Пятница, Ноябрь 22Вместе создадим светлое будущее!


ЗАМИНАҲОИ АСОСИИ ТАЪСИСИ МОИ (Минтақаҳои озоди иқтисодӣ) ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ВА МАҚСАДУ ВАЗИФАҲОИ ОНҲО

Дар шароити ҳозира масъалаи ҳамгироии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иқтисоди ҷаҳонӣ яке аз масъалаҳои асосии рушди иҷтисодиёти миллӣ ба ҳисоб меравад.Дар шароити ҳозира масъалаи ҳамгироии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иқтисоди ҷаҳонӣ яке аз масъалаҳои асосии рушди иҷтисодиёти миллӣ ба ҳисоб меравад.
Бунёди минтақаҳои озоди иқтисодӣ дар ин маврид ҷузъи муҳими ислоҳоти иқтисодӣ буда, ба густариши муносибатҳои бозорӣ, ҳамгироии иқтисодӣ, густариши робитаҳо байни хоҷагиҳои миллӣ ва дар баробари он иштироки фаъоли кишварро дар тақсимоти байналхалқии меҳнат (ТБМ) таъмин менамояд.
Бояд таъкид намуд, ки таъсисдиҳии минтақаҳои озоди иқтисодӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон амали тасодуфи набуда, ин иқдом бо якқатор зиминаҳои сиёсӣ, иқтисодию иҷтимоӣ, инфрасохторӣ ва ташкилию ҳуқуқӣ асос меёбад.
Умуман заминаҳо ин маҷмўи шароитҳое мебошанд, ки барои сармоягузорони хориҷӣ ва ватанӣ муҳайё гашта барои фаъолияти самарабахши тиҷоратию истеҳсолии онҳо мусоидат мекунанд. Дар навбати худ метавон чунин шароитҳоро номбар намуд. Аз ҷумла:
– вазъи сиёсии мамлакат;
– кафолати ҳуқуқии сармоя ва сармоягузорони хориҷӣ;
– мавҷудияти инфрасохтори замонавӣ;
– муҳити ҷуғрофию табиӣ ва экологӣ;
– вазъи иқтисодии мусоид барои истеҳсолот ва соҳибкорӣ;
– имтиёзу имкониятҳо барои хориҷиён пешкашшаванда;
Ингуна шароиту омилҳо аз ҷониби сармоягузорони хориҷие, ки нияти ҳамкорӣ доранд, ҳаматарафа таҳлил ва омўхта мешаванд.
Акнун барои омўзиши пурра ба заминаҳои асосии таъсиси МОИ назар мекунем.
Яке аз заминҳои асосӣ ин заминаи сиёсӣ мебошад. Воқеъан ташаккули давлатдории соҳибихтиёр (09.09.1991) дар Тоҷикистон имкониятҳои беназирро барои рушди иқтисодиву иҷтимоӣ ба вуҷуд овард.
Умуман худи соҳибистиқлолии давлат яке аз заминаҳои муҳимтарини сиёсӣ барои рушди ҳамкориҳо бо кишварҳои ҷаҳон хусусан дар бахши таъсиси МОИ ва ҷалби самараноки сармоягузории хориҷӣ мебошад.
Дар баробари ин таъсиси Парлумони дупалатагӣ, бунёд қонунгузории миллӣ ва ҷараёни қонунэҷодкунӣ, қабул ва мавриди амал қарор гирифтани як қатор қонунҳои ҶТ, ки ҳамаи ҷабҳаҳои ҳаёти иқтисодии кишварро ба танзим медароранд, низ омили муҳими сиёсию иқтисодӣ ба шумор мераван.
Инчунин боз рушди иқтисоди миллии ба иҷтимоиёт нигаронидашуда, пайдо шудани муҳити соҳибкорӣ, дарк намудани зарурияти ҷустуҷўи роҳҳои инкишоф дар соҳаи истеҳсолот, баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум, паст кардани сатҳи камбизоатӣ, ба амал баровардани чорабиниҳои бузурги давлатӣ дар бахши беҳсозии вазъи иҷтимоӣ дар ҷомеъа, татбиқи барономаҳои стратегии рушди иқтисодӣ барои давраи дарозмуддат аз қабили заминаҳои назаррас ба ҳисоб мераванд.
Ин ҷо бояд таъкид намуд, ки ноилшави ба вазъи устувори макроиқтисодӣ ва густариши муносибатҳои бозорӣ аз сиёсати қонунгузорӣ низ вобастагии калон дорад. Масалан, амалӣ гаштани силсилаи қонунҳо вобаста ба беҳсозии муҳит ва рушди соҳибкорӣ, аз ҷумла қонунҳои ҶТ «Дар бораи дастгирии соҳибкорӣ», «Дар бораи хоҷагиҳои деҳқонии фермерӣ», «Дар бораи сармоягузорӣ», «Дар бораи танзими давлатии фаъолияти савдои хориҷӣ», «Дар бораи иҷозатдиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият» аз қабили омилҳои боэътимоди рушди соҳибкорӣ ва инкишофи босуботи иқтисоди миллӣ мебошанд.
Инҷо таъкид кардан ба маврид аст, ки таъсисидиҳии МОИ дар ҶТ ҷузъи ислоҳоти иқтисодӣ ва пойдор намудани муносибатҳои бозорӣ дар кишвар мебошанд. Дар баробари заминаҳои сиёсии дар боло зикр шуда, инчунин заминаҳои иқтисодию иҷтимоӣ низ яке аз омилҳои асосӣ дар ташкили МОИ ба ҳисоб мераванд.
Ба сифати заминаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ пеш аз ҳама ташаккулёфтани иқтисодиёти миллӣ, ғайридавлатикунонӣ, хусусигардонии моликияти давлатӣ ва дар ин асос пойдор гаштани бахши хусусии иқтисодиёт дохил мешаванд.
Дар баробари ин тағйироти мусбӣ дар ташкили системаи самарабахши робитаҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи иқтисодию тиҷоратии ҶТ бо дигар кишварҳо заминаи муҳими ҳам сиёсӣ ва ҳам иқтисодӣ ба шумор мераванд. Имрўз зиёда аз 150 кишвари олам Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳамчун субъекти баробарҳуқуқи иқтисоди ҷаҳонӣ расман шинохта, бо бештар аз 95 кишвар Тоҷикистон робитаҳои дипломптӣ ва тиҷоратиро барқарор намудааст. Воридшавии мунтазами ҶТ ба созмонҳои байналмиллалӣ, минтақавӣ, иқтисодӣ, тиҷоратӣ, гумрукӣ ва ташкилоту иттиҳодияҳои дигар, инчунин узвияти кишвар дар Иттиҳоди давлатҳои мустақил, Иттиҳоди иқтисолии АвруОсиё, Созмони ҳамкориҳои Шанхай, Созмони ҳамкориҳои иқтисодӣ ва ғайраҳо аз ҷумлаи омилҳои назаррас дар ин самт мебошанд. Аз соли 2013 Тоҷикистон ба сифати кишвари аъзо дар Созмони умумиҷаҳонии Савдо (СУС) эътироф гардидааст.
Таҳкими ҳамкориҳо имконияти воқеии таъмини рушди робитаҳои иқтисоди хориҷӣ ҷумҳуриро муайян намуда, омили афзоиши муомилоти савдои хориҷӣ гардидааст.
Дар инҷо як ҳолатро қайд кардан ба маврид аст, ки баъди ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори Сулҳ ва ризояти миллӣ дар кишвар, яъне аз соли 1997 пастравии нишондиҳандаҳои иқтисодиёти миллӣ боздошта шуд. Минбаъд ба ҳукумати кишвар муяссар гардид, ки сол аз сол вазъиятро ба эътидол оварда, аз соли 2000-ум ба рушди тадриҷии иқтисоди миллӣ оғоз намояд.
Дар ҶТ ташкил намудани МОИ амалан баъди қабули қонун «Дар бораи МОИ дар ҶТ» аз 17-уми майи соли 2004 таҳти рақами 24 ва Низомнома «Дар бораи МОИ дар ҶТ» аз 5-уми декабри соли 2005, №191 оғоз ёфт.
Бояд таъкид намуд, ки таъсиси МОИ кори мураккаб буда, анҷом додани корҳои зиёди ташкилӣ, иқтисодӣ ва ҳуқуқиро талаб мекунад. Барои амали намудани ин вазифа қарори ҳукумати ҶТ «Дар бораи чораҳои аввалиндараҷа оид ба ташкили МОИ дар ҶТ» аз 5-уми марти соли 2008 №103 қабул гардидааст.
Дар ин қарори Ҳукумат, ки тибқи он фаъолият дар самти ташкили МОИ дар кишвар бевосита оғоз ёфт, вазифаҳои мақомоти идоракунии давлатӣ – вазифаҳои мушаххаси Вазорати рушди иқтисод ва савдо, Кумитаи сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ҷумҳурӣ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияҳои Данғара ва Қумсангири вилояти Хатлон, шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд ва ноҳияи Ишкошими ВМКБ муайян гардиданд. Хусусан масъулияти Вазорати рушди иқтисод ва савдо дар ин кор бениҳоят калон буда, ба он вазифаҳои мақоми ваколатдор оид ба масъалаҳои ташкил, идора ва дар оянда фаъолиятбарии МОИ вогузошта шудаанд.
Асосноксозии техникию иқтисодӣ ва мақсаднок будани ташкили минтақаҳои озоди иқтисодиро дар минтақаҳои алоҳида, ки онро мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо мутобиқи банди 34 Низомнома «Дар бораи МОИ дар ҶТ» таҳия ва пешниҳод намудаанд, дар сохторҳои Вазорати рушди иқтисод ва савдо омўхта шуда, қарорҳои марбут
таҳия намудаанд. Ин дар таъсисӣ МОИ низ ҷузъи асосӣ ва муҳими заминаҳои ташкили ба ҳисоб меравад.
Мақсаду вазифаҳои МОИ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон. Читавре, ки дар боло гуфта гузаштем амалан таъсиси МОИ паз аз қабули Қонун «Дар бораи МОИ дар ҶТ» дар соли 2004 ба роҳ монда шуд. Аммо баъди гузашти 7 сол ба қонуни мазкур тағироту иловаҳо ворид гардида дар шакли нав санаи 25-уми марти соли 2012 таҳти рақами 700 қабул гардид. Тибқи қонуни мазкур мақсадҳои таъсиси МОИ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон чунинанд:
– рушди иқтидори иқтисодӣ ва иҷтимоии ҷумҳурӣ, минтақаҳо ва маҳалҳои алоҳидаи он;
– фароҳам овардани шароити мусоид барои ҷалби сармоягузорӣ ба бахшҳои воқеии иқтисодиёт;
– нигоҳдории ҷойҳои кории мавҷуда ва ҷойҳои нави корӣ;
– ҷалби техникаи муосир ва технологияи инноватсионӣ;
– ташкил ва рушди инфрасохтори муосири нақлиётӣ, истеҳсолӣ ва иҷ- тимоӣ;
– беҳтар кардани сифати идоракунӣ, таъмини самараноки истеҳсолот ва истеҳсоли маҳсулоти дар бозори ҷаҳонӣ рақобатпазир;
– баланд бардоштани иқтидори содирот ва рушди истеҳсолоти ивазку- нандаи воридот;
– ғани гардондани бозори дохилӣ;
– фаъолгардонии муносибатҳои иқтисодии хориҷӣ ва минтақаҳо;
– азхудкунии мавзеъҳои нав ва таъмини рушди шаҳрсозӣ;
– нигоҳдорӣ ва истифодаи самарабахши захираҳои табии барқарорша- ванда ва барқарорнашаванда.
Дар асоси ин МОИ, ки дар кишвар ташкил ёфтаанд, ҳар яке дорои мақсаду вазифаҳои хоси худ мебошад.
Аввалин минтақаҳои озоди иқтисодӣ, ки тибқи Қарори Ҳукумати ҶТ аз 2 майи соли 2008 таҳти рақами 227 таъсис ёфтаанд, МОИ «Панҷ» ва «Суғд» мебошанд. Баъдан бо Қарори Ҳукумати кишвар аз 2 феврали соли 2009 №74 минтақаҳои озоди иқтисодии «Ишкошим» ва «Данғара» ташкил
ёфтаанд.

Ыонуни ЖТ «Дар бораи МОИ» Моддаи 3. (25.03.2011 №700 )


Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *


Уважаемые читатели! Просим вас, оставляя комментарии, уважать друг друга и не злоупотреблять свободой слова.
Администрация сайта будет удалять:
1. Комментарии с грубой и ненормативной лексикой.
2. Оскорбления, угрозы и непристойные высказывания.
3. Высказывания, разжигающие национальную, религиозную и прочую рознь и вражду.
4. Комментарии, содержащие другие нарушения законодательства и прав граждан.
5. Комментарии, рекламирующие и продвигающие другие веб-ресурсы, товары и услуги, а также комментарии, не имеющие отношения к дискуссии.

Пользователи, которые нарушают эти правила грубо или систематически, будут заблокированы.