунӣ гузаронида мешаваду содиротчӣ молро бояд фиристонад, нишон дода мешавад. Баъди аз молбиёр қабул кардани ҳуҷатҳои нақлиётии содиротчӣ тамоми ҳуҷҷатҳои лозимиро ба бонк гузошта супориш медиҳад, ки инкассоро ба амал барорад. Бонк ҳуҷҷатҳоро тафтиш карда, онро ба бонк-корреспонденти мамлакати воридотчӣ мефиристад. Вай ҳуҷҷатҳоро тафтиш карда, онҳоро ба воридотчӣ-пардохтчӣ медиҳад. Бонки инкассокунанда ин амалро метавонад бевосита ё бавоситаи бонки дигар иҷро намояд. Пардохти воридотчиро гирифта, бонки инкассокунанда пардохро ба бонк-ремитент медиҳад ва пардохт дар сарҳисоби содиротчӣ навишта мешавад.
Тартиби ҳисоббаробаркуниҳо чунинанд:

Бастани шартнома;
Боркунии мол мувофиқи шартҳои шартнома;
Аз молбиёр қабул кардани ҳуҷҷатҳои нақлиётӣ;
Тайёр намудани ҳуҷҷатҳо аз ҷониби содиротчӣ ва пешниҳоди онҳо ба бонки худ (бонк-ремитент);
Тафтиши ҳуҷҷатҳо аз ҷониби бонк-ремитент ва якҷоя бо супориши инкассочӣ ба бонк-корреспондент ба мамлакати воридтчӣ;
Ба бонки инкассо пешниҳодкунии супориши инксассатор ва ҳуҷҷатҳо ба воридотчӣ. барои тафтиш бо мақсади гирфтани пардохт ё аксенти тратт бевосита ё бавоситаи бонки дигар;
Гирифтани пардохт (бонки инкассо) аз пардохтчӣ ва ба ў додани ҳуҷҷатҳо.
Аз ҷониби бонки инкассо гузаронидани пардохт ба бонк-ремитент (ба воситаи почта, телеграф, телекс, мувофиқи инструксия).
Ба ҳисоби содиротчӣ гузаронидани маблағи пардохт (бонк-ремитент иҷро менамояд).
Шакли ҳисоббаробаркуниҳои аккреднтивӣ. Барои содиротчӣ ин шакли муфид аст. Аккредитив чунин аст, ки ба бонк (ё муасисаи дигари қарзӣ) дар хусуси бо хоҳиши мизоҷ гузаронидани ҳуҷҷатҳои пардохтиро ба фоидаи шахси сеюм-содиротчӣ (бинефитсиар) дар аснои иҷрокунии шарти муайян, супориш дода мешавад. Ғайр аз ин, аккредитив метавонад тарзи кўтоҳмуддатро, бо шарти розӣ будани бонк, хариди ҳуҷҷатҳоро таъмин намояд. Системаи аккредитивии ҳисоббаробаркунӣ чунин аст:
– Содиротчӣ ё воридотчӣ оид ба фиристонидани мол ё хизматрасонӣ шартнома мебанданд (бо нишондоди он, ки ҳисоббаробаркуниҳо дар шакли аккредитив ба амал бароварда мешаванд). Воридотчӣ ба бонки худ (эмитент) оид ба кушодани аккредитив ба фоидаи содиротчӣ бо ариза муроҷиат мекунад. Бонк – эмитент мактуби аккредитивиро ба яке аз бонкҳои мамлакати содиротчӣ мефиристад ва бо он алоқаи корреспондентӣ баста, супориш медиҳад, ки аккредитивро ба содиротчӣ диҳад.
– Баъди гирифтани (нусхаи) аккредитив содиротчӣ молро бор карда, вобаста ба шарти аккредитив ҳуҷҷатҳои лозимиро, ки дар аккредитив нишон дода шудаанд, ба бонк пешниҳод менамояд ва бонк онҳоро ба бонк-эммитент мефиристад. Бонк-эмитент дуруст будани ҳуҷҷатҳоро санҷида, пули онҳоро медиҳад. Баъди гузаронидани пул бонки хабаркунанда бонк-эмитент ҳуҷҷатҳоро ба воридотчӣ медиҳад. Бонки хабаркунанда воситаҳои аз бонк-эмитент омадаро ба ҳисоби содиротчӣ мегузаронад ва воридотчӣ молро мегирад.
– Вале, мувофиқан ба шарти аккредитивӣ, пули ҳуҷҷатҳаи содиротчӣ пешниҳодкардаро бонки дигар ҳам, ки дар аккредитив нишон дода шудааст, дода метавонад (бонки иҷрокунанда). Дар чунин ҳолат бонки иҷрокунанда баъди пардохти ҳуҷҷатҳои содиротчӣ пешниҳод карда пули додаашро аз бонк эмитент талаб мекунад.
Схемаи шакли ҳисоботи аккредитивӣ чунин аст:
1. Бастани шартнома, ки дар он тарфҳо истифодаи шакли аккредитивии ҳисобу китобро нишон медиҳанд;
2. Ахбороти воридотчӣ оид ба тайёркунии молҳо ба фиристодан;
3. Пешниҳоди аризаи воридотчӣ ба бонки худ оид ба кушодани аккредитив, бо аниқ нишон додани шартҳо;
4. Аз ҷониби бонк-эмитент кушодани аккредитив ва фиристонидани он ба содиротчӣ (бенифитсиар) ба воситаи бонк чун қоида, ба бенифитсиар хизматрасонанда ва хабар додан дар хусуси кушодани аккредитив;
5. Аз чониби бонки хабаркунанда тафтишкунии аккредитив ва додани он ба бенифитсиар;
6. Аз ҷониби бенифитсиар тафтишкунии аккредитив дар хусуси мувофиқ будани он ба шартҳои шартнома ва дар ҳолати рози будан фиристонидани мол дар мўҳлати муқаррар кардашуда;
7. Гирифтани ҳуччатҳои нақлиёт
ҷатҳои аз боркашон гирифтаро ба бонки худ додани бенифесиар.
9. Аз ҷониби бонки содиротчӣ тафтиш кардани ҳуҷҷатҳои аз бенифитсиар гирифташуда ва ба бонк-эмитент додани онҳо барои пардохт, аксепт ва неготсиатсия (пардохт);
10. Аз ҷониби бонк-эмитент тафтиш кардани ҳуччатҳои қабулшуда ва гузаронидани пули пардохт ба содиротчӣ;
11. Аз ҷониби бонк-эмитент дебетикунии ҳисоботи воридотчӣ;
12. Аз ҷониби бонки хабаркунанда гузаронидани пардохт ба ҳисоби бенифитсиар;
13. Аз ҷониби воридотчӣ-фармондеҳ гирифтани ҳуҷҷатҳо аз бонк-эмитент ва соҳиби мол шудан.
Дар ҳолати баамалбарории ҳисоббаробаркуниҳо бо аккредитив бонкҳо андози коммиссионии зиёд руёнида мешавад (нисбат ба шакли инкассогӣ). Зеро ин шакл мураккабу серхароҷот аст.
Ҳисобу китоб дар шакли аванс. Барои содиротчӣ ҳисоббаробаркунӣ дар шакли аванс муфид аст. Чун қоида, пардохт дар шакли аванс ба 1/3 ҳиссаи суммаи шартнома расида метавонад. Вале ин шакл фақат ҳамон вақт истифода карда мешавад, ки агар воридотчӣ ба гирифтани мол аз ҳад зиёд завқманд бошад ва ё вақте, ки содиротчӣ ба ў фишор орад ва воридотчӣ бо сабабҳои гуногун ба ин фишор тоб оварда натавонад.
Пардохтро баъди фиристодани мол ва харидор баъди гирифтани ахбороти телеграфӣ ё телексӣ аз фурўшанда бо шарҳи молҳои фиристонидашуда шурўъ менамояд.
Ҳисоббаробаркунӣ аз рўи ҳисоби кушод. Дар аснои гирифтани ин шакл воридотчӣ баъди гирифтани мол аз содиротчӣ гирифтани пардохти молҳои боркардашударо надорад. Ба замми ин, ба ў лозим меояд, ки дар баъзе мавридҳо ба қарзгирии бонкӣ даст занад. Бинобар ин, пардохт дар шакли ҳисоббаробаркуниҳои кушод, аксар вақт дар байни ҳарифони кории бо муносибатҳои зичи хоҷагӣ алоқаманд буда, нисбати баҳамдигар дараҷаи баланди боварӣ дошта истифода мешавад.


Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *


Уважаемые читатели! Просим вас, оставляя комментарии, уважать друг друга и не злоупотреблять свободой слова.
Администрация сайта будет удалять:
1. Комментарии с грубой и ненормативной лексикой.
2. Оскорбления, угрозы и непристойные высказывания.
3. Высказывания, разжигающие национальную, религиозную и прочую рознь и вражду.
4. Комментарии, содержащие другие нарушения законодательства и прав граждан.
5. Комментарии, рекламирующие и продвигающие другие веб-ресурсы, товары и услуги, а также комментарии, не имеющие отношения к дискуссии.

Пользователи, которые нарушают эти правила грубо или систематически, будут заблокированы.