Среда, Ноябрь 13Вместе создадим светлое будущее!


ҲАМКОРИИ БАЙНАЛХАЛҚӢ ДАР МУАССИСАҲО ВА ТАШКИЛОТҲОИ СИСТЕМАИ СММ

СММ ташкилоти аз ҳама калон, универсалӣ ва обрумандтарини ҳозираи байналхалқӣ мебошад. Ба проблемаҳои асосии сиёсӣ, ки башарият ба онҳо манфиатдор аст, машғул мебошад. Фаъолияти сиёсии СММ ба вазифаҳои иҷтимоию иқтисодӣ зич алоқаманд аст.СММ ташкилоти аз ҳама калон, универсалӣ ва обрумандтарини ҳозираи байналхалқӣ мебошад. Ба проблемаҳои асосии сиёсӣ, ки башарият ба онҳо манфиатдор аст, машғул мебошад. Фаъолияти сиёсии СММ ба вазифаҳои иҷтимоию иқтисодӣ зич алоқаманд аст.
Мақсади СММ:

Нигоҳдории сулҳу амнияти байналхалқӣ;
Тараққӣ додани муносибатҳои дӯстӣ дар байни тамоми миллатҳо дар асоси принсипи баробарҳуқуқӣ ва худмуайянкунии халқҳо;
Ба амалбарории ҳамкориҳои байналхалқӣ дар соҳаҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ, гуманитарӣ ва маданӣ;
Маркази амалиёти розиёнаи миллатҳо дар ҷодаи бадастории мақсадҳои умумии дар пеш гузошта шуда.
Барои ба ин мақсад ноил шудан аъзоёни СММ мувофиқи принсипҳои баробарии мустақилии тамоми мамлакатҳои аъзои СММ, софдилона иҷро намудани уҳдадориҳои ба худ гирифта, ҳалли зиддиятҳо бо роҳи осоишта, ҳамаҷониба ба якдигар ёрӣ расонидан амал мекунанд. Ҳоло зиёд аз 200 мамлакати ҷаҳон қариб ҳамаи онҳо аъзои СММ мебошанд.
СММ структураи сершоха дорад, ки онҳо самт ва миқёси фаъолияти онро ифода мекунанд.
Аз шаш органи СММ се тои он органҳои ҳамкориҳои иқтисодӣ мебошанд – Ассамблеяи Генералӣ, Шӯрои иқтисодшо иҷтимоӣ (ЭКОСОС) ва Котибот.
Ассамблеяи Генералӣ форуми олии муҳокимакунандаи проблемаҳои аз ҳама муҳиму асосии иқтисодӣ мебошад. Вай аз тамоми давлатҳои аъзои СММ иборат буда, вазифадор аст, ки:

принсипҳои умумии ҳамкориро дар кори нигоҳдории сулҳу бехатарй дида барояд;
бо мақсади кумак ба ҳамкориҳои байналхалқӣ дар соҳаи иқтисодиёт, иҷтимоӣ, маданӣ, маълумот, тандурустӣ таҷиқотҳо ташкил намуда, конвенсияи ин соҳаро тасдиқ намояд;
– аз болои фаъолияти Шӯрои амният, Шӯрои ҳимоят, ЭКОСОС, Котибот ва Суди байналхалқӣ назорат намояд ва қоидаи таъинкунии коргарони Котибот ва Суди байналхалқиро муқаррар намояд.
Аз нигоҳи танзими системаи муносибатҳои иқтисодии байналхалқӣ фаъолияти Шӯрои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ (ЭКОСОС) ва органҳои зери ҳимояи он коркунанда диққатҷалбкунанда аст. ЭКОСОС форуми масъул ва махсусгардонидашудаи давлатҳо барои муҳокимаи проблемаҳои иқтисодию иҷтимоии байналхалқӣ мебошад. Вай тамоми фаъолияти СММ оид ба проблемаҳои номбурдаро координатсия мекунад. Ба доираи вазифаҳои он ташкили тадқиқот ва тайёр намудани ҳаргуна маърӯзаҳо ва тавсияҳо оид ба номгӯи васеи масъалаҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ, маданӣ ва дигар масъалаҳои «ҳамсаф» дохил мешаванд. Аъзоёни ЭКОСОС 54 мамлакатанд, ки ҳар се сол интихоб карда мешаванд. Аз рӯи минтақаҳо онҳо чунин тақсим карда шудаанд: 14 ҷой – Африқо; 10 – Амрикои Лотинӣ; 11 – Осиё, 13 – Аврупои Ғарбӣ, 3 – Аврупои Шарқӣ. Аз буҷети СММ зиёда аз 70 фоиз ба ЭКОСОС ҷудо карда мешавад.
Масъалаҳои асосие, ки Шӯро ва органҳои ёрирасони он ба ўҳдадоранд:
а) вазъи мавқеи иқтисодию иҷтимоии ҷаҳон ва тайёр намудани обзорҳои фундаменталӣ ва дигар назарияҳое, ки донишгоҳҳои СММ, донишкадаҳои таълимӣ ва илмӣ-тадқиқотии СММ ба амал мебароравд;
б) вазъи савдои байналхалқӣ. Аз ҷониби Конфронси СММ оид ба савдо ва тараққиёт (ЮНКТАД), инчунин комиссияи оид ба ҳуқуқи савдои байналхалқӣ (ЮНСИТРАЛ) омӯхта ва координатсия карда мешаванд;
в) проблемаҳои ҳифзи муҳити атроф. Дар доираи барномаҳои муҳити атроф (ЮНЕТ), бюрои баҳаммувофиқгардонии СММ оид ба ёрӣ ҳангоми фалокатҳои табиӣ (ЮНДРО) ҳал карда мешавад;
г) ёрии иқтисодӣ ва илмӣ-техникӣ ба мамлакатҳои рӯ ба тараққӣ. Дар доираи Барномаи тараққии СММ Комиссияи тараққии саноатиии мамлакатҳои рӯ ба тараққӣ (ЮНИДО), фонди байналхалқии тараққии хоҷагии кишоварзӣ (МФСР) ҳал карда мешавад;
д) паҳлуҳои гуногуни проблемаҳои хӯрокворӣ, ба салоҳияти Барномаи ҷаҳонии хӯрокворӣ, Кумитаи умумиҷаҳонии хӯрокворӣ, Ташкилоти хӯрокворӣ ва кишоварзӣ дохил аст;
е) проблемаҳои омори иҷтимоӣ-иқтисодӣ, ки комиссияи оморӣ ҳал мекунад;
ё) проблемаҳои нуфуснокӣ ва маҳалҳои аҳолинишин, дар доираи фонди СММ дар доираи нуфуснокӣ, Ташкилоти байналхалқии меҳнат, Раёсати Комиссариати Олӣ оид ба кори фирориён, Фонди кӯдакони СММ, ташкилоти умумиҷаҳонии нигоҳдории тандурустӣ ҳал мекунанд;
ҷ) проблемаҳои захираҳои табиӣ, Кумитаи захираҳои табиӣ, Кумитаи азхудкунӣ ва истифодаи сарчашмаҳои нав ва барқароршавандаи энергияро ҳал мекунад;
з) проблемаи банақшагирӣ ва сафарбаркунии захираҳои молиявӣ, ки дар доираи ташкилоти байналхалқии молиявӣ (ФБВ, ББТА ва қисматҳои он) ҳал карда мешавад;
и) ҳамкории минтақавӣ, дар доираи ЭКОСОС 5 комиссияи иқтисодии минтақавӣ амал мекунанд: комиссияи иқтисодии Аврупо; комиссияи иқтисодию иҷтимоии Осиё ва Уқёнуси Ором, Комиссияи иқтисодӣ оид ба Африқо, Комиссияи иқтисодӣ оид ба Амрикои Лотинӣ, Комиссияи иқтисодӣ оид ба Осиёи Ғарбӣ;
к) тартиб додани ҳуҷҷатҳои барномавии иҷтимоӣ-иқтисодӣ, инчунин назорат аз болои баамалбароии онҳо. Котиботи СММ звенои 3-юм дар системаи органҳои ҳамкории иқтисодӣ аст. Котибот – органи маъмурй-иҷроия, ки барои амали муътадили дигар звеноҳои СММ хизмат мерасонад.
Аз бисёр ҷиҳат ба хизматҳои иқтисодӣ кор мебарад. Ҳамаи ин ташкилотҳо мақсади танзими паҳлуҳои муайяни амалиёти ҷамъияти ҷаҳонро доранд (баҳри ташкили тамоми шароитҳои тараққиёти ояндаашон). Дар онҳо аз бисёр ҷиҳат гӯё фазои ҳуқуқӣ ба вуҷуд оварда мешавад ва дар доираи онҳо боҳамтаъсиррасонии ҳамаи қисмҳои хоҷагии ҷаҳон ба амал меояд. СММ имрӯз аз «парлумони ҷаҳонӣ» ба ташкилоти амалии дар соҳаҳои гунонун ба амал барорандаи барномаҳо табдил ёфтааст. Вобаста ба ҳамин, иштироки Тоҷикистон дар он хело мувофиқи мақсад аст.

Самаранокӣ ва боздеҳ аз иштироки Тоҷикистон дар ташкилотҳои байналхалқӣ аз он иборат аст, ки:
– Тоҷикистон имкони ёрдамрасониро ба мақсади рушду инкишофи илму-техника, иқтисодиёт, иттилоот, иҷтимоиӣ «ноу- хау», ҳуҷҷату масолеҳҳо ва ғайра гирифта метавонад;
– системаи СММ ҳамчун катализатори ҳамкориҳои байналхалқӣ ва ба он ҷалбкунандаи қарздиҳандагони секторҳои давлатию хусусӣ баромад карда метавонад;
– истифодаи Тоҷикистон аз таҷрибаҳои ҷаҳонӣ оиди ҳалли проблемаҳои иҷтимоӣ-иқтисодӣ, ки аҳамияти беандоза дорад.
Конвенсия оид ба таъсиси Ташкилоти ҳамкории иқтисодӣ ва тараққиёт (ОЭСР) моҳи декабри соли 1960 дар Париж ба имзо расидааст, аллакай сентябри соли 1961 қувват пайдо карда буд. Вай пайрави ҳуқуқии Ташкилоти ҳамкории иқтисодии Аврупоӣ (ОЕЭС) мебошад, ки он соли 1948 ташкил ёфта буд. Соли 1997 ОЭСР 29 аъзо дошт.
Мақсадҳои ин ташкилот чунинанд:
– кумакрасонӣ ба тараққиёти иқтисодӣ ва иҷтимоии давлатҳо;
– тартиб додани методҳои самараноки координатсиянамоии сиёсати савдо ва умумииқтисодии мамлакатҳо;
– ҳавасмандкунии қувваҳо дар соҳаи ёрирасонӣ ба мамлакатҳои рӯ ба тараққӣ;
– кумакрасонӣ ба тараққиёти мубодилаи ҷаҳонии иқтисодӣ дар асоси баробарҳуқуқии бисёртарафа.
Ин мақсадҳоро чунин органҳои ОЭСР ба амал мебароранд:
Шӯрои ОЭСР – органи роҳбарикунанда, ки аз намояндагони мамлакатҳои аъзо иборат аст;
Кумитаи иҷроия – 14 нафар;
Котибот, ки корҳои маъмурию фавриро ба амал мебарорад: коркард ва тайёркунии ҳуҷҷатҳо барои муҳокима, маълумотҳои оморӣ, маърӯзаҳо доир ба масъалаҳои иқтисодию иҷтимоӣ нашр менамояд;
Кумитаҳои махсусгардонидашудаи гурӯҳҳои корӣ (беш аз 150). Кумитаҳо корҳои амалии зеринро анҷом медиҳавд: сиёсати умумииқтисодии мамлакатҳои аъзоро муайян мекунанд, ба вазъиятҳои иқтисодию молиявии онҳо назорат мебаранд, обзорҳои иқтисодии ҳарсоларо барои тамоми мамлакатҳои аъзо тайёр намуда, таклифҳо ба миён мегузоранд.


Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *


Уважаемые читатели! Просим вас, оставляя комментарии, уважать друг друга и не злоупотреблять свободой слова.
Администрация сайта будет удалять:
1. Комментарии с грубой и ненормативной лексикой.
2. Оскорбления, угрозы и непристойные высказывания.
3. Высказывания, разжигающие национальную, религиозную и прочую рознь и вражду.
4. Комментарии, содержащие другие нарушения законодательства и прав граждан.
5. Комментарии, рекламирующие и продвигающие другие веб-ресурсы, товары и услуги, а также комментарии, не имеющие отношения к дискуссии.

Пользователи, которые нарушают эти правила грубо или систематически, будут заблокированы.