Среда, Ноябрь 20Вместе создадим светлое будущее!


МИНТАҚАҲОИ ОЗОДИ ИҚТИСОДӢ

Минтақаҳои озоди иқтисодӣ (МОИ) таърихи начандон зиёди пайдоишӣ дошта, ҳамчун шакли махсуси интегратсия (ҳамгирои)-и иқтисодии байналхалқӣ сурат мегиранд. МОИ одатан, аз минтақаи қисми қаламрави миллӣ иборат буда, дорои тартиботи махсуси имтиёзӣ мебошандМинтақаҳои озоди иқтисодӣ (МОИ) таърихи начандон зиёди пайдоишӣ дошта, ҳамчун шакли махсуси интегратсия (ҳамгирои)-и иқтисодии байналхалқӣ сурат мегиранд. МОИ одатан, аз минтақаи қисми қаламрави миллӣ иборат буда, дорои тартиботи махсуси имтиёзӣ мебошанд. Ин имтиёзҳо фаъолияти хоҷагидории иштирокчиёни хориҷӣ, ҷалб намудани сармоя ва технологияи пешқадами хориҷиро тақозо мекунанд. Аснои таъсиси МОИ стратегияи тезонидани нуқтаи афзоиши хоҷагӣ, яъне доира ва ҳавзаҳои ҳавасмандкунонии фаъолияти иқтисодӣ дар асоси ҳамкориҳои байналхалқӣ, (тамарказ)-и захираҳо бо истифодаи омилҳои мусоид муайян карда мешаванд. Ин имконият медиҳад, ки мақсадҳои мухгалиф (иқтисодӣ, иҷтимоӣ, истеҳсолӣ, илмӣ-техникӣ) ба ҳам алоқаманд ва ҳал карда шаванд.
Мақсади иқтисодии МОИ бештар дар:
-фаъолгардонӣ, васеъ намудани савдои хориҷӣ ва умуман, фаъолияти иқтисодии бурунмарзӣ;
-ҷалбкунии сармояи дохилию хориҷӣ;
-баланд бардоштани рақобатпазирии истеҳсолоти миллӣ ва самаранокии иқтисодии он;
-афзунгардонии содирот ва самаранокии воридот, даромади асъории буҷет;
– таъмин намудани тараққиёти минбаъдаи худи МОИ ва ғайра зуҳур мегардад.
Мақсади иҷтимоии МОИ дар:
-ташкили ҷои кори нав, зиёдкунии шугли аҳолӣ, баланд бардоштани дараҷаи касбии мутахассисон тибқи назардошти истифодаи таҷрибаи ҷаҳонӣ;
-ташкили кадрҳои менеҷерии ҳозиразамон;
-беҳтар карданк дараҷаи некӯаҳволӣ ва зиндагии одамон;
-тезонидани тараққиёти (зерсохт – инфрастуктура)-и иҷтимоӣ маишӣ ва гайра ифода меёбад.
Ҳадафи истеҳсолию илмӣ-техникии МОИ дар:
-воридкунии техниКаю технологияи пешқадами хориҷӣ;
-тезонидани ҷорикунии натиҷаҳои НИОКР (корҳоиилмӣ-тадқиқотй ва таҷрибавӣ конструкторӣ), (тамарказ)-и кадрҳои илмӣ-техникӣ, аз ҷумла хориҷиён;
-истифодаи захираҳои моддию-молиявӣ дар соҳаҳои нисбатан афзалиятнок;
-пурра истифодабарии иқтидорҳои мавҷуда, махсусан, конверсионӣ;
-инкишофи зерсохтор (инфраструктура)-и истеҳсолӣ-накдиётӣ ифода меёбад..
Таъсису амали МОИ дар тамоми гуногуниҳояш боиси болоравии иқтисодиёт дар дараҷаи миллию минтақавӣ мегардад. Дар охири солҳои 90-уми асри XX дар ҷаҳон қариб 2000 МОИ таъсис дода шуда, аз ин беш аз 1000 тояш дар олами рӯ ба тараққӣ ҷой доштанд. Шумораи ба кор банд будагон дар ин минтақаҳо зиёда аз 3 млн. нафарро ташкил медод. Маҷмӯи муомилоти берунӣ ба 1,2 трлн. доллари ИМА (10% савдои ҷаҳонии соли 1998) рост меомад. Тез паҳншавии МОИ аз нақши мусбии онҳо ҳамчун институти муҳими иқтисодиёти ҷаҳон, ки боиси тезонидани тараққиёти хоҷагӣ, баландбардории устувории он, ҷалбкунии захираҳои беруна мегардад, дарак медиҳад.
Дар шароити маҳдуд ва норасо будани захираҳои иқтисодӣ дар як қатор мамлакатҳо, МОИ ҳамчун фишанги воқеӣ бо самараовар гардидани иқтисодиёти миллӣ, ба хоҷагии ҷаҳон хизмат мекунад. Онҳо ба амалиётҳои иқтисодии фаъоли бурунмарзӣ, ҳассос будан ба техникаю технологияи ҳозира, таъсиси истеҳсолоти ба инфраструктура мувофиқ, истифодаи усулҳо (методҳо)-и хоса ва шакли молиявию навсозӣ (инноватсионӣ), истеҳсолию муомилотӣ, фаъолияти савдои беруна бештар майл доранд.
Ҳамчун узви қаламрави мамлакат, МОИ ба сифати фишанги мутобиқатсозандагии тамоми иқтисодиёти миллӣ ба иқтисодиёти ҷаҳон баромад карда, рушду нумӯи ин равандро таъмин менамояд. МОИ аз дигар қисматҳои қаламрави мамлакат ҷудо буда, тартиботи маъмурию иқтисодӣ, гумрукӣ, андозу-молиявии алоҳидаи худро доро мебошад.МОИ дар тарақиёти худ роҳи тулониро тай намуданд. Нақш, мақом ва шакли худро ба таври ҷиддӣ тағйир дода, дар бисёр мамлакатҳои ҷаҳон арзи вуҷуд ва амал доранд. Дар адабиёти муосири иқтисодӣ, МОИ-ро аксар вақт аз рӯи меъёрҳои зайл чунин тадқиқ мекунанд:
1. Аз рӯи дараҷа ва доираи ҳалли вазифаҳо: амборӣ, минтақаҳои транзитӣ, бандарҳои озод, саноатӣ, содиротӣ, минтақаҳои илмӣ-технологӣ, технополисҳо, технопаркҳо, марказҳои инноватсионӣ, комплексӣ, ва ғайра;
2. Аз рӯи ҳаҷми қаламрав: нуқтагӣ (ферма, анбор, тёрминал), қаламравӣ-миқёсӣ (минтақаҳои саноатӣ-тоҷиротӣ, технопарк), махсус калон (минтақаҳо).
З. Аз рӯи самт ва соҳаи тахассуси хоҷагӣ: корхонаи соҳавӣ, сектори (истихроҷ, коркард, хизмат), вазифагӣ (бонкӣ, фаъолияти тиҷоратӣ);
4. Аз рӯи иштироки тараф ва хусусиятҳои ҷойгиронӣ: байналхалкӣ, наздисарҳадӣ ва ғайра.
Кулли ин шакл ва гуногуниҳо таҳти мафҳуми МОИ сарҷамъ карда мешавад. МОИ ҳамчун куллӣ вазифаҳои ҳалкардашаванда сурат гирифта, ба таъмину тезонидани рушди иқтисоди ва бо таври мусоид ва самаранок воридшавии иқтисодиёти миллӣ ба хоҷагии ҷаҳон мусоидат менамояд.


Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *


Уважаемые читатели! Просим вас, оставляя комментарии, уважать друг друга и не злоупотреблять свободой слова.
Администрация сайта будет удалять:
1. Комментарии с грубой и ненормативной лексикой.
2. Оскорбления, угрозы и непристойные высказывания.
3. Высказывания, разжигающие национальную, религиозную и прочую рознь и вражду.
4. Комментарии, содержащие другие нарушения законодательства и прав граждан.
5. Комментарии, рекламирующие и продвигающие другие веб-ресурсы, товары и услуги, а также комментарии, не имеющие отношения к дискуссии.

Пользователи, которые нарушают эти правила грубо или систематически, будут заблокированы.