Суббота, Ноябрь 16Вместе создадим светлое будущее!


МАРҲИЛАҲОИ РУШДИ МОИ (Минтақаҳои озоди иқтисодӣ) ДАР ХОҶАГИИ ҶАҲОНӢ

МОИ аз ҷумлаи шаклҳои мухталифи муносибатҳои иқтисодие мебошад, ки таърихи тўлонии пайдоиш ва марҳилаҳои гуногуни рушдро аз сар гузаронида аз намудҳои соддатарини оғозёбӣ ба намудҳои мукаммалтарин мубаддал гаштаанд.МОИ аз ҷумлаи шаклҳои мухталифи муносибатҳои иқтисодие мебошад, ки таърихи тўлонии пайдоиш ва марҳилаҳои гуногуни рушдро аз сар гузаронида аз намудҳои соддатарини оғозёбӣ ба намудҳои мукаммалтарин мубаддал гаштаанд. Аввалин намунаҳои онҳо дар баъзе давлатҳо дар асрҳои XIV- XV дар намуди шаҳрҳо ва бандарҳои озод (порто-франко) дар чорроҳаҳои тиҷоратӣ ба вуҷуд омадаанд.
Дар таърих тасисёбии аввалин МОИ-ро дар соли 1547 ба шаҳри Ливорнои Италия вобаста мекунанд, ки ҳамчун «шаҳри савдои озод» эълон шуда, дар он тоҷирон ҳуқуқи савдокуниро бе пардохти андоз ба даст оварда буданд.
Дар асрҳои миёна мубодилаи байналхалқии мол аз тартиботи сахти боҷу хироҷ зарари калон медид. Расмияти гумруки хело гарон буда хароҷотҳои калонро талаб менамуд. Маҳз бо ҳамин сабаб дар шаҳрҳои назди баҳрӣ бандарҳои озод, аз ҷумла дар Гамбург, Берлин, Марсел, Ливорно, Мисини ва дигарҳо ба вуҷуд омада буданд. Чуноне, ки аз ин гуфтаҳо бармеояд дар давраи аввали пайдоиши МОИ асосан хусусияти тиҷоратӣ доштанд. Янеъ давлатҳо кўшиш мекарданд, ки бо воситаи таъсиси бандарҳои озод ба рушди тиҷорат мусоидат кунанд.
Масалан дар Руссия низ ҳанўз дар асрҳои XIII-XIV унсурҳои савдои озодро барои васеъ кардани содирот, инкишофи савдои транзитӣ, пур кардани савдои дохилӣ бо молҳо истифода мебурданд. Мисол дар соли 1228 дар Смоленск реҷаи савдои бе боҷу хироҷ ҷорӣ шуда буд. Баъдтар дар асрҳои XIX-XX реҷаи савдои озод барои аз худкунии кишварҳои дурдасти Руссия низ истифода шудаанд.
Дар марҳилаи аввали рушди МОИ, якчанд шаҳрҳое буданд, ки номҳои «бандарҳои озод»- ро соҳиб шуда буданд:
– Генуя (аз соли 1595)
– Одесса (аз соли 1817)
– Венетсия (аз соли 1661)
– Владивосток (аз соли 1862)
– Марсел (аз соли 1669) ва дигарҳо.
Бо мурури замон бо суръати инкишоф ёфтани ҳукумрони монополияҳо дар бозорҳо ва аз ҷониби давлатҳо пеш бурдани сиёсати ҳифзи бозорҳои дохилӣ «бандарҳои озод» маҳдуд карда шуда ба ҷои онҳо МОИ таъсис дода шуданд, ки бештар бо коркарди молҳо машғул мешуданд. Чи тавре, ки дар боло зикр намудем дар марҳилаи аввал МОИ хусусияти тиҷорати доштанд. Дар марҳилаи дуюм бошад давлатҳои ҷаҳон барои коркарди молҳо дар ин минтақаҳо оғоз намуданд, ки он ба нимаи дуюми асри XX, яъне баъд аз солҳои 1950 рост меояд. Бо ин роҳ арзиши молҳо афзун гардида, МОИ аз марказҳои ҷамъоварию тақсимоти молҳо ба минтақаҳои коркарди молҳо мубаддал мешуданд.
Дар инкишофи МОИ солҳои 80-уми асри XX марҳилаи наве буд, ки барои раҳо ёфтан аз қафомонии баъзе соҳаҳои саноат, фаъолияти бонки ва суғуртавӣ равона шуда буд. Дар ин марҳила барои тақвияти рушди минтақаҳои алоҳидае. ки дар ҳолати бўҳрон қарор доштаанд, чораҳо андешида шуданд. Масалан бо роҳи таъсиси минтақаҳои озоди начандон калон дар Фаронса як чанд депортаментҳо аз ҳолати бўрон раҳои ёфта бошанд. дар Британия Кабир 25 ноҳияҳои он рў ба тараққи ниҳода буданд.
Тамоюли асосие, ки дар ин марҳилаи номбурдаи тараққиёти МОИ ба чашм мерасид, ин ҷори намудани шароити имтиёзнок барои корхонаҳои дар қаламрави минтақа воқеъ буда, имтиёзҳо вобаста ба андозбандӣ ва сода намудани тарзи идоракунии маъмурии онҳо мебошад.
Дар ин марҳилаи инкишофи худ баъзе минтақаҳои озод иқтисодӣ фаъолияти худро ба амалиётҳое вобаста ба фаъолияти бонкӣ ва суғуртавӣ равона карда, унвони минтақаҳои бонкии франковиро гирифтаанд.
Дар Люксембург, масалан, бонкҳои калони олмонӣ фаъолона амал карда, ба шарофатии имтиёзҳои дар он ҷо мавҷуда ҳатто бе иҷрои қонуни давлатӣ дар бораи бунёди захираҳои ҳатмии пули нақд фаъолона кор мебаранд.
Минтақаҳои озоди бонкӣ дар Гонконг, Сингапур, Баҳрайн, Манила ва якчанд ҷазираҳои баҳри Кариб (Багома, Бермуд ва дигарҳо) таъсис дода шуда буданд. Марказҳои молиявие, ки дар давлатҳои рў ба тараққӣ таъсис
дода шуда буданд, бо номи «марказҳои афшорӣ» амалиётҳои оффшориро байни қарзгиранда ва қарздиҳандаи хориҷӣ анҷом медоданд.
Хусусияти минтақаҳои оффшорӣ, ки марзи алоҳида ё ҳатто давлати алоҳидаро дар бар мегиранд, аз он аст, ки дар онҳо ба хотири ҷалби сармояи хориҷӣ сатҳи бениҳоят пасти андозситониро муқаррар намуда аз рўи маблағи хориҷӣ назорат бурда намешаванд.
Минтақаҳои оффшорӣ мизоҷони худро ба воситаи реҷаи мусоиди молиявию қарзӣ, сатҳи баланди махфияти сирри тиҷоратию бонки ва реҷаи хайрхоҳонаи танзими давлати ба худ ҷалб менамоянд.
Дар аввал ифодаи «оффшор» барои номгирии ҷазираҳои хурди соҳили Аврупо ва Амрикои Шимолӣ ҳамчун ифодаи умумӣ истифода мешуд. Ба хотири зудтар аз худ намудани иқтисодиёти ин минтақаҳо бо сармояи хориҷӣ андозбандии начандон баланд муқаррар гардида, бо ин восита сармоягузорони хориҷиро ба худ ҷалб менамуданд. Дар баробари ин коршиносон ба ин ақидаанд, ки инкишофи бемайлони оффшор дар ҷаҳон аз фишори давлатии ИМА-и солҳои 1970-уми асри гузашта бинобар гузаронидани чориабиниҳои давлатии пешгири беқурбшавӣ, аз ҷумла пешниҳодшавии талаботҳои қатъӣ ба бонкҳо оид ба захираҳои пули онҳо вобаста буд. Дар ин шароит ширкатҳои калони байналмиллалии ИМА барои ба маблағҳои лозимӣ анҷом додани амалиётҳои иқтисодиашон бо кушодани бонкҳои худ, бахусус шўъбаҳои онҳо берун аз марзи ИМА, аз ҷумла дар Шветсария ва дигар давлатҳо шурўъ намуданд. Ҳамин тариқ бизнеси байналмиллалии бонкҳои оффшорӣ, баъдан дигар сохторҳои оффшорӣ, аз ҷумла инвеститсионӣ, суғуртавӣ, тиҷоратӣ ва ғайра арзи вуҷуд намуданд.
Чуноне, ки аз маълумотҳои дар боло зикр гардида бармеояд минтақаҳои озодӣ иқтисодӣ ҷараёни дурударози таърихии ташкилот, таъиноту тахассуси худро аз сар гузаронида аз намудҳои соддатарини оғозёбӣ ба намудҳои мукаммалтарин мубаддал гаштаанд. Яъне, минтақаҳои озод таърихан сохтори иқтисодие мебошанд, ки доимо дар ҳолати тағирёбӣ ва дигаргуни қарор доранд.
Таъсисёбии минтақаҳои озоди иқтисодӣ дар мамлакатҳои ҷаҳон ҳоло зуҳуроти ҳар чи бештар густаришёбанда мебошад. Аз рўи баъзе маълумотҳо ҳоло дар ҷаҳон зиёда аз 5000 МОИ вуҷуд дорад, ки дар онҳо шумораи кормандони зиёда аз 3 млн. нафар ва гардиши савдои хориҷӣ наздик 1 триллиону 200 млрд долларро ташкил мекунад.

Оффшор аз калимаи англисии off-shore, яъне берун аз сохил гирифта шудааст.


Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *


Уважаемые читатели! Просим вас, оставляя комментарии, уважать друг друга и не злоупотреблять свободой слова.
Администрация сайта будет удалять:
1. Комментарии с грубой и ненормативной лексикой.
2. Оскорбления, угрозы и непристойные высказывания.
3. Высказывания, разжигающие национальную, религиозную и прочую рознь и вражду.
4. Комментарии, содержащие другие нарушения законодательства и прав граждан.
5. Комментарии, рекламирующие и продвигающие другие веб-ресурсы, товары и услуги, а также комментарии, не имеющие отношения к дискуссии.

Пользователи, которые нарушают эти правила грубо или систематически, будут заблокированы.