Среда, Ноябрь 20Вместе создадим светлое будущее!


ОМИЛҲОИ РУШДИ САРМОЯГУЗОРИИ ХОРИҶӢ ДАР ҶТ (Ҷумхурии Тоҷикистон)

Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз мамлакатҳое мебошад, ки рушди иқтисодиёт аз сармоягузории хориҷӣ вобастагӣ дорад. Чӣ хеле, ки дар боло қайд карда гузаштем дар роҳи ҷалби сармоягузориҳои хориҷӣ мувофиқиятҳои назарраст ба даст дароварда шудаанд.Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз мамлакатҳое мебошад, ки рушди иқтисодиёт аз сармоягузории хориҷӣ вобастагӣ дорад. Чӣ хеле, ки дар боло қайд карда гузаштем дар роҳи ҷалби сармоягузориҳои хориҷӣ мувофиқиятҳои назарраст ба даст дароварда шудаанд. Лекин, бо баробари ин баъзе омилҳое манфии рушди сармоягузории хориҷӣ дар ҶТ боқи мондааст, ки ба онҳо дохил мешаванд:

ноустувории ҳуқуқие, ки бо қабули қонунҳои нав ба тасниф мешавад, инчунин дар баъзе ҳолатҳо ба вуҷуд омадани қонунвайронкуниҳо;
қонунгузории ғайрисамаранокии замин дар ҶТ ки бо ташаккули муносибатҳои бозоргонӣ дар ин самт монеъа мегузорад;
кўҳнашавии ва қафомонии инфрасохтори истеҳсолӣ ва нақлиётӣ, камёбии энегетикӣ, хусусан дар фасли зимистон;
сатҳи пасти инкишофи инфрасохтори бозорӣ, асосан дар ноҳияҳо;
сатҳи пасти таъминкунии ахборотии сармоягузарони хориҷӣ оид ба имкониятҳои истеҳсолӣ дар мамлакат;
ҳаҷми ками мутахасисони тахасусманди судманд;
мавҷудияти ноустувории сиёсӣ дар сарҳади мамлакат (дар Авғонистон);
сатҳи баланди қарзҳои хориҷӣ;
тавозуни манфии савдои хориҷӣ;
Мавҷудияти чунин омилҳои манфӣ дар мамлакт барои ташаккули иқлими мусоиди сармоягузорӣ хала мерасонад ва ислоҳотҳои ояндаро талаб менамояд. Дар ин шароит аз нуқтаи назари иқтисоддони машҳури ҷумҳурӣ Назаров Т.Н ин ислоҳотро бояд, ки хусусияти коллективиро пайдо намояд, зеро барои устувории ҷалби сармоягузорӣ фаъолияти самараноки тамоми соҳаҳо зарур мебошад;
Дар ҳақиқатан ташаккули иқлими мусоиди сармоягузорӣ дар ҶТ ба ояндаи рушди мамлакат асос меёбад. Натиҷаи иқлими мусоиди сармоягузорӣ дар ду нуқтаи назар пайдо мегардад яъне нуқтаи назари иқтисодӣ ва ичтимоӣ. Нуқтаи назари иқтисодӣ дар афзоиши нишондиҳандаҳои макроиқтисодиро, пеш аз ҳама рушди ММД бо сари аҳолӣ ва иқтидорисодиротӣ пайдо мегардад. Нуқтаи назари ичтимоӣ бошад ин пастравии хафу хатари ичтимоӣ, афзоиши музди маош, ва бо ин роҳ баланд шудани қобилияти харидории аҳолӣ мебошад.
Дар адабиётҳои иқтисодӣ як чанд ақидаҳо оиди беҳтар гардонии иқлими иқтисодӣ мавҷуд мебошад. Дар натиҷаи омўзиши онҳо мо ба чунин хулоса омадем, ки иқлими мусоиди сармоягузорӣ ин шарту шароити мусоиди молиявӣ, иқтисодӣ сиёсӣ ва ичтимоӣ мебошанд, ки бевосита ба ҷалби сармоягузории хориҷӣ таъсир мерасонад. Иқлими мусоид бо мавҷудияти мўътадилии сиёсӣ, базаи хуби ҳуқуқи меъёрӣ, системаи хуби андоз, имтиёзҳо дар ин равия тавсиф мешавад.Чӣ хеле, ки таҷриба нишон медиҳад, ин омилҳо барои мамлакати чун Тоҷикистон хеле муҳим мебошад, зеро захираҳои дохилӣ барои дастгирии дараҷаи рушди иқтисодӣ нокифоя мебошанд.
Сиёсати ҳавасмандгардонии ҷалби сармоягузорӣ дар давлатҳои тараққикарда ва мамолики рў ба тараққӣ моҳиятан аз ҳамдигар фарқ мекунанд. Амалия ба он тақозо менамояд, ки дар давлатҳои аз лиҳози саноат тараққикарда ба сифати ҳавасмандгардонии сармоягузории хориҷӣ воситаҳои молиявӣ истифода мегарданд.
Дар давлатҳои рў ба тараққӣ ва мамолики дар сатҳи гузариши иқтисодӣ қарордошта бошад, сармоягузорони хориҷиро бо роҳи паст кардани андоз ва имтиёзҳо дар пардохти боҷи гумрукӣ ҳавасманд мегардонад.
Масалан, 3-юми октябри соли 2006 бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №451 «Барномаи рушди соҳаи паррандапарварӣ барои солҳои 2007-2015» тасдиқ гардид. Имрўз баъзе сармоягузороне, ки таҷҳизоти марбут ба ин соҳаро ворид карда истодаанд, бо қарорҳои алоҳидаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз пардохти боҷҳои гумрукӣ озод гардидаанд.
Чӣ тавре номбар гардид давлатҳои рў ба тараққӣ ва дар давраи гузариши иқтисодӣ қарордошта ҳавасмандгардонии сармоягузорони хориҷиро асосан бо роҳи паст кардани андоз ба роҳ мондаанд.
Шаклҳои нисбатан зиёд истифодашавандаи имтиёзҳои андозсупорӣ чунин мебошад:
– таътилҳои андозсупорӣ;
– имтиёзҳои (гузаштҳои) сармоягузорӣ;
– кредити андоз;
– амортизатсияи пурзўркардашуда;
– субсидияҳои сармоягузорӣ;
– имтиёзҳои андозситонии бевосита, мисли паст кардани боҷҳои гумрукӣ.
Дар муносибат ба таътилҳои андозсупорӣ – имтиёзҳои (гузаштҳои) сармоягузорӣ ва кредити андоз дорои бартарият мебошанд, зеро барои ҷалби сармоя дар ин ё он шакл усулҳои нисбатан таъсирнок мебошанд.
Махсусан низоми кредити андоз оддӣ ва самаранок мебошад. Дар мазмуни ҳуқуқиаш кредити андози сармоягузорӣ – ин ҳиссаи арзиши сармояи гузошташуда (одатан шакли қатъиян муайян) мебошад, ки аз маблағи ўҳдадориҳои андозии корхона ситонида мешавад.
Агар маблағи кредити андоз, ки ба корхона пешниҳод мегардад, муайян бошад, он ба ҳисоби махсуси андоз гузаронида мешавад. корхонае, ки ингуна имтиёзро соҳиб гардидааст, андозсупорандаи оддӣ маҳсуб меёбад. Яъне тамоми муқаррароти қоидаҳои андозситонӣ, аз ҷумла, муайян намудани андоз аз фоида ва талаботи ҳуҷҷатии даромадҳои андозбандишаванда ба он дахл дорад. Фарқияти ягона дар он аст, ки масъулияти пардохти андоз аз даромад аз ҳисоби кредитҳое, ки аз андоз бармегарданд, то муддате, ки салдо (қарзи умумӣ)-и тавозун ба сифр (нол) баробар шуданаш пардохт мегардад. Баъди он ҳисоби андозӣ ба давраи номуайян пўшида мешавад, вале маблағи истифоданашудаи кредити андозро истифода бурдан мумкин аст.
Агар маблағи кредити андозе, ки ба корхона пешниҳод мегардад, муайян бошад, метавон онро ба тавозун, мисли хароҷоти андоз ворид намуд ва он низ ба монанди дигар шаклҳои хароҷот таҳти санҷиш қарор хоҳад гирифт.
Ҳамин тавр, кредити андоз – ин аз ҳисоби андоз аз фоида ҷудо кардани (ситонидани) қисме аз хароҷоти сармоягузории корхона мебошад, ки шарти эҳтимолии истифодаи он дар маблағгузориҳои оянда имконпазир аст.
Низоми имтиёзҳои (гузаштҳои) сармоягузорӣ дар шакли дараҷаҳои пасткардашудаи андоз татбиқ гардида, ба амалияи истифодаи низоми кредити андоз шабеҳ буда, самарааш ҳам монанди он аст. Фарқияти ягонаи он дар фикри зер зоҳир мегардад:
Агар андози корпоративӣ якчанд дараҷа дошта бошад, маблағи пешниҳодкунандаи гузашти (имтиёзи) сармоягузориро на дар инъикоси мутлақи он, балки бояд дар шакли дараҷаи андоз муайян кард, ки дорои имтиёз мебошанд.
Имтиёзи сармоягузорӣ метавонад шакли имтиёз ба аз ҳад зиёд истифодабарии захираҳои зеризаминиро дошта бошад, ки ба кам гардидани сатҳи андозситонӣ ва фоидаи саноати тавлидшаванда бурда мерасонад.
Масалан, дар ИМА ва Фаронса кредити андоз аз фурўши нефту газ 23,5% ва аз фоидаи холиси он 50%-ро ташкил медиҳад.
Дар ҳолати амортизатсияи пурзўркардашуда қисмати зиёди фоида (нисбат ба амортизатсияи оддӣ) таҳти хароҷоти истеҳсолот қарор гирифта, аз пардохти андоз озод мегардад.
Масалан, дар Олмон меъёрҳои ҳарсолаи амортизатсияи иншооти истеҳсолӣ ба мўҳлати миёнаи хидмат ба 25 сол баробар мебошад, ки дар 4 соли аввал 10%, дар 3 соли баъдӣ 5% ва дар 18 соли боқимонда 2,5% -ро ташкил медиҳад.
Меъёрҳои имтиёзии амортизатсия зиёдтар барои активҳои асосии секторҳои алоҳидаи иқтисодӣ ба монанди киштиҳо, ҳавопаймоҳо, фонди манзил, фондҳои асосии соҳибкории хурд ва миёна таъсир мерасонанд.
Субсидияҳои сармоягузорӣ яке аз шаклҳои кредити андоз ва ё имтиёзҳои (гузаштҳои) сармоягузорӣ мебошад, вале дорои чунин мушкилот аст, таваккали зарари он ба буҷет хатаровар аст (самаранокии буҷетии ингуна субсидияҳо метавонад манфӣ бошад).
Ҳавасмандгардонии андозҳои бевосита дар шакли озод кардан аз ААИ (андоз аз арзиши иловашуда)-и ашёи хом молҳои сармояталаб, инчунин ворид намудани низоми шартан вориднамоии бе пардохти боҷи гумрукӣ амалӣ мегардад.
Имтиёзот дар муносибат ба андозҳои бевосита бо мақсади ҳавасмандгардонии содирот татбиқ гардида, аз нуқтаи назари амалияи ҳуқуқӣ мақбултар мебошад.
Дар байни воситаҳои ҳавасмандгардонии воситаҳои сармоягузории хориҷӣ – минтақаҳои озоди иқтисодӣ (МОИ) мақоми хосаро соҳиб буда, минтақаҳои дорои мақоми махсуси ҳуқуқӣ ва иқтисодиро пешкаш менамояд, ки барои ҷалби сармояи хориҷӣ мутобиқ бошанд. Барои тамоми намудҳои минтақаҳо МОИ дорои чунин имтиёзот мебошад: имтиёзоти савдои беруна, имтиёзоти андоз, имтиёзоти молиявӣ ва имтиёзоти маъмурӣ.

Т. Назаров Экономическая реформы, сотрудничество и безопасность. Душанбе 2013 – с 42


Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *


Уважаемые читатели! Просим вас, оставляя комментарии, уважать друг друга и не злоупотреблять свободой слова.
Администрация сайта будет удалять:
1. Комментарии с грубой и ненормативной лексикой.
2. Оскорбления, угрозы и непристойные высказывания.
3. Высказывания, разжигающие национальную, религиозную и прочую рознь и вражду.
4. Комментарии, содержащие другие нарушения законодательства и прав граждан.
5. Комментарии, рекламирующие и продвигающие другие веб-ресурсы, товары и услуги, а также комментарии, не имеющие отношения к дискуссии.

Пользователи, которые нарушают эти правила грубо или систематически, будут заблокированы.