Пятница, Ноябрь 22Вместе создадим светлое будущее!


СОХТОРИ МАРЗИИ САВДОИ БАЙНАЛХАЛҚӢ

Аз нимаи дуюми асри ХХ сар карда, савдои ҷаҳонӣ бо суръати тез инкишоф ёфта истодааст. Ташкилоти Байналхалқии Савдо муқаррар кардааст, ки дар даҳсолаи охир ҳаҷми савдои ҷаҳонӣ назар ба истеҳсолоти байналхалқӣ хеле тез афзуда истодааст.Аз нимаи дуюми асри ХХ сар карда, савдои ҷаҳонӣ бо суръати тез инкишоф ёфта истодааст. Ташкилоти Байналхалқии Савдо муқаррар кардааст, ки дар даҳсолаи охир ҳаҷми савдои ҷаҳонӣ назар ба истеҳсолоти байналхалқӣ хеле тез афзуда истодааст. Ҳамин тавр, аз соли 1950 то соли 2000-ум савдои байналхалқӣ 20 маротиба афзудааст, истеҳсолот бошад фақат 6 маротиба. Дар соли 1999 ҳаҷми умумии содирот 26,4%-ро аз истеҳсолоти ҷаҳонӣ ташкил дод назар ба 8%-и соли 1950. Дар давоми солҳои 1950-1998 содироти ҷаҳонӣ 16 маротиба афзудааст. Мувофиқи баҳогузории мутахассисони ғарбӣ солҳои байни 1950-1970-ро ҳамчун «асри тиллоӣ» дар инкишофёбии савдои байналхалқӣ номидан мумкин аст. Дар солҳои 70-ум содироти ҷаҳонӣ то 5% кам шуда, дар солҳои 80-ум боз камтар шудааст. Дар охири солҳои 80-ум он барқароршавии намоёнро нишон додааст. Аз нимаи дуюми асри ХХ нобаробарии динамикаи савдои хориҷӣ зоҳир шудааст. Солҳои 90-ум Аврупои Ғарбӣ – маркази асосии савдои байналхалқӣ. Содироти он қариб 4 маротиба аз содироти Амрикоро афзудааст. Дар охири солҳои 80-ум Ҷопон аз ҳисоби рақобатпазирӣ ҷои намоёнро ишғол карда буд. Дар ҳамон давра ба он «мамлакатҳои нави индустриали»-и Осиё ба монанди, Сингапур, Гонконг ва Тайван ҳамроҳ шудаанд. Аммо дар миёнаи солҳои 90-ум ИМА боз мавқеи пешсафи ҷаҳонро аз ҳисоби рақобатпазирӣ ишғол менамояд. Соли 2007 содироти молу хадамоти ҷаҳон мувофиқи маълумоти ТБС 16 трлн. доллари амрикоиро ташкил додааст. Ҳиссаи гурўҳи молҳо 80%-ро ташкил дода, ҳиссаи хадамот бошад, 20%-и ҳаҷми умумии савдои ҷаҳониро ташкил додааст. Гардиши солонаи савдои молҳо ва ашёи хом дар соли 2012 тақрибан 20 трлн. доллари амрикоиро ташкил додааст. Мувофиқи ҳисоботи ЮНКТАД (2013), суръати афзоиши савдои байналхалқии молу хадамот баъд аз барқароршавии бошиддати соли 2010 боз соли 2011 то 5% кам шуда, соли 2012 бошад то 2% кам шудааст.
Дар давраи муосир савдои байналхалқӣ роли муҳимро дар тараққиёти хоҷагии мамлакатҳо, ноҳияҳо, ва иттиҳодҳои ҷаҳонӣ мебозад:

савдои хориҷӣ омили муҳими болоравии иқтисодӣ шудааст;
вобастагии мамлакатҳо аз гардиши молии байналхалқӣ бениҳоят афзудааст.
Омилҳои асосие, ки ба афзоиши савдои байналхалқӣ таъсир мерасонанд инҳоанд:

инкишофи тақсимоти байналхалқии меҳнат ва интернатсионализатсияи истеҳсолот;
Инқилоби Илмӣ-Техникӣ;
фаъолияти ШТН.
Мамалакатҳои тараққикарда дар иқтисодиёти ҷаҳонӣ мавқеи аввалро ишғол мекунанд. Мувофиқи ҳиссаи аҳолии ҷаҳон мамлакатҳои тараққикарда танҳо 12%-ро ташкил дода, тақрибан 60%-и ММД-и ҷаҳониро коркард карда истодаанд.
Сохти соҳавии мамлакатҳои тараққикарда мувофиқи таносубҳои зерин тавсиф дода мешаванд: дар хоҷагии қишлоқ 2-4%-и ММД ба вуҷуд оварда мешавад, дар саноат – 27-30%, дар соҳаи хадамот – 65-67%. Ҳамин тариқ, истилоҳи «мамлакатҳои индустриалӣ» ба ин мамлакатҳо тааллуқ надоранд, иқтисодиёти онҳо дорои хислати постиндустриалӣ мебошад.
Чунин мавқеи баланди мамлакатҳои тараққикарда амалан собит шудааст. Ҳамин тавр, дар ИМА ҳосилнокии меҳнат ҳамчун муносибати ММД ба миқдори қувваи корӣ рост омада, тақрибан 75000 долларро ташкил медиҳад, дар Иттиҳоди Аарупо бошад, 52000 доллар мебошад.
Ҳиссаи малакатҳои тараққикарда дар савдои ҷаҳонӣ тақрибан 75%-ро ташкил медиҳад, ғайр аз ин 75-80%-и содироти худро онҳо ба мамлакатҳои гуруҳи худашон равона мекунанд. Айнан мамлакатҳои тараққикарда то 90%-и маҳсулотҳои васеи илмиро истеҳсол мекунанд. Инчунин, онҳо дар бозорҳои ашёи хом низ хеле назаррас буда, қисми муҳими содиротро таъмин мекунанд ва қисми зиёди молу маҳсулотҳои хоҷагии қишлоқ ва саноати истихроҷро истеъмол мекунанд. Бо вуҷуди он ки қисми зиёди захираҳои ашёи хом дар хориҷи ин мамлакатҳо ҷамъ оварда шудаанд, онҳо ба бозори ҷаҳонӣ 32%-и сузишворӣ, 50%-иашёи хом, 60%-и озуқаворӣ, 60%-и ашёи хоми хоҷагии қишлоқро таъмин мекунанд. Аммо ҳиссаи саноати истихроҷ дар ММД-и ин мамлакатҳо дар ҳисоби миёна камтар аз ҳиссаи хоҷагии қишлоқ мебошад.
Ҳамин гуна вазъият дар соҳаи содироти сармоя низ пайдо шудааст. Дар мамлакатҳои тараққикарда тақрибар 70%-и сармояҳои хориҷии ҷамъовардашуда ҷо ба ҷо карда шудаанд, 90%-и захираҳои сармоягузошташуда аз гуруҳи ин малакатҳо бароварда шудааст.
Боиси диққат аст, ки мамлакатҳои тараққикарда хислатҳои ба худ хос доранд, мувофиқи он аз якдигар фарқ мекунанд. Дар байни онҳо давлатҳои бузурги тараққикардаро чудо мекунанд ба монанди, ИМА, Олмон, Ҷопон ва инчунин мамлакатҳои тараққикардаи хурд ба монади, Монако, Андорра, Люксембург. Мамалакатҳои тараққикарда дар тамоми материкҳо ҷойгиранд, ба ғайр аз Африқо ва Амрикои Лотинӣ. Дар байни ин малакатҳо Норвегияро чудо кардан мумкин аст, ки 20%-и ММД-и аз истеҳсолоти саноати коркарди нафт гирифта мешавад, ва Ҷопон, ки дар он сектори ашёи хом қариб, ки вуҷуд надорад; Монако, ки қисми зиёди даромади миллиро туристон оварда истодаанд, ва ИМА, ки 36%-и маҳсулоти ҷаҳонии илмро дар бар мегирад.Ҳиссаи хоҷагии қишлоқ дар ММД-и Исландия 9,2%-ро ташкил медиҳад, барои Олмон бошад ин нишондод ба 1% баробар аст. Дар мамлакатҳои тараққикарда 4 аз 8 моделҳои иқтисодии вуҷуд дошта амалӣ гаштаанд.
Аз аввали асри ХХI сар карда савдои байналхалқӣ хеле тараққӣ кардааст. Ҳамчун хислати хоси инкишофи ҷаҳонии асри ХХI инкишофи босуръати иктисодиёти мамлакатҳои Хитой, Бразилия, Ҳиндустон ва як қатор мамлакатҳои аз иқтисодиёти кўҳан ба иқтисодиёти модели нав гузашта мебошад. Ба ҳисоби миёна суръати афзоиши ММД-и мамлакатҳои тараққикардаистода дар давоми ду даҳсолаи охир мувофиқи нишондодҳо 2 баробар зиёдтар аз суръати афзоиши ММД-и мамлакатҳои тараққикарда мебошад. Дар давоми буҳрони ҷаҳонии молиявӣ-иқтисодӣ танҳо мамлакатҳои тараққикардаистода динамикаи мусбии афзоиши ММД-ро нишон додаанд, ҳангоме, ки соли 2009 мувофиқи нишондод барои мамлакатҳои тараққикарда он манфӣ будааст. Ба буҳрони шадидтарин Ҷопон дучор гардидааст, ки соли 2009 5,2% паст фаромадааст, инчунин дар Аврупо 4,1% ва дар ИМА афзоиши манфии ММД тарҳи 2,4%-ро ташкил додааст. Дар натиҷа ҳиссаи мамлакатҳои тараққикардаистода дар иқтисодиёти ҷаҳон соли 1980 аз 21,8% то ба 30% соли 2009 расидааст. (ҒNCTAD. Handӣook of Statistics 2005. N.Y. and Geneva, 2005; Woқld Economic Oғtlook 2006. Statistical Appendix. 2006 ҒNCTAD. Handӣook of Statistics 2010. N.Y. and Geneva, 2010. Р. 434–444)
Умуман, дар даҳсолаи аввали асри ХХI иқтисодиёти минтақаҳои осиёгӣ яке аз тез инкишофёфтатарини ҷаҳон ба ҳисоб рафтаанд. Дар қатори Ҳиндустон ва Хитой, басо серҳаракатона тараққикардаанд иқтисодиёти мамлакатҳои ба монанди, Индонезия, Малайзия, Гонконг, Сингапур, Фалиппин, Покистон ва Республикаи Корея. Ҳаракати баланди тараққиётро сатҳи баланди сармояҳои хусусӣ дар намуди сармоягузориҳои портфелӣ таъмин мекарданд. Беҳдошти намоён, тақрибан аз соли 2004 сар карда, дар мамлакатҳои Амрикои Лотинӣ мушоҳида шудааст, ки пас аз 5 соли буҳрон 5,7% афзоиш ба қайд гирифта шудааст. Омилҳои чунин фаъолнокии иқтисодиёт васеъкунии содирот ва беҳтар кардани шароитҳои савдо ва инчунин шиддатнок гардонидани сиёсати пулӣ-кредитӣ дар ду мамлакатҳои калонтарин – Бразилия ва Мексика мебошад.
Материки Африқо бошад, дар ҳазорсолаи нав дар бисёри мамлакатҳояш дарозтарин муҳлати афзоиши устувори иқтисодӣ дар тамоми давраи истиқлолият мушоҳида карда шуд. Мувофиқи маълумотҳои СММ, дар солҳои 2000-2009 ҳисоби миёнаи суръати афзоиши ММД-и Африқо 5,7%-ро ташкил дода, аз он ҷумла дар соли 2004 то ба 8,4% вусъат ёфтааст, минбаъд солҳои 2005-2008 дар сатҳи 6% истода, дар соли буҳронии 2009 то ба 2,5% фаромадааст. Аммо аллакай дар соли 2010, мувофиқи баҳогузории пешакӣ, нишондоди афзоиши ММД-и Африқо боз то ба 5% афзудааст. Инчунин, нишондоди аз ҳама баланди афзоиши ММД барои мамлакатҳои Африқои содиротчиёни нафт мушоҳида шудаанд, ки солҳои 2000-2007 7-8%-ро ташкил додаанд.

Дар солҳои 1980-1990 глобализатсия таъсири манфии худро ба инкишофи саноати музофоти хочагии ҷаҳон расонидааст. Ҳамин тавр, ба зарбаи қатъӣ мамлакатҳои Амрикои Лотинӣ дучор гаштаанд. Саноати маснуотбарори ин мамлакатҳо рақобати зуд авҷгирифтаи воридоти маҳсулотро бардошт карда натавонистанд.
Ба ин нигоҳ накарда, дар 20 соли охир инкишофи саноати маснуотбарор дар мамлакатҳои тараққикардаистода асосан бо таъсири давлатҳои тараққикардае ҳавасманд карда шудааст, ки онҳо дар таъмини роҳ барои манфиатҳои нав дар соҳаи гузориши сармоя ва мустаҳкамгардонӣ дар бозорҳои тараққикардаистода рағбат доранд. Афзоиши маҳсулоти саноатӣ дар 12 мамлакатҳои тараққикардаистода (Хитой, Ҳиндустон, Бразилия, Мексика, Филиппин, Тайланд, Туркия, Покистон, Шри Ланка ва ғ.) дар соли 2000-ум ҳиссаи худро дар андозаи зиёда аз 3/4- и содироти муштараки ҷаҳони тараққикардаистода пешакӣ муқаррар кардааст, ки аз он чоряки содироти тамоми мамлакатҳои тараққикардаистода ба ҳиссаи ҳисоби Хитой рост меояд. Айнан аз ҳисоби афзоиши содироти ҳамин давлатҳо асосан афзоиши умумии миқдори мамлакатҳои тараққикардаистода дар савдои ҷаҳонӣ ба вуҷуд омадааст.
Дар баробари ин, дар натиҷаи афзоиши истеҳсолоти саноатӣ дар мамлакатҳои тараққикардаистода сохти молии содироти онхо хеле тағйир ёфтааст. Ҳамин тариқ, ҳиссаи содиротии маҳсулоти саноатӣ аз 12%-и соли 1960 то ба 70%-и нархи умумии содирот дар даҳсолаи аввали асри ХХI афзудааст. Инчунин, иштироки мамлакатҳои тараққикардаистода дар содироти саноатии ҷаҳон аз 6%-и соли 1950 то 30-35% дар соли 2007 афзудааст, ки ҳиссаи он дар минтақаҳои алоҳида нобаробар тақсим шудааст. (ба ҷадвали 1 нигоҳ кунед)
Ба ғайр аз содироти саноатӣ, ҷаҳони тараққикардаистода инчунин дар бозори ҷаҳонӣ ҳамчун таъминкунандаи асоситарини ашёи хом баромад мекунад ба монанди, маҳсулотҳои сузишворӣ, минералӣ, маҳсулотҳои кишоварзии тропикӣ ва субтропикӣ, мағзи чуб, маҳсулотҳои гуногуни баҳрӣ ва ғ. Ин молҳо брои бисёри мамлакатҳои тараққикардаистода то 70%-и даромади умумии содиротиро таъмин мекунад ва барои баъзе мамлакатҳои Тропикии Африқо бошад, то 95%.

Ҷадвали 2
Сохти содироти молии мамлакатҳои тараққикардаистода дар
минтақаҳои алоҳидаи ҷаҳон, соли 2012.

Мамлакатҳо ва минтақаҳо

Маҳсулоти
саноатӣ(%)

Сузишворӣ
(%)

Металлҳо
(%)

Осиёи Шарқӣ ва минтақаҳои уқёнуси Ором

78

15

3

Амрикои Лотинӣ, ҷазираҳои Кар.

49

13

7

Шарқи Наздик, Африқои Шимолӣ

17

32

4

Осиёи Ҷанубӣ

65

15

6

Африқо ҷанубтар ба Сахара

18

14

6

(Сарчашма: Woқld Development Indicatoқ. N.Y. and Geneva, 2013. Taӣle 4, 4a. P. 217.)

Барои иқтисодиёти ҷаҳони тараққикардаистода аввалиндараҷа таъминот бо карбогидридҳо меистад ба монанди, нафту газ, ки мувофиқи захира ва содирот чойҳои аввалро мамлакатҳо Шарқӣ – Арабистони Саудӣ (тақрибан 18%-и содироти ҷаҳонӣ), Эрон (5,4%-и содироти ҷаҳонӣ), Кувейт (4%) ва ғайраҳо. Дар солҳои охир афзоиши содироти нафту газ дар мамлакатҳои Африқо – Нигерия, Ливия, Алҷир, Ангола, Гвинея, Габона, Миср ва Судан (захираҳои нафту газ дар 19 мамлакатҳои материк, инчунин дар Африқои Шарқӣ низ пайдо шудаанд) мушоҳида шудааст. Содироти нафт инчунин дар Эквадор ва Бразилия низ зиёд шудаистодааст.
Мамлакатҳои тараққикардаистода дар ҷаҳони муосир истеҳсолгарони асоситарини нафту газ ба ҳисоб мераванд. Мувофиқи пешбинии мутахассисони ғарбӣ, дар соли 2020 панҷ мамлакатҳои Шарӣи Наздик (Арабистони Саудӣ, ОАЕ, Қувейт, Эрон, Ироқ) 45%-и сайди ҷаҳонии нафтро таъмин мекунанд. Ба Арабистони Саудӣ, Эрон, Ироқ, Қувейт, Венесуэла ва Руссия тақрибан 70%-и захираҳои исботшудаи нафтӣ рост меоянд, 60%-и захираҳои исботшудаи газӣ бошанд, ба чор мамлакатҳои ҷаҳон – Руссия (26,3%-и захираҳои ҷаҳонӣ), Эрон, Қатар ва Арабистони Саудӣ рост меоянд.
Ҳамин тавр, бо воситаи савдои байналхалқӣ дар солҳои охир тақрибан 54%-и содироти ҷаҳонии нафт, 33%-и газ, зиёда аз 80%-и молибден, уран, тантал, металлҳои камёфти заминӣ, тилло, платина амалӣ гардонида мешаванд. Ҳиссаи содиротӣ нисбат ба истеҳсоли ҷаҳонии маъдани оҳан (46%), маъдани мис (43%), волфрам (44%), маъдани манган (38%), инчунин алюминӣ, хромӣ, сурбӣ ва дигар ашёҳои хом хеле бузург аст. Ба ғайр аз канданиҳои фоиданок мамлакатҳои тараккикардаистода ҳамчун монополистон дар бозори ҷаҳонии маҳсулотҳои заминии тропикӣ ва субтропикӣ ба монанди, кофе, какао, чой, ананас, авокадо, папайя, манго ва ғайраҳо баромад мекунанд.
Боз як тамоюли нав, ки барои соли 2000-ум рост меояд – афзоиши шиддатноки сармоягузориҳо байни худи мамлакатҳои тараққикардаистода. Ҳамин гуна, мисол, сармоягузориҳои хориҷии байни Хитой ва мамлакатҳои АСЕАН соли соли 2000-ум аз 2,9 млрд. доллари амрикоӣ соли 2008 то ба 7,8 млрд. афзудааст. Мамлакатҳои Африқо дар давоми солҳои 2006-2008 зиёда аз 6,2 млрд. сармоягузориҳои хориҷиро аз мамлакатҳои тараққикардаистода гирифтаанд, аз ҳисоби ЮАР – 2,6 млрд. долл., аз Хитой – 2,5 млрд. долл., аз Малайзия – 611 млн. долл., аз Ҳиндустон – 332 млн. долл., аз Тайван – 48 млн. долл., аз Кореяи Ҷанубӣ – 45 млн. долл., аз Чили – 44 млн. долл., аз Туркия – 35 млн. долл., аз Бразилия – 14 млн. долл.
Боз як шаҳодати дигари тағйиротҳо дар мамлакатҳои Осиё, Африқо ва Амрикои Лотинӣ ин пайдо шудани ШТН мебошанд, ки онҳо руз аз руз фаъолияташонро васеъ гардонида, дар бозорҳои ҷаҳонӣ ширкат варзидаистодаанд ва бештар таъсири худро ба фаъолияти ташкилотҳои байналхалқӣ дар соҳаи танзими муносибатҳои хоҷагии ҷаҳонӣ расонида истодаанд. Ҳоло миқдори онҳо он қадар бузург нес, вале роли онҳо дар иқтисодиёти ҷаҳон доимо афзудаистодааст. Ҳамин тавр соли 1995 танҳо 1,1%-и активҳои хориҷӣ аз 2,5 ҳазор ШТН-ҳои бузургтарини ҷаҳон ба мамлакатҳои тараққикардаистода рост меомад, аз он ҳисоб 1% барои осиёигиҳо, соли 2008 бошад, маълумотҳои овардашуда то 8,0 ва 6,6% афзудаанд. Аз сад ШТН-ии бузургтарини мамлакатҳои тараққикардаистода ва мамлакатҳои бо иқтисодиёти гузариш 47-тоашон аз Осиёи Шарқӣ, 15-тоашон аз мамлакатҳои ЮВА, 9-тоашон аз Африқо, 9-тоашон аз Амрикои Лотинӣ, 7-тоашон аз Осиёи Ғарбӣ ва 5-тоашон аз Осиёи Ҷанубӣ мебошанд.
ШТН-ии Осиё ғасби таҷовузкоронаро дар бозорҳои мамлакатҳои тараққикарда пеш бурда истодаанд. Гуруҳи машҳури ҳиндӣ Лакшми Миттал аллакай дар октябри соли 2006 пас аз ҷидду ҷаҳди зиёд дорои ташкилоти металлургӣ гашт, ки он дар байни 500 ширкатҳои бузургтарини ҷаҳон ҷои 380-умро ишғол мекунад. «Арселор Миттал»-и ба вуҷуд омада, 116 млн. тонна пулодро дар як сол истеҳсол менамояд, ки дар ҷаҳон ҷои аввалро ишғол мекунад.


Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *


Уважаемые читатели! Просим вас, оставляя комментарии, уважать друг друга и не злоупотреблять свободой слова.
Администрация сайта будет удалять:
1. Комментарии с грубой и ненормативной лексикой.
2. Оскорбления, угрозы и непристойные высказывания.
3. Высказывания, разжигающие национальную, религиозную и прочую рознь и вражду.
4. Комментарии, содержащие другие нарушения законодательства и прав граждан.
5. Комментарии, рекламирующие и продвигающие другие веб-ресурсы, товары и услуги, а также комментарии, не имеющие отношения к дискуссии.

Пользователи, которые нарушают эти правила грубо или систематически, будут заблокированы.