Вторник, Ноябрь 12Вместе создадим светлое будущее!


БАҲОИ ҲАҶМИ ИНТИҚОЛИ ТЕХНОЛОГИЯ

Танҳо қисми пардохтҳои технологӣ дар тавозуни пардохтии оморӣ ба ҳисоб гирифта мешаванд. Агар технолоия «дар намуди соф» интиқол ёбад, пардохт ба онҳо бо сатри «роялтӣ ва пардохтҳои ҷавозномавӣ»-и тавозуни пардохт, ки ба фасли хадамот дар чорчўбаи амалиётҳои ҷорӣ тааллуқ дорад, амалӣ мешавад.Танҳо қисми пардохтҳои технологӣ дар тавозуни пардохтии оморӣ ба ҳисоб гирифта мешаванд. Агар технолоия «дар намуди соф» интиқол ёбад, пардохт ба онҳо бо сатри «роялтӣ ва пардохтҳои ҷавозномавӣ»-и тавозуни пардохт, ки ба фасли хадамот дар чорчўбаи амалиётҳои ҷорӣ тааллуқ дорад, амалӣ мешавад. Танҳо аз тарафи мамлакатҳои тараққикардаи саноатӣ омори пардохтҳои технологӣ ба табъ расонида мешавад, ки ҳисоби онҳо дар масштаби ҷаҳон имконнопазир мегардад. Дар фазои ташкилотҳои байналалқӣ масъала оиди омодасозии «тавозуни пардохти технологӣ» омўхта шуда истодааст, ки ин иқдом имконияти пай бурдани дараҷаи интиқоли байнидавлатии технологияро, ки бо савдои молҳои дорои технологияи баланд, сармояҳои байналхалқӣ вобаста аст, инчунин фурўши патентҳо ва пешниҳоди ҷвознома ва технология бо тариқи бебозгашт, медиҳад.
Агар интиқоли байналхалқии технология бо тариқи васеъ фаҳмида шавад ва савдои молҳои ғунҷоиши технологиашон баландро дар бар гирад, он гоҳ тарзи баҳои онҳо дигаргун аст. Барои баҳои ҳаҷми технология, ки бо тариқи савдои молҳои дорои технологии баланд интиқол мешаванд, он гоҳ таснифи савдои ғунҷоиши технологии аз тарафи ЮНКТАД коркард шуда истифода мешавад.
Ғунҷоиши технологии савдо (ҒТС) – ҳиссаи хароҷоти тадқиқот ва коркард дар ҳаҷми истеҳсолот ва савдои молҳои соҳаҳои алоҳида мебошад.
Коэффисенти ғунҷоиши технологии савдо барои соҳаҳои мухталифи истеҳсолот ва молҳои алоҳидаи мамлакатҳои ҷаҳон ҳисоб карда шуданаш мумкин аст. Баъдан бузургиҳои миёна ҳисоб карда мешавад. Ҳамаи молҳо ва соҳаҳое, ки ҒТС-ашон аз сатҳи миёнаи мамлакати мазкур, гурўҳи мамлакатҳо ё соҳа баланд аст, ғунҷоиши технологии баланд ҳисобида мешавад. Агар бо сатҳи миёна баробар бошад, он гоҳ ғунҷоиши технологии миёна ва паст бошанд, ғунҷоиши технологии паст ҳисобида мешавад.
Ба ғайр аз он, барои баҳои ҒТС таснифи стандартии савдои байналхалқӣ истифода мешавад. Савдои молҳои зергурўҳи 7, ки ҳавпаймоҳо ва қисмҳои он, тачҳизотҳои оффисӣ ва компютерҳоро дар бар мегирад, дорои ғунҷоиши технологии баланд ҳисобида мешаванд.


Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *


Уважаемые читатели! Просим вас, оставляя комментарии, уважать друг друга и не злоупотреблять свободой слова.
Администрация сайта будет удалять:
1. Комментарии с грубой и ненормативной лексикой.
2. Оскорбления, угрозы и непристойные высказывания.
3. Высказывания, разжигающие национальную, религиозную и прочую рознь и вражду.
4. Комментарии, содержащие другие нарушения законодательства и прав граждан.
5. Комментарии, рекламирующие и продвигающие другие веб-ресурсы, товары и услуги, а также комментарии, не имеющие отношения к дискуссии.

Пользователи, которые нарушают эти правила грубо или систематически, будут заблокированы.