Четверг, Ноябрь 21Вместе создадим светлое будущее!


ШАКЛҲОИ МОИ (Минтақаҳои озоди иқтисодӣ)

Мутахассисон беш аз 30 намуди МОИ-ро ба ҳисоб гирифтаанд. Аз нигоҳи таърихӣ намуди оддии МОИ минтақаҳои савдоӣ-амборӣ мебошанд, ки онҳо ташкили шароитҳои мусоидро баҳри хариду фурӯш, борфиристонӣ, нигоҳдорӣ, коркардабароии борҳои савдои беруна дар назар доранд.Мутахассисон беш аз 30 намуди МОИ-ро ба ҳисоб гирифтаанд. Аз нигоҳи таърихӣ намуди оддии МОИ минтақаҳои савдоӣ-амборӣ мебошанд, ки онҳо ташкили шароитҳои мусоидро баҳри хариду фурӯш, борфиристонӣ, нигоҳдорӣ, коркардабароии борҳои савдои беруна дар назар доранд. Дар минтақаҳои бе боҷи савдоӣ-амборӣ молҳои воридотии хориҷӣ харидаю фурӯхта, нигоҳ дошта шуда, қисман бе пардохти боҷи гумрукӣ ва андозҳо коркарда баромада мешаванд. Дар онҳо чораҳои танзими давлатӣ ҷорӣ карда мешаванд. Чунин минтақаҳо солҳои 50-уми асри XX дар Ирландия ташкил ёфта буданд. Минтақаҳои савдои-беруна, ки ба ин гурӯҳ мансубанд, солҳои 30 асри XX дар ИМА, митақаҳои озоди гумрукӣ ва озоди бе боҷ дар Маҷористону Югославия, Булғория паҳн шуда буданд. Гуногуншаклиҳои ин гурӯҳ минтақаҳои савдои чаканаи бе боҷ мебошанд, ки дар бандарҳои калони байналхалқию фурудгоҳҳо, бандарҳои озод ҷойгиранд. Вале минтақаҳои озоде, ки фақат тамоюли фаъолияти тиҷорати савдои беруна доштанд, васеъ паҳн нагардиданд. Зеро онҳо ба коммуникатсияҳои байналхалқӣ наздик буда, имконияти паст кардани хароҷоти нақлиётиро надоштанд.
Дар мамлакатҳои тараққикарда ва мамлакатҳои нави индустриалӣ минтақаҳои озоди савдоӣ-амборӣ ба минтақаҳои озоди саноатӣ ва содиротию истеҳсолӣ табдил дода шудаанд. Алалхусус, дар минтақаҳои савдои озод зерминтақаҳои махсуси фаъолияти истеҳсолӣ сохта шуданд. Корхонаҳои ин мамлакатҳо дар асоси маҳсулоти нимтайёри воридотӣ, ашёи хоми маҳаллӣ ва дастгоҳҳои воридотӣ, ки ба осони ба минтақа интиқол карда шуда сармояи дохилию хориҷиро ба худ ҷалб мекард, фаъолият менамуд.
Дар доираи минтақаҳои озоди саноатӣ ва содиротию-истеҳсолӣ минтақаҳои соҳибкории шарикона (дар Булғория, Югославия, Маҷористон), минтақаҳои соҳибкорӣ (Англия), минтақаи соҳибкории озод (ИМА), минтақаҳои махсуси иқтисодӣ (Чин), инчунин корхонаҳои махсуси ба бозори беруна хизматрасону имтиёзи махсус доштаро ҷудо мекунанд.
Симои асосӣ ва афзалияти минтақаҳои озоди саноатӣ ва содиротӣ-истеҳсолиро инҳо муайян мекунанд:

боҳам мувофиқоӣ ва боҳамтаъсиррасонии ҳаракати молу хадамот дар байни мамлакатҳо, бо ҳаракати байналхалқии омилҳои истеҳсолот, ки раванди дар амал татбиқшавии вариантҳои гуногуни самаранокӣ ва ташкили алоқаҳои зичу устувори иқтисодиро таъмин менамояд;
ба сифати объекти муҳими таъсиррасон ба соҳаи иҷтимоӣ ва экология хизмат намудан;
ба сармоягузории хориҷӣ имконияти баҳисобгирии имтиёзи савдои берунӣ, тартиботи гумрукӣ, андозӣ-молиявӣ фоидаи иловагӣ таъмин намудан;
ба иштирокчии хориҷӣ, ки шароиту имкониятҳои фаъолияти худро дар ҳамин мамлакат санҷида, баҳо медиҳад, имконият муҳаё кардан;
ба сармоягузор фақат ба маблағгузории лоиҳаи яклухт маҳдуд карда шудан. Дар ин маврид иншоот, бино ва коммуникатсия аз ҷониби мамлакати сармоя қабулкунанда пешниҳод карда мешавад;
имконияти ҷалбкунии қувваи кории касбии заруриро таъмин намудан;
осон намудани ҳалли масъалаҳои маъмурӣ;
бартарии имтиёз дар таъмини шароити сармоягузорӣ (ташкилу қатъи фаъолият) нисбат ба сармоягузорӣ аз беруни минтақа;
Мамлакатҳо ба фаъолияти МОИ аҳамияти калон дода, ҳар чӣ бештар системаи васеи чораҳои иқтисодию-ҳуқуқӣ ва иҷтимоиро ҳамчун сиёсати ҳавасмандгардонии андозу молия, пешниҳоди ёрдамҳо ва имтиёзҳои гуногун истифода менамоянд. Дар бисёр мамлакатҳо пурра ё қисман озодкунӣ аз андозҳо (дар солҳои авали фаъолият) ба муҳлати то 10 сол, (одатан 5-7 сол) истифода карда мешаванд. Ҳангоми таъсиси минтақаҳои озоди саноатӣ ва содиротию истеҳсолӣ дар мамлакатҳои рӯ ба тараққию ба иқтисодиёти бозорӣ гузаранда истифодаи имтиёзҳои гуногуни иловагӣ пешбинӣ карда мешаванд, ки муҳимтаринашон инҳоанд:

аз байн бардоштани боҷи гумрукӣ ва андоз аз воситаҳои комплексии воридотӣ (барои корхонаҳои сектори ҳақиқӣ);
аз ҳаҷми даромад берун кардани моли ба андозситонӣ дахлдошта, аз ҷумла, ҳаҷми харҷи НИОКР ва тайёркунии кадрҳои корӣ;
бо таври озод гирифтани қарзи асъорӣ, аз ҷумла бо фоизи паст;
иҷозат додан ба муомилоти асъори хориҷӣ;
истеҳсол (амортизатсия)-и босуръати сармояи асоси;
кам кардани пардохти иҷораи замин ва кирокунии биноҳо;
ҷой намудани тарифҳои имтиёзноки нақлиётӣ.
Аксар вақт озодкуниҳо аз боҷи содиротӣ, андози молу касб, аз баъзе андозҳои минтақавию маҳаллӣ пурра карда мешаванд.
Дар як қатор мамлакатҳо ба озодкунии коргарони корхонаҳои минтақа аз ҳисоби андози даромад ба роҳ монда мешавад. Ин тадбирҳо дар ҳамҷоягӣ шароити мусоиди сармоягузориҳои соҳибкориро муҳайё менамоянд. Бояд тазаккур дод, ки дар ҳар яке аз ин мамлакатҳо, дар доираи сиёсати иқтисодӣ, шартҳои имтиёзноки ҷалбкунии захираҳо, сармоягузорони хориҷию ватанӣ дар МОИ тибқи хусусиятҳои хос сурат мегирад. Таҷрибаҳо собит намудаанд, ки аз ҳама бештар корхонаҳои соҳаи истеҳсолоти моддӣ шароити имтиёзӣ дошта бошанд ҳам, афзалиятнокиашон бештар ба ҳисоб гирифта намешаванд.
Кунун МОИ ҳар чӣ бештар тамоюли илмию тадқиқотӣ пайдо карда, раванд, таҳия тартибдиҳӣ ва ҷорикунии навигариҳои техникиро, ки қодиранд ҷараёни тавлидотро арзон ва густариш диҳанд, ҷои кори навро таъмин намоянд, кормандони баландихтисосро тайёр намоянд дар бар мегирад. Инҳо технологҳо (дар Ҷопон), технопаркҳо (дар ИМА), минтақаҳои ҷорикунии техникӣ, паркҳои марказҳои технологию корӣ мебошанд. Дар аксар мавридҳо дар он фаъолияти тадқиқотӣ, истеҳсолию-технологӣ – дар намуди ҳамсиришти корхонаҳои илмталаб дар атрофи донишгоҳҳои калон ё марказҳои калони илмӣ ба ҳам андӯхта мешаванд. Аз ин нигоҳ, аз рӯи самти бартаринокии фаъолият се намуди минтақаи илмию техникиро фарқ мекунанд:

– минтақаҳои парки тадқиқотӣ: МОИ-е, ки дар он коркарди нави илмию техникӣ то давраи тимсоли (прототип) техникӣ дар асоси якҷоякунии як қатор фирмаҳои саноатӣ, тадқиқотӣ-илмӣ ва таҷрибавӣ-конструкторӣ ба амал бароварда мешавад. Дар Бостони Амрико, ки 700 корхона – иштирокчиёни саноатӣ дорад, беш аз 2/3 ҳиссаи қаламрав ба ташкилотҳои илмию тадқиқотӣ ва таҷрибавию конструкторӣ рост меояд. Чунин парк дар Кембриҷи Англия низ сохта шуда буд. Аз рӯи маълумотҳо, ибтидои солҳои 90-уми асри XX дар Аврупо, ИМА, Ҷопон қариб 350 парки тадқиқотӣ амал мекарданд;

парки соф илмӣ: қаламрави калоне, ки дар он корхонаҳои ҳаҷман калони илмталаб ҷойгир буда, истеҳсолотро дар асоси коркарди марказҳои тадқиқотии маҳаллӣ (донишгоҳу донишкадаҳо) ба роҳ мемонанд.
маркази инноватсионӣ: минтақаи на чандон калони илми-техникӣ ҷойгир буда, бевосита ба коркарду ҷойгиронии технологияи нав машғул аст. То имрӯз чунин марказҳо (дар мамлакатҳои гуногун), махсусан дар мамлакатҳои тараққикарда, ки кадрҳои зиёди баландихтисоси тадқиқотӣ доранд, хело зиёданд.
Минтақаҳои хизмат (сервис) диққатангезанду онҳо хизматрасонии бонкӣ ва суғуртавиро бо шартҳои имтиёзнок ба ўҳда доранд ва аз сектори махсуси МОИ иборатанд, ки дар он ширкатҳои молиявию суғуртавӣ, бонкӣ, филиалҳои онҳо ҷойгир буда, ба фаъолияти структураҳои минтақа хизмат мерасонанд. Ба ин намуди минтақа МОИ бо истироҳату туризм низ дохил буда, ба алоқаи шахсӣ, кории шаҳрвандон мусоидат мекунанд. Минтақаҳои аз МОИ берун – офшорӣ низ амал мекунанд, ки онҳо бидуни вазифаи истеҳсолӣ амал мекунанд. Шумораи онҳо то ба 60 расида, дар Кипр, Панама, Сингапур, Фудҷӣ, Багамҳо, Бермудҳо, Малта амал мекунанд.
Минтақаҳои комплексӣ низ вуҷуд доранд ва ба онҳо сифати бисёрвазифагӣ хос аст. Миқёси фаъолияташон васеъ буда, ҳаҷми сармояҷалбкуниашон нисбатан калон мебошад. Минтақаҳои махсуси иқтисодии озоди Чин ҳам ба ин гурӯҳ мансубанд. Дар баробари мақсадҳои илмӣ ба ин минтақаҳо сифати кушодагии иқтисодиёт, азхудкунии таҷрибаи идоракунии хориҷӣ дар шароити хосb худ мебошад. Соли 1980 дар Чин 4 минтақаи махсуси иқтисодӣ (Шенчҷен, Чтухай, Шантоу ва Сямин) ташкил дода шуданд, ки дар тўли солҳои сипаригашта ба натиҷаҳои назаррас ноил гардиданд: системаи ҳозираи қонунгузорӣ санҷида шуд; кормандони идоракунандаи намуди нав ташкил ёфтанд; шаклҳои пешқадами ташкилу пардохти музди кор дарёфт карда шуданд. Як қатор масоили иҷтимоӣ ҳал карда шуданд, ки ба ин чорабиниҳои пай дар паи андозӣ, қарзӣ ва гумрукӣ боис гардиданд. Аз рӯи низомномаи умумӣ фирмаҳои минтақаҳо аз пардохти андоз: дар соли аввал – пурра озод ва дар тӯли 4 соли минбаъда 50% пардохт мешавад. Тибқи шартномаи дарозмўҳлат (беш аз 10 сол) дар соли 3-юм- 50% ва ду соли аввал аз андоз озод ва дар аснои содиркунӣ 70%-и маҳсулот ставкаи андоз то се як кам карда мешавад.


Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *


Уважаемые читатели! Просим вас, оставляя комментарии, уважать друг друга и не злоупотреблять свободой слова.
Администрация сайта будет удалять:
1. Комментарии с грубой и ненормативной лексикой.
2. Оскорбления, угрозы и непристойные высказывания.
3. Высказывания, разжигающие национальную, религиозную и прочую рознь и вражду.
4. Комментарии, содержащие другие нарушения законодательства и прав граждан.
5. Комментарии, рекламирующие и продвигающие другие веб-ресурсы, товары и услуги, а также комментарии, не имеющие отношения к дискуссии.

Пользователи, которые нарушают эти правила грубо или систематически, будут заблокированы.