Среда, Ноябрь 20Вместе создадим светлое будущее!


САРМОЯГУЗОРИИ ХОРИҶӢ БА ИҚТИСОДИЁТИ ҶТ (Ҷумхурии Тоҷикистон)

Дар марҳилаи аз соли 2007 то 2012 ба иқтисодиёти ҶТ ба маблағи 9439 млн. доллари ИМА сармояҳои хориҷӣ ворид шудааст. Дар сохтмони ин воситаҳо 1428 млн. ё 15,1% ба сармоягузориҳои мустақим, 7936 млн. долларҳои ИМА ё 84,65 ба ҳисси сармоягузориҳои дигар рост меояд.Дар марҳилаи аз соли 2007 то 2012 ба иқтисодиёти ҶТ ба маблағи 9439 млн. доллари ИМА сармояҳои хориҷӣ ворид шудааст. Дар сохтмони ин воситаҳо 1428 млн. ё 15,1% ба сармоягузориҳои мустақим, 7936 млн. долларҳои ИМА ё 84,65 ба ҳисси сармоягузориҳои дигар рост меояд. Инқирози ҷаҳонии молиявӣ ба ин нишондиҳанда таъсири калон расонид, хусусан дар соли 2009, ки ҳаҷми ҷалби сармояҳои хориҷи сатҳи минималиро ташкил дод. Аллакай дар аввали соли 2010 ин нишондиҳанда тамоюли инкишофёбиро доро гашт ва ба 149 % нисбат ба соли гузашта афзоиш ёфт. Дар соли 2011 бошад ба иқтисодиёти ҶТ 2268 млн. долларҳои ИМА сармояҳои хориҷӣ ворид шуд, ки нисбати соли 2010 2 маротиба ба зиёд мебошад.
Дар сохтори умумии сармоягузориҳои хориҷӣ ба иқтисодиёти ҶТ дар соли 2011 ҳисси асосиро сармоягузориҳои дигар ташкил дод, ки 96,6% – ро ташкил медиҳад ва нисбати соли 2010 200% зиёд гаштааст. Дар соли 2012 бошад, ҳисси сармоягузориҳои дигар 88,7% ташкил карда,тамоюли дар боло қайдшударо нигоҳ доштааст.
Ҷалби сармояҳои портфелӣ дар ин марҳила хеле кам буд ва ҳисси онҳо дар сохтори сармоягузориҳои хориҷӣ ҳамагӣ 0,25% – ро ташкил кард. (Ҷадвали 5)
Ҷадвали 6.1
Сохтори сармоягузориҳои хориҷӣ ба иқтисодиёти ҶТ

Солҳо

Ҳамагӣ

Нисба-
ти марҳи-
лаи гузашта %

Муста-
қим

Нисба-
ти марҳи-
лаи гузашта %

Портфе-лӣ

Нисба-
ти марҳи-
лаи гузашта %

Дигар сармоягузо
риҳои хориҷи

Нисбати марҳи-
лаи гузашта %

2007

2060707,5

388436,1

199,9

1672071,5

2008

1810899,8

87,7

716708,6

211,7

17014,7

8549,7

1077176,8

64,4

2009

677332,4

37,4

76882,2

10,7

184,2

1,8

600266,0

55,7

2010

1119865,2

165,5

51027,7

66,3

6511,2

3534,8

1062326,3

176,9

2011

2268397,3

200,2

76284,6

149,4

52,0

0,79

2192060,7

200,6

2012

1502017,4

66,2

6169436,2

222,1

133258,2

60,8

Ҳама-
гӣ

9439219,6

1478775,4

23961,7

7936482,5

Бо %

100%

15,67%

0,25

84,08

Сарчашма:Ахбори Бонки Миллии ҶТ Душанбе 2013 С. 19 – 64

Дар сохтори соҳавии сармоягузориҳои хориҷӣ низ тағирёбиҳои назараст ба вуҷуд омад. Дар марҳилаи мушоҳидашаванда сармоягузориҳои назаррас ба соҳаи нақлиёт ва алоқа афзоиш ёфтааст. (4,5 маротиба) инчунин афзоиш дар соҳаи саноати кўҳию маданӣ низ ба назар мерасад. (2 маротиба).
Дар сохтори ҷуғрофии сармоягузориҳои хориҷие, ки ба иқтисодиёти ҶТ ворид шудааст, мавқеъи пешворо Федератсияи Руссия, Британияи Кабир, Кипр, ИМА ишғол мекунад. Дар охири соли 2011 1022 млн. дол ИМА ё 46,1% аз ҳаҷми умумии сармояҳои воридшуда ба ҳисси Фед. Руссия рост меояд. Аз Британияи Кабир 341,2 млн. дол. (15,4%) ва аз Кипр – 209,48 млн. дол. (9,4%) ва аз ИМА – 129,61 млн. дол. (5,8%) сармояҳои хориҷӣ ворид гаштаанд.

Ҷадвали 6.2
Сохтори соҳавии сармоягузориҳои хориҷӣ

Шакли фаъолияти иқтисодӣ
2005

2006

2007

2008

2009

2010

2011

Саноати коркард

24

2,5

1,41

Саноати кўҳи маданӣ

38

5,4

5,1

3,2

9,3

16,7

Энергетика

59,2

42,6

75,7

Алоқа ва нақлиёт

7

12,9

12,1

4,7

46,2

13,7

61,2

Сохтмон

8

27,6

10,5

7,9

19,1

10,2

Хизматрасонии ичтимоӣ

Молияви миёнарви

9

10,5

6,2

41,3

40,9

11,8

Тиҷорати яклухт ва чакана

12

Дигар соҳаҳо

11,6

2,1

2,9

17

Ҳамагӣ

100

100

100

100

100

100

100

Сарчашма: Ахбори Бонки Миллии ҶТ. Тавозуни пардохт.

Бояд қайд кунем, ки ҷалби сармояҳои хориҷӣ ба иқтисодиёти ҶТ то ҳол барои ташаккули сектори бузурги сармоягузорӣ оварда нарасонидааст.Дар марҳилаи муосир ин соҳаи иқтисодиёти ҶТ бо мавҷудияти як чанд муаммоҳо ба мисли сатҳи пасти ҷалби сармояҳои портфелӣ, сатҳи пасти рақобатпазирии ширкатҳои дохилӣ, сатҳи пасти рушди инфрасохтори истеҳсолӣ ва бозорӣ, сатҳи баланди коррупсия ва ғайраҳо. Дар ин самт барои аз гирифтани ин муаммоҳо аз тарафи ҳукумати мамлакат як чанд чораҳои зарурӣ андешида шуда истодааст. Аммо дар баъзе ҳолатҳо ин чораҳо натиҷаи баландро таъмин намесозанд, зеро дар иқтисодиёти ҶТ вазъи ташкилии сармоягузорӣ то ҳол ҷавобгўи замона намебошад.
Ба фикри мо дар роҳи беҳтаргардонии иқлими сармоягузорӣ ва ҷалби сармояҳои хориҷии мустақим ва портфелӣ аз тарафи давлат чунин корҳо анҷом дода шаванд:

Бояд, ки дар роҳи инкишофи муносибатҳои бозоргонӣ масъалаи ташкилии бозор аз нав дида баромада шавад, зеро дар марҳилаи охир ин дар натиҷаҳои охирини фаъолияти иқтисодӣ таъсири манфӣ расонида истодааст:
Дар мамлакат дар зодаи рушди ҳамгироии иқтисодии байналхалқӣчораҳои зарур андешидан лозим мебошад, дар амалия нишон медиҳад, ки ҳамгирони иқтисодии байналхалқӣ дар сатҳи хеле паст қарор дорад;
Ба стандартҳои байналхалқии фаъолияти хисобгири ва молиявӣ омода намудани субъектони хоҷагидорӣ, к ибо ин иқлими мусоиди сармоягузорӣ ба даст дароварда мешавад.
Ҷалби ширкатҳои фаромиллалӣ ба иқтисодиёти мамлакт, бо роҳи пешниҳоди имтиёзҳои молиявӣ.


Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *


Уважаемые читатели! Просим вас, оставляя комментарии, уважать друг друга и не злоупотреблять свободой слова.
Администрация сайта будет удалять:
1. Комментарии с грубой и ненормативной лексикой.
2. Оскорбления, угрозы и непристойные высказывания.
3. Высказывания, разжигающие национальную, религиозную и прочую рознь и вражду.
4. Комментарии, содержащие другие нарушения законодательства и прав граждан.
5. Комментарии, рекламирующие и продвигающие другие веб-ресурсы, товары и услуги, а также комментарии, не имеющие отношения к дискуссии.

Пользователи, которые нарушают эти правила грубо или систематически, будут заблокированы.