Воскресенье, Декабрь 8Вместе создадим светлое будущее!


ТАНЗИМИ БАЙНАЛХАЛҚИИ МУНОСИБАТҲОИ ИҚТИСОДИИ БАЙНАЛХАЛҚӢ

Мавҷудияту тараққии ҷамъияти ҷаҳонӣ зарурияти таъсиси механизми ризояти субъектҳои онро дар амали якҷоя баҳри муҳофизати сулҳ, ҳалли проблемаҳои глобалӣ, координатсия ва ахбороти тарафайнро ба миён меорад.Мавҷудияту тараққии ҷамъияти ҷаҳонӣ зарурияти таъсиси механизми ризояти субъектҳои онро дар амали якҷоя баҳри муҳофизати сулҳ, ҳалли проблемаҳои глобалӣ, координатсия ва ахбороти тарафайнро ба миён меорад. Системаи танзими байнидавлатӣ блокҳои алоҳида: мамлакатҳои тараққикардаи саноатӣ, мамлакатҳои рӯ ба тараққӣ, ба иқтисодиёти бозорӣ гузарандаро дар бар гирифта, муносибати байни онҳоро танзим менамояд.
Заруриятро ба системаи танзими байнидавлатии муносибатҳои иқтисодии байналхалқӣ, органҳои махсуси миллӣ, ҷараёнҳои объективии дар хоҷагии ҷаҳон ба амал омада муайян мекунанд, ки онҳоро чунин тафриқа кардан мумкин аст:
1. Афзоиши умумигардонии истеҳсолот ва инкишофи коммуникатсия дар миқёси байналхалқӣ. Тавассути ин дар миёнаи асри XIX беш аз 500 ташкилоти байналхалқӣ ташкил дода шудаанду дар байни онҳо Иттифоқи умумиҷаҳонии алоқа, Иттифоқи байналхалқии алоқаи электрикӣ, Ташкилоти умумиҷаҳони моликияти интеллектуалӣ мавқеи махсус доранд.
2. Густариши тақсимоти байналхалқии меҳнат, махсусгардонии байналхалқӣ ва кооперативонии истеҳсолот.
З.Тараққии интенсивонаи ҳамаи шаклҳои муносибатҳои иқтисодии байналхалқӣ.
4. Интернатсионаликунонии ҳаёти хоҷагӣ, боҳампечии иқтисодиётҳои миллй дар системаи иқтисодиёти ҷаҳон. Ҷараёнҳои фаромиллӣ дар соҳаи байналхалқӣ бо проблемаи боҳампайвастагии давлатҳо зич алоқаманд аст. Дар кори танзими ҳуқуқии муносибатҳои боҳамвобастагии аъзоёни ҷамъияти ҷаҳонӣ Созмони Миллали Мутаҳид (СММ) ва дигар ташкилотҳои байналхалқй ҳиссаи арзанда мегузоранд.
5. Тезутундшавии проблемаҳои глобалии ҳозиразамон. Солҳои баъдиҷангй проблемаҳои экологӣ, муборизаи зиддӣ эпидемияҳо, ба муқобили терроризми байналхалқӣ, паҳншавии моддаҳои нашъаовар ва ҷустуҷӯи ашёи хом аҳамияти ҳаётан муҳим пайдо намуданд. Ҳамаи ин зарурияти мутаҳидкунии ҳамаи давлатҳоро бо роҳи ташкили гурӯҳҳои интегратсионӣ ва ташкилотҳои байналхалқӣ ба миён овард. Зарурияти аз ҳама зиёди ҳамкорихои фародавлатӣ вобаста ба зарурияти назорати байналхалқӣ аз болои амният пайдо мешавад.
б.Тағйиротҳо дар мамлакатҳои рӯ ба тараққӣ. Тавассути кушиши ин мамлакатҳо баҳри дарёфт кардани мамлакатҳои тараққикарда аз рӯи дараҷаи тараққиёти иқтисодӣ ва ёфтани мавқеи худ дар қисматҳои бозори ҷаҳонӣ диалоги «Шимол-Ҷануб» пайдо шуд. Ҳалли проблемаҳои мамлакатҳои рӯ ба тараққӣ амали системаи органҳои танзимкунандаи фародавлатиро талаб намуд. Муносибатҳои иқтисодии байналхалқӣ тартиб додани шартҳои ҳамкориҳои байналхалқӣ, нормаҳои ҳуқуқй мебошад, ки дар асоси онҳо мамлакатҳо муносибатҳои тарафайни худро ташкил дода, ба ҳамдигар имтиёзҳои муайян (дар соҳаи ҳамкориҳои иқтисодӣ) пешкаш менамоянд.
Объектҳои асосии танзими байнидавлатӣ шаклҳои гуногуни муносибатҳои иқтисодии байналхалқӣ мебошанд. Субъектҳояш бошанд органҳои давлатии миллӣ, ташкилотҳои омехтаи давлатӣ-монополистӣ мебошанд, ки онҳо ба объектҳои номбаршуда таъсири давлатию ҳуқуқӣ мерасонанд. Танзими байнидавлатии муносибатҳои иқтисодии байналхалқӣ дар доираи созишномаҳои гуногуни байналхалқӣ (дутарафа, бисёртарафа, байналхалқӣ), конфронсҳо, иттифоқҳо, ассотсиатсияҳо, гуфтушунидҳо, вохуриҳои дараҷаи ҳукуматӣ, форумҳо ва дипломатия ба амал бароварда мешавад.


Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *


Уважаемые читатели! Просим вас, оставляя комментарии, уважать друг друга и не злоупотреблять свободой слова.
Администрация сайта будет удалять:
1. Комментарии с грубой и ненормативной лексикой.
2. Оскорбления, угрозы и непристойные высказывания.
3. Высказывания, разжигающие национальную, религиозную и прочую рознь и вражду.
4. Комментарии, содержащие другие нарушения законодательства и прав граждан.
5. Комментарии, рекламирующие и продвигающие другие веб-ресурсы, товары и услуги, а также комментарии, не имеющие отношения к дискуссии.

Пользователи, которые нарушают эти правила грубо или систематически, будут заблокированы.